Главная > Ҷовид МУҚИМ > Эврика андози нав!

Эврика андози нав!

Солҳои аввали истиқлолияти Тоҷикистон буд. Ба сафари хидматӣ ба шаҳри Хуҷанд омадам. Ҳангоми сӯҳбат бо мардум аз ман мепурсиданд:- Душанбеба ҳоло ҳам андоз-андоз ҳай-мӣ? Шабҳо меандозанд-мӣ?

Ман чандон ба ин пурсиши онҳо сарфаҳм нарафта, бо ишораи «бале» сар меҷунбондам.

— Шабҳо андозанд, чӣ хел хоб мекунед?,- боз мепурсиданд аз ман.

— Одат кардаем,- посух медодам ман. Он замон мардуми ин шаҳри осоишта чӣ будани «андоз-андоз»-ро шунидаву надида буданд. Соли 1998 баъди ҳуҷуми полковники исёнгар Маҳмуд Худойбердиев ва шурӯъ шудани амалиёти ҷангии нерӯҳои ҳукуматӣ дар ин минтақа, сокинони вилояти Ленинобод (Суғд) воқеан ҳам чӣ будани «андоз-андоз»-ро худ сарфаҳм рафтанд.

Ҳоло сухан дар бораи он «андоз-андоз» намеравад. Мо дар бораи истилоҳи воқеии «андоз» сухан ронданием, ки ҳоло аз «андоз-андоз»-и хуҷандиҳо ҳам ваҳмангез буда, бо шунидани он ба эзори баъзе соҳибкорон кайк медарояд. Тибқи муқаррароти моддаи 5-уми Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004) андоз пардохт ба буҷети давлатӣ ба ҳисоб рафта, дорои хусусияти ҳатмӣ ва инфиродии ғайриэквивалентӣ мебошад. Қодекси мазкур дар Тоҷикистон 20 намуди андозро муайян кардааст, ки аз онҳо 4 намудашон андозҳои маҳаллӣ мебошанд. Хонандаҳои азиз, мо ин ҷо ҳамаи андозҳоро номбар карда, майнаи шуморо гиҷ намекунем, зеро агар бо он ошно гардед, ҳаргиз орзуи бизнесмен шуданро намекунед. Воқеан, тибқи моддаи 45-уми Сарқонуни Тоҷикистон додани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, вазифаи ҳар кас мебошад. Ана ҳамин, «вазифаи ҳар кас» будани пардохти андоз на ба ҳама мақбул аст. Худатон медонед, ки дар ин замони мо пул ёфтан кори осон нест ва боз як ҳиссаи онро андоз супоридан аз он ҳам мушкилтар аст. Бинобар ин баъзе говҷигарҳо  пули бо дарди миён ба даст овардаашонро бо давлат тақсим кардан намехоҳанд. Вале шербачаҳои Кумитаи андози Тоҷикистон даст болои даст нанишаста, чунин ашхосро дар ҷои «ҷиноят» дастгир намуда, ҳаққи давлатро меситонанд. Чунин як амалиёти бобарори кормандони андозро дар барномаи «Андоз бақои давлат»-и телевизиони «Ҷаҳоннамо» (16.03.2011) тамошо карда, хурсанд шудам, ки хазинаи давлат ғанӣ мегардад.  Муаллимону нафақахӯрон ва дигар кормандони соҳаи буҷавӣ саривақт маошу нафақа мегиранд.

Ҷавонмардони андоз дар Кохи «Ҷомӣ», дар вақти консерт нисбати қонуншиканҳо санад тартиб дода, онҳоро ҷарима мебастанд. Дар назди нозирони андоз Ғарибшоҳ (Бахтиёр Раҳимов) воқеан ҳам ғарибу нотавон монда буд. ӯро ҳамчун продюссер барои бо ҳунарпешаҳо шартнома набастан ва андоз насупоридан ба беш аз 1500 сомонӣ ҷарима бастанд.

Директори театр-студияи «Хандинкамон» Муқим Абдуфаттоев бошад, дар сӯҳбати нозирон аз ҳаяҷон лаҳҷаи модариашро, ки бо он дар Душанбе тамошобинонро механдонад, фаромӯш карда, бо шеваи тоҷикони ҷануб ҳарф мезад. Билло, агар аз вилояти Суғд буданашро намедонистам, гумон мекардам, ки ӯ ҳам аз ҷигари Кӯлоб аст.

Дар навор чеҳраҳои саршиноси санъати тоҷик низ намудор гардиданд, ки баъзеашон дар сӯҳбати нозирони андоз буданд. Аз ҷумла, Ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон Ҳоҷӣ Афзалшо Шодиев чизе мегуфт. Таҳиягарони барномаи телевизионӣ нагуфтанд, ки аз ӯ нозирони андоз чӣ мехостанд. Дар барнома зикр гардид, ки баъзе ҳунарпешаҳо дар нозироти андоз ҳамчун соҳибкори инфиродӣ сабти ном намешаванд ва аз фаъолияти санъаткориашон андоз намесупоранд. Вале дар ҳамин ҳол соли гузашта дар нозироти андози кишвар ҳудуди 675 нафар санъаткор чун соҳибкори инфиродӣ сабти ном шуда, беш аз 750 ҳазор сомонӣ андоз супоридаанд. Албатта, ин маблағи калон нест, вале асос он аст, ки санъаткорон андоз месупоранд.

Дар барнома изҳори нигаронӣ карда шуд, ки теъдоди воқеии санъаткорон зиёд аст, вале шумораи ками онҳо андоз месупоранд. Албатта, ба ин гуфтаҳо ман сад дар сад розӣ ҳастам. Воқеан ҳам, ман гумон мекардам, ки теъдоди санъаткорон, яъне овозхону раққосон ва масхарабозон ба маротиб зиёд аст. Зеро ҳоло гуфтаҳои устод Мирзо Турсунзода «Халқи тоҷик табиатан шоир аст», дар асри ХХI маънои дигар касб кардааст: «Мардуми тоҷик табиатан санъаткор аст». Дар воқеъ дар телевизионҳои Тоҷикистон ҳар рӯз як ситораи нави санъат рӯи саҳна меояд. Вале ба қавли доктори улуми филологӣ, ҳунарпеша Ҷӯрабек Назриев, ин ситораҳои бенур рӯшанӣ надоранд (барномаи «Андоз бақои давлат»). Ногуфта намонад, ки ба ҳамин бенуриашон теъдоди овозхонҳо рӯ ба афзоиш дорад. Донишкадаи санъату коллеҷи санъат ва даҳҳо мактабҳои мусиқӣ дигар теъдоди довталабонро қонеъ карда наметавонанд. Ҳамин аст, ки ҳоло дигар донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон ба омода кардани санъаткорони ҳаваскору касбӣ шурӯъ кардаанд. Аз ҷумла, ҳоло донишҷӯёни макотиби олии шаҳри Душанбе барои таҷлили Иди наврӯз ва 20-солагии истиқлолият дар майдонҳои варзишӣ машқи рақсу суруд карда истодаанд. Шояд дар байни онҳо садҳо истеъдодҳои ҷавон ниҳон бошанд. Ана, ҳамин хел маъракаҳо санъаткорони ояндаро ба мардум муаррифӣ мекунанд ва ба ҷодаи санъат раҳнамун месозанд. Бояд гуфт, ки тӯли 5 соли таҳсил як қисми умри ин донишҷӯён дар гузаронидани маъракаҳои консертӣ мегузарад. Ман намедонам, ки дар дипломи ин донишҷӯён чӣ менавишта бошанд? Ба ҳар ҳол пешниҳод мекунам, ки дар дипломи ширкаткунандагони фаъоли барномаҳои консертӣ дар ҷои тахассуси журналист-овозхон, иқтисодчӣ-масхарабоз, ҳуқуқшинос-раққос, муҳандис-доиразан, механик-мутриб ва монанди ин навишта шавад. Зеро аз рӯи тахассуси аввал кор ёфтан мушкил аст. Аз рӯи ихтисоси дуюм ҳамчун соҳибкори инфиродӣ патент гирифта, овозхониву раққосӣ кардан ҳамеша имкон дорад. Агар ба ин гуфтаҳоямон бовар накунед, ба таҳсилоти олии овозхонҳову раққосони муосир назар кунед, аксарашон дипломи ҳуқуқшиносу иқтисодчӣ ва журналист доранд. Ихтисоси дуюм ҳамеша нон медиҳад. Аз ҷониби дигар, теъдоди санъаткороне, ки ҳамчун соҳибкори инфиродӣ андоз месупоранд, ба маротиб меафзояд ва хазинаи давлат ғанӣ мегардад.

Албатта, ҳамаи ин кам аст барои пур кардани хазинаи давлат. Роҳҳои нави андозбандиро бояд ҷустуҷӯ кард. Дар истеҳсолоту хизматрасонӣ ва тиҷорат дигар ягон намуди андозро наметавон роҳандозӣ кард. Ба қавле «больше некуда». Андозҳои зиёд ҳавасмандии истеҳсолгаронро кам мекунад. Ба қавле «бисёр талаб макун, ки ба кам зор шавӣ». Мисоли рӯшани ин гуфтаҳо дар шаҳри Душанбе ҳадди ақали маоши кормандони муассисаҳои ғайридавлатиро 562 сомонӣ муқаррар кардан буд. То ин вақт дар муҳосибаи ин муассисаҳо маоши кормандон кам муайян гардида, аз ин ҳисоб кам андоз пардохт мешуд. Баъди муқаррароти нав аксари роҳбарон теъдоди кормандонашонро расман ихтисор карданд, то ки андози дандоншикан насупоранд. Ин эксперимент натиҷаи дилхоҳ надод. Воридоти андоз зиёд нашуд. Бинобар ин, ҳамаи нерӯ бояд барои ситонидани андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва ё ҷустани намудҳои нави соҳибкории инфиродӣ равона карда шавад. Масалан, барои муаллимону табибони ришвахӯр ва мансабдорони тамаъҷӯй ставкаи андоз аз даромадро зиёд кардан лозим аст. Зеро  онҳо пора гирифта аз он андоз намесупоранд.

Ман ҳамчун ватандор ва шаҳрванди дилсӯзи давлат як намуди нави андозбандиро пешниҳод мекунам. Агар нозирони андоз пиёда дар кӯчаҳои пойтахт қадам мезаданд, худ аллакай пай мебурданд, ки ба кадом фаъолият бояд андоз ҷорӣ кард. Хонандаи азиз, шумо хуб медонед, ки дар кӯчаҳои шаҳрҳои бузург аз дасти гадоҳо қадам зада намешавад. Дар ошхона як луқмаро ҳам осоишта фурӯ бурда наметавонӣ. Махсусан гадоҳо дар шаҳри Душанбе назди донишгоҳу донишкадаҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ, бозорҳо ва умуман қариб ҳамаҷоро таҳти контроли худ гирифтаанд. Агар нозирони андоз фаъолияти гадоиро барои ба феҳристи соҳибкории инфиродӣ дохил кардан аз ҳукумат иҷоза мегирифтанд, нуран алонур мешуд. Пӯшида нест, ки аксаран ба гадоӣ ҷӯгиҳо машғуланд ва ин фаъолияти онҳо имрӯз мақоми ҳуқуқӣ надорад. Минбаъд гадоҳо таҳти контроли нозирони андоз афтида, чун шаҳрвандони комилҳуқуқи Тоҷикистони азиз андоз месупориданд ва ба ғанӣ гардонидани буҷаи давлат саҳми арзандаи худро мегузоштанд. Воқеан ҳам, ин чандон мушкилӣ надорад, дар даромадгоҳи ҷӯгиқишлоқҳо дидбонгоҳи нозироти андозро сохта, нафареро куратор таъин мекунӣ ва бо ҳамин «олам гулистон». Андоз саривақт пардохт мешавад. Набояд фаромӯш кард, ки андоз бақои давлат аст ва андозро ҳатман бояд пардохт!

Ҷовид МУҚИМ

Рубрики:Ҷовид МУҚИМ
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: