Главная > Комил Бекзода > Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Ибни Ровандӣ дар масъалаи марг назарияи Эпикурро (341-270 то мелод) сарманшаи худ қарор дода, мӯътақид аст, ки: «то ман ҳастам, марг нест ва ҳангоме ки марг омад, ман нестам». Қонуни маргу зиндагӣ барои Ибни Ровандӣ як силоҳи пурқуввати назариявӣ дар мубориза бар зидди ирфон ва илоҳиёт аст. Ин қонун рӯи афсонаҳои «ҷовидон будани рӯҳ» хати бутлон мекашад.

Аз ривоятҳои зиёде, ки дар бо­раи Ибни Ровандӣ мавҷуд аст, ин ҷо овардани якеро ҷоиз медонем, ки он ба мавзӯи баҳри мо бевосита алоқаманд мебошад. Маъруф аст, ки Ровандӣ вақте китоби «Ал-фарид» («Ягона ва нодир»)-и худро барои таҳрир ба Аббос Сарруми котиб дод, Аббос Саррум пас аз мутолиаи қисмате аз китоби мазкур гуфт:

— Ман ҳайрат мекунам, ки ту чӣ гуна ҳанӯз зинда ҳастӣ?

Пурсид:

— Барои чӣ ҳайрат мекунӣ, ки ман то имрӯз зиндаам?

Саррум ҷавоб дод:

— Барои ин ки он чи ту дар ин ки­тоб навиштӣ, куфр аст ва ҳар мусул­мон, ки инро бинвисад ва ба забон ҷорӣ кунад, кофир мешавад.

Ровандӣ гуфт:

— Инҳо куфр нестанд, балки ҳақоиқи илмианд. Ва Худо ҳамчун душмани хашмгине аст, ки доруе ҷуз нест кардани ӯ вуҷуд надорад.1

Ровандӣ ҳамагӣ 40 сол умр дида, тамоми умри хешро дар таъқиби шариатмадорон ва му­таассибони динҳо гузаронидааст. Муаррихони гузашта навиштаанд, ки Ровандӣ дорои 114 ҷилд китобу рисола будааст ва аксари ин осор ҷамъоварӣ ва сӯзонда шудаанд. Ва бештарини он нуктаҳое, ки мо аз Ибни Ровандӣ овардем, дар осори душманони ғоявии ӯ мундариҷ аст. Душманони ғоявии Ибни Ровандӣ барои рад кардани ақоиди ӯ аз асарҳои аз байнрафтааш порчаҳои зиёдеро иқтибос намуда, бо чунин кори хеш мероси ин марди ростин­ро ба наслҳои оянда ба мерос мон­даанд. Ба иловаи ин, бояд таъкид кард, ки агарчи дар асри Х мелодӣ нашри афкор ва ақоиди моддӣ ва илҳодӣ то ҳадде ривоҷ дошта бо­шад ҳам, дар соҳаи озодфикрӣ (ба маънои томи ин калима) ҳеҷ кас (ба истиснои Закариёи Розӣ) ба андо­заи Ибни Ровандӣ ба чунин пояи баланди илмӣ боло набаромадааст. ӯ чун ахзаре тобнок дар дунёи маъ­навиёти инсоният нурафшонӣ кард ва барои ҳамеша нақши муассире аз худ боқӣ гузошт.

Чи тавр ки дида мешавад, осори озодфикрӣ дар таърихи фарҳанги тоҷикон таърихан анъанаҳои қадимӣ дорад. Номи Рӯзбеҳ, ки як аср пеш аз Ибни Ровандӣ ба дунё омада, эҷодҳо кардааст, ба дуюмӣ шинос буд ва ӯ ақидаҳои аввалиро такмил дод. Бузургӣ ва ҷовидонии Рӯзбеҳ ва Ибни Ровандӣ дар он аст, ки нахустин пояи ғояҳои инсондӯстӣ, баробарӣ, озодфикрӣ, зиндадилӣ, некбинӣ ва танқиди камбудиҳои дину диндориро асос гузошта, исё­ни хирадро бар ҷаҳолат барангех­таанд.

§2. ИХВОН-УС-САФО ВА АБӯҲАЁНИ ТАВҲИДӣ

1. Ихвон-ус-сафо

Баҳсу андеша доир ба мавзӯи «Ихвон-ус-сафо» аз ҳар муҳаққиқе тақозо мекунад, ки масъалагузориҳо бештар дар шакли саволу ҷавоб бо­шанд. Зеро ин мавзӯъ аз ҳар ҷиҳат баҳсталаб ва зиддиятнок аст. Агар мо масъалаҳоро дар шакли саволу ҷавоб ва возеҳу равшан пешниҳод накунем, он гоҳ баҳси мо иборат аз нақли хушку холии ин ё он тарафи фаъолияти «Ихвон-ус-сафо» мегар­дад, ки аз назари таҳқиқӣ арзише надорад.

Акнун ба мавзӯи асоси шурӯъ менамоем. Аввалан ва пеш аз ҳама: чаро ин мавзӯъро интихоб кардем? Ҷавоби мо барои ин савол аз ин иборат аст, ки қатъи назар аз таҳқиқотҳои доманадор ва арзан­дае, ки дар Шарқу Ғарби олам доир ба «Ихвон-ус-сафо» анҷом гириф­тааст, бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ ин мавзӯъро ба таври шоиста мавриди таҳлил қарор надо­даанд. Дар сурате, ки ба назари мо, мавзӯи «Ихвон-ус-сафо» дар байни мавзӯъҳои илмӣ-фалсафии марду­ми шарқи исломӣ дар асрҳои миё­на яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад. Барои исботи ин даъво бояд ба тариқи омӯзиши ин мавзӯъ назаре иҷмолӣ афканд. Нуқсон ва камбудиҳои муҳаққиқон доир ба «Ихвон-ус-сафо» аз чӣ иборатанд?

Аввалан, омӯзиши «Ихвон-ус-сафо» дар Европа: ба навиштаи муҳаққиқи муосири араб Ориф Томер, қадимтарин тадқиқоти европоӣ доир ба «Ихвон-ус-сафо» муқаддимае буд, ки шарқшинос То­масон Т. (Т. Т. Tomason соли 1837 ба забони англисӣ навишта, ба «Расоил»-и «Ихвон-ус-сафо» илова намуд… Баъди ӯ шарқшинос Фри­дрих Дитрици (Fredieri Kh Dietricis) дар таҳқиқоти муфассали худ зери унвони «Илмҳои фалсафӣ дар ҷаҳони араб» дар ҳашт ҷилд баҳси доманадоре навишта, асосан меҳвари таҳқиқоти худро омӯзиши «Рисолаҳои Ихвон-ус-сафо» қарор додааст. Ин асар дар шаҳри Бер­лин ба табъ расид. Баъди чанде соли 1886 китоби дигаре бо номи «Хулосат-ул-вафо-и ихтисор расоил «Ихвон-ус-сафо» дар Берлин инти­шор гардид.

Мақолаи мухтасаре аз шарқшиноси маъруф Голдсиэр соли 1888 дар яке аз маҷаллаҳо дар шаҳри Гале (Halle) бо забони олмонӣ ба чоп расид.

Доир ба фалсафа ва ақидаҳои «Ихвон-ус-сафо» баҳсе илмӣ ва таърихӣ соли 1861 аз ҷониби шарқшинос Парбишт Деминор (Parbiet de Meinard) анҷом дода шуд.

Мақолае объективона ва зари­фона доир ба «Ихвон-ус-сафо» соли 1893 аз ҷониби шарқшинос Лан Пуд (Lane-Pode) навишта, нашр гар­дид.

Аммо Веймер (Weimer) баъзе аз рисолаҳоро тарҷима намуда, дар муқаддимаи он фалсафаи «Ихвон-ус-сафо»-ро ба таври муфассал мавриди баррасӣ қарор дод. Соли 1903 шарқшинос Де Бур (De Boer) ва Макдоналд (Macdonald) ҳарду алоҳида тахқиқе анҷом дода, дар Лондон ба табъ расониданд.

Соли 1915 аз ҷониби шарқшинос Казанова (Casanova) тадқиқоти суд­бахше анҷом дода шуда, соли 1929 шарқшинос Луис Массигнон (L. Massignon) ҳангоми тадқиқоти худ зери унвони «Тасаввуф дар ислом ва фалсафаи Ғаззолӣ» таҳқиқоти мустақиле доир ба шароит ва вазъи навишта шудан «Рисолаҳо»-и «Ихвон-ус-сафо» анҷом дод. Дар худи ҳамин сол Тритон (A. S. Tritton) ва В. Иванов низ баҳсе дар мавзӯи «Ихвон-ус-сафо» анҷом доданд.

Шарқшиноси маъруф Никол­сон (R. A. Nicholson) соли 1941 доир ба «Ихвон-ус-сафо» тадқиқе арзанда навишта, дар маҷаллаи Университети Кембриҷ нашр на­муд. Ҳамчунин, шарқшинос Стерн (S. M. Stern) тадқиқи муфассале анҷом дода, онро дар Университе­ти Оксфорд ба қисми «Энсиклопе­дияи ислом» пешниҳод кард. Дар ин мавзӯъ аз номи ду шарқшиноси дигар низ бояд ғафлат варзид: Яке Де Сасӣ ва дигаре Стайнслос Гвард (Desacy ва S. Guard). Ин ду нафар дар ин мавзӯъ кӯшиш намудаанд, ки ҳақиқати ҳоли «Ихвон-ус-сафо»-ро ошкор намоянд. Сабаби зикри дурударози ин тадқиқотҳои европоӣ доир ба «Ихвон-ус-сафо» ин аст, ки дар ягона тадқиқоти ҷомеъ ва му­фассали советӣ бо номи «Фалсафаи Ихвон-ус-сафо» гуфта мешавад, ки «сарчашмаҳо доир ба таҳқиқи фал­сафа ва фаъолияти «Ихвон-ус-сафо» хеле ночизанд». Ва баъд муаллиф аз муҳаққиқони европоӣ Дитери­цы, Ф. Ибервег, И. Голдциэр ва А. Е. Кримскиро зикр намуда, доир ба муҳаққиқони араб ва шарқ умуман ягон ишорае намекунад. Дар хонан­да чунин тасаввуроте пайдо меша­вад, ки гӯё дар олами исломӣ доир ба «Ихвон-ус-сафо» ҳатто мақолае ҳам навишта нашудааст. Ҳол он ки, муаллиф ихтисосманди фалса­фаи араб аст ва аз иқтибосҳои дар китоб оварда чунин бармеояд, ки сарчашмаҳоро аз забони аслиашон тарҷима кардааст. Дар ин сурат аз таҳқиқотҳои муосири арабӣ сарфи назар кардани муаллиф аз наза­ри этикаи илмӣ-таҳқиқотӣ хилофи қоидаи умумӣ аст. Ҳоло бубинем, ки доир ба «Ихвон-ус-сафо» дар ҷаҳони имрӯзаи араб ягон таҳқиқоте ба на­зар мерасад ё не.

Муаллифи зикршуда, яъне док­тор Ориф Томер ба ин мавзӯъ ишо­раи мухтасаре намуда, мегӯяд, ки: Аз таҳқиқотчиёни араб аввалин касе, ки доир ба мавзӯи «Ихвон-ус-сафо» таваҷҷӯҳ зоҳир кард, Аҳмад Закӣ ва баъди он Муҳаммад Курд Алӣ буданд.

(Давом дорад)

Андешаҳои равшанфикрони миллии тоҷик

Устод Садриддин Айнӣ

(1878-1954, Душанбе)

Фалсафаи таърих

Азбаски он вақт ҳиссиёти аҳли маҷлис дар ҷӯш буд ва дар як сурати восеа (ҳамаҷониба) иҷрои ислоҳот кардани хуку­матро умедвор буданд, дар муқобили эшон чизе нагуфтам ва сукут карданро муносиб дидам. Ва ҳол он ки ман яқин медонистам: он раияе, ки мазлумашон мехонанд ва маъзурашон меноманд ва барои ҳифзи ҳуқуқашон ин ҳама дилсӯзӣ ва ҷонканӣ ме­намоянд, азбаски нодон ҳастанд, ба як ишо­рати уламои мутаассиб ва ба як далолати ҳукумати хоин дар сари ислоҳхоҳон хоҳанд рехт ва дар садади (пайи) итлофи (нестии) молу ҷони эшон хоҳанд шуд.

Аз як ҷиҳат ислоҳотхоҳони муфрити (ифротии) Бухороро маъзур дошта мешуд, зеро роҳи ислоҳи тадриҷиро. ки иборат аз танвири (бедории) афкори мардум бошад — ҳукумат сахт баста буд.

Аз ҳарчӣ зиёдатар, ҳукумат аз мактаби ибтидоӣ метарсид. Бинобар ин, ба воси­таи муллоён «Мактаби нав хилофи шари­ат ва мардумро аз дин мебарорад» гуфта, дар байни аҳолӣ шӯҳрат (овоза) карда буд. Ҳукумат ба фикри худ хаёл мекард, ки «Дар мамлакати Туркия инқилоб воқеъ шуд ва султон Абдулҳамидро халъ (сабукдӯш) кар­данд. Сабаби умда тарбиятёфтагон ба тар­бияи нав буданд. Агар султон Абдулҳамид мактаби алифбохониро манъ мекард, ба ин бало гирифтон намешуд». Муҳокимаи ар­боби ҳукумати Бухоро ба ин ҷо намерасид, ки «агар султон Абдулҳамид панҷ-шаш адад мактаб таъсис намекард, агар панҷ-шаш адад ҷавонтурконе, ки имрӯз ҳастанд, на­мерасиданд, то ҳол дар рӯйи дунё на мам­лакати Туркия мемонд, на инқилоби он, на Хилофати Исломия мемонд, на масъалаи халъу насби (рондану таъини) халифа».

Султон Абдулҳамид дар таъсиси мако­тиб хато накардааст. Хатои он дар ин ҷост, ки ба истибдод мағлуб шуда, ба қавли ода­мони хоин фирефта гардида, тарбиятёфта­гонро тазйиқ (фишор) кард. Ба хуфиябозӣ (хабаркашӣ) ахлоқи уламову умароро фо­сид намуд. Фидокорони рашидро (ростин­ро) қатлу нафй фармуда, маҳв (нобуд) кард. Чанд нафар фидокоре, ки аз чанги истиб­доди султон Абдулҳамид амон ёфта буданд, ба кӯшишҳои фавқуттоқа (тоқатфарсо) дар майдони сиёсат бозӣ карданд ва бақияи ватанашонро аз дасти истибдоду аҷониб (бегонагон) халос намуданд. Агар султон Абдулҳамид тарбиятёфтагонро тазйиқ на­мекард ва ба таксири (зиёдшавии) афроди эшон мекӯшид, хоинонро аз дарбор дур мекард, ҳароина (он гоҳ) ин ҳама фалокат ба сари давлати Туркия намеомад ва ва­тан порча-порча намегардид; муҳорибаи Таробулус ва фоҷиаи Балкан рӯй намедод; ҷавонтуркон ба султон Абдулҳамид амният пайдо мекарданд ва ҳаргиз дар сари халъ (гиру мон) намеомаданд; султон Абдулҳамид то охири умр ҳофизи (ҳифзкунандаи) Хи­лофати Исломист ва ҳомии (ҳимоятгари) олами Ислом шуда, ба шараф (сазовор) ва ифтихор зиндагонӣ мекард. Аммо ин нуктаҳо ба хаёли ҳукумати Бухоро намегу­зашт, ҳамаи ҳимматашро дар манъи мак­таби алифбохонӣ сарф мекард. Лиҳозо, тараққихоҳони Бухоро ислоҳоти макоти­бро (мактабҳоро) бе ислоҳи асосии идо­раи ҳукумат мумкин намедонистанд, «ҳар чӣ бодо бод» ва бо ҳамаи нуқсони асбоб (востаҳо), дар ислоҳоти идора мекӯшиданд.

(Давом дорад)

Рубрики:Комил Бекзода
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Оставьте комментарий