Главная > Акаи Ҷалил > Барои раис чухтакӣ!

Барои раис чухтакӣ!

Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта

«Арақа теву ҷонма гир» гуфтагӣ ворӣ то арақнӯшӣ ҷони ин галаи тамаъҷӯра дар нӯги бинишон меорад, лекин вақте арақ нӯши ҷон мешаваду таъриф заку­ска, дигар ҳамаи кор мисли гӯшту но­хун ҷойи худша меёбад.

Қисса кӯтоҳ, ҳамаи говҳои аз таги сад дор гурехтагӣ, техникаи ба сад азоби гӯр дар кунҷи гараж мондагӣ, дигар майдачайдаи колхоз ҳамаш байни чанд кас тақсиму тарака шуд. Худи раис ҳам бало. Маст ҳам бошад, вақти имзокунӣ «мо ин ҷо гӯҳсумзанӣ ё сагсӯздиҳӣ омадагӣ не, ҳақи мора ҷудо монед» мегуфту «сад фоиз, раис, ҳамаш ҳисобу китоб шудагӣ»-ро шунивида, дилаш суст мешуду дасташ бақувват. Боз мепурсид, ки дар ҳамон искалот ҳичӣ мондаст? Дилпураш мекунанд, ки парво накун раис, решаш дар тарӣ аст. Баъд медавонд ручкаи безабона болои коғаз.

Аз колхоз як бинои холӣ монду мар­думи гушна. Ҳатто бурида буридани дарахтҳо сар шуд. Баҳона карданд, ки дарахти чинор барои саломатии одамон зарар доштааст, сабаби ҳамаи ин қадар маргу бемориву гушнагии одамон ҳамин чинорҳо будаанд. Чанд чанори пеши идораи колхозу рас­таи асосира бурида бурданд. Баъд байни мардум овоза шуд, ки раис ба табақбизнес гузашт. Гӯё кадом устое аз чинорҳо табақ метарошаду онҳоро дар бозорҳо фурӯхта ҳалу дал мекардаанд. Боз овоза хест, ки чинорҳои колхоза ба­рои сохтани қасри ким-кадом пулдоре истифода мебаранд. Чинор сутуни хуб мешудаст. Хуласи гап, дар сари яксола­гии омадани раиси нав колхоз аз ҳама чиз тоза шуд.

Додарҳои ҷону лахти ҷигари ака, гузаштагиҳомон мепурсиданд, ки дар рӯйи дунё зан бисёр аст ё мард, баақлтарҳош ҷавоб медоданд, ки зан бисёртар аст. Агар мепурсиданд, ки барои чӣ, ҷавоб медоданд, ки ҳамаи занҳо зан ҳастанд ва он мардҳое ҳам ки номардӣ доранду ба гапи зан мераванд, ба ҳамин қатор дохиланд. Ана додарҳои ҷон, барои ҳамин ҳам ману шумо барин мардҳо дар ин дунёи чандрӯза бисёр камем.

Занак мардум аз рӯйи заифи­ву кӯтоҳдастӣ ба дурӯғ рӯ меораду мардакҳои занакмиҷоз ҳам ҳамин феъ­ла доранд. Гумон мекунӣ ҳақиву ростӣ язнашон ё бохчуншон бошанд – чунон қимобанд, ки аз ӯҳо – ҳисобаш гум. Баъд мо ворӣ мардҳои шери нар меда­вем пушти ҳақиқат сарсону саргардон.

Дар давраи раисии ҳамон мардак дар ҳамин деҳаи Чинораки мо аз бир­гату табелӣ сар карда, то саису раис ҳама фиребгар шуду қаллобу ҷаллоб. Деҳқон аз кори саҳрора ранги дастаи белаш харобу рост шудасту ранги алов­росткун сияҳ. Зану кӯдакҳоша, духта­ри ба шӯра шудагиша – майдаву ката – ҳама бурд шабу рӯз дар сари замин, ҳамакаса ҷони сияҳ канданд, ҳосил гирифтанд, бурда ба ду дасти адаб супориданд. Баъди ҳамин ку ягон кас қатишон гап мезанад? Фукҳои ҳама чухт саги сер ворӣ. Як рӯз омаданд пе­шам чанд деҳқон миёнҳо дуқада. «Акаи Ҷалил ёрдам бикун, ки нашуд». Хайр чӣ кор мекунӣ? Хеста рафтам пеши бир­гату раис-паисаш. Ҳама мегӯӣ алифбо­ша якҷоя хонда бошанд, ки як хел гап мезананд. Мункири сурт: ягон чиз на­медонем, пул-мул нест. Рафтам район, он ҷо ҳам ҳамин гап. Ҷойи мерафтанӣ намонду хостам пеши калони район да­ром. Чанд дилсӯзу ғами ман ворӣ халқа мехӯрдагӣ даррав пешам омад, ки на­рав акаи Ҷалил пеши калон, он кас ода­ми нав, лекин шумора ҳурмат мекунад, боз калонранҷиш нашавад, хуб нест. Акаи Ҷалилтон ҳам одами калпанг не-да. Аз он тарафи гап гузаштам, ки об аз ҳамон тараф лой аст, инҳо ҳам қушанд. Майлаш гуфтаму рафтам.

Дар район як қисми ҳарбӣ буду ко­мандираш як полковники ҷӯрамон. Рост пешаш рафтам. Як полковник аст ки бубиниш ҳаваси командириву фармондиҳии ӯ мекунӣ. Ҷавонмарди базебу қоматбаланд. Ҳар сапале до­рад, ки як хӯрданӣ палова дар якташ ҷо мекунад. Ҳамин хел овозаш ба­ланду бақувват аст, ки агар «смирна» мегуфт, аскару афсар ӯ сӯ истад, да­рахтони гирду ваноҳ рост мешуданд. Акатона диду вахташ хуш шуд. Доим эркагиву шаҳфелагиҳои акатона ҳамин хел шермардҳо мебардоштанд. «Акаи Ҷалил, чӣ хизмат бикунам?» — гуфт. «Ду мина мекофтагӣ бачаи мефаҳмидагира ҳамроҳи асбобҳошон ба ихтиёри ман деҳ»- гуфтам ба ӯ. Ҳатто напурсид ки барои чӣ. «Марҳамат» гуфт. Рафта аз хона як чироғи карасинира гирифта­му баъд омадем ҳамроҳи ин ду аскар идораи калони район. Ин ду сағера ҳам бачаҳалокҳо бало, даррав таги гапа фаҳмиданд. Даруни бино даромадем. Акатон чироға гирён карду ин ду сағера асбобҳошона ба кор дароварданд. Ка­бинету кабинетчаи бисёра даромада кофту ков кардем. Тамоми маълумот­дору баақли идорашин пакар шуд.

Гапа ба раис расонданд. Як замон бинам, раиси район аз пуштмон нигоҳ дораду ҳайрон аст, ки мо чӣ кор меку­нем. Чашмаш ба чашми ман часпиду гуфт, ки акаи Ҷалилаш шумоед? Ман ҷавоб додам, ки тупа-туғрӣ, ҳамон акаи Ҷалилтон худи худам. Гуфт, ки агар мумкин бошад, мефаҳмондед, ки дар ин ҷо чӣ гап шудаст, солдатҳо чӣ меко­банд? Ман гуфтам, ки тамоми района кофтам, одами мепурсидагӣ намонд, маҷбур ҳамин солдатҳора гирифтаму омадам ҳақиқатковӣ. Шояд ёфт шавад. Раис ҳайрон шуд: о ин минаковак ку, ҳақиқат ба ин чӣ алоқа дорад. Акатон ҳам бало-да, гуфтам, не раис, ҳақиқат ҳам мисли мина аст, чунон метаркад, ки хонаи чанд мансабдор алов меги­рад. Барои ҳамин ин қадар ҷогаҳаш мекунанд.

Раис чизе фаҳмиду гуфт, ки солдатҳора ҷавоб диҳеду кабинети ман дароед, сӯҳбат мекунем. Аскарҳо раф­танду ман пеши раис даромадам. Гапа аз гӯру қиёмат сар карданӣ буд, ки намондамаш. Гуфтам, ки биё рӯйрост гап мезанем. Баъд пӯсткандаи гапа ба ӯ гуфтам. Як ин тарафу он тараф тоб доду баъд гуфт, ки ба қарибӣ дар хоҷагӣ маҷлиси солона мешавад, дар ҳамон ҷо ин маъалара мебинем. Хайр, одама лафзаш ҳалол, мебинем – гуфта­му баромада рафтам аз пайи корам.

Оқибат вақташ расиду маҷлиси со­лона гузаронданд. Ман ҳам дар ҳамон қафо шишта нигоҳ кардам, ки кӣ чӣ мега. Дар аввал раис хеста, чӣ шаф-шафе карду баъд хестанд пайи ҳам ҳамон мардакҳои чухтакинӯш. Дар даҳани ҳамаш таърифи кору кирдори раис. Чашми раис ба ман часпид, ки шиштам дар қафо миҷозам гурехтагӣ.

— Ҳа, акаи Ҷалил, худат ягон гап надорӣ, ки минбар бароӣ?

— Хушомадона гуфт ӯ.

— Гап бисёру ку бинем ҳамин таъриф мекардагиҳо камтар шалпар шаванд. – Гуфтам ман бо заҳрханда.

Ҳамин гапа гуфтаму дидам, ки раис ранг мебараду ранг меорад. Чизе пайхас кард, оҳиста-оҳиста қуташ паридан ги­рифт. Бо ҳамраҳи бараш чӣ фуш-фуше карду баъди шунивидани таърифи як-ду каси дигар эълон карданд, ки ба баъзе пешқадамони истеҳсолот грамо­та додан даркор. Баъд хонданд номҳои пешқадамҳора. Боз ҳамон одамҳои дар зиёфатҳо якҷо мешиштагӣ. Ба дирек­тори мактаб Шамсуф ҳам грамота до­данд. Бечора хест, рафт ба минбар, ӯ коғази безабона гирифту шакид ба лабу молид ба чашм. Баъд хонд ду-се бай­ти фачу лачу омад ба ҷояш мисли саге, ки як пора устухонаш расида бошад. Боз хонданд як-ду коғази дигаррову хеста рафтанӣ шуданд, ки ман «ё пи­рам Баҳоваддин» гуфта, хестам аз ҷо. Хестаму гуфтам, ки шинад ҳар кас дар ҷош. Ҳама шишт. Рафтам сари минбар. Баъд ба ҳамон хушомадгӯҳо муроҷиат кардам:

— Чӣ ин қадар таърифа ҷӯр кардед. Дигар таъриф фойда надорад. Дар кол­хоз чизи тақсим мекардагӣ намонд, ҳамаш халос шуд.

Як ақлакаш чӣ пат-пате карданӣ буд, ки фуровардам дар даҳанаш:

— Хуб «барои раис чухтакӣ кардед», «барои раис шиштагӣ»-ш ҳам ҳаст. Мардум ҳамаи сиру асрори шумора ме­донад.

Ҳама хап, аз байни поиншиштагиҳо овоз баромад, ки «акаи Ҷалил ҳақ аст». Намояндаи боло, ки дар бари раис шишта буд, аз ӯ мепурсад, ки «чӣ, ин гапҳо ростанд?» Ман гуфтам, ки таъ­рифи бисёр карда, оварда дар сари мо бораш кардеду росту дурӯғша ак­нун мепурсед. Аз ҳамаш хабар доред. Эҳ, афсӯс ки акаи Сталин нест-да. Ту куҷоӣ акаи Сталин, ки инҳора бубини­ву баъд офарин ба ҳамон давраҳои худ­мон бигӯӣ.

Хулоса, пас аз ман боз чанд каси дигар гизала хеста, раису думравҳоша чунон бехтанд, ки аз саршон об сар кард. Маҷлис боз се соати дигар кашид. Одамон гуфтанд, ки агар фалон-фалон корҳо дар байни ду рӯз нашаванд, хе­ста пеши калонҳои вилоят ё республика мераванд.

Маҷлисдорҳо маҷлиса як илоҷ карда, маҳкам карданду рафтанд маслиҳаткунӣ. Рангу раҳмати раиса дигар надидем. Пайканда шуд. Баъд ду рӯз овозаш омад, ки раиса ба кори ба­ландтар гузаронданд. Баъд аз ду рӯзи дигараш боз маҷлису раисгирӣ.

Ин дафъа як ҷавони бузбалара овар­данд. Даҳани гизаш пури тилло, гастук паҳн, кастуму бурук нав. Маълум ки зӯр тайёрӣ дидагӣ. Боз ҳамон гапҳо, боз таъриф, боз ваъда.

Ман ин дафъа тарафи минбар на­рафтам. Аз ҳамон ҷойи шиштагим хе­стаму ба ҳамон раисшав гуфтам:

— Эй додар, худат бисёр дер кардӣ, дар колхоз дигар чизи мехӯрдагиву мебурдагӣ намонд, ҳамаша яксуна кар­данд. Худат чӣ хел мекунӣ?

— Як балош мекунем-да. – Гуфт раис­шав боз даҳанаш гиз.

— Дар даҳани мисли хирмани тил­лои Шугноват ҷонам, додар, аз ҳамон балоҳои мекардагии шумо ба ҳамин аҳвол расидем. – Гуфтам. – Ақалан коре кунед, ки мурдаҳомон аз бекафанира шарм накунанд.

Рости гап қаҳрам омад. Меган-ку, аввал бубин ҷойи худ, баъд бимон пойи худ. Ба ин қадаре ки вазифа шуд, дар ҳар ҷарӣ паридан мегиранд.

Хуласи гап, раиси нав бурд накард. Бачаҳалок раиси пешина колхоза чу­нон қамқору қарздоре карда будаст, ки даҳан намебарадаш. Аҳволи вазнини колхоз ба раиси нав ҳамон қадар имко­не надод, ки як бори дигар гиз кунаду дандонҳои тиллоиша нишон диҳад. Дид намешавад номаълум дума хода кард.

Ҳозир гап-гап ҳаст, ки боз як раи­си нав меояд. Ку бинем чӣ мешуда бо­шад.

Рубрики:Акаи Ҷалил
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: