Главная > Акаи Ҷалил > Ҷалилакҳо бисёр, акаи Ҷалил якта

Ҷалилакҳо бисёр, акаи Ҷалил якта

Агар акаи Ҷалилтон дар ҷое баҳузур шишту аз он неъмати ҷонбахш як кашиданиша таги за­бон партофту баъд хотирҷамъ бурутша тоб дод, бифаҳм, ки ҳамаи корҳош панҷ аст. Дар вақти ҷанг ҳам аскарҳо ба ин одати ман ба ҳавас нигоҳ мекарданд. Якташ гуфта буд, ки Джалилҷан, ҳар ғоте нос мекашиву бурутҳота тоб медиҳӣ, гумон мекунам ҷанозаи фашиста мехонӣ.

Гап ҳамин ки додарҳои лахти ҷигар, дар хокҳои потон садқа, бурут ҳам савлат асту ҳам нишонаи давлат. Агар Худо дода бошадат, бурута базеб ба лабу бинит давондан гир чанде мехоҳӣ. Агар се-чор тор бошад, хубаш азоби беҳуда на­каш, на худта хандасарои мардум бикуну на ҳамон се-чор тори бечорара. Як пораи алмос як сол мерасад. Тарошида парто — ҷон халос.

Як ҷӯраи зӯр доштам, Салим гуфтанӣ одам, ранги Пушкин мӯйи сари ҷингилаи хушрӯ дошту лекин бурут намемонд. Ҳамин медид, ки ман бурутҳома тоб медиҳам, таҳти дил мазза мекард. Мегуфт, ки як бурути ту чанд бузбалаи дигар ме­истад. Як вақт — Мири танбеҳ — боз як бадбини дигари акатон…

Додарҳои ҷон, як гап занам-чӣ? Агар ҳамин душмани падарнаълат зӯр бошаду дангалӣ, баъд чор кас медидагӣ — он қадар дардат намекунад. Он вақте ҳар хилмаку пашмаку табитаку остин­чаву патаку пайтобаву ҷӯраби бӯйгинӣ ба соят каштал ба каштал шудан мехоҳаду пайи поҳота тоқа ёфта, лағатшап мекунад, дигар пакари ҳот мешавӣ, гапи мегуфтагита намеёбӣ. Баъзиша поҳош қади ҳафт хар бӯ мекунад, дар қарибиш шишта намешаваду гапзан, дар хонат як шаб меҳмон шавад, кайкҳои овардагиш кӯдаку чӯдакта мехӯранд. О ҳамин кайка ки дар хонат ҷой додӣ, камтар сераш бикун! Кайкҳои овар­дагишон чунон гӯшнаанд, ки… Баъд медавӣ чанд рӯзи дигар дору кофта. Хайрият, ки ҳозир дихлафосу пихлафос ёфта, базӯр ҷонта халос мекунӣ…

Хулоса, ҳамон Мири танбеҳ ин ҷӯраи ман — Салима дар кадом маъракае мебинаду мега, ки ту чӣ ин қадар бурути Ҷалила таъриф мекунӣ, бурути ман хубтар, мардака лабша зеб диҳад — надиҳад ҳамин хел бурут диҳад. Ин ҷӯраи Салими ман исту бист намекунаду мега ки ту агар мард бошӣ, ин гапта ба худаш бигӯ. Баъд гуфтаст, ки бо ин се-чор тори бурути ҳисобит ту ҳозир ранги кӯрмушӣ. Лекин агар зӯрат расаду ӯҳора боло бардориву ростшон бикунӣ, шояд ба ягон пиша­ки нимҷон монанд шавӣ. Дар ягон сафолпора мезида, як шаклу шамоилта бин, баъд мефаҳмӣ, ки чӣ хел номи акаи Ҷалила ба забон бигириву чӣ хел гап бигӯӣ. Мири танбеҳ сурх мешавад, сиёҳтар мешавад, ранг мебараду ранг меорад, лекин дар ҷавоби ин ҷӯраи мо ягон гапи дуруст ёфта наметавонад. Баъд «ҳаматон аз як палак» гуфта, даст пешападу хеста меравад.

Ҳамин зиндагӣ чунон сохта шудаст, ки меши­ниву сарта бо ду дастат меқапиву ба созандаву бозандаш ҳазорҳо бор аҳсанту офарин мегӯӣ.

Бахилаш ҳам бисёр шудагӣ. Ба қарибӣ як чизи аҷиб шунидам дар бораи ҳамин тоифа. Се бахил дар як ҷо калла ба калла сӯҳбат доштанду ҳар кадомаш сифати хӯву хавоси худша мекард. Ҳамоне ки байншон баумртар метофт, гуфт, ки:

— Як кас ба каси дигар ягон чиз медиҳаду ман худма мехӯрам, аз Худо домангир меша­вам, ки ин олам чаро ин қадар беадолат аст.

— Дарди ту ба хайр аст,- гуфт дуюмаш,- дина яке дидам, ки ду бародар сӯҳбат доштанду якташ ба дигараш як бандча пул дод. Дар пеши ман! Ҳоли худма худам медонаму Худо. То ҳол ба худ наомадаам.

Сеюмиш ба ӯ ду каси дигар ҳамроҳаш гуфт:

— Ин бахилиҳои шумо дар пеши бахилии ман дастобрез намешаванд. Ягон кас ба худи ман чизе диҳад ё дуруст муомила кунад, талхам рост мекафаду боз шумо аз ким-киҳо шикоят до­ред…

Ба қарибӣ як ҷӯраи наздикмон дар «Ҷавонони Тоҷикистон» саргузаштҳои акатона чоп карду боз гап мекофтагиҳо гап ёфтанд. Баъ­зеш боз ба гандакунӣ даромад, ки мардакҳои баақл гуфтанд: шумо лақлақи зиёд накунед, га­зит дурӯғ менависад. Инҳош хап карда буданд, ки боз дигарҳош бедор шуданд. Акнун акаи Ҷалилтон дар тамоми Тоҷикистон хешу табору ёру дӯст дораду душманаш беҳисоб.

Табиати одамӣ ҳамин хел аст-да. Ягон кас ки ҳурматат накарду эътиборат надод, маҷбурӣ худта ба поча ё тефи ҷомаи ягон одами номдор часпонӣ. Инҳо ҳам ҳамин хел. Якташ гуфтаст, ки акаи Ҷалил амакии ман аст, дигараш гуфтаст, ки акаи Ҷалил бобом мешавад. Ҳамин қадараш мондаст, ки ягонтаи дигараш акатона шӯйи очаш барорад.

Мана, чанд рӯз пеш як беваи худозада дар автобус омада гаранг кард, ки ман дар вақташ акаи Ҷалилтон қатӣ мегаштам. Чунон қиссаҳое нақл кардаст, ки даҳани ҳама воз мондаст. Гуф­таст, ки барои акаи Ҷалил то ҳозир ранги кундаи тар месӯзам. Баъд дар охир шофир ба хотири акатон маҷбур шудаст, ки аз ӯ пул нагираду то хонаш бурда расонад.

Боз чанд рӯз пеш як ақлаки дигар идораи газит рафта, даъво бардоштаст, ки раҳматӣ бо­бои ман акаи Ҷалил ном дошту ин саргузаштҳои чопкардаи шумо дурӯғанд. Мана, биёбу бигир! О агар бобои ту ягон Ҷалилаки нимҷон ё худмурда бошад, айби ман чӣ?

Дар ҷоҳои мо як гап аст, ки ба умеди чорхез аз дуқ-дуқ намон. Таърихи ин ҳодиса ҳамин аст, ки як вақтҳо дар ҳамон дашти поёни Чинораки мо мардуми бекор дар харҳо савор шуда, қатор меистоданду баъде ки як баақли дигар тоқиша ба ҳаво мепартофт, ҳама харҳора халачӯбкорӣ карда, якдигара гузаштан мехостанд. Аз ҳама пеш гузаштагӣ ягон мукофот мегирифту аз ҳама ақиб мондагӣ барои ҳамаи ин галаи харсавор ягон зиёфат ташкил мекард.

Хулоса, як Шарифи қуқа доштем, дар бисо­таш як хари пир дошт, ки аз дуқ-дуқ зиёд давида наметонист. Як рӯз қуқа хоб дида будаст ё кадом шайтоне дар гарданаш савор шуда, бераҳаш мекунад, ки ҳамин харша ҷилу пӯстак зада, омада дар қатори дигарон меистад. Баъд вақте харҳо ба дав медароянду чорхез мекунанд, қуқа мебинад, ки агар хараш ҳамин хел дуқ-дуқ дави­дан гирад, аз ҳама қафо мемонад. Шармандагӣ-ку майлаш, лекин хӯрондани ин галаи бузбала ба даҳан осон аст. Хуллас, хари бечорара тайи халачӯб мегираду орам мекунад. Лекин дави хар тағйир намеёбад. Мардак аз хар фурома­да, ҳайвони бечорара хуб тиёқшапу лағатчӯб мекунаду боз савор шуда, мехоҳад, ки он чор­хез кунад. Оқибат хари бечора аз по меафтаду дигар намехезад. Қуқа ду рӯзи дигар обу алаф дод, лекин хари мисли соҳибаш якрав оқибат ҷон доду нахест. Он мардуми дар мусобиқа иштирок кардагӣ баъди пайка омаданд хонаш зиёфатхурӣ. Кай парво доранд, ки харат мему­рад ё худат. Зиёфата ташкил бикун, ҷонат халос. Хулоса, қуқа дигар то охири умраш хар харида натавонист, аз будагиш монд. Баъд ҳамин гап баромад — ба умеди чорхез шуда, аз дуқ-дуқ на­мон.

Ин хилмак ҳам ба идораи газит рафта, даъво кардаст, ки бобои Ҷалили ман дигар буду ин акаи Ҷалили газит дигар. Як касе нест фаҳмонад, ки эй сағира, ту ба умеди чорхез нашаву аз ҳамон дуқ-дуқ намон.

Мо одамони бузург ҳамин хелем. Ҳар кас мехоҳад, ки агар акаи Ҷалил шуда натонад, худша ягон хел карда, ба ӯ часпонад. Мана, раҳматии Ленин… Ҳозир боз дар шаҳр мода шуда будаст, ки мардуми баақл раҳматира шодравон мегуф­таанд. Маънош ҳамин ки аз ҳамин дунё ки ра­вон шудӣ, шод, хурсанд, лабҳо хандон, даҳан тит, ягон ғам нест, аз ҳама розӣ, на кӯдака хӯрондан даркору на гӯш кардани вағ-вағи занак… Хуло­са, мана ҳамон Ленин, ман намедонам раҳматӣ аст ё шодравон, дар вақташ дар як шанбегӣ сараш фур мегардаду қатии як коргари одӣ як чӯба мебардораду чанд қадам мебарад. Он вақт ба он коргар касе аҳамият надоду лекин баъд­тар дар саршон зад, ки чӯба бардоштани доҳӣ ҳодисаи таърихӣ аст. Ленин қатии кӣ чӯба бар­дошт — инаш номаълум, худаш ҳам намедонист. Қисса кӯтоҳ, сиёсатбозу таърихнависҳои дарбор аз пайи кофтани он коргари бечора шуданд. Он коргар шояд то ҳозир ҳам надониста бошад, ки ҳамроҳаш кӣ чӯб бардошт, лекин одамони бисёр — қариб ҳазор кас — ҳар кадомаш даъвову тупа­ланг бардошт, ки ҳамон чӯба ҳамроҳи Ленин ӯ бурда буд.

Ҳозир нӣ ҳамин хел шудаст, ки ҳар як Ҷалили дар республика будагӣ камтар баумртар бошад, мега, ки ҳамон акаи Ҷалили номдор манам. Боз шунавидам, ки чанд каси дигар дар сари пирӣ номҳошона Ҷалил карданӣ, ки баъдтар ҳамин дунёи исқотира бообрӯ тарк кунанд.

Ба осмон нигоҳ кунед. Офтоб ки ҳаст, олам рӯшан, осмон соф. Ягон ситорара мебинед? Неъ. Баъд, бегоҳ ки шуду офтоб ки парид, ситораҳо паси ҳам аз чашмакзанира қимобат мекунанд. Боз офтоб ки омад, ҳамашон аҷинаи «бисмил­ло» шунавидагӣ ворӣ худ ба худ гум мешаванд. Ё дар баъзе деҳаи кӯҳистони худмон тобистонҳо шабчароғ гуфтанӣ як ҳашарот аст. Шаб ки шуд, ҳама ҷо пур, ҳар куҷо милт-милт мекунанд. Рӯз ки шуд, барои доругӣ пайдо кардашон намеша­вад. Акаи Ҷалилтон офтоб асту ҳамаи ин даъво­гарон ҳамон ситораҳои шайтонмиҷозу кирми шабчароғ. Баъд як олим як гапи зӯр гуфта буд, ки агар ҳамин офтоб набошад, ҳамон ситораҳо дар шаб ҳам чашмак намезананд. Чи хеле баъ­зе занакҳо рӯшона ба пудра андова мекунанд, ки хушрӯ тобем, ин ситораҳо ҳам рӯшанира аз офтоб медуздидаанд.

Мана ҳамин хел, додарҳои ҷон! То вақте ки акаи Ҷалилтон ҳаст, гапаш ҳам ҳаст, лекин муқобили офтоб чӣ ҳам метавон кард?

 

 

Рубрики:Акаи Ҷалил
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: