Главная > Азимҷон БАДАЛОВ > Гоҳ-гоҳ дар «Наврӯзгоҳ»

Гоҳ-гоҳ дар «Наврӯзгоҳ»

Наврӯз. Баробар шудани шабу рӯз. Рӯзи нав. Рӯзи фархунда. Ва ниҳоят Рӯзи байналмилалӣ. Чӣ хуб аст шунидани он, ки Наврӯзи Аҷам мақоми байналмилалӣ гирифтаву акнун на танҳо миёни мардуми форсизабон, балки дар дигар кишварҳо, ҳатто дар Аврупо таҷлил мешавад. Дар мо, ки чанд рӯз пеш он фаро расид, назар ба солҳои қаблӣ шукӯҳу шаҳомати бештар дошт ва чунин менамуд, ки мардуми тоҷик дер боз ин рӯзи навро интизор буданд. Зеро ба мушоҳида мерасид чеҳраи шукуфони ҷавонон, ба гӯш мерасид хандаи мастонаи кӯдакону наврасон ва ҳатто хурсандона барқ задани чашмони кампиру мӯйсафедҳо аз назар пинҳон намемонд. Аммо дар ин радиф чеҳраҳои маҳзун ҳам дида мешуд. Чаро маҳзун?

Даромадан намонданд…

Қарор буд рӯзи 21-уми марти соли ҷорӣ дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт Иди Наврӯз ҷашн гирифта шавад ва чунин ҳам шуд. Чун аз ҷониби шаҳрдорӣ ба ҳафтаномаи «Пайкон» низ барои иштирок дар ҷашн даъватнома ирсол гардида буд, банда саҳари барвақт сӯйи «Наврӯзгоҳ» шитофтам. Соат 7:45 дақиқаи субҳ буд, аммо аллакай аз зиёдии одам роҳ рафтан ҷониби ҷашнгоҳ душвор. Ҳатто ба он андоза, ки роҳҳо баста шуд, ва зану мард, кӯдаку мӯйсафед ҳама осемасар роҳи якдигарро буридаву гоҳ-гоҳ кафши ҳамдигарро зер карда, дар тараддуди пештар расидан ба «Наврӯзгоҳ» гаштанд. Ман ҳам чанд маротиба паҳлӯи баъзе одамон дакка хӯрдам ва агар чолокӣ намекардаму пеш намегузаштам, шояд чанд шатта ҳам мехӯрдам. Фикр мекунам дигарон низ ҳоли ман ва эҳсоси маро доштанд. Зеро чанд нафарро мушоҳида кардам, ки бо чеҳраи норозӣ ба якдигар пичинг мезаданд. Бархеи дигар лаб инҷ намудаву шояд бо назардошти мақоли «кал аввал сари худашро табобат кунад» сухане баланду бурро гуфта наметавонистанд. Зеро ғайриимкон буд, ки онҳо низ дар ин «пойга»-и дастаҷамъӣ пойи чанд нафарро бо пойпӯши пур аз чангу хокашон зер накарда бошанд. Вале сарфи назар аз мушкили роҳгардӣ ҳама ба пеш ҳаракат мекард. Ман низ босуръат пеш мерафтам. Аммо чун каме аз роҳ то «Наврӯзгоҳ» монд, дидам, ки баъзе нафарҳо аллакай тараддуди бозгашт доранд. Андешидам, шояд онҳо нафароне, бошанд, ки кайҳо вориди «Наврӯзгоҳ» гардидаву аз тамошо сер шудаанд. Не. Фикрам хато баромад. Чанд зан, ки рӯ ба рӯям меомаданд, бо ҳам сӯҳбати паст доштанд ва маълум буд, ки навакак вохӯрдаанд. Нафаре мегуфт, ки аз соати 6-и саҳар боз назди дарвоза интизорӣ кашида, мутаасифона ба дохил роҳ наёфтааст. Чун чанди дигар пеш рафтам, зани калонсоле рӯ ба рӯ омад. Вақте наздик шуду шитоби маро дид, бо ханда гуфт: «Бача, саросема нашав. Хоҳу нохоҳ намемонанд дароӣ!». Худро бегумон гирифтам. Гӯё гапи зан ба гӯшам надаромада бошад. Ростӣ, ба ҳолати кор чандон бовар доштам, ки ҳеҷ ногуфтанӣ ва ҳатто фикр мекардам, ки дарбонҳо даъватномаи раиси шаҳр мӯҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоевро дар дастам дида, бе пушт-пушт ба дохили «Наврӯзгоҳ» роҳ медиҳанд. Аммо вақте ба назди даромадгоҳ расидам, сари суханони он зани ноошно омадам, ки дар ҳақиқат рост мегуфтааст. Он лаҳза соат 8:05 дақиқа буд ва ҳанӯз ҳам барои даромадан ба «Наврӯзгоҳ» умедворӣ доштам, зеро дар даъватномаи шаҳрдорӣ мӯҳлати охири воридшавӣ ба ҷашнгоҳ соати 9:00 қайд гардида буд. Аммо чун дарбонҳо қатъӣ гуфтанд, ки иҷозати даромадан надорем, ноилоҷ қафо гаштам.

 

«Даъватномаҳотон

ба кор намеравад»

Берун аз «Наврӯзгоҳ дар ду тарафи роҳ растаҳои намоиш ороставу пероста буд ва ҳар як ноҳияи пойтахт заҳмати дасти худро ба намоиш бароварда. Оҳиста-оҳиста ба растаҳо наздик шудам, то каме бошад ҳам, худро ба гардишу тамошо андармон намуда, алами роҳ наёфтанро ба ҷашнгоҳ аз сар дур созам. Назди ин растаҳо низ ҷавонони зиёд дар гардиш буданд. Албатта ҳамон ҷавононе, ки мисли ман ба базмгоҳ роҳашон надодаанд. Аммо чунин менамуд, ки онҳо аз роҳ наёфтан ба «Наврӯзгоҳ» ягон шиквае ҳам надоранд. Зеро тамошои растаҳо худ илҳомбахш буд. Ин мавзеъ ба гуфтае биҳишти рӯи заминро мемонд. Ҳарчанд, мегӯянд, ки «биҳишт дидан дораду хӯрдан не», аммо тамошои худи як бузу гӯсфандҳои сип-сиҳат, вале пӯстканда ва дигар ашёҳои аҷоиб барои инсони ҳассос як ҷаҳон арзиш буд. Банда аз ин арзишҳо хуб дидан кардам ва боз баргаштам назди дарвозаи «Наврӯзгоҳ». Ба худ гуфтам, ки «аз карнайчӣ як пуфи дигар», шояд ин дафъа роҳ ёбам. Аммо вазъ ҳамон вазъи пешин буду тағйир ёфтанӣ не. Гузашта аз ман, ҳатто занҳои калонсол бо дарбонҳо гумагӯ карда, мутаассифона илоҷи даромадан намеёфтанд. Ҳатто аз миёни издиҳом овози чанд духтарак шунида мешуд, ки мегуфтанд: «Роҳ диҳед, ба мо дер шуд, мо баромад дорем».

Назди даромадгоҳи «Наврӯзгоҳ» мардуми зиёде дар даст даъватномаҳо нишаста буданд. Ман низ дар ҳамон қатор. Мардум аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ илтиҷо мекарданд, ки ба онҳо роҳ диҳанд, то вориди «Наврӯзгоҳ» шаванд. Вале милисаҳо монеъ мешуданд. Ҳатто намегузоштанд нафароне, ки даъватнома доранд, ворид шаванд. Баъзан-баъзан алфози қабеҳи милисаҳо ба гӯш мерасид. Ниҳоят, садои норозигӣ зиёд шудан гирифт. Нафаре бо ҳаяҷон гуфт, ки «агар ҳамин хел бошад, барои чӣ даъватнома медиҳанд? Даъватнома медиҳанду каллаи хар мекунандат!». Аммо милисаҳо аз чунин гуфтугузор парво надоштанд. Баръакс, мегуфтанд, ки «равен аз инҷо, гум шавен, даъватномаҳотон ба кор намеравад».

 

Курсиҳои холӣ

Гуфтугузори мардум бо милисаҳо дар назди даромадгоҳи «Наврӯзгоҳ» то соати 9:45 дақиқа давом кард. Ба назар мерасид, ки одамон аз муносибати нохуби онҳо то андозае ранҷидахотир буданд. Шояд ранҷидахотир на аз он, ки милисаҳо гуфтанд дар дохил ҷой нест, балки сабаб дигар буд. Бештари одамон баъди он садои эътироз баланд карданд, ки милисаҳо бо як лаҳни таҳқиромез садо доданд: «Беҳтараш рафта оши бепулро хӯред!». Пас аз ин ҳолат сокини шаҳри Душанбе Бахтиёр Рӯзиев, ки ба қатори гапшунидаҳо дохил мешуд, эътироз кард: «Чаро моро саргардон карда, аҳмақ карданӣ мешаванд? Аз ин ҷо омадану гапи қабеҳ шуниданам, дар хона мешиштам, беҳтар буд!». Баъзе пичиррос мезаданд, ки «охир, вақте ҷойи холӣ надоранд, барои чӣ мардумро даъват мекунанд?». Ниҳоят, мардум якҷоя эътироз карданд ва милисаҳо маҷбур шуданд барои ворид гардиданашон иҷозат диҳанд. Дер ҳам бошад, ман низ дар қатори мардум вориди «Наврӯзгоҳ» шудам. Моро мисле, ки таппак бошему болои ҳам бичинанд, тела дода ба як кунҷ бурданд. Ҳамон вақт дидам, ки мардум баҳузур нишаставу зиёд курсиҳои қаторҳои 22, 23, 25 ва ғайра холӣ буд.

Сухани муқаддимавиро Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфт. Баъдан Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тамоми мардуми шарифи кишварро ба муносибати Наврӯзи Аҷам тарбрик намуд. Дар навбати худ овозхонҳои кишвар сурудхонӣ намуда, хотири ҳозиринро болида карданд. Ман низ бо табъи болида аз «Наврӯзгоҳ» берун шудам. Аммо ҳамин ки ба берун баромадам, кашмакашиҳои чанд дақиқа қабл дар назди дарвоза доштаи мардум пеши рӯям омад ва дубора ошуфтаам намуд. Ба худ гуфтам, ки «будан дар «Наврӯзгоҳ» хуб аст, аммо на ҳамеша, балки гоҳ-гоҳ…».

Азимҷон БАДАЛОВ,

БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: