Главная > Аҳлиддини САЛИМПУР > Мушкили як соли охири матбуоти тоҷик чӣ буд?

Мушкили як соли охири матбуоти тоҷик чӣ буд?

Инак 11-уми март — Рӯзи матбуоти тоҷик ҳам фаро мерасад. Расо як сол пеш дар ҳамин рӯз журналисто­ни тоҷик ин санаи таъри­хиро қайд карда буданд, аммо дар шароиту вазъия­те дигар. Ба назар мерасад, ки аз 11-уми гузашта то 11-уми имсола зиёд навгонӣ дар матбуоти тоҷик зуҳур кард. Бахусус зиёд шуда­ни фишорҳо ба матбуоти мустақили тоҷик, ки то ҷое ҳам сензура ва ҳам худсон­сурии рӯзноманигорони тоҷикро ба бор овард. Аммо бубинем, ки худи рӯзноманигорон дар ин маврид ба суоли мо чӣ по­сух мегӯянд:

Нуралӣ ДАВЛАТ, журналист:

— Вазъ дар як соли охир одӣ на­буд. Чандин рӯзномаҳо як муддат аз фаъолият бозмонданд. Қазияҳои судӣ бештар гардиданд. Сайтҳои «Тоҷнюс» ва «Авеста» низ як муддат баста шуданд.

Фикр мекунам, ки дар рейтингҳои созмонҳои хориҷӣ воба­ста ба озодии сухан дар Тоҷикистон мо ҷойҳои хуберо намегирем, ки ин ба имиҷи кишвар таъсири манфӣ мерасонад.

Муҳаммадалӣ МАҚСАДУЛЛОҲ, сармуҳаррири «Чархи гардун»:

— Матбуоти тоҷик як соли ахир­ро пуртуғён ва олуда ба моҷароҳои додгоҳӣ паси сар намуд. Бахусус, пас аз судури Фармони №622 ҳақталошиҳои мансабдорон дар муқобили журналистон довталабо­на вусъат пайдо кард. Ин раванд аз як сӯ барои журналистон сабақи эҳсоси масъулиятро ба таҳрик овар­да бошад, мутаассифона, нафар ва ё мақоми мухотаб танқидро хеле муғризонаву дарднок қабул намуд. Ҳис мешавад, ки мансабдорони тоҷик танқидро барои худ ҳамчун таҳқир қабул менамоянд ва тоби таҳаммули онро надоранд. Ин аст, ки афзоиши фишорҳои равонӣ беш аз пеш бар зидди журнали­стон доман мезанад. Маҳз ҳамин фишори равонӣ аксари журна­листонро эҳтиёткор ва дар банди худмуҳофизатӣ қарор додааст.

Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, раиси АМВАОТ:

— Вазъият муташанниҷ шуд, озодии баён нақз ёфт, кӯшишҳои таҳти назорат гирифтани нашрияҳо аз ҷониби баъзе мақомот ва аш­хоси мансабдор бештар гардид. Махсусан дар се моҳи охири соли 2010 ва аввалҳои соли 2011 кӯшишҳои маҳдуд кардани ВАО дар Тоҷикистон зиёд шуд. Фаъолияти бештари нашрияҳои озод таҳти фи­шор қарор дорад. Бори дигар ба суд кашидани нашрияи «Азия-плюс» ва тӯл кашидани баррасии қазияи рӯзноманигори ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов аз ноҳияи Ашт албатта ҳам созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин ҷониби намояндагони ИМА-ро дар САҲА ҷалб кард. Бинобар рух додани ин ҳодисаҳо аз бештари давлатҳо садо баланд карданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба озодии ВАО бештар диққат диҳад ва барои озодии ВАО монеаҳо эҷод накунанд.

Раҷаби МИРЗО, журналист ва таҳлилгари масоили сиёсӣ:

— Тавре созмонҳои касбии журналистӣ, дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва дигарон гуфтанд, имсол барои матбуоти Тоҷикистон «соли муш­килтарин» ба ҳисоб мерафт. Зеро ин замоне буд, ки на самимияти мақомоти Тоҷикистон нисбат ба озодии матбуот эҳсос мегардид ва на бархӯрди шадиди онҳо. Аз як ҷониб ҳукумат мехост ба қавле аз баъзе «дардисарҳо» халос бишавад, аз сӯи дигар гӯё нишон додан ме­хост, ки ин танҳо бархӯрдҳо ё «муш­килоти техникӣ» аст. Бубинед, ба матбуоти соли 2004, аз ҷумла «Рӯзи нав», «Нерӯи сухан» ва «Одаму олам» бархӯрди мақомот чӣ гуна буду ба нашрияҳои соли рафта чӣ гуна. Яъне мақомот танҳо пас аз «ҳал кардани» тақдири ин нашрияҳо «ором гириф­танд». Дар ҳоле, ки мушкилоти мат­буоти соли 2010-2011 «муваққатӣ» буданд. Албатта ин ҷо масъалаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳам ҳаст. Чун дар соли 2005 бештар рӯ ба Маскав буду ҳоло гӯё рӯ ба Ғарб. Аз ин нигоҳ, ман фикр мекунам, ки имсол ҳам чун солҳои қаблӣ барои Тоҷикистон, матбуоти Тоҷикистон, барои хабарнигорони Тоҷикистон соли пурмуаммо ва хеле мушкил ба ҳисоб мерафт. Мушкили аслӣ ба андешаи ман боз ҳам дар он аст, ки мавқеи ҷомеа, мавқеи ҳукумат, мавқеи созмонҳои журналистӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи инсон вобаста ба матбуот рӯшан ва мушаххас набу­данд. Гӯё ҳар кас манфиатҳои ху­дро дошту бо таъмин шудани онҳо масъалаи худро ҳалшуда пиндошт. Ин ҳолати бисёр мушкилеро мео­рад пеши кормандони расонаҳо. Аз ҳамин ҷост, ки матбуот ба сифати ҳокимияти чорум баромад накар­да, балки бештар нақши «дудбаро»-ро иҷро мекунад. Яъне танҳо барои коҳиш додани шиддати иҷтимоӣ, на бештар аз ин…

Абдуазими АБДУВАҲҲОБ, рӯзноманигори «Имрӯз News»:

— Соли сипаришуда барои мат­буоти тоҷик, соли муқаррарӣ на­буд. Соле буд, ки ҳукумат матбуоти мустақилро ҳамчун нерӯ қабул кард. Нерӯ будани матбуот идеологҳои ҳукуматиро як муддат дар ҳолати номуайянӣ қарор дод. Онҳо на ме­донистанд, ки бо матбуот чӣ кунанд, на мехостанд иқрор кунанд, ки мат­буоти мустақил пуштибони воқеӣ аз ҳадафу арзишҳои миллӣ аст, на мехостанд рӯйрост инкор кунанд. Аммо тавонистанд дар баробари террористон қарор диҳанд. Бо ин амал заифии худро дар қиболи муш­килоти рӯбарӯ дар «ҳуҷум» ба матбу­от рӯйпуш карданд…

Дар ин росто, дар соли 2010 ба­рои ба додгоҳ кашидани нашрияҳо соли рекордӣ буд.

Ҳамаи ин ба фаъолияти матбу­от бетаъсир намонд. Таъсири аз нашр мондани якмуддатаи бархе аз ҳафтаномаҳои мустақил буд, ки имрӯз сензура дар ҳафтаномаҳое, ки то ҷое рӯшод сухан мекарданд, дида мешавад. Мавзӯъҳое, ки пеш аз моҳи сентябри соли гузашта дар ин нашрияҳо мехондем, дигар дида намешавад.

Сарфи назар аз ҳамаи ин, мат­буоти мустақил дар ин сол тавонист ҳимоятгари аслии арзишҳои милли­ву давлатӣ боқӣ монад. Маҳз матбу­оти мустақил буд, ки тавонист фазои воқеан иттилоотиеро, ки ба нафъи манфиатҳои миллат бошад, ба миён орад. Вобаста ба ҳодисаҳои соли гузашта метавон гуфт, ки камтарин як рӯзноманигори ҳирфаӣ патрио­тизмаш аз ҳар яки курсинишинони ҳукумат дар сатҳи хеле фарқкунанда қарор дорад. Рӯзноманигор ин Ва­танро барои Ватан буданаш дӯст медорад, на ба хотири курсиву ким-кадом ҳадафҳои ҳангуфти дигаре.

Омодасоз Аҳлиддини САЛИМПУР, БМСТЖ

  1. Апрель 9, 2011 в 7:00 дп

    Ба газетаи Пайкон,
    мумкин меояд, ки ба воситаи газетаи шумоён
    дар бораи куввахои алтернативи сухан ронем?
    Бо эхтиром.

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: