Главная > Комил Бекзода > Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта

Номи «Ихвонуссафо» аз чӣ иқтибос шудааст?

Худи онҳо эътироф мекунанд, ки ин номро иқтибосан аз як ҳикояи китоби «Калила ва Димна» гириф­таанд. Аксарияти муҳаққиқон низ ҳамин ақидаро таъкид кардаанд. Ин ном дар он ҳикоя дар шакли (сафватулихвату) «бародарони пок» омадааст. Танҳо Карра де Во номи «Ихвонуссафо»-ро тарҷимаи арабии калимаи юнонии «философия» дони­ста, ки ба назари ӯ калимаи (ихвон) муодил ва баробари philos буда, (уссафоъ) муодили sophia мебошад. Чуноне ки маълум аст, калимаи юнонии philo ба маънои «дӯст ме­дорам» омада, калимаи sophia ба маънои «ҳикмат» аст. Дар сурате, ки калимаи (ихвон) «бародарон» маънӣ медиҳад ва ба дӯстдорӣ ро­битае надорад. Чун бародар будан, ҳанӯз маънои дӯстдориро надорад. Ҳиссаи дуюми калимаи филосо­фия яъне «ҳикмат» дар асли он исм аст. Вале шакли (уссафоъ) «пок», сифат аст. Дар ҳар сурат ба ин маънӣ омадани ибораи «Ихвонус­сафо», ақаллан аз назари забонӣ аз ҳақиқат дур аст. Танҳо метавон як навъ қаробати маъноӣ байни ин ду ибора қоил шуд. Илова бар он ки худи муаллифони «Расоил», аз куҷо иқтибос кардани ин номро хотир­нишон намудаанд. Муҳаққиқони Аврупоӣ як тамоили умумӣ доранд, ки мехоҳанд асос ва сарчашмаи фарҳанги ҷаҳониро (хусусан шарқи асримиёнагиро) аз Аврупо (ва ху­сусан Руму Юнон) пайдо кунанд. Албатта, вақте ки эътирофи худи му­аллифи гузашта қабул нашавад, дар он сурат барои фарзу тахминиҳои «олимона» майдон фарох аст…

Аввалан бояд номи «Расоил»-ро пурра дар назар гирифт: «Ихвонус­сафо ва хуллонулвафо», яъне «ба­родарони поксиришт ва дӯстони вафодор». Маънои умумии ин ибо­ра далолатгари он аст, ки ҷамоати мазкур мақсаде амалӣ дар пеш до­ранд ва иҷроиши он ба покии сират ва вафодории аъзоёни он вобаста аст. Ҳарчанд номҳои қофиядор (сафо-вафо) як шеваи маъмулии му­аллифони асримиёнагии ислом аст, вале ҳарду калима дар ин мисол далолаткунандаи ҳамон як мақсади муайян аст. Яъне покӣ ва вафодорӣ дар роҳи ба даст овардани ҳадафи муайян. Ҳамон ҳадафи амалие, ки «Ихвонуссафо» дар асри Х доштанд, ҳамонро ба таври дигар «Ихвонус­муслимин» (бародарони мусулмон) дар калимаи бародарон набуда, балки дар калима «мусулмон» аст. Зеро дар асри ХХ даъвоҳои бародарӣ ва баробарӣ фаровон бу­данд. Ин ҷо мусулмон будан шарти аз ҳама муҳим аст. Дар асри Х «Их­вонуссафо» бо аслиҳаи поксириштӣ ва вафо мардуми ғайри арабро ба муқобили империяи арабӣ-исломӣ мешӯрониданд, дар сурате, ки дар асри ХХ «Ихвонусмуслимин» бо шиори «мусулмон будан» ҳамаи миллатҳои араб ва ғайри арабро ба муқобили Аврупои империалистӣ равона кардаанд. Дар ин ҳолатҳо контексти таърихӣ муҳим аст, на тобишҳои гуногуни ин ё он калимаи шиоргардида. Тахмини мо ин аст, ки номи «Ихвонуссафо ва хуллонул­вафо» номи фалсафӣ набуда, балки бештар тамоили сиёсии ин ҷомеаро ифода мекунад.

Муаллифони «Расоил»

намояндаи кадом миллат буданд?

Дар таҳқиқотҳои муосир ба ин ҷиҳати масъала кам аҳамият до­даанд. Қариб ҳамаи муҳаққиқони европоӣ нависандагони «Расоил»-ро араб шуморидаанд. Аз дониш­мандони муосири шарқӣ Забеҳулло Сафо онҳоро «табақае аз ҳукамои Эрон шуморидааст. Муайян намуда­ни миллат ва нажоди ин муаллифон аз аҳамият холӣ нест. Зеро ҷамоаи махфие чун «Ихвонуссафо» метаво­нист ифодакунандаи манфиатҳои ин ё он табақа ва ё қавму нажоде бошад.

Муаррихи машҳури асримиёнагӣ Ибни Қифтӣ дар ки­тоби худ бо номи «Таърихулҳукамо» муаллифони «Расоил»-ро аз шахсо­ни зерин иборат медонад: Абу Су­лаймон Муҳаммад Ибни Маъшари Бустӣ, Абулҳасан Алӣ ибни Ҳорун аз Зинҷонӣ, Абу Аҳмади Меҳрҷонӣ, Авфӣ ва Зайд ибни Рифоъа.

Шаҳрзӯрӣ дар китоби «Нузҳат-ул-арвоҳ ва равзат-ул-афроҳ» ин номҳоро ба андаке тағйир, чу­нин зикр мекунад: Абу Сулаймон Муҳаммад ибни Маъшари Бустӣ маъруф ба Мақдисӣ, Абдулҳасан Алӣ ибни Ҳорун ас-Собӣ, Абу Аҳмади Наҳрҷурӣ, Авфии Басрӣ ва Зайд ибни Рифоъа.

Аз ин номҳо пайдост, ки ба ғайр аз Зайд ибни Рифоъа, дигар ҳамаашон, форс ва тоҷик будаанд. Зеро лақабҳои зинҷонӣ, меҳргонӣ, нахрҷурӣ далолат ба минтақаҳои эронинажод мекунад. Аз ин гузаш­та файласуфи маъруф Абу Ҳаёни Тавҳидӣ дар «Рисола фи с садоқа ва с саддиқ» (Қустантания, 1301, 1884м, саҳ.31-33) овардааст, ки вазири машҳур Абуабдуллои Саъ­дон (мақтул ба соли 375 ҳ.) = (985 м) гурӯҳе аз донишмандонро назди худ овард ва аз ҷамъоварии гуфтори онон «Расоил»-и «Ихвонуссафо»-ро ба вуҷуд овард. Номи он донишман­дон чунинанд: Ибни Заръа (331-398 ҳ.) (942-100 7 м.). Мискавейҳ ар-Розӣ (вафоташ 421 ҳ.) (1030 м.) Абулвафои Бузҷонӣ, Абулқосими Аҳвозӣ, Абу Саиди Баҳром, Ибни Шоҳавия, Ибни Бакр, Ибни Ҳаҷҷоҷ аш-Шоир, Шӯхии шиъӣ (вафоташ ҳ-қ.391) — (1000 м.) ва Ибни Убайди Котиб.

Ҳатто дар ин гурӯҳ ҳам номҳои Мискавейҳ, Розӣ (аз шаҳри Рай) Ҷузҷонӣ, Аҳвозӣ, Баҳром, Шоҳавия ва шӯх далолат бар форс-тоҷик бу­дани онҳо мекунад. Дар навиштаи Шаҳрзӯрӣ номи яке аз онҳо Авфии Басрӣ омадааст ва кас шояд гумон кунад, ки ба сабаби аз Басра буда­наш, бояд араб бошад. Вале Кифтӣ дар асари худ ҳамон Авфии Басриро Абу Аҳмад Меҳрҷонии Авфӣ зикр на­мудааст, ки аз номи Меҳргонӣ мета­вон дарёфт, ки араб набуда, балки форс-тоҷик будааст. Номҳои дигаре ки зоҳиран нишонаи арабӣ доранд, дар асл хеле мухтасар зикр шудаанд ва дар шакли ҳозираашон доир ба нажоди соҳиби он номҳо ҳукми қатъӣ баровардан мумкин нест. Албатта дар ҷамоае чун «Ихвонус-афо», ки дар асрҳои миёна дорои ақидаи нисбатан универсалӣ буд, дохил будани намояндагони миллатҳои дигар низ эҳтимол дорад. Чуноне ки мебинем, дар байни намоянда­гони зикршуда, яке Абулҳасан Алӣ ибни Ҳорун ас-Собӣ ном дорад, ки шояд аз ҷамоаи собеиён бошад. Як далели зимнӣ дар худи «Расоил» дучор меояд, ки аз рӯи мазмуни он арабҳоро аз ҳуқуқи муаллифи «Расо­ил» будан, маҳрум мекунад: «Аммо миллатҳое, ки ҳеҷ як илме, санъа­те ва адабе ба вуҷуд наовардаанд иборат аз: курдҳо, арабҳо, зангиҳо ва туркҳо мебошанд, ки на танҳо ин ҳунарҳоро надоранд, балки дар сиришт ва табиаташон низ рағбате ба илму ҳунар вуҷуд надорад. Миллатҳои шавқманди илм ибора­танд аз: аҳли Форс (форсу тоҷик), аҳли Ироқ, аҳли Шом, аҳли Рум ва дигар миллатҳо». Гумон меравад, ки агар муаллифони «Расоил» араб мебуданд, доир ба нажоди худ ба ин назар наменигаристанд. Ба ин муносибат саволи ҷузъие пеш мео­яд, ки чаро ашъори иқтибосшудаи арабӣ дар «Расоил» аз ашъори форсӣ зиёдтаранд? Зеро даъво ва даъвати «Расоил» ба мамлакатҳои империяи арабӣ равона карда шуда буданд. Забони империя забо­ни арабӣ буд. Дигар ин ки агар му­аллифон араб мебуданд, аслан ягон порча шеъри форсӣ ҳам наметаво­нистанд, илова кунанд. Чун аз байни миллати ҳоким каманд шахсиятҳое, ки забони қавмҳои маҳкумро то ба дараҷаи шеършиносӣ аз худ ку­нанд. Фаровонии ашъори арабӣ ва форсӣ далел бар он аст, ки муалли­фон, ки худ форс-тоҷик буданд ва за­бони арабиро низ хуб медонистанд, барои тақвияти фикри худ, порчаҳои шеъриеро бо арабӣ ва форсӣ ба шоҳидӣ меоварданд.

(Давом дорад)

Андешаҳои равшанфикрони миллии тоҷик

Устод Садриддин Айнӣ

(1878-1954, Душанбе)

Фалсафаи таърих

Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта

Ба фикри фақир (муаллиф), асли миллатпарварӣ он аст, ки ба коре, ки қувваташон намерасад, иқдом наку­нанд. Балки ба танвири афкор кӯшанд, то ки аҳолӣ донову ҳозир шаванд. Зеро агар бо вуҷуди нуқсони қувват ба корҳои бузург тадохул ва иқдом намоянд, рӯзе маҷбур мешаванд, ки барои ҳифзи ҳаёти худ ба аҷнабиён илтиҷо баранд, баъд аз он маҷбур мешаванд, ки ба риояи хотири аҷнабиён ё (бо) эътимоду такя бар қувваи эшон кардан, ба фалокатҳои азима худро­ву ватани худро гирифтор намоянд. Мо дар чанд ҷойи ин дафтар аз танвири аф­кор (равшанфикрӣ) ва нашри улум баҳс кардем. Аз ин фирқаҳо гумон наравад, ки фирқае, ки ҳозир худро тараққипарвар меноманд, ҳамаи эшон мунаввар-ул-фикранд ва боқии аҳолӣ надонанд, не! Аксари ҳамин фирқаи тараққипарварон низ нодон буданд. Хусусан аз сиёсиёт ҳеҷ хабаре надоштанд. Дар инқилоботи сиёсиҳое, ки ба таворих хондаанд, кӯркӯрона тақлид мекарданд. Дар фикре, ки имрӯз иҷро карданӣ мешаванд, фардои онро андеша намекарданд. Манфиатҳои мавҳумеро, ки дар хаёли худ таҷассум медонанд, бо мазарратҳои (зарарҳои) муҷассами муҳаққақ (воқеӣ) қиёс карда намедиданд. Оре, дар байни эшон як-ду нафар соҳибқаламон ва соҳибилмон мавҷуд буданд, инҳо низ каммуҳокима (сатҳӣ) ва кӯтаҳандеша буданд. То рӯзи инқилоб кори мусбати нофеъе (фоидано­ке) карда, ҷалби қулуби (дилҳои) мардум­ро накарда буданд. Балки эшон аз се зид мураккаб (иборат) буданд: гуфторашон ва кирдорашон мувофиқ набуд; таҳрирашон (навиштаҳояшон) ба тақрирашон (гуф­торашон) мухолиф буд; дар ҳаракот, са­канот, дар либосу одот коре мекарданд, ки якранг аз мардум дур мешуданд. Гӯё ки қасдан нафрати аҳолиро ба худ ҷалб мекарданд. Валҳосил (хулоса), илму ама­ли нофеъ дар байни тараққипарварон низ мафқуд (ва номавҷуд) буд, фақат дар баъзеи эшон нияти пок ва холис буду бас. Ин холисниятон низ дар кони намак маҳв шуда буданд. Вақте ки байни маъ­мурони рус ва ҳукумати Бухоро ислоҳоти Бухоро муҳокима ва музокира меёфт, аз Петроград низ телеграфе мушъир ва огоҳкунанда ба лузуму зарурияти ислоҳоти Бухоро дар элчихона (сафоратхона) ва ҳукумати Бухоро расид. Баъд аз ин, омаду­шуди маъмурони рус дар Бухоро бисёртар шуд. Шабҳову рӯзҳо ба ҳузури қушбегӣ ис­тода, мушовира мекарданд. Аксари шабҳо ба таҳти манор ва ҳавлии подшоҳӣ байту­тат (шабгузаронӣ) менамуданд. Қушбегӣ аз аҳолӣ Мирзо Муҳйиддин ва як-ду нафа­ри дигарро ба ҳузури худ хоста, дар боби ислоҳот машварат кард. Азбаски он вақт аз ин қабил музокираҳоро зиёда махфӣ медоштанд, банда аз тафсилоташ боха­бар нестам. Ҳамин қадар аз манбаъҳои мавсуқ (боваринок) шунидам, ки дар ҷавоби истишораи (машварати) қушбегӣ Мирзо Муҳйиддин гуфтааст, ки «Азбаски замон, замони инқилобу шӯриш аст, бе ислоҳот нигоҳ доштани ҳукумат мушкил менамояд. Бинобар ин манфиати давлати олӣ дар он аст, ки ба зери ҳимояти ҷаноби олӣ ва ба назорати арбоби ҳукумати олӣ ислоҳоте мувофиқи шаръи шариф иҷро карда шавад. Дар ин сурат, ҳам аҳолӣ розӣ ва ҳам афкори умумии аҷониб (хориҷиҳо) сокит мешавад, ҳам дар қуввати ҳукумат меафзояд, ҳам вилоят ободу маъмур ме­шавад».

(Давом дорад)

Рубрики:Комил Бекзода
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: