Главная > Uncategorized > Устувории Давлат ва ҳокимияти судӣ

Устувории Давлат ва ҳокимияти судӣ

«… Конститутсияи ҶТ ҳокимияти судиро ҳамчун як шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эъ­тироф намудааст, ки бояд дар мустаҳкамии қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ, сохтмони давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҷои намоёнро ишғол намояд. Дар ҳақиқат, устувории давлат ба адолати судӣ сахт вобаста аст». («Бар­номаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар ҶТ», ки бо Фармони Пре­зидент 23.06.2007 тасдиқ шудааст).

Моддаи 2-и Қонуни ҶТ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ муқаррар кар­дааст, ки: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ шуда, дар баробари ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроия амал менамояд».

Ба амал баровардани адолати судӣ — ин риояи бечунучарои қонун ва санадҳои зериқонунӣ аз тарафи суд мебошад. Ба ҳамин хотир, дар моддаи 12-и қонуни зикршу­да омадааст, ки: «Судя бояд Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳоро бечуну чаро риоя намояд, дониш ва таҷрибаи ху­дро барои иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи судя гузошта шудаанд, истифода кунад, шои­стаи номи худ бошад».

Ба инобати ҳамин кори муқаддас судяҳо дар асоси матни моддаи 17-и қонуни фавқуззикр ҳангоми гузаштан ба мансаби судягӣ бо матни мазкур савганд ёд мекунанд: «Бо тантана савганд ёд мекунам, ки вазифаи худро бошарафона ва аз рӯи виҷдон иҷро менамоям, адолати судиро танҳо мутобиқи Конститутсия ва қонун ба амал бароварда, бо амри виҷдон холисона ва одилона анҷом медиҳам».

Судҳо вазифаи худро бо роҳи ба амал ба­ровардани мурофиаи судии конститутсионӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ амалӣ мекунанд. Моддаи 21-и Қонуни Суди конститутсионӣ, моддаи 3-и КМГ, моддаи 9-и КМҶ, моддаи 6-и КМСИ ва моддаи 7-и Кодекси маъмурӣ дар ҳар шакл, аммо ба як мазмун муқаррар кардаанд, ки суд ҳангоми амалӣ намудани вазифаҳои мурофиаи судӣ бояд ба «таҳкими адолат, қонуният ва тарти­боти ҳуқуқӣ, татбиқи дурусти қонунҳо ва ди­гар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бечуну чаро мусоидат кунанд».

Дахлнопазирии суд, муқаррар шуда­ни ҷазо барои беэҳтиромӣ ба суд маҳз ба муқаддасот ва дахлнопазирии қонун вобаста аст. Аммо ин қоидаҳо ба шахси суд ҳақ надо­даанд, ки онҳо худро аз дигар тоифаи ҷомеа боло гузоранд.

Ин иддаоро моддаи 5-и асоситарин қонун — Конститутсия бо чунин шакл эълон кардааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзи­ши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва ди­гар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дав­лат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».

Давлат механизми ин ҳимояро дар мод­даи 14-и Конститусия ба ин маънӣ баён кар­дааст: «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.

Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъ­мин мегарданд».

Чуноне дида мешавад, ҳокимияти судӣ муҳимтарин ҳокимият аст. Зеро дар дӯши вай ҳимояи қонун ва адолати татбиқи он дар муносибати байни ҳокимияти қонунгузор ва ҳокимияти иҷроия ба ишти­рокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ истодааст. Ин ҳокимиятҳо бошад, дар якҷоягӣ маши­наи давлатиро ташкил менамоянд. Бо забо­ни содалавҳона, агар ҳокимияти қонунгузор санади меъёрие қабул намояд, ки он ҳуқуқи шахс ва ё ҷомеаро халалдор намояд (меъё­ри ин баркаш Конститутсияи давлат аст, ки он танҳо аз тарафи халқ бо роҳи овоздиҳии умумӣ қабул шавад) онро суд (конститсионӣ), агар ҳокимияти иҷроия ҳамчунин амал на­мояд, онро низ суд (гражданӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ) метавонад ислоҳ намояд. Аммо агар ҳокимияти судӣ чунин хато ва иштибоҳро ба амал барорад, ислоҳи он танҳо ба дасти давлат, дар чеҳраи Президент ва дастгоҳи он ислоҳпазир аст. Аммо маълум аст, ки дасти ҷомеа ба давлат (Президент ва дастгоҳи он) басо кӯтоҳ аст. Пас, дар чунин ҳолат, бешта­ри вақт ҳуқуқҳои шахси вайроншуда беислоҳ мемонад ва чунин шахсон эҳтироми худро ба давлат (яъне, Дастгоҳи Президент ҳамчун ка­фили ниҳоии риояи қонуният) гум мекунанд. Ин бошад, ба паст шудани обрӯ ва нуфузи давлат сабаб мешавад. Давлате, ки эҳтиром ва бовари мардумро аз даст медиҳад, пеш­рав ва шоиста нест.

Дар амалияи ҳаёти ҳуқуқии ҷомеа муш­килоти назариявӣ ва амалие вуҷуд дорад, ки он ҷавоб мехоҳад. Ҳангоме ки шахсони ҳуқуқашон халалдоршуда ба мақомоти гу­ногун, аз ҷумла Дастгоҳи Президент, Шӯрои адлия, Прокуратура шикоят мекунанд, мута­ассифона дар аксар ҳол аз мақомоти мазкур ба онҳо як ҷавоб муяссар мешавад: «Дахо­лат ба ҳокимияти судӣ роҳ дода намешавад». Савол аст, ки мақомоти мазкур ин амалро барои аз худ рад кардани масъала ба ҷо ме­оранд ва ё гирифтори муқаррароти моддаи 7-и Қонун «Дар бораи судҳои ҶТ» мешаванд, ки дар он гуфта шудааст: «Ҳар гуна дахолат ба фаъолияти судя ҳангоми ба амал баровар­дани адолати судӣ манъ аст ва тибқи қонун ҷавобгарӣ дорад».

Агар мурод аз худ рад кардан бошад, пас чунин мансабдор дидаву дониста гуноҳ (гражданӣ, маъмурӣ, ё ҷиноятӣ) содир кар­дааст. Агар мурод «бим» аз муқаррароти моддаи 7-и зикршуда бошад, пас, чунин ман­сабдор лоиқ ба мансаби ишғолкарда нест ва боз ҳам нодониста гуноҳ содир кардааст, зеро дар асоси таъиноти моддаи 42-и Кон­ститутсия «надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад». Мақомоти Дастгоҳи Президент, Шӯрои адлия, Прокуратура ва ғайра аз воҳидҳои давлат буда, дар асоси ваколатҳои аз қонунҳои ба онҳо мансуб пур­ра метавонанд дар муқобили қонуншиканӣ чораи мушаххаси қонунӣ бинанд.

Чунин ваколатро барои Дастгоҳи иҷроияи Президент «Низомнома дар бораи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ», ки бо Укази Прези­дент 25-уми феврали соли 2002, таҳти №202 тасдиқ шудааст, дар қисми 11, бандҳои 8, 10, 12; қисми 30, бандҳои 2, 3, 8; барои Шӯрои адлия «Низомномаи Шӯрои адлияи ҶТ», ки бо фармони Президент аз 14.12.1999 тасдиқ шуда, бо фармони Президент аз 1.03.2003, таҳти №1033 тағйироту илова дароварда шу­дааст, дар қисми 1, қисми 7, бандҳои 3, 10, қисми 13, бандҳои 3, 7, 11; барои Прокура­тураи ҶТ Қонун «Дар бораи мақомоти Про­куратураи ҶТ» моддаи 5, бандҳои 4, 6, 10, 11; моддаи 7, 34-43 муқаррар кардааст ва танҳо онро воқеъбинона ва барои таъмини ризоияти ҷомеа истифода бояд кард.

Аз тарафи дигар, дар матни моддаи 7-и Қонун «Дар бораи судҳои ҶТ» муҳимтарин ибо­ра ибораи «ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ…» мебошад. Яъне, дахолат кар­дан ба фаъолияти суд ҳамон вақт ҷавобгарӣ дорад, ки агар суд дунболи татбиқи адолати судӣ бошад. Дар сурате, ки суд бархилофи ин амал кардан дорад, вай аллакай дар асоси моддаи 349-и КҶ ҷиноят содир кардааст ва чунин судя ҳеҷ дахлнопазирие надорад ва набояд дошта бошад.

Аз тарафи дигар, дар амалияи солҳои охир чунин ҳолат нисбатан маъмул шуда­аст, ки ба шикояти аз болои санадҳои судии қабулшуда бештари мақомоти дахлдор чу­нин ҷавоби маъмул ва якранг мегардонанд: «Шикояти шумо мавриди санҷиш қарор дода шуд. Муайян шуд, ки нисбати шумо ин ҳолат рух дод, тарафи муқобил ин кард, суд ин тавр ҳал кард, шумо онро шикоят кардед, мақоми болоӣ ин тавр ҳал кард». Ҷои ҳайрат аст, ки оё шикояткунанда худ намедонист ки чӣ буду чӣ шуд!? Мурод аз шикоят магар он аст, ки як бори дигар ба ӯ раванди ҳодисаро ёдовар шаванд, ё шикоят ба он хотир аст, ки мақомоти болоӣ масъаларо бо ҷалби шико­яткунанда мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор диҳад?

Дар солҳои ба баъд ҳолати аз суди марҳилаи якум то марҳилаи назоратӣ ва аз он ҷо боз аз зинаи аввал дар ин марҳилаҳо тоб хӯрдани як парванда ҳукми анъанавӣ гирифтааст. Ва ҷои нигаронӣ аст, ки агар суди марҳилаи аввал қароре қабул кард, ки он бекор карда шуд, чаро нисбати чу­нин судя чораи ҷиддӣ дида нашавад? Ёд дорам солҳои Шӯравӣ агар ду парвандаи қарорқабулкардаи як судя дар зинаи болоӣ бекор карда мешуд, чунин судя ба якборагӣ бо мансаби худ «худоҳофизӣ» менамуд.

Воқеияти ҳаёти ҷамъиятӣ як масъалаи дигари баҳсталаберо ба вуҷуд овардааст. Ин ҳам масъалаи эътирофи мансубияти «Ко­декси одоби хидматчии давлатӣ» аст, ки бо фармони Президент аз 14-уми июни соли 2004, таҳти №1343 тасдиқ шудааст. Иддаи судяҳоеро вохӯрдаам, ки андеша доранд хидматчии давлатӣ нестанд ва Кодекси маз­кур ба онҳо тааллуқ надорад. Яъне, бо ин гуфтор ин гурӯҳ манзалати худро «махсус» ва болотар аз хидматчии давлатӣ донанд.

Шарҳи ин суол бар он аст, ки дар қонунҳо ҳокимияти қонунгузор, ҳокимияти судӣ ва ҳокимияти иҷроия шохаҳои ҳокимияти давлатӣ номбар шудаанд. Давлат мафҳуми васеъ аст, ки дар худ ҳар гуна мақомотеро, ки ба пиёда кардани Конститутсия ва қонунҳо ваколати раҳбарӣ, назорат, таъминро до­ранд, дар бар мегирад. Ин сохторҳо аз сода ба сӯи мураккабанд.

Яъне, ҳокимияти давлатӣ ба дараҷаҳо тақсим шуда, ваколати ҳар кадоми онҳо ба­рои дараҷаҳо муқаррар аст. Ва Кодекси одо­би хидматчии давлатӣ новобаста аз дараҷа ва зинаҳои ҳокимияти давлатӣ ба ҳамаи онҳо, аз ҷумла ба судҳо низ тааллуқ дорад. Ва инак дар Кодекси мазкур меъёрҳои зе­рине мавҷуданд, ки ҳар шахс ҳангоми муно­сибат бо хидматчии давлатӣ аз вай натиҷаи онҳоро интизор аст:

Муҳаммадлии Нуралӣ, адвокат

(Давом дорад)

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: