Главная > Меҳронаи САБО > Роҳамро меёбам, агар Президент дастгирӣ кунад…

Роҳамро меёбам, агар Президент дастгирӣ кунад…

Бо вуҷуди он ки 8-уми март бо фармони президенти кишвар ба ҷашни модарон бадал шуд, ҳанӯз ин шабу рӯз аксарият дар мавриди озодии зан ҳарф мезананд. Яке зани тоҷикро куллан озод мехонаду дигарӣ ҳазоруяк мушкили рӯзгорро занҷирбанди дасту пойи ӯ медо­над. Шояд мақсад аз табдили ин ҷашн комил ҳисобидани озодии зан ва арҷ гузоштан ба модар бошад, вале зан-модари тоҷик вақте худро озоду соҳибэҳтиром эҳсос мекунад, ки зиндагии арзанда дошта бошад, аммо воқеияти ҷомеаи имрӯз чунин нест. Ҳаёти пурмоҷарои зани ҷомеаи навин, ки ӯро мушкилоти рӯзгор ҳатто муҳоҷир кардаа­сту сарсону саргарон, нишонаи озодагӣ нест, балки гувоҳи он аст, ки ӯ бардаи зиндагист. Аксар ҳолат худи занҳоянд, ки бо иродаи матин роҳи ҳалли мушкилотро меҷӯянд, ҳарчанд гоҳе мавриди назари роҳбарон қарор нагиранд ҳам. Мехостам дар ин вақту соат аз бурди зани тоҷик бештар нависам, вале тасодуфан вохӯрданам бо зани дар пайи роҳи ҳалли мушкили модарони зор сарсоне дар қабулгоҳи Кумитаи занон мавзӯи пешгузоштаамро дигар кард.

Як мушкилу ҳазор дард

Мусоҳибам Норинисо Майсу­пова, ки зани боҷасорату сипоҳе менамояд, муаллимаи фанни забон ва адабиёти мактаби №37-и ноҳияи Ашт будааст, ки ҳамзамон раисии занони шаҳраки Гулшани ҷамоати деҳоти Шодобаро ба ӯҳда дорад.

Ин зан, ки мегӯяд мушкили на­доштани таваллудхона мардуми маҳаллашонро сарсон кардааст, ба иқрораш сар ба дари чандин роҳбар задааст, то дар кушодани зоишгоҳе саҳм гирад, аммо ҳар замон пеши роҳаш садд гузоштаанд.

ӯ мехоҳад дар маркази ҷамоат, ки аз маркази ноҳия 16 км дур аст, таваллудхона ташкил кунанд, зеро занонро лозим аст ин миқдор роҳро тай зананд, то ин ки ба зоишгоҳи ноҳия бирасанд. Ба гуфтаи ӯ, дар пайи ҳозор хараҷу мараҷ, ки духту­рон пешорӯи мизоҷони таваллудхо­на мегузоранд, ёфтани мошин ва то беморхона расонидани зоянда дар замони танги иқтисодӣ барои мар­дум мушкилот меорад.

— Мо зиёда аз 8 ҳазор аҳолӣ дорем, ки аз ин 4 ҳазор зиёдтар занҳоянд. Аз ин ҳисоб 2900 нафар зан қобили таваллуд мебошанд. Дар як моҳ то 35 кас барои тавал­луд кардан ба маркази ноҳия мера­ванд. Баъзан занҳо аз ноилоҷӣ дар хона таваллуд мекунанд, ки салома­тии худу кӯдакро зери хатар мегузо­ранд. Ман ин рақамҳоро барои он меорам, то донед, ки мо ба тавал­лудхона дар маркази ҷамоат сахт ниёз дорем. Мо хостем маркази саломатии мавҷударо, ки дар дав­рони шуравӣ, соли 1978 сохта шу­даву ба харобӣ расидааст, тармим карда, як қисмашро таваллудхона намоем, вале раёсати Вазорати тадурустӣ дар вилоят иҷозат надода истодааст,- мегӯяд Норинисо Май­супова.

Ба гуфтаи ӯ, роҳбарияти раёсат иддао пеш овардаанд, ки агар инҷо таваллудхона шавад, зоишгоҳи мар­кази ноҳия холӣ мемондааст. Онҳо гуфтаанд, ки ба ин тасмим розӣ не­станд, чун онгоҳ духтурони марказ бекор мемонанд.

Вале, ба андешаи Норинисо Майсупова, баръакс, кушодаша­вии таваллудхона дар маркази ҷамоат чандин соҳибтахасусеро, ки аз бекорӣ тарки шуғли духтурӣ ва доягӣ намудаанд, соҳиби ҷойи кор мекунад.

— Магар ҷойи ба муҳоҷират раф­тан ё дар хона бекор хобидан дар наздикии хона ҷойи кор ёфтан хуб нест?,- мегӯяд ӯ.

Иқдоми занон ва қарзи салом

Аз сӯҳбати мусоҳиб дарёфтам, ки онҳо якҷоя бо мардуми маҳал на­хустин иқдомро баҳри обод кардани беморхонаи доштаашон роҳандозӣ кардаанд. ӯ изҳор медорад:

— Мо се-чор зани фаъол бо занҳои шаҳрак ҷамъомад карда, фикра­шонро оид ба ин масъала шунидем. Ман гуфтам, ки илоҷаш бошад, пул ҷам кунему шифти ҳамин биноро аз ҳисоби халқ таъмир намоем. Ҳама занҳо розӣ шуданд. Мо чор нафар дар ба дар пул ҷамъ кардем. 2 сӯм доданд, се сӯм, панҷ сӯм, то даҳ сӯм меёфтагияш дод. Дар ин миён моҳи декабри соли 2009 раиси ноҳия Даврон Зоҳидов моро ба ҷаласа та­клиф карданд. Чунки мо пешакӣ бо ариза муроҷиат карда будем. Ман хеста гуфтам, ки як дархост дорам. Илоҷаш бошад, ба мо барои тарми­ми шифти беморхонаву гирифтани шифер камтар ёрдам кунед. Гашта гуфтанд, ки «чӣ қадар пул диҳем му­аллима?». Гуфтам, ки 6000. Гуфтанд 6000 нею, 3000 майлаш, ёрдам мекунам. 3000 ёрдам карданд. Баъд аз он омадему аз мактаби ху­дам кор мекардагӣ 13 адад ва аз маркази саломатӣ 10-тои дигар са­федор гирифтем. Бо пули дошта боз қадре чӯбу тахта ва тунукаву шифер харидему болои боми бунгоҳи тиб­биро пурра маҳкам кардем. Чун­ки, вақте боду борон мешуд, ҳама барфу борон чӣ қадаре аз боло резад, ҳамон қадар ба дуюму якум ошёна ҳам мерехт. Тамоман илоҷи коркунӣ набуд. Болояш ку пӯшида шуд, вале ҳоло дарунаш як аҳволе, ки нигоҳ карда намешавад. Ҳамаш валангор шудагӣ. Ин беморхона 24 хона дорад. Ободаш кунӣ, як ҷойи озода мешавад. Дардовараш ин ки, вақте мо болои ҳамин бемор­хонаро мепӯшидем, раиси ҷамоат як бор гузашта истода, «Салом. Чӣ ҳол доред? Раҳмат, ягон камбудӣ ҳаст, нест?» гуфта, аз устоҳо напур­сиданд.

Воқеан, 2000 сомонӣ раиси колхози Нурулло Ҳувайдуллоев до­данд. Маро депутатиам буд. Ман де­путат нашудаму гуфтам, ки ба ман депутатӣ лозим не, 2000 сомонӣ барои таъмири бунгоҳи тиббӣ диҳед, аз баҳри депутатӣ гузаштам. Ин хуб, ки болои боми беморхонаамон пӯшида шуд.

Дар баробари ин пешравии андак нигаронии Норинисо Май­супова аз он аст, ки роҳбарон ният доштаанд ин бунгоҳи тибби­ро ба фурӯш гузоранд. Майсупова мегӯяд:

— Ман барои таҷдиди ин бемор­хона як лоиҳа сохта, ба мақомоти ноҳия ва ҳам вилоят дода будам. 6-уми июни соли 2010 назди Қоҳир Расулзода рафта, бо лоиҳа муроҷиат карда, онро ба дасташон додам. Баъд аз худи вилоят ба ман мактуб омад, ки ин маркази саломатиро барои дигар чиз истифода мебаранд. Гуфта мешуд, ки инҷо таваллудхона намешавад. Фаҳмам ин бунгоҳи тиббӣ 12 харидор до­штааст. Агар онро нафаре харида бо мақсади дигар ва ба манфиа­ти шахсияш истифода барад, ҳоли мардум чӣ мешавад?

Ман якбора оташ гирифтаму боз хеста Хуҷанд, назди мақомот рафтам.

Роҳбарони «серкор»-у

бепарво ва тӯҳмату даъво

Норинисо Майсупова мегӯяд, ин навбат Қоҳир Расулзода қатъӣ ваъда доданд, ки ин масъаларо дида мебароянд. Вале ҳанӯз раёса­ти Вазорати тандурустӣ иҷозатнома надодаанду гапу гапча аст, ки инҷо ҳеҷ як таваллудхона намешавад. Аммо ӯ мехоҳад бо ҳар роҳу илоҷе набошад, ин тасмимашро амалӣ ку­над, чун онро барои мардум лозим медонад.

— Ман бо мактуби мардум, ки 46 нафар онҷо имзо карда буданд, ба роҳбарият дар ин хусус дигарбора муроҷиат кардам. Муовини Қоҳир Расулзода Бобоева Мавҷуда Ва­лиевна гуфтанд, ки мо вақт ёфта, комиссия ташкил карда, рафта дар ҷояш ҳамаро дида, масъаларо ҳаллу фасл мекунем, аммо хеҷ кас на­рафту напурсид. Бигузор комиссия ташкил карда, ҳолатро бинанд. Ман панҷ бор шуд барои ин масъала ба пойтахт меоям. Чанд сол боз даво­дав дорам. Дуюм бор аст, ки назди раиси Кумитаи занон бо ин масъа­ла даромаданиям, вале дар ҷойи корашон ин навбат ҳам он касро наёфтам. Чандин бор ба Вазорати тандурустӣ муроҷиат кардам. Ин на­вбат ҳам муовини вазири тадурустӣ Ҷобирова Саида Бобоевна ваъ­да доданд, ки масъаларо омӯхта, дастгирӣ мекунад, лек кай, номаъ­лум. Вазъияти моро дар вилоят хуб медонанд, вале ин сардори раёса­ти Вазорати тандурустӣ дар вилоят Тошматов аст, ки намехоҳад тавал­лудхона ташкил шавад. Ман вақте бо муовини раиси вилоят Мавҷуда Бобоева вохӯрдам, ҳама чиро кушо­ду равшан гуфтам. Ҳатто он касро бо Тошматов ва корманди раёсати Ку­митаи амволи вилоят Орифхоҷаева рӯ ба рӯ карда, ҳама айбашон­ро ошкор кардам. Орифхоҷаева рӯирост дар ҷаласаи вилоятӣ маро тӯҳмат кард, ки гӯё ман ғаразҳои шахсӣ дошта бошаму ин таваллуд­хонаро шахсӣ карданиям. Не, дар асл чунин нест. Барои ман пешра­вии ҷамъият даркор. Дар сари ва­зифа ҳама ҳам мешинад, лек ҳар кас ҳунари созандагӣ надорад. Агар хунар нест, курсии давлатро беҳуда банд кардан даркор не. Курсии дав­латро банд ки кардед, кор кардан даркор, ҷанобони роҳбар!

Сардори шӯъбаи Кумитаи занҳои вилоят ҷойи маро дастгирӣ кардан, мегӯянд, ки «шумо чи кор карда ис­тодаед?». Миннат нашавад, ман бе маош кор мекунам. Бисёр оилаҳои пурҷанҷолро оштӣ доранда, зинда­гияшонро тинҷ кардам.

Шавҳарам соҳибкор, писарчаҳоям боҳунар, худамон ма­газин дорем, зиндагиямон тинҷ, аз ягон чиз танқисӣ намекашем, ду-ошёнагӣ КБО дорем, 8-9 коргар ҳам дорем. Ба мо чизе лозим нест. Ман манфиати шахсӣ намеҷӯям, фақат мехоҳам, ки кӯмакам ба мар­дум расад,- мегӯяд Майсупова.

Интизорӣ аз сафорати Ҷопон

Ин зани сарсону саргардон ҳанӯз ноумед нашудааст ва бо лоиҳаи дигаре ба мақсади амалӣ кардани нияташ ба сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон муроҷиат кардааст.

Тавре Майсупова изҳор ме­дорад, ӯ лоиҳае бо фарогирии 124 ҳазор доллар тайёр карда, ба роҳбарияти сафорати Ҷопон пешниҳод кардааст, ки ба гуфтааш, 6-уми январ ба дасташон расид ва дар назар аст моҳи апрел ҷавобаш мушаххас шавад. Майсупова гуфт:

— Аз ин пеш лоиҳае фиристода бу­дам. Гуфтанд, ки не ин намешавад, ҳукумати ноҳия бояд туро дастгирӣ кунад, ту бо ҳукумати ноҳия кор кун. Раиси нави ноҳияамон Абдуҷамил Сатторов мутасаддии масъулият­шинос аст ва ман боварӣ дорам, ки дастгириям мекунанд. Онҳо ба ман дархост доданд. Ман моҳи октябр омада, бо ду зани ҷопонӣ, ки тарҷумон будаанд, якуним-ду соат сӯҳбат кардам. Онҳо ба ман да­стурамалашонро доданд. Дар асоси дастурамали онҳо ҳамин лоиҳаро сохтам. Дар он таҷҳизоту ҳар чӣ ки барои таваллудхонаву барои зано­ни зоянда ва кӯдакони навзод дар­кор мешавад, навиштаем. Ин лоиҳа шавад, қарзи бебозгашт аст.

ӯ мегӯяд, ки дар азмаш қавист ва то сатҳи Президент арзу дод ме­кунаду ин хостаашро амалӣ месо­зад.

— Агар садди роҳи ба монан­ди ман фаъолзанон шаванд, рӯҳияамонро кушанд, ҷамъият чӣ хел пеш мерафта бошад?,- суол ме­гузорад ӯ ва меафзояд:

— Ман роҳамро меёбам, агар алайҳи саддгузориҳои роҳбарон Президент дастгириям кунад.

Ният: таваллудхона-тӯҳфа ба занон дар 20-солагии истиқлолият

Дар воқеъ таъсиси таваллудхо­на барои занони ин маҳал тӯҳфаи хубе мебуд дар иди модарон-8-уми март. Бовуҷуди нокомиҳо мусоҳиби мо ният дорад, ки ин бе­морхонаро муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти навин дар арафаи 20-солагии истиқлолият ба истифода диҳанд ва бо баҳрабардорӣ аз зоишгоҳи мехостаи ӯ мардум ранҷи роҳу муш­килоташонро паси сар намоянд. Барои ин ӯ ба президенти киш­вар муроҷиат намуда, иҷозатнома мехоҳад.

ӯ дар ин ҷода боварии Пре­зидентро ба даст оварданист ва итминонаш қавист. Ҳамсӯҳбати мо ҳамзамон ба мардумаш мужда ме­расонад, ки дар арафаи 20-солагии истиқлолият дар маркази шаҳрак толори варзишиеро боз хоҳад кард. Бо дасти дуои ин модар умед ме­бандем, ки ниятҳои некаш амалӣ шаванд ва ҷумла занон бе дарду ранҷ бошанду солимтан.

Меҳронаи САБО

Рубрики:Меҳронаи САБО
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: