Главная > БМСТЖ > «Пайкон» 2-сола шуд!

«Пайкон» 2-сола шуд!

Хонандаи азиз! Инак, ҳафтаномаи дӯстдоштаният 2-сола шуд. 2 соли пур аз таз­зодро ҳамвора бо кӯмаки маъ­навии Ту паси сар кард. Гоҳе зери фишор монд, гаҳ пешпо хӯрд, гаҳи дигар таҳдид шу­нид, аммо ҳаргиз, ба ҳеҷ ваҷҳ дилсард нашуд. Кӯшиш кард ба қадри имкону тавон дарди дили Туро ба омма расонад, талош дошт зиёда аз чаҳорсад баҳси судии ҳамқадами Туро дар зинаҳои гуногуни судӣ ба риштаи таҳлилу тасвир ка­шад, беш аз 1000 шикоятро баррасӣ намуд ва маслиҳат доду ҳамдардӣ баён кард.

Ба ҳар гуна ки буд, «Пайкон» аз касе ва чизе нишони кин бар дил нагирифт ва аз ин баъд ҳам нахоҳад гирифт. Зеро, ба ҳама аҳли эҷоди он ҳувайдост, ки муносибат бо шахс, умуман бо ҷомеа ду қутби асосӣ дорад: шар ва хайр. Пас, кӯшиш бояд кард, то қутбнамои дили одамон пайдо шавад. Ва барои амалӣ шудани ин талош пеш аз ҳама кушодани даричаи дили Ту — хо­нандаи азиз лозим аст! Чун ин дарича во шуд, мо ҳама якҷоя аз шарри дунё раҳоӣ меёбем ва руҷӯъ мекунем ба ҷониби хайр.

Тӯли ду соли фаъолият до­хили утоқи кории «Пайкон» пурмеҳмон буд. Шояд нафа­роне ҳам буданд, ки баъди берун шудан аз он дар боби шароити нобоби мо бо раҳм сухан мекушуданд ва шояд баръакс, нафароне ҳам, ки бо як ҳисси нофорам моро маломат мекарданд. Аммо барои «Пайкон» муҳим нест, кӣ дар борааш сухани ноҷо мегӯяд. «Пайкон» ҳама гуна ақидаро мепазирад ва агар хатое дар худ мебинад, аз пайи ислоҳ дармеафтад. Барои мо муҳим он аст, ки хонандаи азиз якрӯ бошад, то тавонем ҳамқадам бо ӯ ақаллан равзанае аз нур ҷониби зулмот кушоем. Дар ин росто, умед бар он дорем, ки объектҳои танқидшаванда таҳаммулпазир бошанд ва муҳимтар аз ҳама, ба камбу­ди худ иқрор гаштаву аз пайи ислоҳ афтанд.

Маънии «Пайкон» пайкон аст. Аммо на он пайкон, ки гоҳе шикофанда унвонаш мекунанд. Расидани пайкон ба ҳадаф мақсади асосии «Пайкон» аст ва ҳаргиз дар фи­кри захмӣ кардани касе на­афтода. Танҳо бо расидан ба ҳадаф, яъне ифшои камбуд ва нишон додани роҳи раҳоӣ аз он «Пайкон» масъулияти худро иҷрошуда меҳисобад.

Тавре гуфтем, барои ин кӯмаки Ту лозим аст, хонандаи азиз! Бо мо бош ва мо ҳам дар лаҳзаҳои душвортарини зиндагӣ бо Ту хоҳем буд!

Гулназар КЕЛДӣ, шоир, муовини директори муассисаи нашриявии «Адиб»

Бигзор ин кӯдаки дусола дусадсола шавад!

Ба назари ман, аз унвони «Пайкон» мӯҳтаво ал­лакай пайдост, ки бояд нишонрас бошад. Мақолаю гузоришҳою хабарҳое, ки дар ин нашрия чоп меша­ванд, хеле хуб ҳастанд. Аммо баъзе ҳолат мешавад, ки хабарҳо ва ё проблемаҳо ба хонандагон пешниҳод намешаванд.

Ба назари ман, он чизе, ки ҳозир дар ин нашрия намерасад, ин амиқтар назар кардан ба масъалаҳост. Ман ҳамчун журналисти кӯҳна мегӯям, масъала он вақт ҳал мешавад, ки мо ҳар як проблемаро пурра омӯхта, таҳлил карда, санҷида, муқоиса карда, баъ­дан ба хонанда пешниҳод кунем. Зеро, вақте хонан­да медонад, ки масъала аз куҷо сар задааст, сарчаш­мааш чист ва кадом роҳҳои ислоҳ карданаш вуҷуд дорад, он вақт қимати ҳамон гузориш, қимати ҳамон маводи рӯзнома меафзояд. Ҳамин чизро ба журнали­стони нашрияи «Пайкон» орзу мекунам.

Бигзор ин кӯдаки дусола дусадсола шавад, дуҳазорсола шавад ва хизмати миллатро кунад.

Раҳматилло ЗОЙИРОВ, раиси ҲСДТ

«Пайкон» саги вафодори ҷомеаи Тоҷикистон аст

24 моҳу 730 рӯзи умри як ҳафтаномаи мубориз баробари балоғати рӯҳи инсо­нист, ки аз таҳти дил табрик менамоям. Ҳафтаномаи «Пайкон» аз табиати авбошӣ ва авантюристӣ холӣ нест, аммо ин ҳеҷ… вақте ки ҳафтанома ба рӯҳе табдил ёфт, ки ҷон, нафас, ҳаёт, зиндагонии ҷомеаи адолатхоҳро ифода менамояд. Боз, муҳимтар, мавқеи шаҳрвандӣ дошт, до­рад ва онро рушд хоҳад дод.

Маърифати ҳафтанома дар асоси худ, ин на илму дониш, балки биниш, тамиз, фаҳм, ғайр аз ин, тасаввуф, ҷаҳоншиносӣ дар асоси мардумшиносӣ, таҳлили фоҷиаи инсонӣ дар ҷомеаи бемаърифат оид ба ҳуқуқи инсон аст.

Фарҳанги ҳафтанома аз нигоҳи бини­ши зиёии хубрафтори имрӯзаи тоҷик бета­мизист, аммо аз нигоҳи андешаи марду­ми мубориз ва фалсафаи худи мубориза бар зидди беадолатӣ ва барои ҳуқуқи ин­сон, масъалагузории инсонпарастӣ як фалсафаи сӯфиёна, яъне маънавиёти ола­ми фикрӣ ва рӯҳии бой дорад. Аз ин рӯ, ман «Пайкон»-ро дар симои Ҷумъаи Толиб ва аҳли эҷоди ҳафтанома дӯст дорам ва дар даври душвори молиявӣ ва муракка­би муносибатҳои ҷамъиятӣ хоҳони омад ва эҷодиёти нотакрори журналистӣ мебо­шам.

Ба фикри ман, ҳафтаномаи «Пайкон» мисли саги вафодор барои манфиатҳои ҷомеаи Тоҷикистон хизмат дорад, аммо аз қадршиносии сазовор дур аст. Аз ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол танҳо хоҳиш дорам, ки фарзандони дилсӯзаш, мисли аҳли эҷоди «Пайкон»-ро қадрдонӣ намоянд.

Ҷовид МУҚИМ, доктори улуми филология, профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии ДМТ

«Пайкон» ҳадафрас аст!

Ду соли умри инсонӣ вақти тӯлонӣ нест, бо як мижа задан мегузарад ва кас наметавонад ба осонӣ бигӯяд, ки чӣ амали савобе кард барои ҷомеа. Вале аҳли қалами ҳафтаномаи «Пайкон» дар ин муддат та­вонистанд мавзӯъҳои доғи ҷомеаро баррасӣ карда, дарди дили мардумро гӯянд ва маҳбуби дилҳо ша­ванд. Онҳо суханеро мегӯянд, ки дигарон аз гуфтанаш метарсанд. Онҳо суханеро мегӯянд, ки мансабдорони манфиатҷӯй аз шуниданаш ҳарос доранд. Онҳо суха­неро мегӯянд, ки мардум ташнаи шуниданаш ҳастанд. Ҳамин аст, ки номи «Пайкон» ҳамчун нашрияи ҳақҷӯй ва ҳақталош дар таърихи матбуоти тоҷик сабт шуда­аст.

Дар ҷомеаи фасодзадаи мо ҳастанд нафароне, ки рисолати асосии худ — хизмат ба ҷомеаро фаромӯш кардаанд. Барои онҳо мансаб воситаи қонеъ кардани талаботи шахсӣ ва манфиатҷӯӣ аст. Ба гӯши ин тоифа сухани росту ҳақ намефорад. Барои ҳамин ҳам онҳо бо ҳар роҳу восита мехоҳанд суханро дар гулӯ бӯғӣ ку­нанд, то он аз забон берун шуда, акси садо надиҳад. Вале, офтобро бо доман пӯшида намешавад ва суха­ни ҳақ безавол аст.

Ҳоҷӣ Акбар ТӯРАҶОНЗОДА, рӯҳонии шинохта

Дар ҳаққи кормандони «Пайкон» дуои нек мекунам

Аслан ман таърифро дӯст наме­дорам. Фақат дар ҳаққи кормандо­ни нашрияи «Пайкон», ки ҳар ҳафта шумораҳояшро мехонам, дуои нек мекунам. Худованд нигаҳдори ҳамаи Шумо бошад! Бигзор қаламатон тез ва бурро бошад! Ҳамеша ҳақиқатро нависед. Ҳеҷ вақт манфиатҳои милла­тро поймол насозед! Ба ҳамаи Шумо бурдбориҳоро таманно дорам!

Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттифоки журналистони Тоҷикистон

«Пайкон» аз ҳуқуқ ҳимоя мекунад!

Ҳафтаномаи «Пайкон» миёни ра­сонахои нисбатан ҷадид, бешак, аз расонаҳои муваффақтарин ба ҳисоб ме­равад. Муваффақияташ дар он аст, ки аз ибтидо самту доираи муайяни мавзӯъ ва услуби хоси нигоришро касб намуда, пай­васта ҷиҳати ошкори ҷомеа намудани нуқсону камбудиҳои рӯзгор, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, ислоҳи иллатҳо дар ра­ванди кори сохторҳои ҷамъиятиву давлатӣ талош меварзад. Имрӯз «Пайкон»-ро баъзеҳо нашрияи моҷароҷӯ баҳо медиҳанд, ки ин тавр нест. Балки дар ҷомеаи мо ҳанӯз тоқати шунидани танқиди воқеӣ аз ҷониби рӯзноманигор расм нашудааст. Аз ин ҷост, ки нашрия пайваста гирифтори даъвову кашмакашихои судӣ қарор дорад. Мутаассифона, дар нигориши хабарни­горони ҳафтанома баъзан тундгуфториву зиёдаравиҳо, беэътиноӣ ба кодекси ахлоқу одоби журналистӣ дида мешаванд. Умед дорам, ки аҳли эҷоди ҳафтанома аз ҳама ин гирудорҳо сабақ бардошта, мушкилотро паси сар мекунанд ва ҳафтанома ба яке аз серхонандатарин нашрияҳои ҷумҳурӣ таб­дил меёбад.

Зафари СӯФӣ, муассиси ҳафтаномаи «Озодагон»

«Пайкон» ҷаста аз камони адолатҷӯист

Садоқат ба арзишҳову усулҳо ва риояти меъёрҳои ахлоқиву ҳирфаӣ на ҳамеша кори осон будааст. Беш аз ин пофишорӣ кардан ба ин арзишҳову усулҳоро дар шароити кунунӣ шояд битавон қаҳрамонӣ но­мид. Вақте арзишу авлавияти зиндагии хелеҳо фақат шикаму пур кардани он шуда, вақте «гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» шиори аслии зиндагии хелеҳо гашта, пофишорӣ ба арзишҳое мисли дифоъ аз ҳуқуқи ин­сон ва арҷ гузоштан ба каромати инсонӣ амалест қобили таҳсин.

Ду соли фаъолияти «Пайкон» дар ошуфтабозори рӯзгори мо воқеан нишон дод, ки аҳли қалами ин нашрия аз ҳадафи аслие, ки мадди назарашон буда, ба ҳеҷ ваҷҳ ва таҳти ҳеҷ шароите даст кашиданӣ ва ҳатто боре ҳам дур шуданӣ нестанд. Садоқати онҳо ба корашон ва роҳи интихобкардаашон, ново­баста аз мушкилоти пешомадаву пешоварда маро чу як хонандаи доимии «Пайкон» ҳамеша ба фаъо­лияташон хушбин нигоҳ дошта. Ҳамин лаҳзаҳое, ки ин сатрҳоро менависам, масъулини «Пайкон» ба ҳайси ҷавобгар дар бинои яке аз додгоҳҳои пойтахт ҳастанд. Умедворам натиҷаи ин додгоҳ воқеан аз рӯи адолат хоҳад шуд. Аммо манзурам чизи дигар буд, яъне ҳамеша дар дифоъ аз ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҳам бо навиштаҳо ва ҳам амалан дар додгоҳҳо фа­ъол будани қаламкашони «Пайкон»-ро мехостам таъкид намоям. Ба ибораи дигар ин нашрия фаро­тар аз рисолати хабаррасонӣ гом ниҳодаву бештар рисолати дифоъ аз ҳуқуқи инсонро бар дӯш гирифта. Шояд ба хотири фаъолияти заъифи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар аст, ки бархе расонаҳо рисолати онҳоро анҷом медиҳанд. Шояд ба хотири заъиф бу­дани фаъолияту ҳузури аҳзоби сиёсӣ дар ҷомеа аст, ки бархе коршиносон дар бораи кори ин аҳзобро анҷом додани расонаҳо сухан мегӯянд. Ҳарчанд ин мавриди дуввум ба воқеият рост намеояд ва гузаш­та аз ин падидаи хубе нест…

Пайкон дар асл тири камон аст ва «Пайкон», ки ҷаста аз камони адолатҷӯист, воқеан то имрӯз дар аксари маврид дуруст ба нишон расидааст. Ду соли пурбарор ва пур аз талошу даргириҳо барои барқарории адолат ва риояти ҳуқуқу каромати ин­сон барои аҳли қалам ва ҳамаи ҳаводорони ин на­шрияи дӯстдоштанӣ муборак бошад.

Абдуфаттоҳи ВОҲИД, рӯзноманигор

«Пайкон» — минбари озодагон

Дар тӯли се соли охир дар жур­налистикаи тоҷик мо шоҳиди бево­ситаи падидаи нави касбӣ ҳастем, ки қаблан дар ин бобат, бешак, ан­деша намекардем. Қаблан ҳамаи расонаҳои чопӣ — хоҳ ҳизбӣ, динӣ, хоҳ ирфонию адабӣ ё мустақил, ҳамаи мавзӯъҳоро ба таври омехта инъи­кос мекарданд. Гоҳ-гоҳ дар баъзе сӯҳбатҳои рӯзноманигорон масоили ҳирфаӣ кардани рӯзномаҳо ба миён меомад, вале аз ин беш иқдом анҷом намешуд.

Дар ҳамин асно Ҷумъаи Толиб ба майдони журналистика ворид шуд ва ҳафтаномаи «Пайкон» таъ­сис дод. Дар ибтидо, вақте ӯ авва­лин мақолаҳои воқеан интиқодӣ, беғаразона ва хайрхоҳи ҷомеаро ба табъ мерасонд, бешубҳа ба назари ҳатто журналистон ғайримуқаррарӣ менамуд. Зеро журналистикаи анъа­навии мо то ҳол таҳаввулоте амсоли «Пайкон»-ро рӯбарӯ нашуда буд. Яъне мо то ҳол рӯзномаеро намедонистем, ки саропо масоили ҳуқуқро фаро ги­рифта бошад. Баръакс, ҳар нафаре, ки рӯзномае таъсис медод, маҳз ба масоили машғул доштани мардум бахшида мешуданд. Зеро аз машғул доштани мардум фоида ба даст мео­мад. Ҷумъаи Толиб бошад, бо вуҷуди аллакай дар соҳаи журналистика «гур­ги борондида» будан маҳз масоили ҳуқуқӣ, ба ибораи дигар мавзӯи муш­килро мавриди мӯҳтавои рӯзномаи худ қарор дод.

Хушбахтона, имрӯз бо вуҷуди ҳамаи он нокомиҳое, ки рӯзномаро пайгирӣ мекунанд, Ҷумъаи Толиб ва дастаи ҳамкоронаш боиси ифтихор мебошанд. Зеро маҳз «Пайкон» собит намудааст, ки дар гиру дори рӯзгор, агар мо воқеан васлгар ва ҳавасхоҳи ҳамин марзу бум ва миллат бошем, шахси бетараф, бетафовут будан ҷоиз нест. Яъне мо, агар мехоҳем ҷомеаи воқеан боадолат ва боинсоф бунёд кунем, пас нафароне бояд фидоӣ бошанд. «Пайкон» ва аҳли ходимону роҳбарони он маҳз ҳамон фидоиё­не мебошанд, ки ба аҳли ҷомеаи мо роҳу равиши ҳимоят аз ҳуқуқ ва манфиатҳои худро меомӯзанд.

Бо ҳамин сабаб рӯзномаи «Пай­кон» маҳбуби дили он одамони огоҳе ҳаст, ки новобаста ба самт вазидани бод роҳи худро аниқ медонанд ва ҳаргиз ба хато роҳ намедиҳанд.

Аммо, мушкилоте, ки имрӯз ба сари «Пайкон» омадааст, манзури ман мушкилоти муносибат бо мақомот аст, амсоли мавсими сол даргузар мебошанд. Зеро то ҳол дар кишва­ри мо мардуми зиёде ба интиқоди расонаҳо одат накардаанд, баръакс, як идда рӯзномаҳо аҳли ҷомеаро, ҳамчун дар шӯравии собиқ, мехоҳанд дар рӯҳияи вобастагӣ, сархамӣ, ба тақдир тан додан ва ғайра тарбия кунанд. Мехоҳанд ҷомеае бунёд ку­нанд, ки ба ҳар як ишораи ишон ҳассос бошад. Вале фаромӯш ме­кунанд, ки замоне чунон кайҳо гу­заштааст ва одамон худ роҳашонро мустақилона муайян мекунанд. Ва, албатта, «Пайкон» ба ишон мададгор аст. Зеро «Пайкон» воқеан минбари озодихоҳ, меҳвари андешаи нав ва қонунписанд аст.

Раҷаби МИРЗО, журналист ва таҳлилгари масоили сиёсӣ:

Ҷазо барои ҳақиқат беҳтар аст аз мукофот барои дурӯғ!

«Пайкон» дар 2 соли ҳастии худ ба мушкилоти зиёд гирифтор гардид. Ин маънии вайрон шудани принси­пи «ман ба ту намерасам, ту ҳам ба ман нарас»-ро дорад. Зеро, гӯё дар чанд соли ахир матбуоти фаъол аз рӯи ҳамин принсип фаъолият дошт. Вале маълум аст, ки бо мавҷудияти чунин принсипҳо матбуот рисолати аслии худро анҷом дода наметаво­над. Дар 2-солагӣ ба «Пайкон» чи ор­зуи аз ин беҳтаре дошта метавонам, чун кӯшиши анҷоми рисолати воқеии журналистиро дорад? Мехоҳам на­виштаи блоги худро дар ин рӯз ба «Пайкон»-у ҳамкоронаш бубахшам: «Ҷазо барои ҳақиқат беҳтар аст аз му­кофот барои дурӯғ!». Ҳамеша росткор ва содиқ ба меъёрҳои касбӣ бошед!

Қироншоҳи Шарифзода, раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Журналист”

Қазияҳои судии “Пайкон” сабақомӯз барои матбуоти даврист

Дар шароити имрӯзаи мо, ки фазои ит­тилоотии кишвар ба туфайли афзоиш ёфта­ни нашрияҳои мухталиф пур шудан дорад, муносибати ҳар узви ҷомеа ба нашрияҳо бояд бар асоси усули таҳаммулпазирӣ шакл бигирад. Таҳаммулпазириро дар зеҳни аҳли ҷомеа дар навбати худ матбуот низ завқ медиҳад.

Миёни нашрияҳои ҷамъиятии солҳои охир рӯи кор омада ҳафтаномаи “Пайкон” бо вуҷуди кӯшиши зиёдаш дар ин самт, му­таассифона, на ҳамеша истиқболи гарми объектҳои танқидкардаашро сазовор ме­гардад.

Ин падидаи хуб аст, ё бад?

Дар мисоли баҳсҳои сарзада ва қазияҳои судии “Пайкон”, метавон ба хуло­саи барои имрӯзи “Пайкон” нохушоянд, вале сабақомӯз барои матбуоти даврӣ расид: ин натиҷаи боварии аҳли қалами “Пайкон” ба қудрати қонун ва пайгирии сармуҳаррири он аз нуктаҳои қонунҳо дар ҳоле аст, ки мутаас­сифона, қонуннописандии баъзе мақомоти иҷроия ва судӣ ба воқеияти рӯзгори мо таб­дил ёфтааст.

Нуралӣ ДАВЛАТ, муаррих, муҳаррири ҳафтаномаи «Фараж»

«Пайкон» аз ӯҳдаи иҷрои рисолати хуб баромад

Ҳафтаномаи «Пайкон» дусола шуд. Ба­рои таърих ду сол мӯҳлати дароз нест, аммо барои як расонаи мустақил дар Тоҷикистон баробари ду аср аст. Касоне, ки дар рӯзномаҳои навтаъсис фаъолият кардаанд, медонанд, ки дар рӯзномаи нав сабтином­шуда як соли аввал чӣ қадар кори сангин аст. Пайдо кардани рӯзноманигороне, ки талаботи бозор ва набзи ҷомеаро хуб дарк мекунанд, кори осоне нест. Баъди як сол, агар рӯзнома дар фазои иттилоотӣ боқӣ монд, имкони мавқеъ пайдо карданаш ба марот иб зиёд мегардад.

Имрӯз бидуни шак, гуфта метавонам, ки «Пайкон» аз ӯҳдаи иҷрои рисолати хуб баромад. Ман ёд надорам, ки дар таърихи журналистикаи тоҷик рӯзномае, ки ҳамагӣ ду сол фаъолият мекунад, ин қадар маври­ди судбозиҳо қарор гирифта бошад. Шояд ин ба он хотир буд, ки аксар матлабҳои ҳафтаномаи «Пайкон» ба ҳадаф мераси­данд.

Дар журналистикаи тоҷик мавзӯъҳои даъвоӣ солҳои пеш кам мавриди баррасӣ қарор мегирифтанд, зеро рӯзноманигорони мо нозукиҳои қонунгузориро бо тамоми ҷузъиёташ намедонистанд. Ин халал бо ворид шудани журналисти хушсалиқа ва тавоно Ҷумъаи Толиб бартараф гардид. ӯ, ки дипломи бахши соҳаи ҳуқуқро дорад, ба инъикоси касбии чунин масъалаҳо дар жур­налистикаи тоҷик замина гузошт. Хушбахто­на, ҳоло ӯ ин корро идома дода истодааст.

Дар ташаккули «Пайкон» саҳми сарда­бири ҳафтанома Фазлиддин Асозода низ бу­зург аст. Мавсуф замоне ба ин ҳафтанома ба кор омад, ки аз таҷрибаи калони кор дар «Тоҷикистон» ва «Нигоҳ» бархӯрдор буд. Ҷумъаи Толиб, Фазлиддин Асозода ва Аҳлиддин Салимпур тавонистанд дар мудда­ти кӯтоҳ «Пайкон»-ро дар фазои иттилоотии кишвар ба таври устувор ҷой диҳанд.

Имрӯз, бидуни шак, гуфта метавонам, ки «Пайкон» аз ҳафтаномаҳои маҳбуб дар кишвар аст. Барои ҳафтаномае, ки ҳамгӣ ду сол дорад, ин муваффақияти бузург аст.

Дусолагӣ муборак, ҳамкасбони азиз!

Маҳдии СОБИР, коршинос

Асри 21-асри «Пайкон» аст!

Дар аввали асри 21 дар таъ­рихи матбуоти тоҷик ба андо­заи ҳафтаномаи «Пайкон» ягон ҳафтаномаи боҷуръат набуд. Ман ҳамчун як рӯзноманигоре, ки солҳои зиёд дар матбуот кор кар­дам ва ҳамчунин бо рӯзномаҳо ҳамкорӣ доштам, аз рӯйи кор омадани чунин газета қаноатманд ҳастам. Ду сол дар назди таърих ҳеҷ чиз аст. Яъне ин мисли як кӯдаке, ки дусолааст, ҳанӯз тоза роҳгардиро ёд гирифтааст. Ин ҳафтанома аз рӯзи аввали фаъо­лияташ ба бисёр номеҳрубониҳои ҳукуматдорону номеҳрубониҳои бадхоҳон дучор гардид, вале аз ҳамаи ин душвориҳо бо сарбаландӣ баромад. Мавзӯъҳое, ки ин ҳафтанома пайгирӣ менамо­яд, ин дарди ҷомеа, дарди миллат, дарди афроди алоҳида ҳастанд, ки дар ҷойи дигар додрасе намеёбанд ва ба рӯзномаи «Пайкон» муроҷиат мекунанд. Ва хеле хуб аст, ки беш­тари масъалаҳои дарҷшуда ҳалли худро меёбанд. Боварӣ дорам, ки ояндаи «Пайкон» хеле хуб аст. Ман орзу дорам, ки ин ҳафтаномаи умумимиллӣ бошад. Мо ҳизбҳои сиёсӣ дорем, равшанфикрон до­рем, вале ягонтои он дар ҷомеа ба назар намерасанд. Танҳо «Пай­кон» ва ба мислаш рӯзномаҳое ҳастанд, ки дар ҷомеа ҷойи ҳизбҳои сиёсӣ ва равшанфикрон­ро гирифта, мардумро дар рӯҳияи демократияву ошкорбаёнӣ, озо­дии сухан, дар рӯҳияи ояндасозӣ тарбия мекунанд. Агар ба мисли «Пайкон» ҳафтаномаҳои озод на­бошанд, ҷомеаи мо ба ҷомеаи рукуд, ба ҷомеаи асри ҳафти пеш аз исломӣ табдил меёбад ва мо танҳо «зинда бод», «урраву урра» мегӯему тамом. Ва маҳз барои ояндаи миллати мо, барои созан­дагии миллати мо «Пайкон» барин рӯзномаҳо даркор, ки мардумро тарбия кунанд. Мо бояд ҷомеаеро бизозем, ки дигарон аз мо ибрат гиранд. Давлат, ҳукумат ба қишри равшанфикрон ва рӯзномаҳои озод бояд такя кунад.

Ҷалолиддини САДРИДДИН, ҷонишини сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, подполковники милиса

Масъалаҳои бардоштаи «Пайкон» масоили доғанд

Воқеан, ман дар бораи «Пайкон» ҳаминро гуфтаниям, ки имрӯз он нисбати дигар ҳафтаномаю рӯзномаҳои фаъоли ҷумҳурӣ дар масъалаи ҳақталошӣ, яъне расонидани ҳақ ба ҳақдор бисёр як рӯзномаи фаъол аст. Бахусус саҳми коргарони он бобати расидан ба ҳақиқат намоён аст. Имрӯз бештари он масъалаҳое, ки дар ин ҳафтанома ба табъ мерасанд, масъалаҳои доғанд. Вақте як нафар ҳақиқатро дарёфт карда наметавонад ё вақте як нафар мехоҳад масалан ягон масъалаи бисёр муҳими зиндагии худро, бигзор сиёсӣ аст ё иҷтимоӣ, фарқ карда тавонад, вале ба нокомӣ дучор мешавад, ба «Пайкон» рӯй меорад. Маҳз тавас­сути ҳафтаномаи «Пайкон» ӯ муваффақ меша­вад, ки арзи худро масалан ба мақомоти дахл­дор расонад. Имрӯз ман нисбати муассиси он Ҷумъаи Толиб ва сармуҳаррир Фазлиддин Асо­зода гуфтанӣ ҳастам, ки ҷавонмардони воқеан дар роҳи матбуот сарсупурда ҳастанд, новоба­ста аз он, ки бисёр мушкилиҳо пеши роҳи ин ҳафтанома мешаванд. Онҳо бо як ҷавонмардӣ, бо як ҳисси ғамхорию дилсӯзӣ имрӯз дастгири ниёзмандону дармондагон мегарданд.

Ман ба кормандони «Пайкон» 2-солагии ин ҳафтаномаи бонуфузро муборакбод мегӯям, дар ҷодаи расидан ба қуллаҳои баланд ба онҳо муваффақият онҳо орзу мекунам.

Мухтор БОҚИЗОДА, раиси Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистони Тоҷикистон:

«Пайкон» ба дарди дили садҳо нафар гӯш дод

«Пайкон» дар Наврӯз ин мисли он аст, ки ид болои ид омадааст. Аз ин хотир тӯли ду сол фаъолият наму­дани ҳафтаномаи «Пайкон» ба бисёр дардҳо марҳам гашта, фошгӯи як идда масоили баҳсталаб будааст.

Хонандаи имрӯзи матбуоти тоҷик ба хубӣ дар­ку эҳсос намудааст, ки тайи ду соли фаъолияташ ҳафтаномаи «Пайкон» ба дарди дили садҳо нафар гӯш додаву арзу доди онҳоро мӯшикифона рӯйи саҳифа овардааст. Ҳар навиштаи ҳафтаномаи «Пайкон» дар масоили иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии кишвар да­лолат аз он мекунанд, ки аҳли қалами ин ҳафтаномаи ҳақталош бештар ба он кӯшиш равона мекунанд, ки аз ҳаводиси ба вуқӯъ омада ҷомеаро огоҳ намоянд.

Навиштаҳои ин ҳафтанома аз дигар ҳафтаномаҳои мустақил бо он фарқ мекунанд, ки дар ин ҷо бештар мавзӯъҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва моҷароҳои судӣ мавриди тадқиқу таҳлил қарор гирифта, пайгирона ва силсиланок рӯи чоп меоянд. Дар навиштаи хабар­нигорони ин ҳафтанома касбияти рӯзноманигорӣ ба пуррагӣ дида мешавад.

Чун фасли баҳор аст ва табиат аз нав эҳё ме­гардад, ба аҳли қалами «Пайкон» навидҳои тоза дар рӯзгорашон, дар сиҳатмандияшон ва дар фаъолияти эҷодияшон орзумандам.

Рубрики:БМСТЖ
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: