Главная > Иқболи САИДЗОД > Иди матбуот ва ҳиммати вазорати фарҳангу мукофоти акбари саттор

Иди матбуот ва ҳиммати вазорати фарҳангу мукофоти акбари саттор

Иди матбуоти соли 2011 нисбат ба солҳои гузашта чандон тафовути зиёд надошт ва додани ҷоизаву мукофотҳо ба «соҳибонашон» ба қавле ҳамон «Аҳмади порина» монд, ки монд. Ҳҳамасола Вазорати фарҳанг соҳибони ҷоизаҳоро муайян мекунад ва имсол низ мукофотҳо соҳибони ҳамешагии худ, ба мисли рӯзномаву ҳафтаномаҳо, радиову телевизиони давлатиро тарк накард. Аҷобати кор дар он аст, ки дар иди матбуот бештар аз ҳама кормандони

радиову телевизион ҷоиза мегиранд. Гӯё ин ид пеш аз ҳама иди радио-телевизион ва баъдан иди матбуот бошад.

Мухолифи онам, ки журналистонро телевизиониву матбуотӣ ном баранд, вале иди матбуот ба хотири таъсиси аввалин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои Шариф», ки 11-уми марти соли 1912 ба табъ расидааст, сурат гирифтааст, ки ин санаро дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи матбуот ҷашн мегиранд. Ба ҳамин монанд дар Тоҷикистон радио ва телевизион ҳам таърихи таъсиси худро доранд ва чаро мукофот ба кормандони радиову телевизион дар ин рӯзҳо дода нашавад?

 

Ба Вазорати фарҳанг бӯҳрон асар кардааст?

Дар додани мукофотҳо имсол аз ҳиммати Вазорати фарҳанг аз чӣ бошад, ки камтар таваҷҷӯҳ шуд. Зеро соли гузашта маросими тақсими ҷоизаҳо бо тантана ва шӯру ғавғо су­рат гирифта буд ва ҳатто вазири фарҳанг худ вақташро дареғ надошта, ба табрикгӯии жур­налистон ташриф оварда буд. Лекин имсол на вазир омад ва на тантанаи соли сипаришуда такрор ёфт. Журналистонро муовини вазири фарҳанг Миралӣ Достиев бо номаи табрикӣ «хуш омадед» гуфт ва барои додани ҷоизаҳо шояд вақт надошт, ки танҳо бо додани гулда­ста соҳибони ҷоизаҳоро сарфароз гардониду бас. Дар аввал ба назар чунин мерасид, ки шояд бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ воқеан ба Вазорати фарҳанг асар кардааст, ки аз до­дани мукофотпулиҳо ба рӯзноманигорон соли ҷорӣ даст кашида, танҳо бо гул онҳоро табрик мегӯяд. Гӯё Вазорати фарҳанг бепул шудааст. Вале дар асл танҳо «стил» дигар шуда буда­аст. Муовини вазири фарҳанг иброз дошт, ки гумони рӯзноманигорон дур наравад, зеро аз сабаби вақти зиёдро нагирифтан мукофотпулиҳоро дар ҳузури аҳли маҷлис, бо тантана тақсим накардааст ва соҳибонашон метавонанд, ки баъд аз хотимаи ҷашн рафта мукофотҳояшонро гиранд.

Кай ин ҷоизаҳоро соҳибонашон «талоқ» медиҳанд?

Ширкаткунандаи ин маҳфил Мавзуна Аб­дуллоева мегӯяд, ки маросими супоридани ҷоизаҳо аз ҳама шавқовар ва ҷолибтарин бахши иди матбуот ба шумор мерафт, ки им­сол аз барнома берун шудааст. Аз ҳамин рӯ, ҷашни имсолаи матбуот чандон ботантана ва шавқовар нагузаштааст.

Дар ҳамин ҳол иддае аз рӯзноманигорон бар ин назаранд, ки супоридани ҷоиза ё бар­гузории консерту суханрониҳо ҳеҷ вижагии хосе надошт ва надорад. Танҳо ба хотири Рӯзи матбуот ба толор меоянд ва ҳеҷ дигаргуние­ро эҳсос накардаанду интизор ҳам нестанд. Зеро аз қабл маълум аст, ки ду-се ҳофиз су­руд месароянду 5-6 раққоса китфу бозу ва чашму абрӯро бо ноз меҷунбонанду халос. Аз тақсими ҷоизаҳо ва супоридани он ба киҳо андеша ҳам кардан зарур нест. Зеро маълум аст, ки ин ҷоизаҳоро аллакай ба соҳибони ҳамешагӣ «никоҳ» карда додаанд ва онҳо ҳеҷ гоҳ ба «талоқ» розӣ намешаванд.

Донишҷӯи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Наврӯз Қурбонов бар ин назар аст, ки азбаски ҷоизаҳоро Вазорати фарҳанг тақсим меку­над, дар супоридани он ҳамеша авлавиятро ба матбуот ва расонаҳои давлатӣ медиҳад. Ин ба шакли як анъана даромадааст ва дар бештари маврид намояндагони матбуоти мустақил чашмдори он ҳам нестанд, ки супо­ридани ҷоизаҳо мунсифона сурат мегирад ва онҳо соҳиби мукофот мегарданд. Ба андешаи вай, Иттифоқи журналистон бошад, барои додани ҷоиза ба рӯзноманигорон бештар аз ҷиҳати молӣ танқисӣ мекашад ва сарпарасто­ни хоҳишмандро дарёфтан кори душвор аст.

Раиси ИЖТ аз шӯхиҳои худ намонд…

Дар иди матбуоти имсола низ раиси ИЖТ ҳангоми суханронияш бо шӯхиҳои нозук ва маънидори худ аҳли маҷлисро ба шакархан­ду заҳрханд водор сохт. Агар соли гузашта аз даъвои «Тоҷикстандарт» болои «Пайкон» ҳарф зада, онҳоро ба ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекард, имсол аз хусуси даъвои Вазорати кишоварзӣ ва ҳафтаномаи «Миллат» сухан кард. Вай гуфт, ки ҳарчанд сарпарастони им­сола барои ба ӯҳда гирифтани мукофотпуливу ҷоизаҳо ташкилоту ниҳодҳои дохилӣ, ба мо­нанди Вазорати кишоварзӣ, ширкати «Барқи тоҷик» ва «Вавилон-т» мебошанд, аммо ново­баста аз сарпарастии онҳо, Акбари Саттор аз мавқеи журналистон ва матбуот ҳимоят хоҳад кард. Инчунин ҳангоми ба хабарнигори ҳафтаномаи «Миллат» Толибшоҳи Саидзода супоридани мукофот бо шӯхӣ иброз дошт, ки «намояндаи ҳафтаномаи «Миллат» мегӯяд, ки тӯҳфа аз Вазорати кишоварзӣ бошад, нахоҳад гирифт, вале хавотир нашавад, ин тӯҳфаи Ва­зорати кишоварзӣ нест». Ҳамзамон суханро бо як гуфтаи президент оғоз кард, ки чунин буд: «Мо бояд озодии суханро пурра қадр ку­нем ва аз он пурсамар истифода намоем» ва бо зикри ин ҷумла, тавре лаҷоми суханро бо тобиши хосе ба масъулияти рӯзноманигор дар баёни озодии сухан рабт дод, ки аз он бардошти гуногуне метавон дошт.

Яке аз бардошт ин гуна метавонад буд, ки рӯзноманигорон набояд аз чорчӯбаи муайяншудаи озодӣ берун раванд ва ба бемасъулиятӣ ном бароранд. Вале сухани пре­зидент дар бораи қадри озодии сухан ва ис­тифодаи пурсамари он мерафт, на масъулият ва бемасъулиятӣ. Як ҷумлаи дигари нимшӯхӣ ва нимҷиддии раиси ИЖТ чунин садо дод, ки боқимондаи ҷоизаву мукофотро соли оянда ба соҳибонаш месупорад ва онро раиси нави ИЖТ амалӣ хоҳад кард. Зеро мӯҳлати иваз шу­дани роҳбари ИЖТ фаро хоҳад расид. Инчунин Акбари Саттор беҳтарин мукофотро барои худ аз ҷои намоёнро ишғол кардани фарзандо­наш дар олимпиада арзёбӣ кард, ки ба қавли ӯ, аз ин олитар тӯҳфае буда наметавонад.

Дар маҷмӯъ, иди матбуоти имсола чандон бошукӯҳ ҳам нагузашт ва ба назар чунин ме­расид, ки аз супоридани ҷоизаву мукофотҳо то баргузории консерт нисбат ба соли гузаш­та як навъ таваҷҷӯҳи камтар зоҳир мешуд. Зеро тантанаи супоридани мукофотҳо ҳам ба вуқӯъ напайваст ва дар барномаи консертӣ ҳам танҳо ҳофизони классикӣ сароиданд ва мисли соли гузашта аз сарояндаҳои эстрадаи тоҷик касе дар ин ид таронасароӣ накард. Аммо дар ҷашни иди матбуот чанд соли пеш ҳатто барномаҳои ҳаҷвӣ ҳам ба намоиш гу­зошта мешуд, ки ин анъана низ аз байн раф­тааст. Ҳарчанд барномаҳои ҷашнии давлатӣ дар Рӯзи матбуот сол то сол бо камхарҷиву маҳдудиятҳое анҷом шавад ҳам, як чиз бетағйир идома меёбад, ки ин ҷашни иди матбуот — рӯзи 11-уми март аст ва он ҳамаи рӯзноманигоронро новобаста аз давлативу мустақил ё мавқеу манзалаташон сари як миз ва як толор ҷамъ меорад, ки ҳамин худ кофист.

Иқболи САИДЗОД

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: