«ҶАБРДИДА»-ҳои давлатӣ

ва ё то ба кай «сари кафида зери тоқӣ мемонад?»

Ба таваҷҷӯҳи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ин ҳодиса он вақт пайвастем, ки садои занги телефон бо лаҳни имдодхоҳона моро ба деҳаи Кишоварзи ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ бурд. Дар он ҷо техникае меисто­ду намояндагони ҷамоат ва кор­мандони милиса мехостанд чанд иншооти сохтаи Суюнхоловҳоро вайрон намуда, барои дигарон роҳ кушоянд. Аз намояндагони ҳукумат қарори судро пурсидем. Дар даст ғайр аз амрномаи про­курори ноҳия ва қарори раиси ноҳия чизи дигаре надоштанд. Ба онҳо фаҳмонидем, ки ин ҷо сухан на дар бораи худсарона ишғол намудани замин, агар он воқеан мавҷуд бошад, балки дар бораи сохтмон меравад, аз ин лиҳоз санади судӣ лозим аст. Намояндагони ҳукумат рафтанду мо ба назди мӯйсафед Ҳазратқул Суюнхолови 77-сола рафтем. Мӯйсафед ашк мерехт. Баъди чанд дақиқа ба худ омаду нақл кард, ки аз соли 1968 дар ин маҳалла умр ба сар мебаранд. Ҳамроҳаш чор писараш ҳам зиндагӣ доранд. Умуман, дар ин қитъаи замин мӯйсафед бо ҳамсараш, чор писар бо аҳли оилаашон, дар маҷмӯъ 22 нафар зиндагӣ доранд. Бо ҳамсояашон муносибаташ хуб будааст. Вақте ҳамсояаш барои писаронаш дар соли 2005 замин гирифтаву хона сохтанӣ меша­вад, иброз медорад, ки барои рафтуомади онҳо аз дохили за­мини наздиҳавлигиаш роҳ диҳад. Хонаро месозанду яку якбора масъалаи роҳ пеш меояд. Акнун мехоҳанд аз ҳавлии мӯйсафед роҳ кушоянд.

Он рӯз бо ҳамин сӯҳбатамон ба охир расиду намояндагони ҷамоату кормандони милиса техникаи овар­даашонро гирифта рафтанд. Мо бо раиси ҷамоат ҳамсӯҳбат гардида, хоҳони он шудем, ки бе дахолати ҳафтанома, дар доираи ваколаташ масъаларо ҳал намояд. Аз байн чанд моҳ гузашт. Боз садои занги телефон моро ба ин маҳалла овард. Рафтему шоҳиди манзарае гарди­дем, ки дар тасвираш кас оҷиз ме­монад.Танҳо кормандони милиса, ки дар бар либоси низомӣ доштанд, 5 нафар буданд. Чанд каси дигар дар либоси ғайринизомӣ дуртар меистоданд. Баъдтар маълум гар­дид, ки онҳо ҳам корманди ШКД-и ноҳияи Рӯдакӣ будаанд. Дар гӯшае ҳамон мӯйсафед рӯи замин ниша­ста ашк мерехт, ашки нотавонӣ, ашки ҳасрат, ашки аз бедодӣ…

Бо муовини ҳамонвақтаи раи­си ҷамоат С. Латифов ҳамсӯҳбат гардидем. Далел пеш меовард, ки замини Суюнхоловҳо зиёд асту аз тарафи кумитаи заминсозии ноҳия огоҳ карда шудааст. Гуфтем, ки агар заминро ишғол карда бо­шанд, ҳамон қитъаи ишғолкардаро гиред. Чаро он заминеро, ки дар асоси қонун ҷудо шудаасту иншооти ёрирасон бино гардидааст, вайрон карданиед? Аз ҷониби кормандони милиса ба мо таҳдид карданду ба маркази ноҳияи Рӯдакӣ рафтем. Ав­вал ба ҳукумати ноҳия даромадему пас ба прокуратура. Оид ба қарори қабулшудаю амри прокурории до­дашуда сӯҳбат кардем. Ҳам муо­вини раиси ноҳия ва ҳам муовини прокурори ноҳия иброз намуданд, ки аз ин санадҳо хабар надоранд, чунки нав ба кор таъин шудаанд. Боз ба деҳаи Кишоварз баргаште­му ғайр аз мӯйсафеди нолон каси дигарро пайдо накардем. Як ҷияни мӯйсафедро, ки ба рафтори корман­дони милиса эрод гирифтааст, ба милисахона бурдаанду ин ҳолатро дида, фишори хуни ҳамсараш ба­ланд мешаваду беҳуш мегардад. ӯро ба беморхона мебаранд. Ҳама аз паси онҳо рафтаанд…

Бо ҳамсояи Суюнхолов, ки солҳои зиёд инҷониб зиндагӣ до­ранд, ҳамсӯҳбат гардида, хостем ҳуҷҷатҳои хонаи барои писараш сохтаро нишон диҳад. Намедонем сертификат буд ё чизи дигар, ки аз дур нишон доду тамом. Ойхол Ҳамроқулова ба мо имкони сухан гуфтан надода, иддао мекард, ки “ман аз фалон ҷо ҳастаму фалон кас маро ҷонибдорӣ мекунад”. Ме­тавонистем гуфтаҳои ӯро ин ҷо як ба як рӯи қоғаз орем. Вале анде­шаи масъалаи маҳалро нахезондан моро водор намуд, ки бомулоҳиза бошем. Он рӯз ба холаи Ойхол гуф­та будем, бори дигар таъкид меку­нем, ки қонун барои аз “ҷигар”-и ягон маҳал будан он тараф истад, аз “дил”-аш ҳам бошӣ, ягон имтиёз намедиҳад ва бояд қонун бошад.

Аз рӯи гуфтаи Суюнхоловҳо, соли 2005 Раҳмонқул Ҳамроқулов аз паҳлӯи замини наздиҳавлигияш, ки пахта кишт карда мешудааст, 40 сотих заминро барои ду писараш, домод ва додари занаш мегирад. Замини айни вақт истифода мебур­даи Раҳмонқул Ҳамроқулов наздики 30 сотих будаасту бо як писараш зиндагӣ доштааст.

Мо мавзеи ҷойгиршавии хо­наи Суюнхолов, хонаҳои навсохта ва хонаи Раҳмонқул Ҳамроқуловро аз наздик дидем. Барои он ки ба хонаҳои навсохта роҳи рафтуомад бошад, бояд ё аз дохили хонаи падарашон роҳ кушода шавад, ё болои ҷӯйборро, ки дарахти сояаф­кани бед шинонида шудаасту ба Раҳмонқул Ҳамроқулов таалуқ до­рад, пӯшонида, дарахтҳоро бурида роҳ кушоянд, ё тавассути хонаи ҳамсоя бо роҳи вайрон намудани иншооти ёрирасон. Вале ҳама роҳи сеюмро интихоб кардаанду касе аз худ намепурсад, ки Фармони Прези­денти мамлакат дар мавриди барои манзил надодани заминҳои корами обӣ барои кист? Маълум аст, ки за­мини пахта кишт мешударо хилофи қонун барои сохтмони манзил до­даанду боз барои манзили хилофи қонун додашуда роҳ мекушоянд…

Аз ҷониби кумитаи заминсозии ноҳия чанд маротиба дар бораи зиёд будани замини Суюнхоловҳо огоҳинома фиристода шудааст. Ҳақиқатан онҳо чанд сотих заминро ишғол кардаанд. Вале дар ҷое, ки мақомоти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ роҳ кушоданӣ буданду ба тариқи маҷбурӣ кушоданд, Суюнхоловҳо ҳуқуқи садфоизаи истифодабарӣ доштанду доранд. Модоме за­мини Суюнхоловҳо зиёд буд, пас чаро онро нагирифтанд? Таъкид мекунем, ки аз қисмати замини ишғолкардаи Суюнхоловҳо барои хонаҳои навсохт имкони роҳ кушо­дан нест.

Ҳайрати кас меафзояд, ки чаро дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ “ду пойро ба як мӯза тиққонида” ба ҷои роҳи мусолиҳаомези масъаларо ҷустан, вазъиятро ногувор карданд. Санаи 30-юми июли соли 2010 чанд на­фар корманди мақомоти давлатӣ барои иҷрои қарори раиси ноҳия меоянду натиҷааш он мешавад, ки нисбати Суюнхоловҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳоро суд мекунанд. Барои амалӣ наму­дани нақша, аниқтараш кушода­ни роҳ санаи 9-уми декабри соли 2010 омада, биноҳои ёрирасони Суюнхоловҳоро вайрон мекунанд.

— Ман дар хона набудам,- мегӯяд Файзалӣ Суюнхолов,- омадам, ки биноҳои ёрирасони моро бо тех­ника вайрон карда рафтаанд. Ба хона даромадам, ки падарам дар бистар хоб аст. Базӯр нафас ме­кашад. Нақл карданд, ки падарам барои вайрон накардани биноҳои ёрирасон монеагӣ кардааст. Ду на­фар дастони ӯро ба қафо гардони­да, ба замин пахш кардаанд. Ҳатто дар болояш нишастаанд. Мӯйсафед доду вой кардааст, касе гӯш на­карда, биноҳоро вайрон кардаанд. Аҳволи падарам вазнин шуд. Ша­бона мошини ёрии таъҷилиро даъ­ват кардем. Фишори хуни падарам ниҳоят баланд шуда будааст. Духтур дору гузаронду тавсия дод, ки пагоҳ ба беморхона барам. Пагоҳаш ба беморхона бурдам. Падарам дар беморхона 25 рӯз табобат гирифту пас аз он ҷарроҳӣ карданд.

Ҳукми аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардаи судяи Суди ноҳияи Рӯдакӣ Ҳ. С. Алиевро мехо­неду ба олами сукут меравед. Биё­ед қисми муайянкунияшро якҷоя хонем:

“Суюнхолов Ф. Ҳ. ва Суюнхо­лов Ҳ. бо маслиҳати пешакӣ рӯзи 30 июли соли 2010 тахминан соати 10:00 дар деҳаи Кишовар­зи ҷамоати деҳоти Зайнабобод, ноҳияи Рӯдакӣ дар назди қитъаи за­мини наздиҳавлигии худ барои ба мақсади ниҳоии худ, ки иборат аз монеъ шудан ба фаъолияти гурӯҳи кории таҳти роҳбарии муовини ав­вали раиси ноҳияи Рӯдакӣ М. Ш. Юсупов буда, дар назди худ мақсади истифода ва таҳдиди истифодаи зӯровариро ба муқобили намоян­дагони ҳокимият, яъне гурӯҳи ко­рии дар боло зикршуда гузоштаанд. Ҷиҳати амалӣ намудани мақсади худ Суюнхолов Ҳ. ва Суюнхолов Ф. Ҳ. ба тарафи экскаватор, ки таҳти идораи Тоҷибоев Маҳмадраҷаб Салоҳиддинович қарор дошт ва аз ҷониби гурӯҳи корӣ барои вайрон кардани иншоотҳои ғайриқонунӣ бунёднамудаи Суюнхолов Ҳ. ҷалб шуда буд, якчанд санг партофта, аъзоёни гурӯҳро таҳдид кардаанд, ки агар фаъолияти қонуниашонро вобаста ба ҳолати аввала баргардо­нидани қитъаи замин давом диҳанд бо санг мезананд.

Ҳамчунин Суюнхолов Ҳ. ва Су­юнхолов Ф. рӯзи 30 июли соли 2010 тахминан соати 10:00 дар деҳаи Кишоварзи ҷамоати деҳоти Зайна­бободи ноҳияи Рӯдакӣ дар назди қитъаи замини наздиҳавлигии худ бо мақсади ба фаъолияти қонунии гурӯҳи корӣ мамониат намудан, ҳангоми нисбати намояндагони ҳокимият истифода ва таҳдиди исти­фодаи зӯроварӣ карданаш, дидаю дониста, ки Юсупов М. Ш., Бадалов К., Латипов С., Шеров Ш. ва Сафа­ров Ш. намояндагони ҳокимият буда, вазифаҳои хизматии худро адо намоянд, дар ҳузури шаҳрвандони ба ин ҷанҷоли ҷамъомада, бо ал­фози қабеҳ дашному ҳақоратҳо дар шахсияти худи онҳо ва наздикона­шон намуда, шаъну шарафашонро паст зада Юсупов Маҳмадраҳим Шокирович, Бадалов Карим ва Ла­типов Саймаҳмад Шомаҳмадовичро таҳқир намудаанд.

Судшаванда Суюнхолов Ф. Ҳ. дар маҷлиси судӣ ба айби ба ӯ эъ­лон кардашуда, худашро гунаҳгор нашуморида нишондод дод, ки дар ҳақиқат ӯ соли 2005 дар қисмати ши­молии ҳавлии истиқоматиаш воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷамоати деҳоти Зайнабобод, деҳаи Кишоварз як мурғхона аз соли 2008 дар паҳлӯи мурғхона як оғилхона сохтааст, ки баъд аз ин ҳамсояаш Ҳамроқулов Раҳмонқул аз ӯ хоҳиш кардааст, ки барои писаронаш Ҳамроқулов Зиёхол ва Ҷӯрабек, ки дар поёни ҳавлии ӯ хона доранд, аз паҳлӯи оғилхонааш роҳ диҳад, аммо ӯ розӣ нашуда гуфтааст, ки дар ин ҷо 50-60 сол шуд зиндагӣ карда истодааст ва замине ки дар ин ҷо оғилхона ва мурғхона сохта шудааст, ба ӯ тааллуқ доштааст, ба ягон кас роҳ намедо­дааст ва ба ҳамсояаш Ҳамроқулов Р. гуфтааст, ки пеш кадом роҳро ис­тифода мебурдӣ ҳамонро истифода бар. Баъд аз ин барои сохтмони оғилхонааш ӯро корманди Куми­таи заминсозии ноҳияи Рӯдакӣ Са­фаров Ҳ. ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида аз ӯ ҷарима ситонидааст. Якчанд маротиба гурӯҳи корӣ бо техника аз тарафи ҷамоат омада амри Прокурори ноҳия, Қарори Ра­иси ноҳияро нишон доданд, аммо ӯ нагузоштааст, ки сохтмонашро вайрон кунанд. Тахминан охири моҳи июли соли 2010 соати 10:00 наберааш Исмоил ба ӯ гуфтааст, ки якчанд нафар ва як трактор ба та­рафи хонаи онҳо омада истодааст ва баъд ӯ ба берун баромада ди­дааст, ки келинҳояш ва ҳамсараш истодаанд. Аъзоёни гурӯҳ, якчанд нафари онҳоро, яъне Юсупов М. Ш. муовини раиси ноҳия, Лати­пов Саид муовини раиси ҷамоати Зайнабободро мешинохтааст, ӯ бори дигар бо қарори раиси ноҳия шинос карда гуфтаанд, ки бояд қитъаи заминро ба ҳолати аввала баргардонад, баъд ӯ ба келинҳояш ва ҳамсараш гуфтааст, ки дар наз­ди девори оғилхона истед, то ки вайрон накунанд. Латипов Саид корманди ҷамоат, ки аъзои гурӯҳи корӣ будааст ба тракторчӣ гуфта­аст, ки вайрон кун. Баъд ӯ ба дасто­наш санг гирифта, аъзоёни гурӯҳро таҳдид кардааст, ки агар трактор наздик шавад ва онҳо нараванд бо санг мезанад. Сипас, аъзоёни гурӯҳ келинҳо ва ҳамсарашро як тараф карда, як милиса аз гурӯҳ аз дасти ӯ гирифта хостааст, ки аз пеши роҳи трактор як тараф кунад, аммо ӯ ху­дашро ба дигар тараф кашидааст, ки ҳамчун роҳбари гурӯҳи корӣ дар якҷоягӣ бо дигар аъзоёни гурӯҳи корӣ Бадалов Карим ҳуқуқшиноси ҳукумати ноҳия, Латипов Саймаҳмад Шомаҳмадович муовини раиси ҷамоати Зайнабобод, Шеров Шер­зод нозири минтақавӣ ва Сафаров Шаҳобҷон меъмори минтақавӣ ба­рои дар амал татбиқ намудани амри прокурори ноҳия таҳти №8/51 ва аз 7 октябри соли 2009 ва Қарори раиси ноҳияи Рӯдакӣ таҳти №1013 аз 29 декабри соли 2009 дар бораи баргардонидани қитъаи замини худсарона ишғолнамудаи шаҳрванд Суюнхолов Ҳазратқул, воқеъ дар деҳаи Кишоварз, ҷамоати деҳоти Зайнабобод, ноҳияи Рӯдакӣ тахми­нан соати 10:00 бо техникаи лози­ма барои вайрон кардани иншооти пешбинишуда ҳозир шуданд.

Ҷумъаи Толиб,

Фазлиддин Асозода,

Аҳлиддини Салимпур,

Азимҷон Бадалов,

БМСТЖ

(Давом дорад)

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: