Главная > Uncategorized > Фишор!!!?

Фишор!!!?

Моро ба Прокуратураи гене­ралии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуда, нусхаи қарори судяро пешниҳод намуданд.Ҳайрон мондем, ки чаро бе иштироки мову фаҳмидани фикри мо чунин қарор қабул карда шудааст.Дар мактубҳои қаблии мақомоти Прокуратура танҳо мавоҳои сарчашмавии мақолаи “Мовароуннаҳр”-ро кӣ ба наҳр партофтанист?” талаб карда мешуд. Вале дар ин қарор дигар маводҳои вобаста ба ин қазия дар ҳафтаномаи “Пайкон” нашр гардида, талаб карда ме­шавад.Оё ин фишор болои ҳафтаномаи “Пайкон” нест? Ана, он қарор:

“ҚАРОР

Судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Саидова Г.И.

Бо котибии Мирзоев И.

Бо иштироки прокурор Мир­зоев Қ. ва муфаттиши гурӯҳи тафтишотӣ Қувватов Э.

Дархости муфаттиши Раёсати тифтиши парвандаҳои махсусан муҳими Прокуратураи генара­лии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пӯлодов У.Т. дар бораи иҷозат додан ба­рои дарёфт кардани ҳуҷҷатҳои сарчашмавӣ барои мақолаҳои «Мовароуннаҳр»-ро кӣ ба наҳр партофтанист?», «Сохтаву носохтаи «Мовароуннаҳр» ва «Арзиши мӯҳри Мовароуннаҳр чанд аст?» аз идораи Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистии «Пай­кон» воқеъ дар кӯчаи С. Шерозӣ, бинои 16, ошёнаи 14 вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ нисбати Охонов Ҷӯрабек Тоштемурович бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро омӯхта, парван­даи ҷиноии пешниҳодгардидаро санҷида, фикри иштирокиёни маҷлиси судиро шунида, —

МУАЙЯН КАРД:

Мақомоти таъқиби ҷиноятӣ нисбати Охонов Ҷ.Т. барои содир намудани ҷинояти дар моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда айб эълон намудаанд, ки мазкур дар вазифаи директори генералии ҶДММ «Мовароуннаҳр» кор карда, бо бастани шартнома дар бораи сохтмони манзилҳои истиқоматӣ аз боварии шаҳрвандон сӯистифода намуда, дар давоми солҳои 2006-2010 сол бо фиреби зиёда аз 300 нафар шаҳрванд маблағи 9 892 000 доллари ИМА-ро тасарруф наму­дааст. Санаи 1 феврали соли 2011 дар рӯзномаи Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журнали­стии «Пайкон» шумораи №3 мақолаи «Мовароуннаҳр-ро кӣ ба наҳр пар­тофтанист? аз номи директори ге­нералии ҶДММ «Мовароуннаҳр» Охонов Ҷ.Т. чоп шудааст. Бо назар­дошти он ки аксари маълумотҳои дар мақола дарҷгардида ҳақиқати воқеӣ надоранд. 11 феврали соли 2011 ба БМСТЖ «Пайкон» таҳти № 18/19693 дархост ирсол гарди­да, пешниҳоди нусхаи ҳуҷҷатҳои сарчашмавӣ барои мақолаи маз­кур дархост шудааст. Рӯзи 12 фев­рали соли 2011 БМСТЖ «Пайкон» дар мактуби ҷавобиаш таҳти № 12 бо дастрасии талаботи моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» бе қарори суд фош кардани сарчашмаи мақоларо рад кардааст. Бо назардошти он ки мақола бевосита аз номи муал­лиф Охонов Ҷ.Т. чоп шуда, ҷавоби БМСТЖ «Пайкон» беасос мебошад, санаи 16 феврали соли 2011 та­кроран дархост ирсол карда шуда, иҷроиши он таъмин нашудааст. Ҳамчунин дар рӯзномаи зикршу­да мақолаҳои «Сохтаву носохтаи «Мовароуннаҳр»» ва «Арзиши мӯҳри «Мувароуннаҳр» чанд аст?» ба нашр расидааст, ки аксари маълумотҳои дар ин мақола дарҷгардида низ ҳақиқати воқеӣ надоранд. Бино­бар он зарур аст, ки барои санҷиш ва додани баҳои ҳуқуқӣ аз идораи Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистии «Пай­кон», воқеъ дар кӯчаи С. Шерозӣ, бинои 16, ошёнаи 14-ум ҳуҷҷатҳои сарчашмавӣ барои мақолаҳои зик­ршуда, дарёфт карда шавад.

Муфаттиш Пӯлодов У.Т. дархостро бо асосҳои боло асоснок кардааст ва пурсидааст, бо мақсади дарёф­ти санҷиш ва додани баҳои ҳуқуқӣ аз идораи Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журна­листии «Пайкон», воқеъ дар кӯчаи С. Шерозӣ, бинои 16, ошёнаи 14-ум ҳуҷҷатҳои сарчашмавӣ барои мақола зикршуда, иҷозат дода ша­вад.

Судя ҳолатҳои болоро ба инобат гирифта, бо риояи талаботи мод­даи 192 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ намудан дархостро лозим до­нист.

Бо дастрасии моддаҳои 35, 190-192-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Судя, —

ҚАРОР КАРД:

Барои дарёфт кардани ҳуҷҷатҳои сарчашмави мақолаҳои “Мовароуннаҳр”-ро кӣ ба наҳр пар­тофтанист?” “Сохтаву носохтаҳои “Мовароуннаҳр”” ва “арзиши мӯҳри “Мовароуннаҳр” чанд аст?” аз идораи Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журнали­стии “Пайкон” воқеъ дар шаҳри Ду­шанбе кӯчаи С. Шерозӣ 16 оёнаи 14 вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ нисбати Охонов Ҷӯрабек Тоште­мурович бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷозат дода шавад.

Аз болои қарори мазкур дар муддати се шабонарӯз аз рӯзи баро­варданаш ба суди шаҳри Душанбе шикоят ё эътироз овардан мумкин аст.

Судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Саидова Г. И.

Аз “Пайкон”: Пас аз гириф­тани қарори судя нусхаи маводҳоро пешниҳод кардему бо протоколи кофтуков онро гирифтанд.Вале дар шумораи оянда нисбат ба ин қарори судя бармегардем.

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: