Главная > Аҳлиддини САЛИМПУР > Зани тоҷик фақат як рӯз ОЗОД аст?

Зани тоҷик фақат як рӯз ОЗОД аст?

Ҳамасола дар қисми бештари кишварҳои ҷаҳон 8-уми март ҳамчун рӯзи озодии занон ҷашн гирифта мешавад. Дар ҳар киш­вар мувофиқ ба расму русум ва анъаноташ чорабиниҳо баргузор мегардад ва дар ин рӯзҳамвора аз озо­диву ободию осудагӣ ва озодагии зан нутқ мекунанд. Дар киш­вари мо ҳам ин рӯзро ҷашн мегиранд. Аммо дар кадом шароит? Бо кадом шева? Бо кадом асосу далелу арқом? Оё саволе пеш намео­яд, ки оё:

Дилбар РАСУЛОВА, адвокат:

— Ман фикр мекунам, ки ид ал­батта хуб аст, вале бештари занони тоҷик солҳои сол озод нестанд ва дар рӯзи ид ҳам онҳо машғули ко­ранд. Имрӯз зани тоҷик як бори сан­гинро бар дӯш дорад: кор дар хона, машғулият бо фарзандон ва ғайра. Занонеро, ки ҷойи кор надоранд, агар шавҳаронашон дар муҳоҷират бошанд, бори зиндагӣ сангинтар аст. Тасаввур кунед, як зан ҳам аз пайи тарбия, ҳам аз пайи ёфтани нон ва ғайра мебошад. Агар дар хо­наи хушдоман бошад, хӯронидани аҳли он оила низ бар дӯши ӯст.

Дилбар САМАДОВА, муовини раиси ҲCДТ дар вилояти Суғд:

— Зан як рӯз ҳам озод нест. Аслан ҳамин калимаи озодӣ бисёр кали­маи аҷоиб аст. Лекин ин калимаро ҳар кас ба таври худ мефаҳмад. Ман гумон намекунам, ки имрӯз зани тоҷик озод бошад, дар ҳоле ки тамо­ми мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ, тамоми гарониҳои зиндагӣ бар дӯши ӯст. Ман гумон мекунам, зан, умуман инсон он вақт озод аст, ки аз ҳама ҷиҳат таъмин бошад. Бубинед, имрӯз сафи муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҳисоби занон зиёд гаштааст, ки ин ташвишовар аст. Як чизро бояд қайд намоям, ки барои чӣ 8-уми мартро рӯзи зан нею рӯзи модарон гуфтаанд? Ин аллакай поймолкунии ҳуқуқи занҳоест, ки аз модар будан маҳруманд. Масалан, ҳастанд зано­не, ки умуман таваллуд накардаанд ё бо баъзе сабабҳо аз модар будан маҳруманд.

Қиматгул АЛИБеРДИеВА,

муовини аввали раиси

Кумитаи занон:

— Зани тоҷик ҳама вақт озод аст. Дар маҷмӯъ, ҳама зан озод аст. Аз назари табиӣ ҳам зан озод аст.

Ойниҳол БОБОНАЗАРОВА, раиси созмони

«Перспектива+»:

— Рости гап, ман ба ин ид эътиқод надорам. Дар давраи Шӯравӣ ҳам мегуфтам, ки занро як рӯз фиреб ме­кунанд, ба осмони ҳафтум мебаро­ранд, пагоҳ боз зан бо проблемаҳои худ мемонад. Барои ҳамин, ман ин идро ҷашн ҳам намегирам. Зану мард бояд ҳарду хушбахт бошанд. Тасаввур кунед, агар дар хонаҳо барои иди зан шабнишинӣ кунанд, боз ҳамон шустушӯ дар сари зан аст. Асосан мардҳо дар ин рӯз ид мекунанд. Ман фикр мекунам, ки ин идро иди мардон номанд меша­вад. Модом ки ин рӯзро рӯзи мода­рон гуфтаанд, ба назди модароне, ки дар хонаи бепарасторҳоянд, наз­ди модароне, ки хизматнишондода­анд, мисол дар маҳалла ё дар сатҳи ҷумҳурӣ, назди заноне бираванд, ки ба кӯмаки иқтисодӣ мӯҳтоҷанд ва кӯмакашон кунанд. Ин савоб­тар хоҳад буд. Баъдан занро ҳамон вақт озод гуфтан мумкин, ки ӯ аз ҷиҳати иқтисодӣ пурра таъмин аст, худро таъмин карда метавонад. Вақте зан аз роҳбари корхона воба­ста аст, агар аз кор пешаш кунанд, нони хӯрдан намеёбад. Вақте зан аз шавҳар вобаста аст, агар ба во­ситаи телефон талоқаш диҳад, зан дар чорсӯ мемонад. Ҳамон вақт одам озод ҳисобида мешавад, ки ӯ дар ҳақиқат худро ҳимоя карда метавонад, аз ҷиҳати ҳам иқтисодӣ, ҳам маънавӣ ва ғайра. Вақте мо занҳо мегӯем озодем, ин як ро­мантизм аст. Бубинед, дар Англия як хонум Саида, ки мусалмон аст, роҳбари ҳизби Ториш шуд, ҳизби консерваторӣ, ки синнаш ба фи­крам 38-сола аст. Роҳбари як ҳизби ин қадар барӯманд, маълуми дунё. Дар мо ҳатто як вазир надорем. Бинобар ин, ман он занро озод ҳисоб мекунам, ки пеш аз ҳама аз ҷиҳати иқтисодӣ озод аст. Вақте зан пул дорад, фарҳанги худро баланд мекунад, ба тарбияи фарзанди худ аҳамият медиҳад.

Зарафо РАҲМОНӣ, фаъолзан аз ҲНИТ:

— Ман ҳамчун як зан фикр меку­нам, ки зан-модар бояд тамоми солу моҳ ҷашн дошта бошад, на фақат барои як рӯз, ки 8-уми март муайян кардаанд. Бояд ҳар рӯз барои мода­рон ид, рӯзи хурсандӣ, рӯзи тақдими ҳадяҳо бошад. Ман фикр мекунам, ки зан шоистаи ҳама чиз ҳаст, чун ӯ модар аст. Зан бонуи хонадон аст, зан хоҳар аст, зан билохира зан аст. Агар дар мисоли худам озо­диро бигӯям, дар ҷомеае ҳастем, ки бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ ме­шавем ва ин мушкилот вобаста аст ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, ки хеле нигарониҳои зиёд дорад. Кулли масоили хонаводагӣ, кулли масоиле, ки дар ҷомеа ҳаст, марбут ба занҳоянд, ки аксари мар­дони мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранду дигарон дар сафи бекоронанд. Мо дигар тамоми муш­килот ва бори гарони зиндагиро бар дӯши занон мебинем. Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ки дар ҷомеа имрӯз зани тоҷик бояд тамоми масоили ҳам иқтисодӣ ва ҳам иҷтимоиро бар дӯши худ бардошта тавонад. Аз Худованди муттаол дуогӯи онем, ки ба зани тоҷик сабр, бурдборӣ, муваффақият дар ин рӯзгори пурпе­чутоби ҷомеаи имрӯз бидиҳад.

Субҳон ҶАЛИЛОВ, рӯзноманигор:

— Агар мард воқеан ҳам озо­дандеш ва рӯшанфикр аст, зани ӯ ё занҳое, ки дар иҳотаи ӯ ҳастанд, озоду озода хоҳанд буд. Чигунагии зиндагӣ ва рӯзгори зан аз шуур­нокиву андешарониву дараҷаи фаҳмиши мард ҳам вобаста аст. Ҳамон шиканҷа ва азобе, ки зан мекашад, он ҳам ба ҳамин чиз ро­бита дорад. Бубинед, ки ҳамсарони мардҳои босаводу боақл маври­ди шиканҷа карор намегиранд. Ҳарчанд ҳамсарони онҳо ҳам фа­ришта нестанд, гуноҳу хато доранд… Яъне, агар зану мард ҷойгоҳи худа­шонро дар оила ва ҷомеа дуруст муайян карда тавонанд, пас ҳарду метавонанд озод бошанд. Ҳар рӯз озод бошанд!

Омодасоз Аҳлиддини

САЛИМПУР,

БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: