Главная > Комил Бекзода > Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Муҳаммад Курд Алӣ таҳқиқе доир ба «Ихвон-ус-сафо» анҷом дода, дар маҷаллаи Академияи ил­мии Араб дар шаҳри Димишқ ба табъ расонид. Ва баъди чанде соли 1928 адиби маъруфи араб доктор Таҳо Ҳусайн ба нашри мисрии «Ра­соили Ихвон-ус-сафо» муқаддимаи мухтасаре навишт.

Соли 1945 доктор Умар Фаррух доир ба «Ихвон-ус-сафо» таҳқиқоти муфассале анҷом дод. Чунин таҳқиқоти муфассал аз ҷониби Умар Дасуқӣ, доктор Ҳусайн Ҳамадонӣ, доктор Абдулатифи Тайбовӣ низ анҷом дода шудаанд.

Соли 1948 доктор Одил Аво, Ҷаббор Абдуннур ва баъди онҳо Ҷамил Салибо «Рисолат-ул-ҷомеа»-и «Ихвон-ус-сафо»-ро нашр кард.

Аз соли 1945 сар карда, шахсо­ни зерин доир ба «Ихвон-ус-сафо» таҳқиқот навиштаанд: Муҳаммад Ғуллоб, Юҳано Қумайр, Муҳаммад Лутфӣ Ҷумъа, Абдулҳамид Сомӣ Баюмӣ, Салим ал-Ҷундӣ, Сулаймон Соиғ, Қадрӣ Ҳафиз Туқон, Муҳаммад Юнус ал-Ҳусайнӣ, Адиб Аббос, Аб­дуррасул ал-Ҳабашӣ, Абдулҳамид Мурсӣ, Муҳаммад Яҳё ал-Ҳошимӣ, Абдулҳамид ад-Даҷилӣ, Муҳаммад Комил Ҳусайн, Муҳаммад Мустафо Ҳилмӣ ва бисёр дигарон, ки ин ҷо маҷоли зикри ҳамаи онҳо нест.

Аз ин ишораи мухтасари муҳакқиқи муосири араб чунин бармеояд, ки доир ба «Ихвон-ус-сафо» ба забони арабӣ таҳқиқотҳои фаровоне анҷом дода шудааст. Вале муҳаққиқи советӣ А. К. Закуев дар ин бора чизе намегӯяд ва бо ҳамин хонандагонро аз мавҷудияти таҳқиқотҳои рангоранг доир ба ақида ва фалсафаи «Ихвон-ус-сафо» маҳрум мегардонад.

Вазъи омӯзиши фалсафаи «Ихвон-ус-сафо» дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз чӣ иборат буд?

Агар баъзе ишораҳои мухтасар ва умумиро, ки дар адабиёти фал­сафии советӣ дучор меоянд, сарфи назар кунем, мавзӯи «Ихвон-ус-сафо» бо каме тафсил дар асари А. М. Баҳоуддинов ва дар асари С. Н. Григорян ва дигарон омадааст.

Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ягона асари ҷомеъ доир ба ақидаҳои «Ихвон-ус-сафо» асари муҳаққиқи озарӣ А. К. Закуев бо номи «Фалса­фаи «Ихвон-ус-сафо» ба шумор ме­равад. Муаллиф дар ҳаҷми зиёдтар аз 120 саҳифа доир ба муҳимтарин ҷиҳатҳои фалсафаи «Ихвон-ус-сафо» баҳс намудааст. Ҷиҳати мусбати ин тадқиқот ҳам аз он иборат аст, ки аввалин шуда хонандагони совети­ро ба таври системанок ва мунта­зам ба ақидаҳои фалсафии «Ихвон-ус-сафо» шинос намуд.

Таҳқиқи ақидаҳои «Ихвон-ус-сафо» масъалаҳои ҳастӣ, маърифатӣ, психологӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ, ахлоқӣ ва диниро дар бар мегирад. Муал­лиф аз аввал то охири китоб ба ғайр аз зикри «Расоили Ихвон-ус-сафо» боз чанд нафари дигарро аз қабили Қифтӣ, Тавҳидӣ, Таймия, Усайбиа ва Суютӣ зикр менамояду бо ҳамин баҳсро ба анҷом мерасонад.

Дар хонанда чунин тасаввуро­те пайдо мешавад, ки гӯё мавзӯи «Ихвон-ус-сафо» аз назари имрӯз ар­зише надорад. Зеро дар таҳқиқоти муаллиф номе аз сарчашмаҳои муосири шарқӣ ва ғарбӣ дида намешавад. Дар натиҷа рӯҳи хо­нанда аз ин мавзӯъ мерамад ва асари муаллиф аз майдони баҳсу андеша ба дур партофта мешавад. Муаллиф мебоист таҳқиқотҳои муо­сири Шарқӣ ва Ғарбиро мавриди арзёбӣ қарор медод ва таҳлили худро дар партави кашфиётҳои на­втарини илми таърихи фалсафа, матншиносӣ, шарқшиносӣ, таъри­хи мазҳабҳои динӣ ва ғайра давом медод. Дар он сурат қимати илмии асари мазкур дучандон зиёд ме­гардид. Ҳамин сарнавишт ба асари дигари муаллиф бо номи «Фалсафаи Ан-Наззом» низ насиб гаштааст. Ҳол он ки, дар мавзӯи фалсафаи Ан-Наззом дар олами араб таҳқиқоти муфассале аз ҷониби донишман­ди маъруфи мисрӣ Муҳаммад Абу Рида бо номи «Ақидаҳои фалсафӣ ва каломии Иброҳим ибни Сайёр Ан-Наззом» (Қоҳира, 1946) анҷом дода шудааст. Дар асари муаллиф номе аз ин тадқиқоти муаллифи араб бурда нашудааст. Ҳол он ки, сарчашмаҳои иқтибосшуда ба як­дигар хеле шабоҳат доранд.

Мақолаи «Ихвон-ус-сафо» дар ҷилди 2 (соли 1962) «Энциклопе­дияи фалсафӣ» низ ба қалами А. К. Закуев тааллуқ дорад. Танҳо бо ин фарқ, ки муаллиф дар китобаш мекӯшад исбот кунад, ки ақидаҳои «Ихвон-ус-сафо» эклектикӣ нестанд, вале дар мақола ошкоро мегӯяд, ки асли ақидаҳои фалсафии «Ихвон-ус-сафо»-ро эклектизм (интихоби фардӣ) ташкил медиҳад.

Мақолаи дигаре бо номи «Ихвон-ус-сафо» дар ҷилди 5 «Энсиклопе­дияи советии ӯзбек» (Ташкент, соли 1974 саҳ. 149) тарҷимаи мухтасари ҳамин мавзӯъ аз «Энсиклопедияи фалсафӣ» (Москва, 1962) аст.

Навтарин ва беҳтарин мақола доир ба «Ихвон-ус-сафо» дар шумо­раи панҷуми соли 1980-и маҷаллаи «Илму дин» (саҳ. 44-47) аз ҷониби муҳаққиқи машҳури шӯравӣ А. Сага­деев бо номи «Ихвон-ус-сафо энси­клопедистони асри Х» ба табъ расид. Муаллиф дар муқаддимаи мухтасари худ натиҷаи ду тадқиқоти навтарини шарқӣ ва ғарбиро доир ба муалли­фони асосии «Расоил»-и «Ихвон-ус-сафо» ҷамъбаст намуда, менави­сад, ки ба гуфтаи ин ду муҳаққиқ (А. Ҳамадонӣ ва Маркут) «муаллифони асосии ин «Расоил» шахсони дигар буда, номҳои Мақдисӣ, Зинҷонӣ, Меҳрҷонӣ, Рифоа ва Авфиро танҳо барои пӯшондан ва пинҳон дошта­ни муаллифони асосии «Расоил» зикр намудаанд».

Ҳамин тариқ, то имрӯз акса­рияти муҳакқиқон ақида доштанд, ки муаллифони «Расоил» он панҷ нафари зикршуда мебошанд. Вале чуноне ки аз тадқиқотҳои охирин бармеояд, муаллифони «Расоил» то имрӯз маҷҳул ва номаълуманд. Акнун мебояд ба шахсияти онҳо ва осорашон аз нав муроҷиат намуд.

«Ихвон-ус-сафо» кистанд

ва ҷаҳонбинии онҳо аз чӣ иборат аст?

Дар саҳифаҳои пешин омӯзиши фалсафаи «Ихвон-ус-сафо»-ро дар Европа, Шарқ ва Иттиҳоди Шӯравӣ мавриди баррасӣ қарор додем. Вале то имрӯз маълум нест намо­яндагони ин ҷамоа кистанд, чанд нафаранд, аз кадом мамлакатанд ва ғайра. Ба ин масъала рӯй овар­дан албатта рағбати шахсӣ нест, балки табиати кори илмӣ онро та­лаб мекунад. Касоне, ки дар ин соҳа таҳқиқот бурдаанд, мушкилӣ ва осонии ин корро медонанд. Ба ин муносибат яке аз муҳакқиқони муосир менависад, ки дар таърихи Европа ду мавзӯи мушкил аст: яке таърихи папаи Рим ва дигаре таъ­рихи Балкан. Мавзӯъҳои мушкили фалсафаи исломиро илми калом ва «Ихвон-ус-сафо» ташкил медиҳанд. Ба ин муносибат дар саҳифаҳои баъдина мекӯшем, ки мулоҳизаҳои худро доир ба баъзе аз масъалаҳои ҳассоси ин мавзӯъ баён намоем. Инак саволи аввал:

«Ихвон-ус-сафо» дар кадом аср зиндагӣ кардаанд?

Дар «Қомуси фалсафӣ-энциклопедӣ»-и соли 1983 дав­раи зиндагии онҳо нимаи асри Х мелодӣ зикр шудааст. Ин ақидаест, ки кайҳо аз ҷониби шарқшинос Ка­занова баён гардида, ӯ таърихи на­вишта шудани «Расоил»-ро солҳои 418 ва 427 ҳиҷрӣ (1028 ва 1035 мелодӣ) таъйин намудааст, ки ба ни­маи дуюми асри Х мелодӣ мувофиқ меояд. Аз ин гузашта муҳаққиқи араб Умар Фаррух қайд мекунад, ки аз шеваҳои баъдинаи дар «Расоил» зикршуда метавон шеъри шоири араб Ибни Румиро хотирнишон на­муд, ки худи шоир соли 383 ҳиҷрӣ (993 мелодӣ) аз ҷаҳон даргузашта­аст. Санаи аз ин қадимтарро Саид Ҳусайни Наср зикр мекунад, ки ба навиштаи ӯ, Абу Ҳаёни Тавҳидӣ соли 373 ҳиҷрӣ (983 мелодӣ) «Расоил»-и «Ихвон-ус-сафо»-ро дидааст.

(Давом дорад)

Андешаҳои равшанфикрони миллии тоҷик

 

Устод Садриддин Айнӣ

(1878-1954, Душанбе)

Фалсафаи таърих

Валҳосил (хулоса), аз ғайри ихтиёри маслакашон, ки илмӣ буд, дар маслаки сиё­сии хонумонсӯз мунқалиб ва сарозер гарди­данд. Ҳақиқатан ҳаракати ҳукумати Бухоро эшонро ба тадохул дар сиёсат маҷбур на­муд.

Яке аз ислоҳхоҳони Бухоро Мирзо Муҳиддин Мансурзода буд. Чун дар масои­ли ислоҳот Мирзо Муҳйиддин бисёр тадо­хул (мудохила) дошт, лозим аст, ки қадре аз аҳволи хусусӣ ва маслаки сиёсиаш сӯҳбат намоем. Мирзо Муҳиддин як тоҷири мӯътабару машҳури бухороист. Аз сиғари син ба пешаи тиҷорат даромада ва корҳои бузурги тиҷоратиро анҷом дода, муосирони худро аз даҳои (маҳорати) тиҷоратии худ дар ҳайрат андохта буд. Дар авоили (аввалҳои) ҳол сакта (бебарорӣ) дар корҳои тиҷоратиаш воқеъ шуда, тамоили мулку асбобаш аз даст рафта буд. Дар солҳои охирӣ дубора дар тиҷорат ривоҷ дода, судҳои (фоидаҳои) намоён карда, чаҳорсад ҳазор сӯм, ки аз муомилоти собиқааш бақия монда, лекин расман ибро (аз гуноҳ пок) шуда буд, вара­сагони (ворисони) соҳибони ҳаққи иброшу­даро аз рӯйи рафтор ёфта, ҳамаро нақдан адо намуд. Ин як далели кофист ба номуси тиҷоратиаш. Мирзо Муҳиддин аз сиғари син (хурдсолӣ) ислоҳпарвар ва тараққихоҳ буд. Сиёсатро низ ба ҳисоби тиҷорат татбиқ кар­да, кор мекард. Яъне аз рӯйи ҳисобу қиёси даркорӣ умеди муваффақият ғолиб бошад, иқдом мекард. Агар аз рӯйи ҳисоб асбоби он корро ноқис медид, то таҳияи асбоб ва шароит сабр менамуд. Ҳатто баъд аз иқдом кардан ҳам, агар нуқсони асбоб зоҳир ме­шуд ва умеди муваффақият дур менамуд, аз он кор боз меистод, айнан ба мазму­ни «Аз нисфи зарар гаштан ҳам худ фоида аст» амал мекард. Касоне ки аз ин сифати Мирзо Муҳиддин бехабар буданд, ба беса­ботиаш (парешониаш) ҳукм мекарданд ва мунқалибурраъяш (дар ақида ноустувораш) мехонданд.

Дар боби ислоҳоти Бухоро қаноати виҷдонияи Мирзо Муҳиддин ин буд, ки бе муовинат ва ёрмандии маъмурони рус дар Бухоро коре аз қисми ислоҳот пеш наме­равад ва мегуфт: «Барои тағйиру табдили идораи як ҳукумат як қуввате лозим аст, ки аз қуввати ҳукумат ғолиб бошад. Мо­дом ки ин қувват аз ҷиҳати ҷаҳолатиашон аз раия пайдо нашудааст, маҷбурем, ки ба тариқи садақа ҳар чизе, ки маъмурони рус аз ҳукумати Бухоро дар боби ислоҳ ситонда диҳанд, ба ҳамон қадар қаноат кунем». Дар ин нуқта миёни Мирзо Муҳиддин ба сои­ри тараққипарварони Бухоро ихтилоф буд. Соири тараққипарварон ба ин сифат Мирзо Муҳиддинро тарафдори рус гуфта, таъйиб ва танқид мекарданд. Ва ҳол он ки Мирзо Муҳиддин аввалин шахсе буд, ки илҳоқу пайвастани Бухороро ба ҳукумати Русияро мутлақан намехост. (Тараққипарварон) худ мехостанд, ки ислоҳоти восеае (доманадо­ре) дар Бухоро ҷорӣ шавад ва дастурулама­ли ин ислоҳотро худ бевосита ба ҳукумати Бухоро музокира (ҳаллу фасл) кунанд ва худ (ба қуввате, ки надоштанд) ҳукуматро дар ислоҳот маҷбур намоянд. Ин сулу­ки тараққипарварон ба ҳиссиёти миллия (миллӣ) бисёр гуворо буд ва аз муқтазиёти миллатпарварӣ буд: ҳайфо, ки дар ин гуна иқдомоти бузург асбобашон (василаҳояшон) ноқис ва омадагиашон мафқуд (номавҷуд) буд; фақат дар ҳиссиёт фирефта шуда, лофу боди бисёре мезаданд; воқеъбин набуданд ва қонуни табиатро иқрор намекарданд. Ба аҳволи рӯҳияи ҳукумат ва раия воқиф набу­данд ва гумон мекарданд, ки ҳар ташаббу­си хайрхоҳонаашонро ҳукумат «бале», раия «оре» гуфта, ёрмандӣ қабул менамоянд.

Рубрики:Комил Бекзода
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: