Главная > Uncategorized > Ним сол баъди «ПОБЕГ»

Ним сол баъди «ПОБЕГ»

Аз он рӯзҳои наҳс, аз он замони ошӯбзо, ки 25 на­фар маҳбус аз тавқифгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМТ) фирор кардаву баъдан фоҷеа бар сари чандин афсари мақомоти қудратии кишвар омад ва мардуми тоҷик то ҳадде дар парешонхотири­ву таҳлука афтод, ним сол сипарӣ шуд. Дар ин муддат чанд тан аз фирориён куш­таву чандеи дигар дастгир шуданд. Аммо бархеи дигар ҳанӯзам мавриди ҷустуҷӯянд ва маълум нест, ки куҷо паноҳ бурдаанд, кай ва бо кадом шева даст­гир ва ё кушта мегарданд…

РӯЙХАТИ ФИРОРИЁНИ МАҲБАСХОНАИ

КДАМ ҶТ

1. Абиев Низами Рус­ланович, санаи таваллуд 18-уми августи соли 1986, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Табасарински Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Ру­сия, тибқи моддаҳои 32, 335 қисми 2 ва 187 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 19,6 сол маҳкум шу­дааст.

2. Азизов Зайдулло Саъ­дуллоевич, санаи таваллудаш 16-уми январи соли 1977, зода ва истиқомакунандаи деҳаи Пастироғи ҷамоати Сағирдашт, тибқи моддаҳои 187 қисми 2 ва 306-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳабси якумра маҳкум гардидааст (10.09.2010 дастгир шуд).

3.Азизов Раҳмиддин Саъ­дуллоевич, санаи таваллудаш 24-уми апрели соли 1972, зодаи ноҳияи Панҷ, участкаи Орджоникидзе, собиқ хизмат­чии ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Рашт, тибқи моддаҳои 187 қисми 2, 181 қисми 3, 104 қисми 2, 328 қисми 2, 306, 195 ва 375 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳабси якум­ра маҳкум гардидааст (26.09.2010 кушта шуд).

4.Азизов Ҳикматулло Фай­зуллоевич («Малыш»), соли таваллудаш 8-уми июни соли 1975, зодаи ноҳияи Панҷ, колхози Правда, участкаи Трактор, тибқи моддаҳои 170, 187 қисми 2, 306, 328 қисми 2, 195 қисми 3, 32 қисми 1, 335 қисми 2 ва 245 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 30 сол маҳкум гар­дидааст (аз рӯи маълумоти мақомоти амнияти Тоҷикистон 18.12.2010 дар Афғонистон дастгир гардид ва ба ихтиёри КДАМ ҶТ супорида шуд).

5. Алиев Алӣ Маго­медович, соли таваллу­даш 5-уми сентябри соли 1983, шаҳрванди Феде­ратсияи Русия, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Радужный, вилояти Тюмени Федератсияи Русия, тибқи моддаҳои 32, 335 қисми 2 ва 187 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 19,6 сол маҳкум гардидааст (17.09.2010 дастгир шуд).

6. Ахмедов Магомед Магомедрасулович, соли та­валлудаш 15-уми октябри соли 1979, зодаи шаҳри Буй­накски Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Русия, тибқи моддаҳои 32, 335 қисми 2 ва 187 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 19,6 сол маҳкум гардидааст (10.09.2010 дастгир шуд).

7.Бозоралӣ валади Эгамбердӣ, соли таваллудаш 1969, зодаи деҳаи Кагнии улусволии Даркад, вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, тибқи моддаҳои 335 қисми 2, 289 қисми 4, 195 қисми 3, 200 қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 30 сол маҳкум шуда­аст (04.10. 2010 кушта шуд).

8. Джабраилов Казбек Джабраилович, санаи тавал­луд 30-юми марти соли 1986, зода ва истиқоматкунандаи Ҷумҳурии Доғистони Федерат­сияи Русия, шаҳри Махачка­ла, кӯчаи А. Султана, хонаи 8 Б ҳуҷраи 28, тибқи моддаҳои 32 қисми 1, 335 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 19,6 сол маҳкум гар­дидааст.

9. Зиёев Азамшо Аҳтамович («Панҷара»), санаи таваллудаш 4-уми декабри соли 1969, зодаи колхози 1-майи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, нафақахӯри Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудо­фиаи граждании Тоҷикистон, истиқоматкунандаи ноҳияи Тавилдара, қишлоки Чилда­ра, тибқи моддаҳои 170, 187 қисми 2, 306 ва 195 қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 30 сол маҳкум шу­дааст.

10. Зиёев Ҷонибек Абду­самадович, соли таваллудаш 8-уми феврали соли 1979, истиқоматкунандаи участкаи Тугул, ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдати ноҳияи Панҷ, тибқи моддаҳои 187 қисми 2, 306, 328 қисми 2 ва 195 қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 30 сол маҳкум шу­дааст.

11. Иброҳимов Ҷумъа Абдусаломович, санаи та­валлуд 2-юми марти соли 1960, зодаи деҳаи Мулло Темури ноҳияи Тоҷикобод, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Маяковский, хонаи 91/2, ҳуҷраи 6, тибқи моддаҳои 36 қисми 5, 187 қисми 2, 36 қисми 5, 340 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 17 сол маҳкум шуда­аст.

12. Кокулов Фахрид­дин Сайфиддинович, са­наи таваллуд 10-уми марти соли 1980, зодаи шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ, қишлоқи Ёнч, муҷаррад, тибқи моддаҳои 36 қисми 5, 187 қисми 2 ва қисми 5, 335 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 30 сол маҳкум шуда­аст.

13. Маҳмадамир валади Қурбоналӣ, санаи таваллудаш 1987, зодаи деҳаи Кагнии улусволии Даркад, вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, тибқи моддаҳои 335 қисми 2, 289 қисми 4 ва 195 қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 20 сол маҳкум гардидааст (аз рӯи маълумоти мақомоти амния­ти Тоҷикистон 18.12.2010 дар Афғонистон дастгир шуд — дар Афғонистон).

14. Маҳмадвалӣ валади Тозагул, санаи таваллудаш 1977, зодаи деҳаи Майдапа­таи улусволии Даркад, вилоя­ти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, тибқи моддаҳои 335 қисми 2, 289 қисми 4, 195 қисми 3, 200 қисми 4-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 25 сол маҳкум гардидааст (аз рӯи маълу­моти мақомоти амнияти Тоҷикистон 18.12.2010 дар Афғонистон дастгир шуд — дар Афғонистон).

15. Маҳмадзокир валади Маҳмадҳалим, соли тавалу­даш 1981, зодаи деҳаи Каг­нии вулусволии Даркад, вило­яти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, тибқи моддаҳои 335 қисми 2, 289 қисми 4, 195 қисми 3, 104 қисми 2, 199 қисми 4-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳабси якумра маҳкум шудааст (аз рӯи маъ­лумоти мақомоти амнияти Тоҷикистон 18.12.2010 дар Афғонистон дастгир шуд — дар Афғонистон)..

16. Мирзоев Абдурасул Раҳмонович, соли таваллу­даш 1-уми апрели соли 1958, зодаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, гузаргоҳи 3-юми кӯчаи Кутузов, хо­наи 12, тибқи моддаҳои 216, 135 қисми 1-и КҶ ҶТ (таҳрири соли 1961), 131 қисми 2, 334 қисми 2, 131 қисми 2, 248 қисми 4, 181 қисми 2, 334 қисми 2, 291 қисми 2, 340 қисми 2, 195 қисми 2 ва 306-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 30 сол маҳкум гардидааст (06.09. 2010 дастгир шуд).

17. Наимов Толибшо Аламович, соли таваллудаш 14-уми октябри соли 1977, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Тавилдара, дехаи Па­гула, тибқи моддаҳои 187 қисми 2, 306, 328 қисми 2 ва 195 қисми 3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 30 сол маҳкум гардидааст (12.09. 2010 дастгир шуд).

18. Насриддинов Иброҳим Раҷабович («Қорӣ Иброҳим»), санаи таваллуд 1974, зода ва истиқоматкунандаи кӯчаи Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, вилояти Хатлон, тибқи моддаҳои 104 қисми 2, 195 қисми 2, 32 қисми 3, 104 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 23 сол маҳкум шудааст (02.09. 2010 дастгир шуд).

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: