Главная > Пӯлод Абӯев > Роҳи бероҳа

Роҳи бероҳа

Фоҷиае, ки имрӯз ба сари мардуми заҳматкаши Либия омад, ҳеҷ касро дар рӯйи замин бетараф монда наметавонад. Мардуми ин кишвари шимолии Африқо фақат барои озодӣ, ҳуқуқи худро ҳимоя намудан овоз баланд карда, ба по хестанду ҳазорҳо ҳазор қурбони режими шадиди Муаммар Қаззофӣ гаштанд, ки инак 42 сол боз дар курсӣ асту тарки мансаб карданӣ нест. Инқилобчиёни Либия аз инқилоб пас гаштанӣ нестанду Қаззофӣ низ тарки курсӣ карданӣ нест. Ин муқовимати ду қувваи ба ҳам зидду оштинопазир, ки яке барои адолату озодӣ, ҳимояи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванду дигаре пойдории ҷаҳолат, коррупсияи шадид, ҳукмронии оилавӣ аст, албатта як рӯз не як рӯз ба манфиати инқилобчиёни адолатпеша ҳаллу фасл бояд гардад.

Ин воқеаҳоро шунида, дар сари ҳар одами соҳибақл як мафҳум намеғунҷад. Чӣ хел ин махлуқони сурати одамдор, ки худро «Сояи Худо», сардорони давлат, дар кишварҳои худ одами якум меномиданд, ба чунин пастиҳо роҳ медиҳанд, ки ҷоҳилтарин одам ба он бо ҳазар менигарад.

Нигаред, як нафар, як одам дар курсии гарму нарми шоҳаншоҳӣ нишаста, давлати оилавию коррупсионии худро бунёд намуда, ин давлати оилавию коррупсиониро бо номҳои дабдабаноки демократия, ҳуқуқбунёд оро дода, халқи худро ба беҳуқуқӣ оварда мерасонад. Аз дасту аз ҳукмронии як ба ном одам миллионҳо дар азобанду ин «Сояи Худо» бо чашмони ширагирифтааш аз аҳволи мардум бехабар ё аз дарду ғами онҳо парвое надораду бо номи онҳо ҳукмронӣ мекунад.

Қаззофӣ ҳам ба мисли дигар сардорони давлатҳои авторитарӣ барои пешрафту рушди кишвару ғамхорӣ ба мардум қасам хӯрда, баъди ба курсӣ нишастан ҳамоно қасами хӯрдаашро фаромӯш кардааст. Чун дар замони Фиръавнҳои Миср, дар асри XV пеш аз мелод, ки қонуни асосии давлатдории ғуломдорӣ ба ҳисоби одам нашуморидани ғуломон буд, дар кишварҳои роҳбарони дарозумру авторитарию коррупсионӣ ин қонун дар асри XXI-и имрӯза низ соҳибқудрат мебошад.

Дар ин хусус Бедил чунин гуфтааст:

Дар камини шӯълаи ҳар шамъ тоҷе хуфтааст,

Ҳар куҷо тоҷест, охир нақши по хоҳад шудан.

Ё ин ки аз гуфтаи Иқбол:

Роздони ҷузву кул аз хеш номаҳрам шудаст,

Одам аз сармоядорӣ қотили одам шудаст.

Воқеаҳои кишварҳои арабинажоди қитъаи Африқо ба ҷаҳониён, махсусан ба кишварҳои худкомаю коррупсионӣ нишон доданд, ки Бен Алию Муборак, Қаззофию дигарҳо чун шоҳаншоҳ дар курсӣ аз 20 то 40 сол нишастанду аз рӯйи талаби замон, махсусан дар масъaлаҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои мардуми худ ягон коре накарданд ва карданӣ ҳам нестанд. Дар кишварҳои худкомаю коррупсионию оилавӣ, аз нуқтаи назари марксистӣ-ленинӣ ҳолатҳои инқилобӣ ба вуҷуд омад. Яке аз пунктҳо ин аст, ки сардорони давлатҳо ба дигаргунии иқтисодию иҷтимоӣ қудрат надоранд, дар асри XXI роҳбарӣ карда наметавонанду аммо аз мансаб рафтанӣ ҳам нестанд. Табақаи поёнӣ бошад, дар чунин ҳолат зиндагонӣ карда наметавонад, чунки ҷонашон ба лаб омада, аз мурдан ҳам натарсида, бо дастони холӣ бар зидди танку пушкаи ҳукуматдорони макруфи худ мехезанд. Шиори онҳо «ё марг, ё ғалаба!», «Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед!» мебошад.

Аз хабарҳои Мисру Тунис маълум шуд, ки 30-40% боигарии ин кишварҳо ба кисаи президентҳо мерафтааст. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад, аз рӯйи хабарҳои ниҳонӣ, 70-80 фоизи боигарии кишварҳо моликияти шахсии сардорони давлату аъзоёни оилаашон ва хешу наздиконашон мебошад.

Дар масали худ Убайди Зоконӣ гуфтааст, ки: «мӯрчаҳо ҳам метавонанд муттаҳид шуда, ба муқобили фил баромада, бо ғазаб ӯро аз пой афтонанд».

Дар ин хусус Иқбол чунин сатрҳоро овардааст:

Дил аз дасти касе бурдан надонад,

Ғам андар сина парвардан надонад.

Дами худро дамидӣ андар он хок,

Ки ғайр аз хӯрдану бурдан надонад.

Бале, ин ҳақиқати талхи замони мо аз дасти ҳокимони худкомаи ивазнашаванда аст. Бадбахтии дигар дар он аст, ки сардорони давлатҳои худкома дар гирду атрофи худ фақат шахсонеро ҷамъ мекунанд, ки сулфаро шунида, аз ҷой хеста, ду даст пеши бару ба зону нишаста, «лаббай, ҷаноби олӣ, ғуломи ҳалқабаргӯши шумо ба хизмат тайёр» гуфта, тайёранд ҳатто пою пойафзоли ҳокимро бӯса кунанд. Маҳз ҳамин маддоҳону хушомадгӯёни манфур, ки бо ин хислатҳои худ ба ҳокимон манзуранду вазифаҳои масъулро иҷро мекунанд, ҷомеаро рост ба чоҳ мебаранд. Ҳокимони худкома бошанд, аз ҳамду саногӯӣ чунон худро гум мекунанд, ки гӯё дар ҳақиқат «Сояҳои Худо», яккаю ягонаанду ивазнашаванда. Барои ҳамин, ин ҳокимон аз худододии худ бовар карда, ғайри худ, оилаҳояшон, хешу наздиконашон, лаббайгӯяконашон дигар чизеро аз касе шуниданӣ нестанду фикру гуфтаҳои мардумро тамоман ба инобат намегиранд. Ин ҳокимон бо гӯшакрасонии атрофиёнашон ба муқобили ҳақиқатгӯён, адолатпарварон муборизаро сар карда, ба таҳдиду таҳқир мегузаранд. Ба ғайри ин, ҳазорон-ҳазоронро ба маҳбас мекашанд.

Инчунин, дар чунин давлатҳо миллион-миллионҳо одамон зиндагӣ кунанд ҳам, гӯё шахси алтернативӣ ба ин шоҳаншоҳон вуҷуд надошта бошад. Агар ягон оппозитсия, одами соҳибақл дар интихобот номзадии худро ба вазифаи президентӣ пешниҳод кунад ҳам, ҳокиму ҳокимчаҳои поёнӣ, органҳои маъмурӣ тамоми имкониятро истифода мебаранд, ки ин номзади оппозитсионӣ аз овозҳои барояш додашуда маҳрум гардад. Чунин интихоботҳои ғайридемократиро мо шоҳидем. Чанде пеш чунин интихобот дар Алҷазоир гузашта буд, ки президенти кунунии ин кишвар ғолиб омада буд. Инак мардуми Алҷазоир аз воқеаҳои Мисру Тунису Либия илҳом гирифта, ба муқобили режими худкома хестанд. Шоҳидем, ки президенти гурезаи Қирғизистони ба мо ҳамсоя Қурбонбек Боқиев пештар аз инқилоби мардуми озодихоҳи қирғиз ба таври сунъию ба ҳама маълум боз ба курсии президентӣ нишаста буд. Аммо баъди чанде мардуми бағазабомадаи қирғиз попӯшҳои Боқиевро пеши пояш монданд.

Бедил гуфтааст:

Эй бехирадон ғарраи иқбол набошед,

Давлат набувад бар ҳама ҷовид муборак.

Ё ин ки:

Бар муддаин нагӯед асрори ишқи ҳастӣ,

Бигзор то бимирад дар айни худпарастӣ.

Яке аз сабабҳои ғазаби инқилоби қирғизон давлати оилавӣ таъсис намудани Қурбонбек Боқиев буд, ки бо наздиконаш фақат машғули долларҷамъкунию соҳиби миллиард шудан буду халос. Ҳамаи бародаронаш, фарзандонаш, хешу наздиконаш қариб 70% боигарии Қирғизистонро аз худ карда буданд. Ба ғайри ин, ҳамаи онҳо худро шоҳаншоҳ шуморида, мардуми оддии худро аз қайди одамӣ бароварда буданд. Маълум аст, ки дигар Боқиев бо аҳли оилааш ба ватани бобоӣ барнамегарданд. Қисме аз хешовандони ба даст афтодаашон албатта кунҷи маҳбас мераванд. Магар пеш омадани чунин вазъият дар дигар кишварҳои ҷаҳон вуҷуд надорад? Албатта дорад.

 

Пӯлод АБӯЕВ,

узви иттиҳоди байналхалқии

журналистон

(Давом дорад)

Рубрики:Пӯлод Абӯев
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: