Даъво

Магар фурсате нарасидааст, ки ДДҲБСТ аз он даст кашад?

Доир ба даъвои донишҷӯйи соли сеюми шӯъбаи ғоибонаи факул­таи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёса­ти Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чанде қабл дар ҳафтаномаи «Пайкон» мақолае мунташир шуда буд. Ба хонандаи азиз оид ба ин қазия ками дигар маъ­лумот медиҳем, то ки оғози он, замони ба миён омаданаш аз мадди назар дур намонад.

Дар бораи ғайриқонунӣ будани қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёса­ти шаҳри Хуҷанд Усмон Сиддиқов — донишҷӯйи соли чоруми шӯъбаи ғоибонаи факултаи ҳуқуқшиносии донишгоҳи номбурда аз 6-уми октябри соли 2009 ба раиси ви­лояти Суғд Қоҳир Расулзода аризаи даъвогӣ навишта, нусхаҳояшро ба прокурори вилояти Суғд Х. Н. Саидов ва ба вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон А. А. Раҳмонов фири­стонида буд. Бояд зикр намуд, ки Усмон Сиддиқов соли 1993 Дониш­кадаи давлатии омӯзгории шаҳри Хуҷанд ва соли 2003 Донишкадаи олии авиатсионии шаҳри Уляновски Федератсияи Русияро сарбаландо­на хатм кардааст. ӯ аз соли 1978 дар корхонаи фаръии давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд» ба ҳайси роҳбари парвозҳо ифои вазифа мекунад. Номбурда ҳамзамон донишҷӯйи факултаи ҳуқуқшиносист.

Бояд ёдрас шавем, ки оид ба ин масъала дар ҳафтаномаҳои гуногу­ни ҷумҳурӣ мақолаҳои зиёде нашр гардида, вале масъала то ҳол ҳалли хешро наёфтаву ҳамчунон буғранҷ боқӣ мондааст. Ба ин маънӣ, ки то ҳол аз шӯъбаи молияи донишгоҳ ба донишҷӯён занг зада, аз онҳо маблағ талаб карда истодаанд. Дар оянда ба ин масъала диққат мекунем.

Ба мактуби донишҷӯйи ном­бурда прокурори вилояти Суғд Х. Н. Саидов расман ҷавоб гардони­да, қайд мекунад, ки дар мавриди беасос баланд намудани маблағи хониши донишҷӯён тафтиш гу­заронида шуд. ӯ қарори Шӯрои олимони донишгоҳи номбурдаро ғайриқонунӣ дониста, эътироз кар­дааст.

Ба мактуби шикоятие, ки аз ҷониби ин донишҷӯ ба Раёсати Аген­тии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд пешниҳод гардида буд, сардори Ра­ёсат полковники адлия Ҷ. Раҳматов ҷавоб гадонидааст.

Ҳамчунин, ба мактуби ӯ, ки ба Раёсати рушди иқтисод ва фаъо­лияти зиддимонополии вилоят ир­сол гардида буд, У. Алимов чунин ҷавоб гардонидааст: «… Раёсати рушди иқтисод ва фаъолияти зид­димонополии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аризаи Шумо­ро аз 06.10.2009 сол оид ба боло­равии маблағи арзиши хизматра­сонии факултаи «ҳуқуқшиносӣ»-и ДДҲБСТ мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад: Дар асоси қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 09.04.2009, №4 ҳаҷми (нар­хи) таълимпулӣ барои ихтисосҳои шӯъбаҳои рӯзонаву ғоибонаи донишгоҳ барои соли хониши 2009-2010 нисбати соли хониши 2008-2009 баланд бардошта шуда, аз та­рафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мактуби донишгоҳ аз 10.04.2009, №194 оид ба баланд бардоштани маблағи таҳсил барои донишҷӯи ДДҲБСТ 14-уми сентябри соли ҷорӣ тасдиқ карда шудааст». Илова бар ин, дар идомаи суханҳои боло дар мактуби мазкур чунин омадааст: «Таҳлилҳо нишон дод, ки қисми маблағҳои таҳсил аз донишҷӯён барои соли хониши 2009-2010 беасос ва бар хилофи талаботҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.07.2006, №198 «Дар бораи рақобат ва калкулят­сияи арзиши аслии маҳсулот (кор, хизматрасонӣ) дар корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12.05.1999, №210 ва мод­даи 1 банди 13 «Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2009-2010», ки бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.02.2009, №3/1 тасдиқ шудааст, ситонида шудааст. Аз ин рӯ, Раёсати рушди иқтисод ва фаъолияти зиддимонополӣ бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои дар боло ҷойдошта ма­воду ҳуҷҷатҳоро барои баррасӣ ба Прокуратураи вилоят пешниҳод ме­намояд».

Ёрдамчии калони прокурори ви­лояти Суғд Завқибек Гиёев бар ин назар буд, ки ДДҲСТ қарори Шӯрои олимони донишгоҳро дар маври­ди бинои нав сохтан тасдиқ карда будааст. Ва ҳамчунин аз ҷониби Прокуратураи вилоят гуфта ме­шуд, ки воқеан сохтани бинои нав саривақтӣ ва барои насли наврас зарур аст, вале ин маблағ бояд аз ҳисоби донишҷӯён набошад.

Ба гуфтаи Усмон Сиддиқов, ҳашт мақомот дар бораи ғайриқонунӣ будани қарори Шӯрои олимо­ни донишгоҳ ибрози назар кар­данд, вале Хадамоти давла­тии зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқобили ақидаи ин ҳашт мақомот ва донишҷӯст. Ба назари У. Сиддиқов, ин ҷо дар таги коса нимкосае ҳаст.

Дар бораи марҳилаҳои судӣ гуф­танием, ки санаи 5-уми майи соли гузашта судяи Суди шаҳри Хуҷанд Иноятулло Ғуломов қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро ғайриқонунӣ донист. Бори дигар ёдрас мешаем, ки дар зинаи аввал судӣ қазия ба манфиати донишгоҳ ҳал нагардид. Ҳамчунин, 27-уми июли соли 2010 коллегияи суди вилояти Суғд қарори Суди шаҳри Хуҷандро бетағйир гузошт. 30-юми сентябри соли гузашта Президиуми Суди вилояти Суғд шикояти ДДҲБСТ-ро рад кард, яъне қарорҳои судҳои пешинаро бетағйир гузошт. 10-уми январи соли равон низ Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирози Про­куратураи вилояти Суғд ва қарорҳои зинаҳои суди поёниро ба назар гирифта, ин дафъа низ даъвои донишгоҳро бетағйир гузошт.

Бояд зикр кард, ки нархи таҳсил дар шӯъбаи ғоибонаи факултаи ҳуқуқшиносӣ дар соли хониши 2007-2008 1376 сомонӣ буд. Баъди болоравии нарх он ба 2195 сомонӣ расид. Дар соли 2009-2010 бо­шад, баъди қарорҳои зинаҳои судӣ 1753 сомонӣ шуд. Суоле ба миён меояд, ки чаро 1376 сомонӣ нею 1753? Набояд фаромӯш кард, ки баъди хулосаҳои мақомоти дахлдор ва қарорҳои судҳои поёнию Суди Олӣ нархномаеро, ки барои соли таҳсили 2009-2010 буд, Хадамоти давлатии зиддинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли хониши 2010-2011 мувофиқа кардаасту имрӯз амал менамояд. Пас, оё Ха­дамоти давлатии зиддиинҳисории ҶТ бо ДДҲБСТ забон як накарда­анд? Чаро Хадамоти номбурда ба хулосаҳои ҳашт мақомот розӣ нест?

Ба ҳар ҳол, дар чор зинаи судӣ донишҷӯ пирӯз гашт. Шояд сабаби ба дарозо кашидани баҳс он бошад, ки имсол ин донишҷӯ донишгоҳро хатм мекунаду дигар ба додгоҳ муроҷиат намекунад ва ин баҳс бетағйир гу­зошта мешавад? Шояд ҳа! Аммо, ба назари бархе таҳлилгарон, вақти он расидааст, ки ҷониби донишгоҳ аз даъво даст кашад.

Азимҷон БАДАЛОВ,

БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: