Главная > Uncategorized > Насиҳати бидуни дин сафсата аст

Насиҳати бидуни дин сафсата аст

Охираш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта

Дар моддаи 20-и қонуни озо­дии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ омадааст: «Ибодат, расму оин ва маросимҳои динӣ… дар ибодатгоҳҳо ва хонаҳои шаҳрвандон анҷом дода шавад». Аммо дар моддаи 23 бо­шад, баръакси онро мебинем: «Фа­ъолияти таблиғотӣ ва маърифатии иттиҳодияҳои динӣ… дар манзилу хонаҳои шаҳрвандон манъ аст».

Дин ин ягона василаест, ки пеш­рафти давлат ва иттиҳоди мардумро таъмин мекунад.

Дар зербанди моддаи 7 чу­нин омадааст: «Дар вақти шабо­на ҳузури фарзанди ноболиғро дар муассисаҳои дилхушкунанда, марказҳои компютерӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ намоянд». Ин банди лоиҳаи қонун нисбат ба банди дигар, ки фарзандонро аз рафтан ба марказҳои динӣ манъ ме­кунанд, бо қайди шабона муқаррар шудааст, аммо нарафтан ба марказҳои динӣ мутлақан омадааст (яъне шабу рӯзро дар бар мегирад). Ҳол он ки рафтан ба дискотекаҳо наврасонро ахлоқашонро фасод, ҳатто ба куштору дасти таҷовуз ва нашъамандӣ оварда мерасонад, рӯзона иҷозат дода шудааст. Аммо масҷид макони тарбияи ахлоқист. Сӯҳбати уламои дин ба инсоният ғизои маънавӣ ва рӯҳӣ мебахшад. Онҳо дар мавъизаҳояшон аксаран дар бораи аз бар намудани илму ҳунар, некӣ кардан ба халқу Ватан, ҳифз аз буму марзи кишвар ва ди­гар хислатҳои хуби инсонӣ сӯҳбатҳо мекунанд.

Ин таҳқири ошкор ба эътиқоди мусалмонҳост.

Ногуфта намонад, ки марказҳои фасод ҳеҷ алоқае ба тамаддуни миллӣ ва мазҳаби тоҷикон надо­ранд, баръакс фарҳанги моро ба нобудӣ оварда мерасонанд.

Талаби иҷрои қонунҳое, ки тааллуқ ба ахлоқ доранд, заминаи хело ҳам зиёди тарбиявиро тақозо дорад. Саволе ба миён меояд, ки оё имкон дорад, ки бо қабули қонун дар мардум ё ҷавонони чандин сол дур аз тарбия тағйирот ба вуҷуд орад? Ин самт самти насиҳат ва тавсия аст, на самти қонун. Бояд қайд кард, ки тарбият фақат ва фақат кори дин аст, на кори таълим.

Дар моддаи 12 — “ҷавобгарии падару модар” ман гумон дорам, ки фарзанд вақте то нисфи вақт дар хона нест, ӯ дар мактаб аст, агар ра­ваду ба кори ноҷое даст зад, падару модари ӯро ба ҷарима ё ҷавобгарӣ мекашанд, ин як таҳдид ба волидай­ни ӯ мебошад. Ман пешниҳод меку­нам, ки дар ин ҷавобгарӣ мактаб низ ҷалб шавад, зеро ҳеҷ падар ё модар намехоҳад фарзанди ӯ ба чу­нин кор даст занад. Дуюм ин ки, ал­лакай ӯ дар ихтиёри мактаб қарор дорад.

Дар зербанди моддаи 7 ома­дааст: «Ҷалби фарзандони худро барои гирифтани таълим дар мак­табу таълимгоҳҳои ғайриқонунӣ ва ё ба назди шахсони алоҳидаи бе иҷозатнома фаълолияткунанда манъ намоянд». Ин банди лоиҳа дар сурате имкони иҷро шуданро меги­рад, ки тамоми фарзандони мусал­монон имкони омӯхтани фароизи диниро дар ҷумҳурӣ дошта бошанд. Ҳол он ки, масъала дар кишвар ба ҳисобӣ 1% ҳам намерасад. Талаби ин қонун баъди ба тасвиб расида­наш бо роҳи қонуншиканӣ ба амал меояд.

Дар зербанди моддаи 7 — «Риоя намудани либосҳои мактабиро дар ҳамаи зинаҳои таълимот таъмин намуда, аз ҷониби онҳо пӯшидани либосҳоро дар доираи «этикет» назо­рат намоянд». Аввалан, аксарияти қишри ҷомеаи моро мардуми кам­бизоат ташкил медиҳад. Онҳо имкон надоранд, ки 5-6 фарзанди мактаб­хони худро бо либосҳои мактабӣ дар ҳамаи зинаҳои таълимӣ дар до­ираи этикет таъмин намоянд. Аз ин рӯ, давлат бояд сараввал имконоти рушди иқтисодро таъмин намояд, сиёсати иҷтимоӣ, ҷойи кор, моҳона ва ғайраро боло бардорад…

Ин банди лоиҳа низ ранги ис­ломситезиро дорад, зеро қонуне дар ин маврид вуҷуд надошт. Аммо намояндаҳои Вазорати маориф дар тамоми мактабҳои таҳсилоти умумӣ, донишгоҳҳову донишкадаҳо бо таҳқирҳои зиёд аз сари толи­билмон рӯймолҳояшонро каши­да гирифтанд. Акнун баъди қабул гардидани лоиҳаи қонуни мазкур, дар сурати пӯшидани рӯймол толи­билмро ҳам рӯймолаш аз сараш гирифта ва ҳам падару модараш ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Аммо Худованди ҳамаи оламиён дар ин маврид қонуни дигар дорад, ки риояи он аз ҷониби ҳамаи му­салмонон ҳатмист. Акнун ин банди қонун ҷанги оилавиро дар оилаҳои мусалмон эҷод мекунад. Агар па­дар ва модари мусалмон аз духта­рашон тақозои пӯшиши исломӣ ку­нанд, ҷинояткори қонуншикан ба ҳисоб мераванд. Аммо агар худи духтар хостори ин амал бошад, дар ин сурат ҳам падару модар бояд нагузоранд, ки пӯшиши исломӣ до­шта бошад.

Ҳеҷ волидайни мусалмон барои худ иҷоза нахоҳад дод, ки дастуро­ти исломиро нодида бигирад ва ба муқобили он амал кунад. Онҳое, ки мехоҳанд ба воситаи ин лоиҳаи қонун хоҳишҳои худашонро ба тариқи иҷборӣ амалӣ кунанд, бояд бидонанд, ки Худованд аз нияти бандагонаш огоҳ аст ва ҳамаи чиз­ро дар ҷойи худ қарор хоҳад дод.

Худованд дар Қуръон мефар­мояд: «Агар он ду (падару модар) бикӯшанд, ки надониста чизеро шарики ман қарор диҳӣ, аз онҳо итоъат накун» (Сураи «Луқмон», 15).

Агарчи воладайн, аз назари Ис­лом, аз ҳуқуқи волое бархӯрдоранд, вале ҳуқуқи онҳо низ ҳадду канор дорад ва онҳо ҳаққи аз марзи худ гузаштан ва дахолат кардан ба ҳуқуқи Худовандро надоранд. Бино­бар ин, дар сурате, ки падару мо­дар бар хилофи амри Худо фармон диҳанд, аз онҳо итоат набояд кард. Зеро пайғамбари Худо Муҳаммад (с) мефармоянд: «Ба ҳар касе, ки дар саркашӣ аз фармони Худо амр мекунад, итоат карда намешавад, ҳамоно итоат дар корҳои нек аст».

Лозим ба ёдоварист, ки лоиҳаи қонуни мазкур мусалмонони воқеиро миёни худ ва муқаррароти шариати Ислом дар байни дуроҳа қарор додааст. Агар якеро интихоб кунад, дар назди дигаре ҷавобгар…

Хулласи калом, қонуни наве, ки дар мавриди масъулияти падару мо­дарон таҳия кардаанд, ба манфиати мусулмонон набуда, рӯҳияи аз дин дур шудани ҷомеаи шаҳрвандиро нишон медиҳад. Аз нигоҳи мо, са­баби асосии паст будани сифати таълиму тарбия ва костагии ахлоқи ҷавонон худи волидай ва ҷомеа аст. Дар мактабҳо омӯзгорони соҳибтаҷриба аз сабаби паст буда­ни маош намерасанд. Бинобар ин, аксарияти муаллимон аз сабаби вазнинии шароити иқтисодӣ тарки омӯзгорӣ намуда, ба кори дигар ё ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Ҷойи онҳоро шогирдони дирӯза бе маълумоти илмӣ гирифтанд, ки на дониши қазоӣ доранду на таҷрибаи кофӣ. Дар аксарияти кишварҳо соҳаи маорифро дувумдараҷа аҳамият медиҳанд, зеро онҳо хуб медонанд, ки пешравии тамоми соҳа аз кадрҳои баландихтисос во­баста аст. Талаба дар мактаб, пас аз он дар донишгоҳ таълими хуб гирад, ҳам миллат ва ҳам ватан пешрафта мегардад.

Барои давлату ҳукумати мо ло­зим аст, ки пеш аз баровардани ин гуна қонунҳо, тавре дар боло гуфта гузаштам, якум бояд бар зидди фа­сод, ки саросари ҷомеаи моро фаро гирифтааст, ҷиддӣ мубориза барад. Зеро фасод (коррупсия) ҷомеаро ба нобудӣ оварда мерасонад…

Аз ин рӯ, давлатро зарур аст, ки мактабу масҷидро на душман, бал­ки шарик ва кӯмакрасони ҳамдигар қарор бидиҳад.

Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ чи хуб гуфта:

Ҳастии миллат з-оинасту бас,

Ботини дини Набӣ инасту бас.

Миллатеро рафт чун оин зи даст,

Мисли хок аҷзои ӯ аз ҳам шикаст.

Иқбол ҳастии миллӣ, ҳуввияти миллатро аввалиндараҷа дар дину оин нишон медиҳад.

Бинобар ин, мо — шаҳрвандони кишвар аз органҳои қонунбарор ва аз вакилони мардум дархост ме­намоем, ки ҳангоми қабули қонуни мазкур ҳаматарафа андеша кунанд, то ба хатоӣ роҳ надиҳанд. Санаде­ро ба тасвиб расонанд, ки дар он манфиатҳои миллати мусулмон ба инобат гирифта шавад, ки боиси ифтихор ва сарбаландии онҳо ва насли ояндаи миллат гардад.

Хушназар ГАДОЕВ,

сокини деҳаи Шоҳамбарии ноҳияи Ҳисор

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: