Главная > Uncategorized > Чаро матбуот оинаи зиндагӣ нест?

Чаро матбуот оинаи зиндагӣ нест?

11-уми март ба таъсиси аввалин рӯзномаи тоҷикӣ дар қаламрави собиқ Аморати Бухоро — «Бухо­рои шариф» 99 сол мешавад. Ҳамин аст, ки 11 март дар Тоҷикистон чун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад. Рӯзномаи «Бухорои шариф» соли 1912 ба ҳайси як нашрияи хусусӣ ба вуҷуд омада, тӯли 10 моҳи чопаш барои дигар­гунсозии тафаккури хонандагонаш саҳми зиёде гузоштааст. Рӯзномаи «Бу­хорои шариф» бо ибтикори зиёиёни замон Мирзо Муҳиддину Мирзо Сироҷ ва кӯмаки молиявии мудири чопхонаи Когон О. Левӣ таъсис ёфт. Тоҷири яҳудӣ О. Левӣ ношири рӯзнома буд. Вале ӯ моҳи августи соли 1913 бинобар даромади кам овардани рӯзнома аз ноширӣ даст кашид ва ҷавонбухориён бо роҳбарии Мирзо Муҳиддин чопи «Бухорои шариф»-ро худ идома доданд. Мутаассифона, ин иқдом дер давом накард. Нашрияи мазкур, ки таҳти назорати сафорати Русия дар Бухоро ба табъ мерасид, бинобар ба сиёсат гаравиданаш пас аз чопи 153 шумора 2 январи соли 1913 баста шуд.

Пас аз ин дар ҳудуди Бухоро ва Тоҷикистони имрӯза садҳо нашрияҳо рӯи чоп омаданд, ки ба касе ё гурӯҳе хизмат мекарданд. Албатта, дар давраи шӯравӣ матбуот билкулл дар хизмати Ҳизби коммунист буд ва ҳамаи нашрияҳо аз ҷониби давлат (главлит) сонсур ме­шуданд. Дар солҳои охири таназзули Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон аз нав нашрияҳои хусусӣ ба мисли «Чароғи рӯз» таъсис ёфтанд. Ба ин қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» (14 декабри соли 1990) мусоидат кард. Қонуни мазкур, ки ҳоло низ мав­риди истифода аст, он замон дар дав­раи яккатозии Ҳизби коммунист воқеан ҳам демократӣ буд. Зеро моддаи 2-юми он озодии матбуотро таъмин мекард: «Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон озоданд. Ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳуқуқ дорад фикру ақидаашро озодона баён кунад, онҳоро дар ҳар шакл дар матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма интишор намо­яд. Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст».

Баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон ва шурӯъ шудани ҷанги шаҳрвандӣ давраи таназзули мат­буоти ҷумҳурӣ ба миён омад. Бӯҳрони иқтисодӣ ва фазои носолими сиёсӣ ба чопи рӯзномаҳои хусусӣ монеа эҷод карданд. Баъдан бо истиқрори сулҳ дар кишвар нашрияҳои хусусӣ ба вуҷуд ома­данд, вале рӯзномаи воқеан сиёсиву ҷамъиятӣ, ки дарди ҷомеаро гуфта аз ҳукуматдорон интиқод мекарданд, танҳо соли 2003 таъсис ёфтанд. Ҳафтаномаҳои «Нерӯи сухан» ва «Рӯзи нав», ки то соли 2005-ум чоп шуданд, воқеан ҳам дар бедории мардум дар таърихи матбуоти муосири кишвар саҳми арзанда гузошта­анд. Пас аз баста шудани рӯзномаҳои мазкур нашрияҳои зиёди хусусӣ ба май­дон омаданд, ки аз «хато»-и «Нерӯи су­хан» ва «Рӯзи нав» ибрат гирифта, бо ҳукуматдорон ҳамкорӣ доранд ва ҳар яке ҳадафи худро пиёда мекунанд (биз­неси худро пеш мебаранд).

Феълан дар Тоҷикистон, ки қариб 8 миллион нафар аҳолӣ дорад, беш аз 350 рӯзномаву маҷалла, сабти ном шу­даанд. Аз ин теъдоди номбаршуда на ҳамаи нашрияҳо пайваста ба табъ ме­расанд. Ҳамин аст, ки дар фазои ит­тилоотии Тоҷикистон ҳамагӣ якчанд рӯзномаи давлативу хусусӣ ва ҳизбӣ аз қабили «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Народная га­зета», «Халқ овози», «Омӯзгор», «Ада­биёт ва санъат», «Asia-Plus», «Миллат», «Чархи гардун», «Тоҷикистон», «Озо­дагон», «Фараж», «Пайкон», «Дунё», «Имрӯз News», «Минбари халқ», «Наҷот» ва ғайра мақоми хоса доранд. Аз рӯи теъдод нашрияҳои хусусӣ нисбат ба давлатӣ зиёданд. Матбуоти хусусии ҷумҳуриявӣ, ки пайваста чоп мешаванд, асосан ба 6 нафар — Акбаралӣ Сатторов, Шариф Ҳамдамов, Умед Бобохонов, Асо­миддин Суннатӣ, Саймуддин Дӯстов ва Хуршед Ниёзов тааллуқ доранд. Нафа­рони зикргардида муассиси 2 ва зиёда аз ин ВАО мебошанд.

Комёбии назарраси соли гузаштаи матбуотро метавон ба таъсиси газе­таи хусусии «Имрӯз News» дар моҳи сентябр иртибот дод, ки ниҳоят пас аз танаффуси тӯлонӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маънои томаш рӯзнома ба табъ расид. Вале дар ҳамин ҳол ме­тавон гуфт, ки соли гузашта матбуоти озодандеши хусусии Тоҷикистон ноком буд. Ба додгоҳ кашидани рӯзномаҳои «Миллат», «Пайкон», «Озодагон», «Фа­раж», «Asia-Plus», «Чархи Гардун» ва ғайра аз ҷониби мансабдорони ҳукуматӣ ва мақомоти давлатӣ мисоли рӯшани гуфтаҳои боло аст. Ҳамзамон баста шу­дани сомонаҳои avesta.tj, tojnews.tj ва tjknews.com аз 29 сентябри соли 2010 ва баъдан беш аз як моҳ бо айби чопхонаҳо ба табъ нарасидани ҳафтаномаҳои «Фа­раж», «Пайкон» ва «Нигоҳ» дар моҳҳои октябру ноябр аз рӯзи сиёҳи матбуоти мустақили тоҷик далолат мекунад. Бояд зикр кард, ки нашрияҳои номбурда бо супориши ғайрирасмии мансабдорон дар чопхонаҳои чӣ давлативу чӣ хусусӣ ба табъ нарасида буданд. Қазияи маз­кур танҳо баъди муроҷиати «Кумитаи 29 сентябр» (ноширони рӯзномаҳои номбурда ва созмонҳои журналистӣ) ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Рах­мон ҳал карда шуд. Ҳаводиси мазкур бори дигар собит кард, ки дар ҷумҳурӣ моддаи 30-юми Сарқонуни Тоҷикистон ва моддаи 2-юми Қонуни ҶТ «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори ом­маи Тоҷикистон», ки озодии матбуотро дар кишварамон кафолат медиҳанд, аз ҷониби ҳукуматдорон иҷро намеша­ванд.

Оё дар рӯзномаҳо зиндагии воқеии мо инъикос мегардад? То кадом андоза дарди ҷомеа дар матбуот дарҷ мегар­дад? Оё матбуот оинаи зиндагӣ аст? Ба ин суолҳо метавон як посух дод: Мат­буот рисолати асосии худро, ки пахши иттилои воқеиву беғаразона аст, пеши ҷомеа пурра иҷро намекунад. Албатта, ин сабабҳои айниву зеҳнӣ дорад. Но­широни матбуоти давлатӣ кӯшиш меку­нанд, ки аз хати кашидаи муассисашон берун набароянд ва он маводро чоп кунанд, ки ба манфиаташон бошад. Аз рӯи навиштаи матбуоти давлатӣ марду ми Тоҷикистон биҳиштӣ буда, мушкилот надоранд, зиндагиашон рӯз то рӯз рӯ ба беҳбудӣ дорад. Дар ҳамин ҳол расман эътироф шудааст, ки ҳудуди 50 дар сади аҳолӣ дар қашшоқӣ зиндагӣ мекунанд.

Нашрияҳои хусусӣ, ки худро аксаран мустақил меноманд, низ имрӯз инъикосгари воқеии ҳаёти ҷомеа не­станд. Зеро ин нашрияҳо аз як тараф мустақилияти иқтисодӣ надоранд, аз тарафи дигар аз ғазаби ҳукуматдорон метарсанд ва барои аз даст нарафтани бизнесашон ба муқобили об шино наме­кунанд. Судбозиҳои нашрияҳо бо ман­сабдорон дар солҳои 2009 — 2010 бори дигар мақоли «Бозӣ накун бо арбоб, ки мезанад бо ҳар боб»-ро собит карданд. Ҳамин аст, ки дар редаксияҳо сонсури сармуҳаррирон ва худсонсурии мухби­рон боло рафтааст. Як нафар муҳаррири шинос гуфт, ки ҳоло дар чопхонаҳо ҳам пеш аз нашр рӯзномаҳоро сонсур меку­нанд: маводи номақбулашонро аз шумо­ра мебардоранд, сарлавҳаҳоро тағйир медиҳанд.

Матбуот, ки як соҳаи тиҷорат маҳсуб мешавад, наметавонад бар зарари худ фаъолият бикунад. Дар таҷоруби ҷаҳонӣ даромади асосии нашрияҳо ва радиову телевизион аз чопу пахши реклама ба даст меояд. Мувофиқи моддаи 12-уми Қонуни ҶТ «Дар бораи реклама» (2003) дар матбуоти давлатии кишвар, ки ба­рои ахбор ва маводи хусусияти реклама­видошта махсус гардонида нашудаанд, реклама набояд аз 25 фоизи ҳаҷми як шумораи нашрияи матбуоти даврӣ ва дар матбуоти даврии ғайриҳукуматӣ ин ҳаҷм набояд аз 40 фоиз зиёд бошад. Дар воситаҳои ахборе, ки барои реклама махсус гардонида шудаанд, маҳдудият гузошта намешавад. Бояд гуфт, ки ак­сари нашрияҳои Тоҷикистон чӣ давлати­ву чӣ хусусӣ аз ин ҳуқуқи худ истифода намекунанд. Он нашрияҳое, ки пурра ин имтиёзи пешбиникардаи қонунро истифода мебаранд, ангуштшуморанд. Масалан, танҳо нашрияи президентии «Ҷумҳурият» 25 дар сади ҳар шумора­ашро ба реклама мебахшад. Аз рекла­ма нашрияҳои хусусии Медиа гурӯҳи «Asia-Plus» ва Ташкилоти масъулияташ маҳдуди (ТММ) «Оила» низ самаранок истифода мекунанд. Ин муассиссаҳо шӯъбаҳои алоҳидаи тиҷорату рекламаи худро доранд. Аз ҷумла, ТММ «Оила» оҷонсии рекламавии худро бо номи «Тайрон» таъсис дода, нашрияи «Ре­кламная газета»-ро ба забони русӣ чоп мекунад. Дар дигар нашрияҳои хусуси­ву давлатӣ умури вижаи реклама вуҷуд надорад. Ҳатто бузургтарин ношири кишвар, муассиси ТММ «Чархи гардун» Акбаралӣ Сатторов то ба ҳанӯз фаъоли­яти шӯъбаи рекломро дуруст ба роҳ на­мондааст. Ҳамин аст, ки даромади асо­сии нашрияҳо аз фурӯши газета ба даст меояд. Ба қавли ноширон агар теъдоди якдафъаинаи нашрия беш аз 3 ҳазор нусха бошад, он фоидаовар мешавад. Аз ин нигоҳ аксари нашрияҳои давла­тии маҳаллӣ зиёноваранд, зеро теъдоди онҳо аз 500 то 2500 нусха мебошанд.

Бино ба як пажӯҳиши муҳаққиқони рус дар Федератсияи Русия ҳафтаномае, ки бо тиражи 7 ҳазор нусха чоп ме­шавад, ҳамагӣ 5 фоизи даромадаш аз ҳисоби фурӯши нашрия ба даст меояд. 95 дар сади боқимондаро редаксия аз ҳисоби реклама ба даст меорад. Мута­ассифона, дар матбуоти Тоҷикистон то ба ҳанӯз тиҷорат кардан ва истифодаи рекламаро хуб наомӯхтаанд. Аз ин рӯ, даромад аз ин соҳа барои пӯшондани хароҷоти нашрияҳо ва гирифтани фоида хеле ночиз аст.

Пӯшида нест, ки имрӯз дар Тоҷикистон миёни хонандагон нуфузи матбуоти хусусӣ аз нашрияҳои давлатӣ бештар аст. Аз ин рӯ, матбуоти хусусӣ метавонад, ки дар ташаккули афкори ҷомеа саҳми зиёд дошта бошад. Ин нук­таро худи муассисони матбуоти хусусӣ ва мансабдорони ҳукуматӣ низ хуб дарк мекунанд. Ҳамин аст, ки солҳои охир аз ҷониби ҳукуматдорон ба тара­фи худ ҷалб кардани нашрияҳои хусу­сии бонуфузи ҷамъиятиву сиёсӣ бо ҳар роҳу восита сурат гирифта истодааст. Ин амал бо ҷалби фаъоли ноширон ба чорабиниҳои ҳукуматӣ, бо нишону иф­тихорнома қадр кардани онҳо, муайян кардани баъзе имтиёзҳо ва ҳатто чашм пӯшидан ба баъзе «хато» дар фаъо­лияташон сурат мегирад. Пас аз ин дар нашрияҳои хусусӣ мақолаву ҳисоботҳо, ки ба манфиати мансабдорони ҳукуматӣ аст, чоп мешаванд. Албатта, дар ин ҳолат беғараз будани ин матолиб зери шубҳа мемонад.

Ногуфта намонад, ки солҳои охир ҳукуматдорон аз хизмати матбуо­ти хусусӣ дар пиёда кардани сиёсати худ моҳирона истифода карда истода­анд. Яъне, дар матбуоти хусусӣ матла­би фармоишие чоп мешавад, ки онро ҳукуматдорон барои халалдор накар­дани муносибатҳои дипломатӣ намета­вонанд дар нашрияҳои давлатӣ ба табъ расонанд.

Бояд гуфт, ки созмонҳои байналхалқии хориҷӣ аксаран дар таъсис ва рушди мат­буоти хусусии Тоҷикистон саҳм доранд. Масъулони созмонҳои байналхалқии хориҷӣ, ки баъзе нашрияҳоро бо грант ва чопи пулакии рекламаашон дастгирӣ мекунанд, бар он андешаанд, ки ҳар қадар матбуоти хусусӣ зиёд шавад, ҳамон қадар гуногунандешӣ ва озодбаёнӣ беш­тар мегардад. Ин андеша дар шароити феълии Тоҷикистон чандон дуруст нест. Зеро аввалан, ҳадафи асосии муассисон аз чопи рӯзнома тиҷорат аст ва онҳо барои ривоҷи бизнеси худ кӯшиш меку­нанд. Дуввум, мансабдорони ҳукуматӣ кӯшиш мекунанд, ки ба чопи маводи зидди манфиаташон дар матбуот роҳ надиҳанд. Роҳҳои таъсиррасонӣ ҳамеша ёфт мешаванд.

Воқеъан ҳам, ҳадафи асосии муасси­сони нашрияҳои хусусӣ ин аввало ба даст овардани манфиати молӣ аст. Ҳамин аст, ки онҳо мекӯшанд бо ҳукуматдорон муросо кунанд, то ин ки онҳо ба бизне­сашон халал нарасонанд. Ин ҷо як со­зиши нонавиштае байни ноширон ва ҳукуматдорон ба миён омадааст: «Ту маро танқид намекунӣ, ман ба бизнеси ту кор намегирам». Аз ин амал ҳар ду ҷониб манфиат дида, розианд. Ана, ҳамин аст, ки дар нашрияҳои медиамагнатҳо ҳукумат ба вижа роҳбарони вазоратҳои асосӣ танқид намешаванд. Ба ғайри ин, манфиатҳои молӣ ноширонро водор ме­кунад, ки ба сармоядоре, ширкате, ҳизбе ё гурӯҳе низ хизмат кунанд. Агар дар ма­води рекламавӣ ин амал рӯшан бошад, пас дар матолибе, ки PR (пиари) ниҳонӣ шудааст, на ҳамаи хонандагон метаво­нанд ғаразнок будани онро пай баранд. Воқеан, на ҳамаи хонандагон пай меба­ранд, ки имрӯз дар Тоҷикистон матбуот ба чанд хоҷа хизмат мекунад.

Ҷовид Муқим, доктори улуми филология, профессори кафедраи

журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: