Главная > Uncategorized > Хабарнигори «Пайкон» соҳиби Ифтихорномаи Вазорати фарҳанг

Хабарнигори «Пайкон» соҳиби Ифтихорномаи Вазорати фарҳанг

11-уми март дар толори Театри давлатии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бахши­да ба Рӯзи матбуоти тоҷик бо ҳузури аҳли қалам ҷашни идо­на баргузор гашт. Бо сухани ифтитоҳӣ муовини аввали вазири фарҳанги кишвар Миралӣ Дости­ев аз номи роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзноманигоронро бо ин рӯзи фархунда табрику муборакбод гуфт.

Дар рӯзи ҷашн ба чанде аз рӯзноманигорони шинохта, аз ҷумла бо пешниҳоди ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба Нозирҷон Ёдгорӣ, бо пешниҳоди «Миллат» ба Толибшоҳи Сайидзода, бо пешниҳоди Иттифоқи журнали­стон ба рӯзноманигори собиқадор Абдураҳмон Расулӣ, бо пешниҳоди радиои «Ватан» ба Алиҷон Ҷӯраев барои силсиламаводҳо дар мавзӯи пешгириии бемории сил, бо пешниҳоди радиои «Тоҷикистон» ба Фаррух Зиёеву Сайидмуроди Хоҷазод ва дар бахши телевизион ба Шавкат Муҳаммадиев Ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ тақдим гардид.

Ҳамчунин, донишҷӯи курси панҷуми Донишкадаи санъа­ти ба номи Мирзо Турсунзода Маъруфзода Бузургмеҳр барои маводҳои радиоӣ ва донишҷӯи курси панҷуми факултаи журнали­стикаи ДМТ Усмон Ниёзов барои силсиламаводҳои чопӣ ғолибони Ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ шу­данд. Хабарнигори ҳафтаномаи «Пайкон», донишҷӯӣ факултаи филологияи ДМТ Азимҷон Бада­лов ба гирифтани Ифтихорномаи Фазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор дониста шуд.

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: