Главная > Иқболи САИДЗОД > Шукурҷон Зуҳуров аз тақсири Наҷмиддинов чАШМ ПӯШИД

Шукурҷон Зуҳуров аз тақсири Наҷмиддинов чАШМ ПӯШИД

Вале ҳушдор дод, ки бо санади беимзо дигар ба Парлумон муроҷиат накунад

Ахиран лоиҳаи инвеститсионии таҷдиди марҳилаи аввали роҳи ав­томобилгарди «Душанбе-Қулма», қитъаи «Душанбе-Данғара» ба муҳокимаи Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуда, ба тасвиб расид. Қарор аст Тоҷикистон ва «Эксим-бонк»-и Чин дар масъалаи сохтмо­ни роҳи Душанбе-Қулма дар ҳудуди Душанбе-Данғара ҳамкорӣ кунанд. Аммо санади пешниҳодкардаи Вазорати молияи Тоҷикистон дар мавриди 203 миллион доллар қарз барои иҷрои ин тарҳ бархе аз ва­килони мардумиро қонеъ накар­дааст. Ҳангоми қабули ин санад камбудиҳое, ки аз ҷониби масъу­лини Вазорати молия сар задааст, вакилони мардумӣ, аз ҷумла раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуровро бетараф гузошта натаво­нистааст.

Камбудии нахустине, ки ҳангоми муҳокимаи ин санад вакилони мардумӣ аз он интиқод кардаанд, ин бе мӯҳру имзо пешниҳод шудани лоиҳаи мазкур мебошад, ки онро ва­зири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов ҳамчун санади комил ба баррасии Маҷлиси намояндагон гузоштааст. Ин ҷиҳати масъала бештари ваки­лонро дар тааҷҷуб монондааст. Аз ҷумла, Исмоил Талбаков — муовини раиси Ҳизби коммунист ва вакили мардумӣ аз Сафаралӣ Наҷмиддинов суол кардааст, ки ба чӣ далел сана­ди имзонашудаву мӯҳрнахӯрдаро ҳамчун санади комил ва ниҳоӣ дар бораи масрафи қарз ба Парлумон пешниҳод намудааст. Вазири молия чунин посух додааст, ки шартномаи Бонки содироту воридотии Чин бо Вазорати молия бо ваколати раиси ҷумҳур имзо шудааст. Вай иброз до­штааст: «Имзоҳо аз ҷониби ҳукумат пешниҳод нашуда бошад, мо тайёр ҳастем, ки нусхаҳои имзошудаи ин шартномаро пешниҳод кунем. Ин кӯтоҳии мост».

Аммо вазири молия бо ин са­нади бе мӯҳру имзо дар мавриди тағйиру иловаҳо дар қарордод ва масрафи маблағҳо вакилони мар­думиро мутақоид карда натаво­нистааст, ки 203 миллион доллар қарз ба чӣ хотир гирифта мешавад ва чӣ гуна сарф хоҳад шуд. Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров изҳори нигаронӣ кардааст, ки агар надонем, ки қарз барои чӣ гирифта мешавад ва дар оянда аз иншооти аз ҳисоби пули қарз сох­ташуда фоидае ба даст меояд ё не, наметавонем раванди қарзгирӣ ва пардохти онро таъмин кунем.

Ба андешаи баъзе намоянда­гони мардумӣ, як камбудии санади мазкур дар он аст, ки эҳтимолан имкон дорад пас аз тасвиби ин қарордод аз ҷониби Маҷлиси на­мояндагон дар ҷойҳои холии ин санади бемӯҳру беимзо тағйирот ворид карда, пас аз он имзову мӯҳр зананд. Вале дар ниҳояти кор на­мояндагони палатаи поёнӣ бо дар назардошти он ки раиси ҷумҳур аз ин қарордод огоҳӣ дорад, онро ба тасвиб расонидаанд ва Шукурҷон Зуҳуров ба Сафаралӣ Наҷмиддинов ҳушдор додааст, ки минбаъд дар мавзӯи қарзҳои давлатӣ бо асно­ди бемӯҳру беимзо ба Парлумон муроҷиат накунад. Зеро қарзҳои давлатӣ сол то сол зиёд шуда, ба­рои давлат мушкили ҷиддиеро пеш меоранд. Ҳамчунин намояндагони мардумӣ тақозо кардаанд, ки Вазо­рати молия ҳар сол барои бозгар­донидани қарзи хориҷӣ бояд 40-50 миллион доллар пайдо кунад. Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров аз имконияти баргардонидани қарзҳои давлатӣ дар оянда изҳори нигаронӣ карда, хостори шаффофият дар шеваи дар­хосту қабул ва масрафу бозпардох­ти ин қарзҳо шудааст.

Аммо дар мавриди баргардони­дани қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳаҷми 50 миллион дол­лар иддае аз коршиносон изҳори нобоварӣ мекунанд. Зеро ҳарсола нақшаи пешбинишудаи буҷети давлатӣ тақрибан иҷро намешавад ё иҷро шавад ҳам, асосан бо си­тонидани андози гарон аз мардум ин касри буҷет комил карда меша­вад, ки дар натиҷа бисёр корхона­ву муассисаҳои бахши хусусӣ ва соҳибкоронро муфлис месозад. Ҳоло иддае аз соҳибкорони тоҷик дар Ду­бай ва дигар кишварҳои минтақа ба тиҷорат ва сармоягузорӣ машғуланд, аммо аз сабаби фа­зои муносиб муҳайё набудан дар Тоҷикистон онҳо маҷбур ба хориҷи кишвар муҳоҷират мекунанд. Ба бовари коршиносон, агар шароити хуби соҳибкорӣ муҳайё бошад ва ҳукумат бо ситонидани андози га­рон ва зиёд онҳоро ба танг наорад, балки имконият диҳад то бахши соҳибкории хурду миёна рушд кунад ва корхонаву ширкатҳои зиёд ба фа­ъолият шурӯъ кунанд, соҳибкорони инфиродӣ даст ба истеҳсолоту тиҷорат зананд, аз ин ҳисоб андози бештаре ба буҷет ворид мегардад ва иқтисоди кишвар ҳам рушд меё­бад, ки бо ин роҳ солона ба андозаи 100-200 миллион доллар баргардо­нидани қарзи хориҷӣ имконпазир мегардад.

Коршиноси масоили иқтисодӣ Баён Исоев бар ин бовар аст, ки қарзҳои хориҷии Тоҷикистон сол то сол меафзояд ва дар шароити феълӣ имкони кам кардани он вуҷуд надо­рад. Чунки хароҷоти буҷа меафзо­яд ва даромади тавлидоти нохолис ба қадри кофӣ зиёд намешавад. Ҳарчанд давлат ба ҷалби қарзҳои имтиёзнок бештар кӯшиш мекунад, аммо аз ду сар қарз қарз аст ва онро баргардонидан лозим аст. Ҳоло дар бораи ҳар сол ба миқдори муайян баргардонидани қарзи хориҷии давлат сӯҳбат мекунанд, аммо рушди иқтисодие, ки дар шароити кунунӣ дорем, дар бештари маврид барои пардохти фоизи қарз ҳатто кофӣ нест. Вай бар ин назар аст, ки агар давлат воқеан соҳибкорони ватаниро дастгирӣ кунад, ки шумо­раи онҳо дар Тоҷикистон кам нест ва эътимоди онҳоро ба даст орад, то ба сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи хоҷагии халқ бидуни ҳарос машғул шаванд, талабот дар мавриди гирифтани қарзҳои хориҷӣ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш меёбад. Зеро дар бунёди ин ё он иншоот сармоягузорони дохилӣ метавонистанд саҳм дошта бошанд ва ҳоҷат ба «ранг зард» кардан ба ширкатҳои хориҷӣ ё сармоягузо­рону созмонҳои молӣ намемонд ва ё ҳадди ақал камтар мешуд. Аммо ба қавли ӯ, давлат ба ҷои дастгирии соҳибкорон баръакс бо тахриб кардан ва рабудани иншоо­ти бунёдкардаи онҳо, дар мисоли вайрон кардани бозорҳо, ҳабс кар­дани соҳибкорон, фишор овардан ба соҳибони корхонаҳои хусусӣ тавассути андозбандии зиёд ва то дараҷаи муфлис шудан расонида­ни эшон, дар дили сармоягузорони дохилӣ тарсу бимро ҷой кардааст, ки ин дар умум бар зарари иқтисоди кишвар анҷом меёбад.

Ҳоло қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 2 миллиард доллар расидааст. Дар ҳамин ҳол Ари Айзен — намоян­даи доимии Сандуқи байналмила­лии пул дар Тоҷикистон ҳушдор до­дааст, ки қарзи берунии Тоҷикистон дар муддати се соли оянда ду баро­бар афзоиш хоҳад ёфт ва минбаъд масъулин бояд ба ҷалби қарзҳои беимтиёз кӯшиш накунанд. Ба гуф­таи Ари Айзен, қарзҳои хориҷии Тоҷикистон дар се соли оянда ҳудуди 60 дар сади ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил хоҳад дод. Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов гуфтааст, ки дар ҷумҳурӣ стратегияи идораи қарзҳои беруна то соли 2012 қабул шуда­аст ва ҳадаф аз он назорати қарзи берунаи Тоҷикистон мебошад, ки аз рӯи меъёр қарз набояд аз 40 дар сади ММД зиёд шавад. Аммо дар ҳамин ҳол рӯз то рӯз афзоиши қарзи хориҷии Тоҷикистон ба назар мерасад. Ду баробар афзоиш ёф­тани қарзи хориҷии Тоҷикистонро Сафаралӣ Наҷмиддинов рад накар­да, гуфтааст, ин қарзҳо дар оянда шояд зиёд шавад. Зеро бар асоси барномаи стратегии қарзгирӣ, 61 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи 1 миллиарду 600 миллион доллар то соли 2011 ба тасвиб расидааст.

Вале Шариф Раҳимзода — раи­си Бонки Миллӣ мегӯяд, ки аз қарз набояд тарсид. Вай иброз дошт: «Баъзеҳо аз қарзи давлатии Тоҷикистон яроқ месозанд, вале вазъият чандон ташвишовар нест. Зеро мо омори дақиқ надорем ва дар сурати хуб ба роҳ мондани баҳисобгирӣ шояд ММД ба 24 неву ба 35 миллиард сомонӣ баробар бошад. Тамоми кишварҳои дунё аз ҳисоби қарз фаъолият мекунанд. Мо хоҳем нахоҳем бо қарз сару кор мегирем. Хусусан, дар замони коҳиш ёфтани қурби доллар нисбати моликият аз қарз тарсидан даркор нест. Агар мо ин шансро истифода набарем, дигарон истифода меба­ранд».

Яке аз мавзӯи баҳси санади бемӯҳри пешниҳодии Вазорати мо­лия дар Парлумон ин ба чӣ хотир талаб кардани 203 миллион доллар барои таҷдиди роҳ ва дар оянда аз ин роҳи бо қарз сохташуда фои­дае ба даст меояд ё не, будааст, ки посухҳои Сафаралӣ Наҷмиддинов вакилонро чандон қонеъ накарда­аст. Вазири молия мегӯяд, ки дар сурати оғози таҷдиди роҳи Душанбе-Данғара ҷойҳои корӣ, корхонаву мағозаҳои нав, меҳмонхонаҳо ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ пайдо мешаванд, ки аз ин ҳисоб арзи­ши аслии боркашонӣ ва хароҷоти нақлиёт паст гашта, содироти хиз­матрасонии нақлиёт рӯ ба инкишоф мениҳад. Дар натиҷа воридоти ан­доз ба буҷет зиёд мегардад, ки ба болоравии сатҳи зиндагии мардум кӯмак расонида, боиси сол аз сол афзоиши маблағи буҷетӣ барои нигоҳдориву таъмири роҳҳои авто­мобилгард мегардад.

Аммо вакилон аз он нигаро­нанд, ки ба санади беимзо шояд баъдан тағйирот ворид карда ме­шавад ва маълум нест, ки маблағҳо чӣ гуна ва ба куҷо сарф мешаванд. Иддае аз коршиносон бар ин бова­ранд, ки чунин таҷрибаи фоида ба даст овардан аз ҳисоби таҷдиди роҳ бо пули қарз аллакай дар мо ҳаст ва ин шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ мебо­шад. Вале таҷриба нишон додааст, ки роҳи бо пули қарз таъмиршуда бар ивази беҳтар кардани зиндагии мардум, баръакс ба пастравии зин­дагии онҳо ва муҳоҷирати бештари аҳолӣ ба хориҷа оварда мерасо­над. Ҳарчанд маълум нест, ки роҳи Душанбе-Данғара пулакӣ мешавад ё не, аммо замоне вазири нақлиёт гуфта буд, ки дар он сурате ин роҳ пулакӣ мешавад, агар аз пулакӣ шу­дани роҳи Душанбе-Чаноқ натиҷаи хуб ба даст ояд. Таҳлилгарон мегӯянд, ки пардохти андоз, гириф­тани патент, иҷозатномаву экология, пулчинии беҳад гарон барои истифо­да аз роҳ ва дар баъзе ҳолатҳо сито­нидани ришва аз ҷониби назорат­чиёни роҳ бисёре аз ронандагон ва тоҷиронро маҷбур кардааст, ки бо далели барзарар кор кардан, тарки касб карда, рӯ ба муҳоҷират оранд. Коршиносон чунин мешуморанд, ки ҳоло қарзи хориҷӣ барои таҷдиди роҳҳо зарур аст, вале то ин дараҷа баланд кардани ҳаққи истифода аз роҳ, ки дар ҷаҳон гаронтарин нарх дониста мешавад, ҳам бар зарари мардум ва ҳам бар зарари иқтисоди кишвар аст. Зеро соҳибкорон агар тавони пардохти маблағи истифо­да аз роҳро надошта бошанд, аз тиҷорат ва боркашониву ронандагӣ (хусусан дар сурате, ки қимати бен­зин ба 5 сомонӣ расидааст) даст мекашанд ва бекор мемонанд, ки сатҳи камбизоатӣ афзоиш ёфта, иқтисодиёт аз рушд бозмемонад. Барои мисол, гуфта мешуд, ки баъд аз таҷдиди роҳи Душанбе-Чаноқ аз ҳисоби роҳи мумфарш ва наздик шудани масофа нархи боркашонӣ паст шуда, хизматрасонӣ барои тоҷирон ва мусофирон арзонтар су­рат мегирад. Аммо имрӯз мебинем, ки барои боркашонӣ аз гузашта ҳам бештар маблағ супоридан лозим меояд ва ҳатто роҳкирое, ки ронан­дагон аз мусофирон меситонанд, бо вуҷуди наздик шудани масофаи Хуҷанд-Душанбе, боз гаронтар шу­дааст. Агар солҳои пеш тавассути ағба мусофирон бо 60-80 сомонӣ ба Душанбе меомаданд, ҳоло та­вассути нақби «Истиқлол» ба ро­нандагон 120-150 сомонӣ маблағ медиҳанд. Масъулин болоравии нар­хи сӯзишвориро сабаби аслии зиёд шудани арзиши хизматрасониҳо арзёбӣ мекунанд, аммо корши­носон бар ин боваранд, ки пулакӣ шудани роҳ далели аслии афзоиши нархи боркашониву роҳкиро ва ди­гар хизматрасониҳо мебошад. Вале ҳоло мавзӯе аҳли ҷомеаро нигарон кардааст, ки вакилони мардумӣ ҳар гуна санадҳои бемӯҳру беимзоро қабул кардан мегиранд, вале аз паёмадаш андеша намекунанд, ки фардо пул ба куҷо мераваду кор ба куҷо мерасад.

Муқобил, бетараф нест! Ҷонибдорон ба пахши тугма тай­ёр?!!!

Иқболи САИДЗОД

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: