Главная > Uncategorized > Насиҳати бидуни дин сафсата аст

Насиҳати бидуни дин сафсата аст

Чандест, ки ҳукумати кишвар лоиҳаи қонуни наверо «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тар­бияи фарзанд» ба муҳокимаи мардум пешниҳод кардааст. Мо низ падару модар бета­раф буданро аз рӯйи инсоф намеҳисобем ва фикру андешаҳои худро иброз медо­рем.

Вуҷуди фарзанд беҳтарин неъ­мат аз ҷониби Худованд барои во­лидайн аст. Қадри ин неъматро шинохтан, тарбияти дуруст кардан яке аз вазифаҳои падару модар аст. Маврид ба зикр аст, ки Худованди бузург аввалин муаллим дар ҳар давру замон аст, сипас паёмбари бузурги Ислом ҷаноби Муҳаммад (с) барои тамоми башарият. Худо­ванд ва расули ӯ дар бораи тар­бияти фарзанд таъкидҳои зиёде мекунанд. Вақте фарзанд ба дунё меояд, Худованд дастур медиҳад, ки ӯро дар беҳтарин шароит пар­вариш кунанд, аз таълиму тарбият, касбу ҳунар, адабу ахлоқи ҳасана бархӯрдор гардонанд. Хусусан дух­таронро аз ҳар олудагӣ ва бадиҳо муҳофизат намуда, бо қонунҳои шариати Ислом ба воя расонанд. Бисёре аз донишмандони чӣ му­салмон ва ғайримусалмон исбот кардаанд, ки таълим ва тарбият во­баста ба рӯҳи инсон аст, на ҷисми ӯ. Худованд дар Қуръони азим мефар­мояд: Наҷот, растагор шуд касе ки нафси худро пок тарбият кард (сураи «Вашшамс», 9). Паёмбари акрам (с) чунин фармудаанд: «Ман омадаам, то фазоили ахлоқи ҳасанаро барои шумо биёмӯзам». Дар ҷойи дигаре мегӯяд: «Раҳмати Худо ба падару модаре бод, ки дар роҳи некӣ ва накӯкорӣ ба фарзандонаш кӯмак кунад, ӯро олим ва боадаб кунад».

Таълим ва тарбияти фарзанд якҷоя ба имон, ақида ва илм аст.

Як ҷанбаи нороҳаткунандаи лоиҳаи қонуни нав дар ин аст, ки он роҳи ҳалли мушкилотро яктарафа ҳал кардан мехоҳад. Яъне таълиму тарбиятро, ки хосияти рӯҳӣ дорад, бевосита амалӣ гардонад, ки ин иштибоҳи калон аст. Зеро бе асоси воқеӣ чизе вуҷуд дошта наметаво­над. Чунончи асоси дарё, баҳрҳо, уқёнусҳо, оби сарчашма оби барфу борон аст. Тарбияи бидуни асоси динӣ, насиҳатӣ ва ахлоқӣ ҳеҷ чиз аст. Чунончи файласуфе мегӯяд: «Ахлоқ, насиҳати бидуни динӣ ин як навъ бозича аст».

Ин лоиҳаи қонун маънавиё­ти насли наврасро аз аҳамияти зарурӣ фарогир нест. Зеро гириф­тани донишҳои диниро манъ на­мудааст. Мо борҳо аз минбарҳои баланд садо баланд мекунем, ки 95%-и аҳолии ҷумҳурии моро му­салмонон ташкил медиҳанд. Беш­тари онҳо хоҳони онанд, ки фар­зандон дар баробари илми дунявӣ илми диниро низ аз бар намоянд. Барои инсоният ҳам илми дунё, ки иборат аз кимиё, физика, соҳаи сохтмону мошинасозӣ ва тиб ва ҳам илми дин, ки аз Худошиносӣ ва Худопарастӣ иборат аст, лозиманд. Агар илми дунёӣ саодати моро дар ин ҳаёт таъмин намояд, ки он ибо­рат аз ниёзҳои моддию ҷисмонӣ аст мисли либосу таом ва ғайра, илми динӣ ҳам хушбахтии ин дунё ва ҳам саодати дунёи боқист, ки ба он бо­варии комил дорем. Илми динӣ ҳамчунин ниёзҳои ҷисмии рӯҳии моро фароҳам меоварад. Яъне худ ин ду чизест, ки бе ҳамдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Яке мисли тан ва дигаре монанди ҷон аст, ки аз ҳамдигар ҷудо шаванд, оқибаташ чӣ мешавад…

Таълим ва тарбияти фарзанд якҷоя бо имон, ақида ва илм аст. Илми инсон замоне муфид аст, ки сарчашма такя ба зоти Худованд карда бошад. Агар илми дунёӣ аз динӣ ҷудо шавад, натиҷаи баде­ро ба бор меорад. Инро мо дар ҷомеаи ғарб баръало мушоҳида мекунем. Гарчанде дар пешрафт ва тараққӣ онҳо пеш рафтаанд, аммо аз ҷиҳати хулқу атвор, фисқу фасод ва бесарусомониҳои дигар мисли қатли миллатҳои бегона, роҳзанӣ ва ғайраҳо бениҳоят дар зинаҳои паст қарор доранд ва роҳи наҷотро меҷӯянд. Ҳатто ҳукуматдорони он кишварҳо кӯшишҳои зиёде ба харҷ медиҳанд, маблағҳои зиёде ҷудо мекунанд, то ахлоқи костагаштаи мардумонашонро ислоҳ намоянд. Аммо наҷотро аз ин вартаи ҳалокат ҷуз аз роҳи имон ба Офаридгор ва таълимоти Қуръони азимушшаън нахоҳанд ёфт.

Шахсе ки аз илми Худопарастӣ дур аст, барои ӯ ҳама чиз равост. Мақсади асосии ӯ ба даст овардани манфиатҳои боғаразонаи худ мебо­шад ва агар лозим шавад, ба ивази пулу моли ҳаром миллионҳо нафар мардумро ба доми марг кашад ё дар ҳаққи Халқу Ватанаш хиёнат ку­над ё дар мансаби давлатӣ аз вази­фааш сӯистифода бурда, маблағҳои давлату миллатро аз они худ меку­над, зеро барои ӯ фарқе надорад ҳаром аст ё… Чунончи дар ин бора файласуфи машҳури асри гузашта Достоевский мегӯяд: «Агар инсон ба Худо бовар надошта бошад, барояш ҳамаи коре ки анҷом медиҳад, ҷоиз аст».

Илми дин аст, ки инсониятро аз корҳои зишту қабеҳ боз медорад ва ба корҳои хубу нек мисли бунёдгарӣ, хизмату халқи Худо раҳнамун месо­зад. Файласуфи дигари Ғарб Эману­эл Кант як сухане дорад, ки: «Бидуни Имон ба Худо ва рӯзи ҷазо вуҷуде барои ахлоқи ҳасана нест».

Вале мутаассифона, қонунҳои мавҷуда дар худ як навъ характери духӯрагиро дороянд, ҷиҳати дарёф­ти дониши динӣ ва анҷоми дигар фармудаҳои Худо ва пайғамбари Муҳаммад (с) монеа мешаванд. Дар лоиҳаи қонун дар боби 2 мод­даи 7 сархати 24 омадааст: «Иш­тироки фарзандони ноболиғро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва чорабиниҳои дастаҷамъонаи динӣ роҳ надиҳанд. Фикр мекунам, ки дар ҳеҷ ҳолат падару модари му­салмон бахусус ба сатри охири он — чорабиниҳои дастаҷамъонаи динӣ розӣ шуда наметавонанд. Зеро Худо ва расули ӯ (с) аз мусалмонон қатъиян талаб мекунанд, ки: «Эй касоне ки имон овардед, худ фар­занд ва хонаводаи хешро аз оташе, ки ҳезуми он мардум ва сангҳост, нигаҳ доред» (сураи «Таҳрим», 6). Ҳазрати Муҳаммад (с) мегӯяд: «Фарзандҳои худро чун ба синни 10-солагӣ расиданд, ҳатман ба ҷо овардани намоз амрашон кунед ва онҳоро ба масҷид баред». Ново­баста аз он падару модар бо кадом роҳе набошад, кӯшиш мекунанд, ки фарзандони худро дониши динӣ дода тавонанд.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ома­дааст: Таълими динии кӯдакон аз синни 7 то 18-солагӣ бо ризоияти хаттии падару модар ва ё шахсони… дар вақтҳои берун аз барномаҳои таҳсилоти давлатӣ иҷозат дода ша­вад. Тибқи талаботи ин қонун ин гуна таълимро танҳо дар масҷидҳои ҷомеъ бояд бигирад…

Аз нигоҳи мазмун ва мундариҷа меъёрҳои қонунгузории амалкунан­да, аз ҷумла Сарқонун ва Кодекси оиларо на ин ки такрор, балки дар бисёр маврид вайрон месозад. Са­воле ба миён меояд, ки чӣ зарура­те ба миён омад, ки пас аз 1 соли қабули қонун лоиҳаи қонуни дигар­ро қабул намоянд, ки ҳукми авва­лиро зери суол қарор медиҳад? Ин як амали шармовар аст, ки имрӯз қонун мебарорем, фардо қонуни дигаре ба тасвиб мерасонем, ки ав­валиро зери шубҳа қарор медиҳад.

Аз минбарҳои баланд даст ба сина зада фахр мекунем, ки Имоми Аъзам, ал-Бухорӣ, имом Тирмизӣ барин мутафаккирони динӣ дорем ва чун ал-Хоразмӣ, Берунӣ, Рӯдакию Фирдавсӣ, Ҳофизу Саъдии Шерозӣ, Синою Хайём барин донишмандо­ну олимони илмҳои дақиқ дорем. Набояд фаромӯш кард, ки худи он бузургсолорон аввал аз назди устодони дин, аз мактаби Қуръон гузаштаанд, асарҳои онҳо чун дуру гуҳар то ба имрӯз китоби рӯимизии тамоми башарият аст. Ҳатто аз асарҳои Сино, Берунӣ, Хайём, Розӣ ва дигарон барои соҳаҳои худ исти­фода мебаранд. Аммо мо бошем бо қонунҳои насанҷидаю нофаҳмидаи худ дари илми диниро ба рӯйи нас­ли наврас мебандем. Магар ин аз рӯйи ақлу имон ва инсоф аст?

Дар муқаддимаи қонуни «Озо­дии виҷдон» ва иттиҳодияҳои динӣ омадааст: «Бо эътирофи нақши мах­суси мазҳаби ҳанафии дини Ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи тоҷик қонуни мазкур қабул карда мешавад». Вале дар моддаи 7-и лоиҳаи қонуни нав ин тавр навишта шудааст: «… таълифи фанҳои диншиносиро, ки хусусиятҳои иттилоотӣ-маърифатӣ доранд, бо анҷом додани ибодат ва расму оинҳои динӣ сурат наме­гиранд ба барномаҳои таълимии муассисаҳои таълими давлатӣ до­хил карда метавонад». Ин ҳарфҳо хилофи Қуръону фармудаҳои Па­ёмбари Ислом (с) ва мазҳаби Абӯҳанифаанд, ки фарз будани намоз дар ҳама маврид ба таври қотеъ таъкид шудааст.

Хушназар ГАДОЕВ,

сокини деҳаи Шоҳамбарии ноҳияи Ҳисор

(Давом дорад)

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: