«Ҷабрдида»-ҳои давлатӣ

ва ё то ба кай «сари кафида зери тоқӣмемонад?»

Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта

Ба таваҷҷӯҳи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар он ҷой Суюнхолов Ҳазратқул бо оилааш, келинҳояш ва дигар аъзоёни оилааш зиддият нишон доданд. Келинҳояш ва ҳамсараш пеши роҳи тракторро гирифта, доду фиғонро сар карданд. Сипас, шахсан Суюнхолов Ҳазратқул ва писараш Суюнхолов Файзалӣ Ҳазратқулович ба сӯйи трактор санг партофта, нис­бати аъзоёни гурӯҳ бо забони ӯзбекӣ дашномҳои ғайриинсонӣ карданд. Бо чунин амалҳои ғайриқонунӣ мамоният мекарданд, ки қарори раиси ноҳия ва амри прокурори ноҳия амалӣ нагардад. Баъд Суюн­холов Ҳ. бо санги дар дасташ буда ба сари худаш зада сарашро хун­шор кард. Бо ин кирдорҳои онҳо аъзоёни гурӯҳ вазифаҳои хизматиа­шонро иҷро карда натавонистанд, инчунин Суюнхолов Ҳ. бо амалҳои ғайриқонуниаш ба аъзоёни гурӯҳ зарари маънавӣ расонид, ки дар ин хусус аз ҷониби гурӯҳи корӣ са­над тартиб дода шуд. ӯ нисбат ба судшавандаҳо даъво надорад.

Ҷабрдида Латипов С. Ш. нишон­дод дод, ки ӯ дар вазифаи муови­ни раиси ҷамоати деҳоти Зайна­бобод кор мекунад. Суюнхолов Ҳазратқул роҳи байни ҳамсоягонаш Ҳамроқулов Зиёхол, Ҷӯрабек, Зои­рова Узурой ва Эргашев Ҳасанро худсарона оғилхона сохта маҳкам намудааст, баъд шаҳрвандони дар боло зикршуда ба ҷамоат муроҷиат кардаанд, мутахассисони ҷамоат омада диданд, ки дар ҳақиқат роҳи мазкурро шаҳрванд Суюнхолов Ҳ. ғайриқонунӣ мурғхона ва оғилхона сохта маҳкам кардааст. Баъд ӯ ба Суюнхолов Ҳ. фаҳмондааст, ки шумо роҳро ғайриқонунӣ маҳкам кардаед ва ин корро бо ҳамсоягонатон худа­тон ҳал намоед. Сипас, Суюнхолов Ҳ. ба Прокуратураи ноҳия муроҷиат кард. Дар натиҷаи санҷиш муайян шуд, ки дар ҳақиқат Суюнхолов Ҳ. қитъаи заминро худсарона ишғол намуда, дар он ҷо як мурғхона ва як оғилхона сохтааст. Дар ин хусус амри прокурори ноҳия аз 7 октябри соли 2009 бо дастрасии моддаи 104 Ко­декси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи моддаи 28 Қонуни Кон­ститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти Прокурату­раи Ҷумҳурии Тоҷикистон» оиди бе­таъхир бартараф кардани монеагӣ ба унвони раиси ноҳия баромад, дар навбати худ раиси ноҳия 29 де­кабри соли 2009 қарор дар бораи баргардонидани қитъаи замини худ­сарона ишғол намуда баровардааст. Баъд гурӯҳи кории ҷамоат ба хонаи шаҳрванд Суюнхолов Ҳ. дар таъри­хи рӯзҳои 20.01.2010, 27.01.2010, 18.03.2010, 07.04.2010 сол бо техникаи зарурӣ барои дар амал иҷро кардани қарори раиси ноҳия ҳозир шуда хостанд, ки роҳро кушо­янд, аммо Суюнхолов Ҳ. ба дохили мурғхонааш даромада нагузошта­аст, ки вайрон кунанд ва ҳамроҳи писараш ва дигар аъзоёни оилааш монеагӣ нишон медодааст, ки сан­ги ба дасташ буда ба сараш зада­аст, сараш хуншор шудааст, трактор ба тарафи қафо рафтааст аъзоёни гурӯҳ ҳам аллакай рафта истода будаанд, ки ҳамин вақт писараш Файзалӣ омадааст, ва ӯро ҳамроҳи келинҳояш хостаанд ба хона ба­ранд, аммо ӯ гуфтааст, ки ӯро ба Вазорати корҳои дохилӣ баранд. ӯ ягон аъзои гурӯҳро дашном накар­дааст ва бо санг ҳам назадааст, ӯро ҳам ягон кас дашном накардааст ва назадааст.

Судшаванда Суюнхолов Ф. Ҳ. дар маҷлиси судӣ ба айби ба ӯ эъ­лон кардашуда худашро гунаҳгор нашуморида нишондод дод, ки дар ҳиқиқат ӯ ҳамроҳи падараш, барода­ронаш дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Зайнабобод деҳаи Кишо­варз зиндагӣ мекунад ва аз аввал замине ки дар онҷо мурғхона ва оғилхона сохтаанд муддати тӯлонӣ ба онҳо тааллуқ доштааст ва ҳоло ҳам аз они онҳо мебошад. ӯ бо па­дараш соли 2005 дар қисмати ши­молии ҳавлии истиқоматиашон як мурғхона ва соли 2008 як оғилхона сохтааст, ки баъди ин ҳамсояашон Ҳамроқулов Раҳмонқул аз падари ӯ хоҳиш кардааст, ки барои писаро­наш Ҳамроқулов Зиёхол ва Ҷӯрабек, ки дар поёни ҳавлии Суюнхолов Ҳ. хона доранд аз паҳлӯи оғилхонааш роҳ диҳад, аммо падари ӯ розӣ на­шуда гуфтааст, ки дар ин ҷо 50-60 сол шуд зиндагӣ карда истодаанд ва замин ба онҳо тааллуқ доштааст, ба ягон кас роҳ намедодааст ва гуфта­аст, ки пеш кадом роҳеро истифода мебурдед, ҳамон роҳро истифода баред. Баъд аз ин барои сохтмони оғилхонаашон падарашро корманди Кумитаи заминсозии ноҳияи Рӯдакӣ Сафаров Ҳ. ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, аз падараш ҷарима сито­нидааст. Барои вайрон кардани ин оғилхона ва мурғхонаашон, пеш аз ин ҳодиса боз якчанд мароти­ба гурӯҳи корӣ бо техникаи зарурӣ аз тарафи ҷамоат омада, амри Прокурори ноҳия, Қарори Раиси ноҳияро нишон додаанд, аммо онҳо нагузоштаанд, ки гурӯҳи корӣ ин иншоотҳои ғайриқонунӣ сох­таашонро вайрон кунанд. 30 июли соли 2010 ӯ ҳамроҳи тағояш Хол­боев У. дар маркази ноҳия будааст ва тахминан соатҳои 10:00 ба ӯ аз хонаашон занг зада хабар додаанд, ки комиссия барои вайрон карда­ни сохтмонашон омадааст. Пас аз шунидани ин хабар ӯ ба хонааш рафта дидааст, ки сари падараш Суюнхолов Ҳайдарқул хуншор аст. ӯ ҳамроҳи ҳамсараш ва як келини дигарашон ба тарафи роҳ рафта ис­тода буданд. ӯ аз падараш пурсида­аст, ки чӣ ҳодиса рӯй дод. Дар ҷавоб падараш гуфтааст, ки Ҳикмати баро­дари ҳамсояашон Ҳамроқулова Ой­хол аз дасташ гирифта ба як тараф кашидааст, ки падараш дасташро ба дигар тараф кашидааст ва сан­ги дар дасти падараш буда, ба сари падараш задааст, сабабаш он буда­аст, ки бояд гурӯҳи кории ҳукумати ноҳия мурғхона ва оғилхонаи Су­юнхолов Ҳ.-ро барои ба ҳамсоя роҳ кушодан вайрон кардаанд. ӯ ягон касро аз гурӯҳи корӣ таҳдиди зӯроварӣ накардааст ва ягон касро аз аъзоёни гурӯҳ дашномҳои қабеҳ накардааст, танҳо ҳамон шахсро дашном кардааст, ки сари падараш Суюнхолов Ҳ.-ро кафондааст».

Дар маҷлиси судӣ нишондоди ҷабрдидаҳо М. Ш. Юсупов, муови­ни аввали раиси ноҳияи Рӯдакӣ К. Бадалов, мудири шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи иҷроияи раиси ноҳияи Рӯдакӣ низ шунида мешавад. Судя ҳукм мекунад:

«Cуюнхолов Ҳазратқул ва Су­юнхолов Файзалӣ Ҳазратқулович дар содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 328 қисми 1 ва 330 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда гунаҳгор дониста;

— ба Суюнхолов Ҳазратқул бо моддаи 328 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати як сол ва бо моддаи 330 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо бо ҷарима ба ан­дозаи панҷсад нишондиҳанда ба­рои ҳисобҳо таъин карда шавад.

Ба дастрасии моддаи 67 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ҷазои сабуктарро дар бар гириф­тани ҷазои вазнинтар Суюнхолов Ҳазратқул ҷазои ниҳоӣ бо маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати як сол бо адо намудан дар калонияи ислоҳи дорои низоми умумӣ таъин карда шавад.

Мутобиқи моддаи 71 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Суюн­холов Ҳазратқул ҷазо шартан татбиқ накарда, ду сол мӯҳлати санҷишӣ муқаррар карда шавад.

Назорат аз болои рафтори Суюн­холов Ҳазратқул дар давоми мӯҳлати санҷишӣ ба зиммаи ШКИ РКИ Ва­зорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.

Суюнхолов Ҳазратқул ӯҳдадор карда шавад, ки бидуни огоҳ кар­дани ШКИ РКИ Вазорати адлият Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи зисташ­ро иваз накунад.

— ба Суюнхолов Файзалӣ Ҳазратқулович бо моддаи 328 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо бо корҳои ислоҳӣ дар ҷойҳое, ки мақомоти иҷрокунандаи ҳукм муайян мекунанд, вале дар маҳалли зисташ, ба мӯҳлати як сол бо нигоҳ доштани 10 фоизи музди маошаш ҳар моҳ ба фоидаи давлат ва бо моддаи 330 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо бо корҳои ислоҳӣ дар ҷойҳое, ки мақомоти иҷрокунандаи ҳукм муайян меку­над, вале дар маҳалли зисташ, ба мӯҳлати шаш моҳ бо нигоҳ доштани 10 фоизи маошаш ҳар моҳ ба фои­даи давлат таъин карда шавад.

Бо дастрасии моддаи 67 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи пурра зам кардани ҷазоҳои таъин­гардида ба Суюнхолов Ҳазратқул ҷазои ниҳоӣ бо корҳои ислоҳӣ дар ҷойҳое, ки мақомоти иҷрокунандаи ҳукм муайян мекунанд, вале дар маҳалли зисташ, ба мӯҳлати як солу шаш моҳ бо нигоҳ доштани 20 фои­зи музди маошаш ҳар моҳ ба фои­даи давлат таъин карда шавад».

Ана, ин аст натиҷаи як баҳси байни ду шаҳрванд. Дар бораи то кадом андоза ба меъёрҳои қонунгузорӣ мувофиқ будани ин ҳукм чизе намегӯем. Зеро ҷавобгарон ба зинаи кассатсионии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи кассатсионӣ ариза навиш­таанд. Натиҷаи онро интизорем. Вале чизи дигар ҳайратовар аст, ки чаро дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва прокуратураи ин ноҳия нишондо­ди қонунро ба эътибор намегиран­ду баръакс барои амалӣ намудани ҳадафҳои ким-кадом шахс худашон қонунро вайрон мекунанд. Дар боло ишора намудем, бори дигар таъкид менамоем, ки дар ин қитъаи замин Суюнхоловҳо якчанд нафар бо аҳли оилаашон зиндагӣ доран­ду дар давоми ин солҳо андози за­минро ба пуррагӣ пардохт карда­анд. Воқеан Х.Суюнхолов якчанд маротиба ба раиси ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки ҳайати ои­лааш калон мебошад. Қитъаи за­мине, ки фарзандонаш дар он ман­зили истиқоматӣ сохта ва бо аҳли оилаашон зиндагонӣ доранд, бо роҳи қонунӣ ба онҳо тақсим карда дода шавад, зеро “ин қитъаи замин ҳамчун хоҷагии ёрирасон муддати 40 сол дар истифодабарии мо аҳли оила қарор дошта, маблағҳояшро мо супорида истодаем”. Аммо ин арзи ӯро ба инобат нагирифтаанд. На танҳо ба раиси ноҳия, балки ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти мам­лакат ва дигар мақомоти дахлдор муроҷиат мекунаду арзашро наме­пурсанд.

Тибқи талаботи Қонуни Консти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» риояи якхелаи қонунро дар Тоҷикистон мақомоти прокуратура назорат ва амалӣ ме­намояд. Намедонем, ҳангоми Про­куратураи ноҳияи Рӯдакӣ бо амри худ аз 07.10.2009 сол №8/51Вх раиси ноҳияи Рӯдакиро водор на­муданаш, ки гӯё қитъаи замини Суюнхоловҳо худсарона ишғол на­муда бошад ва ба қонунвайронкунӣ роҳ додаанду ба ҳолати аввал бар­гардонида шавад, муайян карда бошанд, ки сухан дар бораи кадом қисмати замин меравад? Гуфтем, бори дигар гӯшзад мекунем, ки амри прокурор ба тариқи умумӣ нисбат ба он қитъаи замин дода шудааст, ки дар гӯшаи дигар ме­бошад. Ҳайратафзо аст, мақомоти дахлдор, аз он ҷумла Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ чаро чанд сотих за­мини солҳо боз истифода мебурдаи Суюнхоловҳоро диданду дар шафа­ти он 40 сотих замини пахтаи барои манзилгоҳ истифода мебурдаро на­диданд? Ё пеши чашмашон тира гардида буд? Охир Фармони Пре­зиденти мамлакат оид ба заминҳои обиро бо мақсади ғайрикишоварзӣ истифода набурдан аз соли 2003 инҷониб амал мекунад. Пас агар дар Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ «риояи якхелаи қонунгузориро таъ­мин намоянд» бояд нисбат ба ин масъала ҳам таваҷҷӯҳ зоҳир ку­нанд. Минбаъд дар асоси ин амри прокуратура ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ қарор мебарорад, ки оғил ва мурғхона чаппа карда шавад. Дар асоси қарори раиси ноҳия ко­миссия таъсис медиҳанд. Таъсиси комиссияву нафарони дар он им­зогузошта ҳам шӯбҳаоваранд.

Бе ягон ҳалномаи суд оғил ва мурғхонаи Х. Суюнхоловро чаппа мекунанд. Аз рӯйи гуфтаи онҳо, дар натиҷаи ин амал 130 дона ши­фер, 4 куб тахта, 200 дарза алафи табиӣ, як мошин коҳ, 10 метр сет­ка, 3 дона дар, 30 халта семент, як мошин сангмайда (шебен), як мошин санги калон, як мошин қум, 3 мошин хок, 1500 сомонӣ ҳаққи усто, як дарвозаи калони ҳавлӣ бо ду трубаи васлшудааш зарар дида­аст.

Акнун ба моддаҳое, ки Суюнхоловҳоро гунаҳкор карданд, таваҷҷӯҳ намоед:

Моддаи 328. Истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият.

1. Истифодаи зӯроварие, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок нест ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ, ҳамчунин таҳдиди несту нобуд кар­дани амвол нисбат ба намояндаи ҳокимият ё наздиконаш вобаста ба иҷрои вазифаашон.

Моддаи 330. Таҳқири намоян­даи ҳокимият. Таҳқири оммавии на­мояндаи ҳокимият ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ё вобаста ба иҷрои онҳо.

Дар куҷои рафтори Суюнхоловҳо аломатҳои ин моддаро дидан мум­кин аст? Магар ҳимояи моликияти хеш истифодаи зӯроварию таҳқири оммавии намояндаи ҳокимият аст? Чаро ин «ҷабрдида»-ҳои давлатӣ фикр накарданд: барои он манзилгоҳҳое роҳ кушода истода­анд, ки хилофи Фармони Президент дода шудааст? Ё барои онҳо ҳадаф аз Фармони Президенти мамлакат боло меистад? Ниҳоят чаро хизмат­чии давлатӣ худ талаботи қонунро вайрон мекунаду боз «Ҷабрдида» эътироф мешавад? То ба кай қишри камбизоати ҷомеа ҳам за­рари моддӣ мебинаду ҳам зарари маънавӣ ва ҳам дар назди қонун посух мегӯяд?

Ҷумъаи Толиб,

Фазлиддин Асозода,

Аҳлиддини САЛИМпУР,

Азимҷон Бадалов,

БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: