Главная > Меҳронаи САБО > Заъфи парлумон ва сирри лоиҳаҳои хом

Заъфи парлумон ва сирри лоиҳаҳои хом

Парлумон дар таш­килу таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ муҳаррикеро мемонад, ки корношоямии он ба фалаҷ гаштани ҳама ресурсҳои дигари давлатдорӣ оварда мерасонад. Қабули як қонун ё қарори ба ҳаёти мардум номутобиқ ҳазорон садои норозигиро баланд месо­зад, ки дар давраи пур аз мушкилоту нобасомониҳои замони мо паёмади нохуб дошта метавонад. Ин аст, ки сиёсатшиносону давлатмар­дони кишвар вақтҳои охир ба масъалаи ҳамкорӣ байни парлумон ва ҷомеа диққати махсус медиҳанд.

Навбати Тоҷикистон кай?

Азбаски маҳз заифии робитаи мақомоти иҷроия ва парлумон бо ҷомеа ва нашнида мондани доди мардум эътирози халқро ба вуҷуд меорад, масъалаи «кӯчиши» тазоҳуроти кишвари араб ба давлатҳои дигар як паҳлӯи баҳси мизи мудавваре буд, ки аз тара­фи Ассотсиатсияи миллии сиёсат­шиносони Тоҷикистон (АМСТ) дар якҷоягӣ бо Ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ дар мавзӯи «Масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои парлумо­ни миллӣ ва ҷомеа» дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Прези­денти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.

Раиси Ассотсиатсияи мил­лии сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Маҳмадазимов андеша­ву назарҳои мухталифро пеш овар­да, гуфт: «Баъзеҳо аз ман мепур­санд, ки «навбати Тоҷикистон кай? Шамоли Арабистон кай меояд?». Мегӯям, барои Тоҷикистон навбат нест. Мо масъалаҳои дигаре дорем. Дар ин 15-20 соли баъд барои мо ваҳдати миллат даркор буду ҳаст. Ин давраи инкишофи мост ва ҳеҷ гуна нифоқ зарур нест. Баръакс, мо бояд ҳамкории иҷтимоиро байни ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти иҷроия ва парлумон пурзӯр кунем, то кишварамон пеш равад».

Аз ин нуқтаи назар, бояд қонунҳои қабулнамудаи парлумони кишвар мутобиқи талаботи замон ва дархӯри ҳаёти мардум бошанд, то норизоияти мардумро ба вуҷуд наоранд.

Вакилони дар арафаи

интихобот фаъол

Ба андешаи ҷомеашинос Эраҷ Рамазонов, мақсади қонунҳо — ин ҳимояи манфиатҳои кулли мар­думи давлат ба ҳисоб меравад. Чи қадаре, ки парлумон бо аҳли ҷомеа наздик бошад, ҳамон андо­за қонунҳои дархӯри мардум таҳия ва қабул мегардад. ӯ мегӯяд:

— Ман ҳамчун раиси маҳалла давоми панҷ сол ҳис кардам, ки ҳамин парламент аз ҷомеа дур аст. Ман ба намояндагони чи шаҳрӣ, чи ҳизбӣ рӯ ба рӯ шуда, гуфтаам, ки чаро мо шуморо фақат вақти инти­хобот мебинем? Вакилони мо фақат дар давраи интихобот фаъоланд. Иллати асосӣ он аст, ки бо мар­дум вохӯрӣ намегузаронанд. Пеш аз оне, ки тағйироту иловаҳоро ба Кодекси андоз ворид карданд, пеш аз ҳаққи андозро боло бурдан бояд ҳолати иҷтимоии мардумро ба ино­бат мегирифтанд. Мехостам донам, ки ҳангоми қабули ин қабул ягон нафар мухолиф баромада буд?

Ин суол дар мавриди ба киш­вари Чин додани бахше аз замини Тоҷикистон низ дода шуд, ки чаро парлумон бе таҳлилу баррасии амиқи масъала ва шунидани раъйи мардум чунин қарорҳои муҳимро қабул мекунад?

Гилаи Улҷабоева ва баҳси вакилону калла

Сарвари Ассотсиатсияи мил­лии соҳибкорони хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлуба Улҷабоева, ки пешрафт дар соҳаи соҳибкории бузургро ба рушди соҳибкории хурд ва миёна вобаста медонад, аз вакилон гиламанд аст.

— Омилҳои таъсиррасон барои заиф гаштани ин соҳа, ки самти асосии рушди ҷомеа мебошад, зиёд асту аз ҳама асосияш андоз ба ҳисоб меравад. Намедонам депутатҳои мо бо кадом калла кор мекунанд. Як пардохтҳое барои андозсупорандагон муқаррар гар­дидааст, ки гӯшношунид аст. Ҳол он ки, барои рушди ин соҳа бояд андози кам талаб карда шавад,- мегӯяд ӯ.

Кумитаи андоз сафи

бекоронро афзун мекунад

Ин эътирози сарвари соҳибкорон ягона нест. Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид мониторинги таваккал ва огоҳӣ дар Тоҷикистонро мегузаронад, ки тибқи он мушкилоти асосӣ ва ба­рои ҷомеа пурхатар маълум карда мешавад. Мушкили асосие, ки аз тарафи коршиносон дар мубоҳисаи ин мониторинг қайд шуд, вазъи ногувори муҳоҷирони меҳнатӣ ва афзудани сафи бекорӣ буд. Зикр шуд, ки тағйирот ба Кодекси андоз дар мавриди муқаррар кардани 562 сомонӣ ҳадди ақалли маош ба он оварда мерасонад, ки баъ­зе корхонаҳо кормандонашон­ро коҳиш диҳанд ё рӯйпушкунии кадрҳо авҷ гирад. Агар яке аз ин амалҳо нақзи ҳуқуқи корманд бо­шад, дигарӣ сафи муҳоҷиронро аф­зун мекунад.

Ҳарчанд корманди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки дар мизи мудаввар иштирок дошт, шумораи бекоронро дақиқ гуфта натавонист, бино ба тадқиқи коршиносон, ин шумора 7%-и аҳолиро ташкил медиҳаду бо амалӣ шудани муқаррароти Кумитаи ан­доз ба 16% афзуданаш пешгӯӣ кар­да мешавад.

Ин аст самараи «дурандешӣ»-и вакилони мо.

Пешниҳоди хандахариш: Роҳи раҳоӣ-ёрдамчӣ барои вакил

Раиси комиссия оид ба назора­ти дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Азизмат Имомов дар посух ба ин масъалагузориҳо гуфт:

— Ҳангоми баррасии тағйиротҳо дар Кодекси андоз баъзе баҳсу мунозираҳо буд, аммо оне, ки ин қонун қабул шуд, мо гуфта намета­вонем, ки кӣ ҷонибдор овоз доду кӣ мухолиф. Зеро ин ҳуқуқи худи ҳар вакил аст ва овоздиҳӣ пинҳонӣ сурат мегирад.

ӯ гуфт, ба он андеша розӣ нест, ки гӯё вакилон бо мардум вохӯрӣ надошта бошанд: «Аз рӯйи нақша, вакилон дар як сол ду маротиба ва баъзан зиёдтар бо мардум вохӯрӣ мегузаронанд. Мо худ медонем, ки ин кам аст ва бояд лоақал дар ду моҳ маротибае бояд вохӯрӣ гу­заронид. Вале барои ин маблағи зиёд лозим аст, сарфу харҷи роҳ ва маблағи иқоматгоҳе, ки вакил бояд онҷо истад, кам нест. Ба ҳамин хо­тир, раиси маҷлиси намояндагон пешниҳод намуданд, ки вакилон дар ҳар маҳал, дар ҳавзаҳои худ ёрдамчӣ дошта бошанд».

Аҷиб аст, ки мақомот барои гузаронидани вохӯрии вакилон бо райъдиҳандагон сарфу харҷро ба ҳисоб гирифтаанду наандеши­даанд, ки ин ёрдамчиҳоро боз бояд маош доду бо шароити хуби корӣ таъмин намуд. Аз ин дида, беҳтар нест, ки байни вакилону аҳли ҷомеа гуфтушунидҳо беш­тар бошаду дарҳои онҳо пешорӯи муроҷиаткунадагон ҳамеша боз? Мутмаинам, ки агар вакил барои интихобкунандааш чун дар замо­ни вохӯриҳои пешазинтихоботӣ вақтро дареғ надорад, мардум худ ҳамчун ёрдамчии беминнат ӯро аз мушкилу масъалаҳои муҳим огоҳ хоҳанд кард.

Баҳс сари лоиҳаи қонунҳо

Рашид Ғанӣ Абдулло заъфи пар­лумони кишварро дар он мебинад, ки одатан он қонуну қарорҳое, ки ҳукумат пешниҳод мекунад, фикр мекунанд бояд бе чуну чаро қабул гардад. Ба гуфтаи ӯ, одататан баҳс сари лоиҳаи қонунҳое сурат ме­гирад, ки аз берун, аз ҷониби ин ё он ташкилоту шахсони ҳуқуқӣ пешниҳод шудаанд.

Аммо ба гуфтаи Азизмат Имо­мов, айни замон парлумони киш­вар дар баррасӣ ва қабули қонунҳо ҷиддӣ амал мекунад ва баъзан ва­килон низ дар пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо даст доранд, ҳарчанд онҳо аз камбудӣ холӣ набошанд ҳам.

Инҷо эътирози шадиди раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ба ёд меояд, ки ба вакилон муроҷиат карда гуфта буд: «Ба пар­лумон лоиҳаҳои хомро пешниҳод накунед!».

Дар навбати худ, Рашид Ғанӣ Абдулло меафзояд, вазифаи ва­кил ҳамчун намояндаи парлумони касбӣ танҳо овоз додану қабули қонун нест, балки ӯ бояд аз дар­ди ҷомеае, ки барояш раъй до­дааст, огоҳ бошад ва қонунҳои қабулнамудааш ба мушкили омма расидагӣ кунад.

Меҳронаи САБО

Рубрики:Меҳронаи САБО
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: