Главная > Комил Бекзода > Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта

Ба назари мо қариб аксарияти муаллифони «Расоил» намояндаи миллати форс-тоҷик буданд. Зеро иштироки миллатҳои дигар ва алалхусус арабҳо ба рӯҳи умумии «Расоил» созгор набуд. Аз рӯи контексти таърихӣ, арабҳо манфиатдор набуданд, ки дар ҷамоае зидди арабӣ, чун ҷамоаи «Ихвон-ус-сафо» иштирок намоянд.

 

«Ихвон-ус-сафо» аҳли кадом мазҳабанд?

Пайрави кадом фирқаи динӣ ва ё фалсафӣ будани намояндагони «Ихвон-ус-сафо» то имрӯз мавриди хилоф аст. Ҳар як муҳаққиқ назари худро дар ин масъала баён дошта, далелу бурҳони худро фароҳам мекунад. Ба таври умум донишмандони муосир Ихвон-ус-сафоро ба фирқаҳои мӯътазила, исмоилия, исноашария, шиа, қарматия, машшоия, фалосифа, сӯфия, пифагория, афлотуния, ботиния, маҷусия, академия (академияи Афлотун), искандария, навафлотуния, васания, зардуштия, маздакия, нусайрия, ҷаъфария, ҳаллоҷия, ғаззолия ва ғайра мансуб донистаанд.

 

Оё «Ихвон-ус-сафо» исмоилӣ буданд?

Дар масъалаи мансубияти «Ихвон-ус-сафо» ба ин ё он мазҳаб фикрҳои гуногун вуҷуд дорад ва то имрӯз ба таври қатъӣ исбот нашудааст, ки онҳо пайрави кадом мазҳабанд. Вале аксарияти донишмандони гузашта ва ҳозира бар ин ақидаанд, ки «Ихвон-ус-сафо» пайрави мазҳаби исмоилӣ буданд. Барои ин даъвои худ далелҳои гуногун ба шоҳидӣ меоварданд. Аз муаллифони гузашта муаррихи машҳури фалсафа Ҷамолиддин Абулҳасан Алӣ ибни Қифтӣ, дар китоби худ бо номи «Таърих-ул-ҳукамо» (нашри Лейпциг, соли 1903) зери сарлавҳаи «Ихвон-ус-сафо» ва ҳуллон-ул-вафо» дар ҳаҷми ҳафт саҳифа маълумот дода, аз ҷумла доир ба исмоилӣ будани онҳо ин тавр ишора намудааст: «Чун ҷамоаи «Ихвон-ус-сафо» номи худро пинҳон доштанд, мардум доир ба шахсияти онҳо ақидаҳои гуногун баён намуданд. Аз рӯи гуфта ва тахмини баъзе аз онҳо нависандагони «Расоил» баъзе аз имомон аз насли Алӣ ибни Абӯтолиб будаанд. Вале дар муайян намудани номи имомҳо ихтилоф карданд ва чӣ будани ҳақиқати он ошкор нагардид».

Баъзе аз муҳаққиқон аз қабили Ориф Томер, Аҳмад Закӣ пошо, Казанова, Голдсиэр, Мақдоналд, Лен Паул, Масинён, Владимир Иванов, Анри Корбэн, Мустафо Ғолиб, Ғулом Аҳмади Қодиёнӣ, Ҷаббур Абдуннур, Ҳанно ал-Фохурӣ, Халил ал-Ҷар, Сомӣ ал-Айёш ва боз чанде дигар ҳар як бо далелу бурҳонҳои муайяне «Ихвон-ус-сафо»-ро исмоилия ҳисобидаанд. Аксари ин муаллифон асри «Ихвон-ус-сафо»-ро сабабгори зуҳури ин фирқаи фалсафимашраб донистаанд. Ба таври умумӣ таъкид мекунанд, ки давраи зуҳури «Ихвон-ус-сафо» ба нимаи асри чаҳоруми ҳиҷрӣ (асри даҳи мелодӣ) рост меояд, ки хилофати исломӣ рӯ ба таназзул ниҳода буд. Амирон ва шоҳони алоҳида ин империяи аббосиро ба қисмҳо тақсим намуданд. Ҳудуди нуфузи аббосиён аз Бағдод дуртар набуд. Аббосиён дар ин давр ба таври расмӣ эътироф мешуданд, вале ҳокимони ҳақиқии ноҳияҳои империя шахсони дигар буданд.

Бани Бувайҳ масалан дар Форс, Рай ва Исфаҳон ҳукмронӣ мекард. Мавснул, Диёри Бакр, Рабиа ва Мазар дар дасти Ҳамдониён буданд. Фотимиён Мағриб ва Африкаро дар тасарруфи худ дароварданд. Андалус дар дасти уммавиҳо буд. Қарматиҳо бар Ямома, Баҳрайн, Дайлам, Табаристон ва Ҷурҷон ҳукмфармоӣ менамуданд. Дар як вақт дар империяи исломӣ се халифа вуҷуд дошт: Яке дар Ироқ, дуюм дар Шимоли Африка ва сеюм дар Испания. Вилоятҳои хурд дар гирди ин се халифа давр мезаданд. Адовати сиёсӣ ва фикрӣ ба авҷи аълои худ расида буд. Ҳар яки ин ҳукуматҳо даъвогарони худро доштанд. Мусулмонон бо яроқи фирқаву мазҳаб ва шамшеру калом бар зидди якдигар бархостанд.

Замони хилофати халифаи аббосӣ Ал-Муқтадир бадтарин давраи таърихи араб ба шумор меравад. Нуфузи канизакони қасри халифа ва сухани онҳо аз сухани амирон ва сарлашкарони халифа бештар буд. Ҳамаи ин ҳолатҳо дар якҷоягӣ сабабгори норозигии моддӣ ва маънавии табақаҳои гуногуни ҷамъият мегардад ва оқибат ба шӯришҳо ва задухӯрдҳои идеявӣ бурда мерасонд. Табақаҳои поёнии ҷамъият, ки аз ин зулм ва фасоди сиёсӣ хеле ранҷ мебурданд, даст ба инқилобҳои иҷтимоӣ мезаданд. Намунаи чунин шӯришҳо шӯриши Бобаки Хуррамӣ буд, ки худи ӯро халифаи Мӯътасим соли 223 (837 м) ҳиҷрӣ ба қатл расонд. Баъди шикасти шӯришҳо ба мардуми шӯришгар чорае ҷуз ин намемонад, ки ҳадафи худро бо роҳи махфӣ дунбол намоянд. То ин ки бо роҳи тарғиботи махфиёна ба задухӯрдҳои оянда омода гарданд. Ин аст, ки табақаҳо ва қавму миллатҳои мазлум ба муқобили ҳокимияти мавҷуда ва ақидаи динии расмӣ, ки ин ҳокимиятро муҳофизат мекунад, бо роҳу усулҳои гуногун ба мубориза бармехостанд. Дар ибтидои асри даҳуми мелодӣ, яъне соли 317 ҳиҷрӣ (930 м) адовати яке аз ин фирқаҳои мазлум ба дараҷае расид, ки дар мавсими ҳаҷ ба хонаи Каъба фаромада, молу мулки ҳоҷиёнро ғорат ва баъзеҳоро кушта ва Ҳаҷар-ул-асвадро аз ҷояш берун оварданд. Ба чоҳи Замзам лоша партофта, матоъи хонаи Каъбаро байни худ тақсим намуданд. Ин гурӯҳ худро зери номи шиагарӣ пинҳон намуда, дар аксар ҳолатҳо чунин вонамуд мекарданд, ки гӯё дар хидмати хонадони Алӣ ва пайғамбаранд. Яке аз ҷамъиятҳои махфӣ ва машҳури он рӯзгор ҷамъиятӣ «Ихвон-ус-сафо» буд.

Аксари муаллифон ҳамин шароити даврро ба назар гирифта, ба хулосае омадаанд, ки унсури фаъолтари идеявӣ дар ин давр фирқаи исмоилия буд ва шояд ҷамоаи «Ихвон-ус-сафо»  низ мехостанд он ҳадафи динӣ ва сиёсии исмоилияро бо далелу бурҳонҳои фалсафӣ устувор намоянд.

Яке аз муҳаққиқони исмоилии муосири араб доктор Ориф Томир менависад, ки «Вақти таълифи «Расоил» нимаи асри дуюми ҳиҷрӣ буда, ҳақиқати нависандагони он муаммои мубҳам ва сирре аз асрори фалсафаи араб мебошад, ки то имрӯз ҳалли ниҳоии худро наёфтааст. Ба ақидаи ман, «Ихвон-ус-сафо» асосгузорони фалсафаи исмоилия буданд. «Расоилро» яке аз имомони исмоилӣ навиштааст. Маълумоти овардаи Абу Ҳаёни Тавҳидӣ (933-1023) доир ба номи нависандагони «Расоил» ва вақти навишта шудани онҳо (асри чаҳоруми ҳиҷрӣ, 10-и мелодӣ) дар Басра ба куллӣ хато аст. Ҳақиқат он аст, ки ин «Расоил» роли дастуреро иҷро менамуданд, ки аз ҷониби давлати фотимиён паҳн карда мешуд…».

Ҳиссае аз ин ақида, ки ба давлати фотимиён дахл дорад, чандин сол пеш аз ҷониби муҳаққиқи расмии мазҳаби исмоилӣ Владимир Иванов баён гардида буд.

Муҳакқиқи дигари муосир исмоилӣ ва муаллифи тадқикотҳои муфассале аз қабили «Таърихи даъвати исмоилия» (Бейрут, 1952) «Бузургони исмоилӣ» (Бейрут, 1964) доир ба робитаи «Ихвон-ус-сафо» бо исмоилия чунин менависад: «Ихвон-ус-сафо» дар даврае зуҳур намуданд, ки низои байни сунна ва шиа ба авҷи аълои худ расида буд… на ҳакимоне, ки «Расоил»-ро таълиф намудаанд, барҳақ асосгузорони мазҳаби исмоилӣ мебошанд… Далели мо ин аст, ки дар як дастнависи исмоилӣ бо номи «Китоби фусул ва ахбор» аз таълифоти доъии суриягӣ Нуриддини Аҳмад (таваллудаш соли 817 ҳиҷрӣ ва вафоташ 849 ҳиҷрӣ) омадааст, ки Абдуллоҳ ибни Муҳаммад «Расоил»-ро мувофиқи ҳарфҳои номи худаш таълиф намудааст:

А Б Д У Л Л Ҳ Б Н М Ҳ М Д = Абдуллоҳ бини Муҳаммад

7 2 4 1 3 3 5 2 5 4 8 4 4 = 52.

 

 

 

Андешаҳои равшанфикрони миллии тоҷик

Устод Садриддин Айнӣ

(1878-1954, Душанбе)

Фалсафаи таърих

Давомаш. Аввалаш дар

шумораҳои гузашта

Вақте ки ба давоири (доираҳои) ҳукумат сухан аз ислоҳот мерафт, дар раставу бозор, ҳатто ба атрофи вилоёти Бухоро шоиаҳои (овозаҳои) аҷиб мебаромад: гӯё ки тараққипарварон табдили идораи ҳукуматро мехоста бошанд. Бинобар ин ҷаноби олӣ чанд нафар аз тараққипарваронро ҷазои сахт доданӣ шудаанд… Ҳатто баъзе рӯз шӯҳрат (овоза) медоданд, ки имрӯз фалониву фалониро ҳабс кардаанд ё таъзир (танбеҳ) фармудаанд. Рӯзе яке аз дӯстонам одами махсус фиристода, ҷӯёи аҳволам шуд, аз ин пурсиши бемаҳал ба иштибоҳ афтода, пеши он дӯст рафта, сабаби пурсишро пурсидам. Гуфт: «Пеш аз ин шунида будам, ки қозӣ Мир Бурҳониддин танбеҳи чанд нафарро аз амир хостааст. Имрӯз шунидам, ки шуморо ҳукумат ҳабс кардааст. Бинобар ин парешон шуда, хабар гирондам». Банда аз ин шоиаҳо (овозаҳо), хусусан дар ҳаққи худам, сахт музтариб будам, зеро фақир дар масъалаи ислоҳоти Бухоро ҳеҷ тадохул (дахолат) надоштам, балки қаноати виҷдониям дар адами имкони (имкон надоштани) ислоҳот ба шароити ҳозира буд. Шӯҳратҳои аҷибе бар зарари тараққипарварон чунон боло гирифт, ки вақте ки қозӣ Мирзо Муҳаммадшарифи Садрро амир барои қозикалон кардан аз Ғиҷдувон супориш карда, Бухоро оварданд, мардуми Ғиҷдувон гумон мекарданд, ки барои робитааш ба як-ду нафар тараққипарварон қозиро ҷазо хоҳанд дод. Аҷабо! Маншаи ин ҳама шӯҳратҳои (овозаҳои) аҷиба кӣ буду чӣ буд? Оё ин шоиаҳо (овозаҳо) асл дошт? Оре асл дошт ва маншааш ҳамон як шахси маълум буд, ки хонандагони киром ба хубӣ мешиносанд. Инак, рӯшантар менависам: Мир Бурҳониддини қозикалон буд! Ҳарчанд қушбегӣ аз ваҷҳи (ҷиҳати) ислоҳот расман чизе ба қозикалон нафаҳмонда буд, лекин қозикалон аз афвоҳи нос (забони мардум) чизе, ки аз давоири (доираҳои) ҳукумат пайдо мешуд, фаҳмида, дуд аз димоғаш мебаромад.

Дар ин хусус, ҳамроҳи Мирзо Низомиддинхоҷаи Урганҷӣ нақшаҳо мекашиданд ва тасаввурҳо менамуданд. Мирзо Низомиддинхоҷа мегуфт: «Агар ҷаноби олӣ ба ман фармон диҳанд, чанд нафар туркмонро, ки барои аз ҳамин қабил рӯзҳо парвариш карда, нигоҳ доштаам, фармуда, ин ислоҳотхоҳонро ба як шаб аз дами теғ гузаронда, истиқлоли давлати олиро муҳофиза мекунам. Ҳайф, ки корро ба коркун намефармоянд». Қозикалон мегуфт: «Чораи осон ин аст, ки ҷаноби олӣ чанд нафар ашхоси маълумро ҳабс ва итлоф (қатл) намоянд. Хас кам, ҷаҳон пок мешавад». Оқибат қозикалон натиҷаи тахайюлоти худро ба амир арз карда ва ба аризаи худ — баъд аз изҳори давлатхоҳӣ — қатлу таъзир (ҷазо), ҳабсу нафй (бадарға) ва тақдири чанд нафарро ало ихтилофи дараҷотиҳим (ки дорои дараҷаҳои гуногун буданд) хоҳиш кард.

Ба муҷарриди арз, ба вуқӯи мазмуни аризаи худ итминон карда, шоиоти (овозаҳои) мазкураро шӯҳрат (интишор) медод. Чун аризаи аввал беҷавоб монд, ба ҳамон мазмун дубора арз кард ва дубора шӯҳрат дод. Ин ариза низ беҷавоб монд. Сабаби беҷавоб мондани аризаҳои қозикалон ин буд, ки он вақт амиру вазир ба ислоҳот дил баста буданд. Бе иқдом ба ислоҳот ҳифзи ҳукуматро аз таъсири Инқилоби Кабири ҳукумати Русия муҳол (номумкин) медонистанд.

Чун қозикалон аз тарафи амир маъюс шуд, уламо ва сипоҳро бар зарари ислоҳоту ислоҳотхоҳон ҳозир кардан гирифт. Ба ҳар содиру ворид (каси дучор омада) мегуфт: «Худованд паноҳ диҳад, ду-се нафар мехоҳанд корро ба дасти худ гирифта, дар иҷрои биъат (ҷиноят) шурӯъ кунанд. Умед аст, ки ба мумониати (мухолифати) уламо ва илдорон (сарварони қабила) ин корҳо дар Бухоро нашавад ва казову казо…».

Насруллоҳбийи қушбегӣ ва маъмурони элчихонаи (сафоратхонаи) Рус барои ислоҳот лоиҳае ҳозир карданд ва барои иҷрои он лоиҳа маҷлисе мураккаб аз шаст нафар ашхос барпо карданро муқаррар намуданд; аъзои он маҷлисро аз одамони боилму ҳибрат (мутахассис) ва аз савдогарони таҷрибакор ва аз уламои ҳаққонӣ ва аз тараққипарварон интихоб карданро иқрор (иҷозат) доданд. Чун бар хилофи ислоҳот, ҳаракати қозикалон давомат кард, Миллер, ки маъмури аввали элчихона буд, қозикалонро биззот (шахсан) дида, истихроҷ карданӣ шуда, ба ҳузури қозикалон расид, ба қозикалон ба тариқи ҳикоят (на аз роҳи машварат) баъзе ҷойи лоиҳае (-ро), ки барои ислоҳот ҳозир шуда буд, нақл намуд.

(Давом дорад)

 

Рубрики:Комил Бекзода
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: