Главная > Меҳронаи САБО > Наврӯзро чӣ гуна ҷашн мегирем?

Наврӯзро чӣ гуна ҷашн мегирем?

Ҳамасола Иди Наврӯзро мо — тоҷикон бо шаҳомати хос ҷашн ме­гирифтем. Аммо баъдан он пуршукӯҳтар шуд, чун аз соли 2010 мақоми Рӯзи байналмилалии Наврӯзро гирифт. Аз ин баъд, ҳамагон шоҳидем, ки иди Наврӯз дар дигар кишварҳо низ пайваста таҷлил мешавад. Яъне, албатта ба мушоҳида мерасад таваҷҷӯҳи дигар миллатҳо ба маросиму анъанаҳои тоҷикон. Пас, худи мо — тоҷикон имсол:

Ҳикматулло САЙФУЛЛОЗОДА, узви ҳНИТ:

— Бояд дониста бошем, ки аслан пеш омадану рафтани ҳеҷ амал ва ҳаводисе беҳикмат нест. Инсонҳо бо зовия ва дидгоҳҳои мухталиф инро мефаҳманд, яке андак, дигаре беш­тар. Умуман, таҷлили Наврӯз умед ба фардои нек аст ва аз Худованд тақозои онро дорем, ки фардои миллатро нек ва ба аслаш муносиб бигардонад. Ҷомеа Наврӯзро ҳар тавре ҷашн мегирад, банда онро тағйир дода наметавонам ва ҷузъе ҳастам аз он.

Гавҳар ҳОМИДОВА, котиби матбуотии кумитаи андоз:

— Наврӯзро дар якҷоягӣ бо ҳамкорону дӯстон, бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишва­ри маҳбубамон ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки ниёгонамон ҷашн мегирам.

Ман арзишҳои Наврӯзро ал­батта бо либоси миллӣ, таомҳои мардумӣ, умуман ба ифтихори миллӣ доштани халқи тамаддунпар­вар ва кӯҳанбунёди тоҷик тавъам мебинаму аз он мефахрам.

Дар маҷмӯъ, ҳар он чи ки мил­лист ва аз мост, бароям арзиши боло дорад.

Ҳоло аниқ намедонам, вале агар имкон даст диҳад, албатта дар ин шабу рӯзи ҷашнӣ ҳамроҳ бо духтарчаҳоям ба сайргоҳи идо­на мебароям. Ба бозиҳои миллии варзишӣ, масалан гӯштин, бузкашӣ бетаваҷҷӯҳ нестам. Шояд ба тамо­шои ин гуна маросимҳои мардумӣ низ равам. Ин аҷиб аст…

Абдусаид АХМЕДОВ, мута­хассиси пешбари шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират:

— Мо Наврӯзи аҷамро бо шукӯҳ пешвоз хоҳем гирифт. Зеро ин ид иди аҷдодони мо — тоҷикон аст ва ватанаш Тоҷикистони азизи мост, ки бо иқдоми сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тара­фи СММ иди байналмилалӣ эълон гашт.

Мо Наврӯзро бо оро додани да­стурхони ҳафтсину ҳафтшин, пӯхтани суманак ва анвои шириниҳо, баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили гӯштин, фут­бол, бузкашӣ мегузаронем, ки хеле ҷолибу диданист. Ҳамчунин, гулгардонӣ ва бо дӯстони наздик ба саҳро баромадан расми деринаи мардуми мост. Мо дар ин рӯз ба дидори ақрабо меравему Наврӯзро дар як ҷо дастаҷамона бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мекунем.

Гуфтаниям:

Наврӯз омаду мо хумор тоза

кардем,

В-он зангҳои дилро аз пор тоза

кардем.

Матлубаи ДОДИХУДО, корман­ди радиои «Ватан»:

— Наврӯзро мисли ҳарвақта дар хона, бо ҳамсояҳо ва дӯстони на­здик пешвоз хоҳам гирифт. Табиист, ки дар ин рӯз чун таомул суманак омода мекунем, хон меороем ва дигар… фақат рақсу бозӣ.

Соҳибқадам НАЗИРОВ, муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия:

— Мо гарчанде дар мулки мусофирӣ ҳам бошем, иди Наврӯзи оламафрӯзро хубу хуш пешвоз ме­гирем. Наврӯз Соли нави миллати мост.

Ман даҳсолаи охир дар Наврӯзи Ватан иштирок надорам ва ҳамеша дар орзуяш ҳастам, ки онро дар диёр гузаронам. Мо инҷо, ки мул­ки мардум аст, барои гузаронида­ни ҷашни Наврӯз имкони васеъ надорем. Барои ҳамин, ҳар кас ин ҷашнро дар хонаҳояшон пеш­воз мегиранд. Мо дар рӯзи ҷашни Наврӯз ҳама гуна хӯрокҳои миллиро мепазем, ба ғайр аз суманак, ки таҳия карданаш заҳмати хос мета­лабад.

Сӯҳроби ЗИЁ, рӯзноманигор:

— Дар рӯзҳои Наврӯз маъмулан ба дидори падару модарам, ба ру­сто меравам. Модарам ҳар сол су­манак таҳия мекунанд, ки ба наза­рам лазизу хушмазатарин суманак ё ҳамон саману аст. Оши бурида ва «гандумкуча», ки сабзиҷоту гиёҳҳои баҳорӣ доранд, аз хӯрокҳои дигаре хаст, ки дар хонаи мо маъмулан таҳия мекунанд.

Аммо чанд сол мешавад, ки дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз сари кор ҳастам. Соли гузашта дар остонаи Наврӯз барои таҳияи як гузориши телевизионӣ аз Наврӯзи тоҷикони Қирғизистон ба рустои Андарақи вилояти Боткенди ин кишвар рафта будем. Дар рӯзи Наврӯз дар ноҳияи Данғара будем. Бо ин вуҷуд талош мекунам дар рӯзҳои Наврӯз бо аҳли хонавода бошам.

Шаҳло ТӯРАЕВА, сокини шаҳри Душанбе:

— Ба ростӣ, ҳозир як шахси бекор ҳастаму шояд бо баҳонаи ҷашни Наврӯз ба аёдати момову бобоям равам. Тӯли ин солҳо банди кор бу­дам ва пазмони дидори рӯи хешу табор гаштам. Ман хешу табореро, ки дар деҳот ҳастанд, онҳоро дар назар дорам. Чун Наврӯз иди зинда гаштан ё тавлиди табиат мебошад, ман кӯшиш мекунам, ки ба аёда­ти хешу ақрабои деҳотиам равам ва бо дастурхони идонаи деҳот, ки пурнозу неъмат аст, Наврӯзро пеш­воз гирам. Маҳз дар деҳот ҳама хӯрокҳои қадимиамон, ки қариб аз байн рафтаанд, омода карда меша­ванд ва мехоҳам аз онҳо нӯши ҷон кунам. Бо ин имкон мехоҳам дасти дуои бобову момоямро, ки қариб як қарн умр доранд, бигирам. Ба гумо­нам, ин беҳтарин таҷлили наврӯзии ман мешавад.

Фароҳамсоз: Меҳронаи САБО

Рубрики:Меҳронаи САБО
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: