Главная > Иқболи САИДЗОД > Фишорҳои навбатии «Ислом-ота»

Фишорҳои навбатии «Ислом-ота»

Ҳасудии ӯзбекистон дар нисбати «Роғун»

ӯзбекистон мехоҳад барои Покистон нерӯгоҳи нави барқӣ бунёд кунад, танҳо ба он хотир, ки Покистон аз Тоҷикистон нерӯи барқ харидорӣ накунад. Ин даъворо сафири ӯзбекистон дар Покистон Ориф Каримов пеш овардааст ва расман бар зидди амалӣ шудани тарҳи «САSA-1000» баромад карда, ба мақомоти ин кишвар бар ивази тарҳи мазкур пешниҳоди алтернативӣ кардааст. Нашрияи покистонии «Dawn» менависад, дипломати ӯзбек дар муроҷиати расмиаш ба мақомоти Покистон қайд кардааст, ки Тоҷикистон то ҳол ҳисобот оид ба таъсири нерӯгоҳи обӣ-барқии «Роғун» ба муҳити зистро ба ин кишварҳо пешниҳод накардааст. Дипломати ӯзбек аз мақомоти Покистон дархост кардааст, ки аз татбиқи тарҳи «CASA-1000» худдорӣ кунанд ва пешниҳод кардааст бар ивази он сохтмони истгоҳи барқи обиро дар кӯли Сват оғоз намоянд.

Муроҷиати расмии сафири ӯзбекистон дар Покистон дар ҳоле пешниҳод шуд, ки чанде пеш президенти Тоҷикистон ба Покистон сафари расмии 4-рӯза дошт ва дар он ҷо масъалаҳои гуногун, аз ҷумла, ҳамкории ду кишвар дар бахши энергетика мавриди муҳокима қарор гирифт.

Пас аз муроҷиати дипломати ӯзбек,Саид Навид Қамар — вазири обу энергетикаи Покистон дар вохӯрӣ бо сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Зубайдулло Зубайдов гуфтааст, ки Покистон аз ширкат дар лоиҳаи «CASA-1000» даст нахоҳад кашид. Саид Навид Қамар сафири Тоҷикистонро мӯътақид сохт, ки Покистон тамоми шартномаи бо Тоҷикистон доштаашро то охир амалӣ месозад, аз ҷумла оид ба тарҳи «CASA-1000».

 

Тошканд дар Осиёи Марказӣ ҳамраъй

намеёбад

Мухолифати ӯзбекистон бо тарҳи «CASA-1000» дар ҳолест, ки ин кишвар ҳамеша бар зидди бунёди «Роғун» баромад мекунад ва тавассути ҷанги иттилоотӣ мехоҳад имиҷи Роғунро дар минтақа «сиёҳ» ҷилва диҳад, то амалишавии тарҳи ин нерӯгоҳ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба хусус кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ пуштибон наёбад. Вале то кунун чунин ба назар мерасад, ки ӯзбекистон дар ин муборизаи манфиатхоҳонааш ҳамраъй наёфтааст. Зеро дар Қазоқистону Туркманистон хуб огоҳанд, ки «Роғун» ба хушкшавии «Арал» боис намегардад, балки пойдории онро мӯътамадтар мегардонад. Танҳо истифодаи бемеъёри об аз ҷониби ӯзбекистон аст, ки боис ба камшавии оби баҳри «Арал» мешавад. Аз ин рӯ, ҳамраъй ёфтани Тошканд дар тасмими манфиатхоҳонааш ғайриимкон гаштааст. Чун даъвои Тошканд алайҳи бунёди «Роғун» ба хотири амнияти минтақа не, балки аз рӯи манфиатҳои ин кишвар асос ёфтааст. Каримов мехоҳад бо роҳи фишорҳои пай дар пай ҳам тавассути роҳи мошингузар, ҳам қатора ва ҳавопаймо ва ҳам ба даст гирифтани контроли системаи энергетика Тоҷикистонро доим «узви вобаста»-и худ созад. Беҳуда нест, ки Страун Стевенсон — вакили парлумони Аврупо гуфтааст, ки даъвои ӯзбекистон дар бораи «Роғун» сиёсист. Вай мегӯяд, ки аз «Роғун» ва «Норак» дидан кардааст ва ин ду нерӯгоҳ шабеҳи ҳамдигаранд. Сарбанди «Норак» 300 метр буда, аз сангу гил иборат аст. Муҳандисони Шӯравӣ «Норак»-ро тавре тарҳрезӣ кардаанд, ки сарбанд ба таконҳои замин тобовар мебошад. Чил сол аст, ки сарбанди «Норак» бо кӯли 70-километрӣ ва миқдори зиёди об ба тамоми заминларзаҳо тоб оварда, ба таври муназзам нерӯи барқ тавлид мекунад. «Роғун» ҳам дар ҳамон дарёи Вахш асту ба шакли ҳамсон бо сарбанди «Норак» бунёд мешавад. Баландии сарбанди «Роғун» 335 метр мешавад ва солона иқтидори тавлиди 3600 мегават нерӯи барқро хоҳад дошт, ки метавонад барои ҳалли мушкилиҳои зиёди Тоҷикистон ва ҳамсоякишварҳо кӯмак расонад. Стевенсон меафзояд: «Сарбанди «Роғун», ки комилан шабеҳи «Норак» аст, ҳеҷ мояи нигаронӣ надорад. Ба фикрам, ин нигарониҳо иштибоҳанд ва Тоҷикистон бо мувофиқаташ ба экспертизаи «Роғун» ба он посух додааст. Бонки ҷаҳонӣ ду коршиносро, ки яке ба фикрам аз Покистон ва дигаре аз Олмон аст, барои таҳқиқи ин масъала сафарбар кардааст. Онҳо аз «Роғун» дидан карданд ва бояд дар ин бора соли равон гузорише таҳия кунанд. Эҳтимол онҳо гӯянд, ки лоиҳа бехатар аст ва нигарониҳои ӯзбекистон асосе надорад.

 

Талоши Покистон аз

замони Раҳмон Набиев то Эмомалӣ Раҳмон

Гуфта мешавад, ки Покистон аз қабл мехостааст бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад, бахусус дар бахши энергетика. Зеро ҳанӯз Раҳмон Набиев — президенти собиқи Тоҷикистон ҳангоми роҳбариаш ба Покистон сафар карда, масъалаи бунёди «Роғун»-ро матраҳ кардааст ва дар он ҳангом мақомоти Покистон яке аз аввалинҳо шуда, барои сармоягузорӣ дар нерӯгоҳи «Роғун» омодагии худро изҳор доштаанд. Ҳамчунин, Покистон яке аз аввалин кишварест, ки Тоҷикистонро ба сифати кишвари соҳибистиқлол эътироф кардааст. Ҳамакнун мақомоти Покистон мехоҳанд бо президант Раҳмон низ ҳамкориҳоро мустаҳкам ва қавӣ гардонанд. Бунёди тарҳи «CASA-1000» ҳам хоҳиши ҷониби Покистон буд ва мақомоти ин кишвар дар тасвиби ин қарордод қабл аз дигар тарафҳои созишнома омодагии худро изҳор дошта буданд.

Ҳоло даъвоҳое аз ҷониби ӯзбекистон пеш оварда мешавад, ки гӯё Покистон ба хотири мӯътадил нигоҳ доштани муносибаташ бо кишварҳои поёноби минтақаи Осиёи Марказӣ аз бунёди «CASA-1000» даст кашад. Вале ба гуфтаи коршиносон, ин даъвоҳо асоси воқеӣ надоранд. Зеро Покистон омодагии худро дар истифодаи нерӯи барқи Тоҷикистон эълом доштааст ва шурӯъ аз истиқлолияти ҷумҳурӣ чашми умед ба барқи нерӯгоҳи «Роғун» дӯхтааст.

Соли 1990 Покистон барои тарҳи «Роғун» 500 миллион доллар ваъда додааст, аммо баъд аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва тағйири ҳукуматҳо дар ду кишвар мақомоти Покистон изҳор доштанд, ки то рӯшан шудани мавқеи Русия аз ширкат дар ин тарҳ худдорӣ хоҳанд кард. Покистон бо ишора ба ин, ки ҳанӯз ташнаи барқи обии Тоҷикистон аст, кӯшидааст дар ду соли гузашта ҳамкориҳои худро бо Тоҷикистон таҳким бахшад.

Коршиносон бар ин боваранд, ки Покистон худ хостори ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аст ва бо ин далел аз тасмими худ дар масъалаи бунёди хатти баландшиддати «CASA-1000» даст нахоҳад кашид. Ҳарчанд мавзӯи об дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо баҳсҳо рӯбарӯст, аммо Покистон мехоҳад мавқеашро дар Тоҷикистон мустаҳкам кунад, хусусан барои рақобат ва истодагарӣ дар нисбати абрқудрате чун Ҳиндустон ва Чин. Таҳлилгарон мегӯянд, он андешаҳое, ки гӯё Покистон ба хотири сард шудани муносибати аз кишварҳои поёноби минтақаи Осиёи Марказӣ дар мавриди тарҳи «CASA-1000» мавқеашро дигар мекунад, чандон асоси воқеӣ надорад. Зеро дар асл Қазоқистон ва Туркманистон бар зидди тарҳи «CASA-1000» нестанд ва аз бунёди «Роғун» ҳам нигаронӣ надоранд. Пеш аз ҳама мавзӯи бунёди «CASA-1000»-ро худи Покистон ба миён гузоштааст ва аз қабл омодагии худро дар тасвиби ин қарордод изҳор доштааст.

Пас, пофишориҳои ӯзбекистон дар мавриди даст кашидани мақомоти Покистон аз тарҳи «CASA-1000» ва монеа эҷод кардан барои рушди иқтисоди Тоҷикистон оё натиҷа медиҳад? Коршиноси масоили сиёсӣ Абдуғанӣ Маҳмадазимов мегӯяд, ки то замони ба истифода додани 1 ё 2 агрегати «Роғун» ӯзбекистон аз «асп фарояд ҳам, пояшро аз узанги бароварданӣ нест». Вале дар баробари ба истифода додани 1 ё 2 агрегати «Роғун» сари мизи гуфтугӯ хоҳад нишаст.

Як муаллим замоне гуфта буд, ки ҳангоми сафар дар як қисмати Ҳиндустон мушоҳида кардааст, ки мошини сементякҷоякуниро аз сабаби гарон будани ҳаққи пардохти нерӯи барқ истифода намекунанд ва одамонро, ки қувваи кории нисбатан арзон маҳсуб мешаванд, ба ин кор сафарбар менамоянд ва ҳатто аз 1-ум то 9-ум ошёна сементро одамон дар пушташон мебароранд. Зеро дар Ҳиндустон, Бангладеш ва Покистон арзиши нерӯи барқ барои аҳолӣ хеле гарон будааст. Пас Покистон мехоҳад аз нерӯи барқи арзон, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон барояш пешниҳод карданианд, рӯй гардонад?

Созишномаи миёни Афғонистон, Қирғизистон, Покистон ва Тоҷикистон дар мавриди тарҳи бунёди хатти интиқоли барқи мавсум ба «CASA-1000» дар моҳи августи соли 2008 дар шаҳри Исломободи Покистон аз ҷониби Афғонистон, Покистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба имзо расида, дар моҳи январи соли гузашта аз сӯи парлумони Тоҷикистон тасвиб шуда буд. Дар чаҳорчӯбаи ин созишнома қарор аст миёни ин чор кишвар хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ бунёд шуда, ба Тоҷикистону Қирғизистон барои содир кардани нерӯи барқ ба кишварҳои Осиёи ҷанубӣ имконият фароҳам гардад. Дар назар аст нерӯи барқи нерӯгоҳҳои «Қамбарота»-и Қирғизистон ва «Роғун»-и Тоҷикистон аз тариқи ин хатти баландшиддат ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ барқ содир шавад. Хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи «CASA-1000» аз тарҳҳои бузурги минтақавист, ки бо кӯмаки созмонҳои бузурги молиявии ҷаҳонӣ, ба монанди Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Рушди Осиё бо хазинаи 680 миллион доллар сохта мешавад ва асосан интиқоли барқи нерӯгоҳҳои «Қамбарота»-и Қирғизистон ва «Роғун»-и Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистон дар назар аст. Ба гуфтаи мақомот, дар оғоз тариқи ин хатти баландшиддати 500-киловолта 1000 ва ниҳоятан 4000 мегават нерӯи барқ ба Афғонистон ва Покистон интиқол дода хоҳад шуд.

Таҳлилгарон таъкид бар он мекунанд, ки дар ҷанги обӣ пирӯзмандӣ насиби касе буда наметавонад, вале бо роҳи созишу ҳамкорӣ роҳи ҳалли масъала пайдо мешавад. Тоҷикистон бо розӣ шудан ба таҳқиқи байналмилалии нерӯгоҳи «Роғун» ба ҳамкорӣ омода будани худро нишон дод, вале Ислом Каримов то кай «ду пойро дар як мӯза андохта» мегашта бошад?

 

Иқболи САИДЗОД,

БМСТЖ

 

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: