Главная > Uncategorized > Санги пушти хона

Санги пушти хона

Муҳаммади Абдулло пас аз хатми мактаби таҳсилоти умумии зодгоҳаш, деҳаи Санги Маликии ноҳияи Тоҷикобод ба ӯзбекистон барои кор омада, дар яке аз корхонаҳои пахта ба кор медарояд. Дар ҳамин вақтҳо бо Зурабону, ки ҳоло ҳамсари дӯстдошта ва меҳрубонаш асту соҳиби панҷ фарзанди нозанин ҳастанд, шинос мешавад. Ин ҳамон шиносоӣ ва меҳру муҳаббати самимӣ буд, ки Зурабону бо ҳамроҳи дӯстдоштааш бе иҷозаи падару модар ба Тоҷикистон меояд. Хешу табори Муҳаммад дар деҳаи Санги Маликӣ онҳоро хуб истиқбол менамоянд.

Чуноне ки Зурахола нақл менамояд: «Ман бо ҳамроҳи дугонаам, бо либосҳои аврупоӣ будем. Ин гуна тарзи либоспӯшӣ барои мардуми минтақаи кӯҳистон писанд набуд. Ҳама бо тааҷҷуб ба мо нигоҳ мекарданд. Хушдоманам дар муддати як шаб ба ман либосҳои миллии тоҷикӣ дӯхта пӯшонид. Ман аллакай субҳ одами дигар будам. Арӯси тоҷикӣ будам. Пас аз никоҳ дар деҳа шаш моҳ бо волидайни Муҳаммад якҷоя зиндагӣ намудем. Беҳтарин тарзи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаи зиндагӣ. Ман, ки расму русуми шуморо намедонистам аввалҳо аз келинҳои дигар нигоҳ намуда, ҳамаи корро аз худ кардам. Дар хона келини сеюм будам. Ақаллан дар маркази ноҳия ба ман хона мехариданд, ман ҳеҷ гоҳ аз Тоҷикистон намерафтам. Ба ман мардуми Тоҷикистон, урфу одати онҳо, табиати зебои он бисёр писанд аст. Оянда ният дорем, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ намоем ва ҳатто фарзандонамонро ба миллати тоҷик хонадор кунем. Он ҳурмату эҳтироме, ки дар мардуми тоҷик аст, дар тоторҳо ва дигарон нест».

Пас аз шаш моҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон Муҳаммад бо ҳамсараш ба хонаи волидайни Зурабону ба ӯзбекистон меоянд. Падарарӯс ва модарарӯс онҳоро нағз истиқбол менамоянд. Аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Муҳаммад бо ҳамроҳи оила ва хешу табори завҷааш ба Қрим  меоянд. Ҳамин тавр Муҳаммад бо ҳамроҳии Зурахола ва фарзандони нозанинашон — Зайнабу Ҷамила, Замираю Расул ва Зулфия солҳои зиёде гузашта асту дар ин минтақаи зебоманзари Қрим ҳаёт ба сар бурда истодаанд.

Ҳоло Муҳаммад тоҷири калон асту боз ошхонаи миллии тоҷикии «Суғдиён» кушодааст. Касоне, ки аз шаҳри Чанкойи Қрим, ки онҳо дар ин ҷой кору зиндагӣ доранд, гузар намоянд, ҳатман аз хӯрокҳои миллии тоҷикӣ, мисли шӯрбо, сихкабоб, ошу палав, лагмон ва чойи кабуди тоҷикӣ баҳра бардошта, лаззат мебарад.

Бо вуҷуди он ки ҳамаи шароити зиндагӣ хуб аст, боз ёди ватан ҳеҷ таркам намекунад. Солҳое ҷавон будам, ҳис намекардам, акнун эҳсос менамоям, ки ғарибӣ бисёр таъсири бад доштааст. Ҳамаи давлату боигарӣ дар ғарибӣ, бе Ватан ҳеҷ аст.

Дар пушти хонаи мо як тахтасанги калон буд. Дар болои ҳамон санг як бор хоб бурданамро аз ҳамаи ҳамин давлату савлат беҳ медонам.

Як бор агар бод барад бар ватанам,

Дил пора кунам, ёди ғарибӣ накунам.

Ба ҷавонони тоҷикистонӣ гуфтаниям, ки дар ватани хеш кору зиндагӣ кунед. Ватанро обод созед. Ватани хешро дӯст доред ва аз миллати хеш ҳамсар интихоб намоед.

Ҳамаи ҳамзабонони бурунмарзӣ, ҳамдиёронро ба муносибати Иди Наврӯз муборакбод гуфта, умри дароз, бурдбориҳо таманно дорам!

Мирзо АСОЗОДА. Украина

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: