Главная > Нигина Қамариддинова > Дар се моҳи соли ҷорӣ бештар барои чӣ хандидед?

Дар се моҳи соли ҷорӣ бештар барои чӣ хандидед?

Инак, имсола Рӯзи ханда — 1-уми апрел ҳам фаро расид. Рӯзе, ки ҳама метавонанд биханданд ва ҳатто агар хандаҳое бемаврид ҳам бароянд, бояд касе аз он наранҷад. Аммо ба назар мерасад, ки мардум бештари вақт бамаврид механданд. Фикр мекунем, тӯли як сол хандаҳои мухталиф садо доданд ва шояд бисёраш дар хотирҳо намонда бошад. Ба ҳамин хотир, аз чанд чеҳраи намоёни тоҷик бад-ин минвол суол кардем:

Бахтиёр РАҲИМОВ, ҳунарманд:

— Дар се моҳи соли ҷорӣ бештар дар ҳар мавзӯъ саҳна тайёр мекардам. Барои барта­раф кардани камбудиҳо ба таври ҳазлу шӯхӣ мардумро механдондам ва аз пайи ислоҳ кунонидани ана ҳамон нафарон мешудам. Имрӯз бисёриҳо барои ман механданд ва ҳатто то як андоза ман худамро гум кардам ва ноҳинҷор ҳис кардам. Барои чӣ мегӯям, ки ин шабу рӯзҳо барои ман механданд? Ба­рои ана ҳамон андозу андозбандӣ. Ҳоло ман бо як ҷиддияти том тайёрӣ дида истодаам, ки ба ҳоли ана ҳамон андозбандон хандам. Чӣ хел ҳам аз шоҳу вазир ва ҳам аз гадову аз дарвеш як андоз будааст? Новобаста аз он, ки дороии яке зиёд асту аз дигаре кам. Ман фикр мекунам, ки ин кори ноодилона аст. Ана акнун ман ба ҳоли андозбандон механдам, ки маошашон 200-215 сомонӣ, аммо шиму костюмашон аз 300 то 500 доллар, чалаву ангуштарини дасташон 300-400 доллар, мо­шинашон 15-20 ҳазор доллар ва боз хонаҳои дуошёнаи онҳо аз куҷост? О ин қадар пулро аз куҷо пайдо мекунанд? Ман 22 сол ҳунарманд ҳастам, аммо боз мегӯям, ки то ҳоло ҳам хо­наи шахсӣ надорам ва мардум ба ҳоли ман механданд ва ҳеҷ бовар намекунанд. Лекин агар дар асл гирем, дар ҳақиқат ҳамин хел аст, ман ба ҳоли онҳо механдам. Ва бори дигар ман ба мухлисонам мерасонам, ки ташаккур барои занг заданашон, ҳамдардӣ баён кар­данашон, ҳол он ки ягон ҳодисаи доғ нест. Гӯё Ғарибшоҳ ё Бахтиёр Раҳимов саркашӣ кардаасту Ғарибшоҳро ҷарима кардаанд. Шаҳнози Комилзода, рӯзноманигор:

— Се моҳи охир ба ҳоли нафароне хандида­ам, ки натавонистаанд эҳсосоти бухлу ҳасади худро нигоҳ доранд ва худро идора кунанд. Ман аслан ба он механдам, ки чунин шахсон дигаронро паст заданӣ шуда, пастии худро нафаҳмида, ба ҷомеа нишон медиҳанд. Аз нигоҳи ман ин гуна шахсон оҷизанду худро та­воно нишон доданӣ мешаванд. Ростӣ дилам ба ҳоли эшон ҳам месӯзад ва ҳам хондаам меояд.

Барзу АБДУРАЗЗОҚОВ, зиёии тоҷик:

— Ба ҳоли худаму ба ҳоли ҷумҳурӣ механ­дам. Ха-ха-ха!

Ханда бисёр буд. Қариб ҳар як машқи мо чи дар шаҳри Кишинёв ва чи дар Алма-Ато ва чи берун аз он ханда буд, як латифаи хушрӯ буду як воқеаи зебо буд. Сад шукри Худо, ки дар ҳоле мо дорем, табассум аз лабонамон канда нест.

Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР, рӯзноманигор:

— Рости гап, ҳамин хел мавзӯҳое, ки би­хандаму бихандаму бихандам, хеле кам буд. Ба хотири осоиши рӯҳи худамон, мо — як гурӯҳ дӯстону бародарон баъд аз кор ҷамъ меша­вем ва коре мекунем, ки якдигарамонро бихандонем. Мавзӯъҳои озоде, ки агар хан­дему аз он фараҳ барем, камтар. Баъдан мо латифа мегӯем, масалан “куриёз” мегӯянд-ку, баъзе ҳолатҳое, ки ғайриоддӣ ва ё лаҳзаҳои бисёр гуворое, ки ғайричашмдошт ҳастанд, ҳаминро нақл карда, бо ҳамдигар механдем.

Як рӯз ман ба духтарчаам Рухшона гуфтам, ки чой биёр. Баъд ӯ як пиёла чой оварду гуфт, ки “дада чой ҷуп-ҷушай”. Ман ба ӯ гуфтам, ки “эй духтар, ҷуп-ҷуш гуфтанӣ калимаву ибора нест”. Баъд ӯ гашта ҷавоб дод, ки “дада, худа­тон мегӯед-ку: зб-зард, барои чӣ ҷуп-ҷуш на­мешудай?!”. Баъд ҳама хандидем.

Дар як ҷо нишаста будем, ки Шарифи Мирсаидзод — ҳамкори мо дар радиои «Садои Душанбе» дар мавриди устод Мирсаид Мир­шакар як ёднома мехонаду дар охир мегӯяд, ки: «Ёдат ба хайр устод Мирзо Турсунзода».

Ана ҳамин хел куриёзҳое ҳастанд, ки ҳар касе якум шуда як латифаи тозаи обнара­сида дарёф мекунад, дар як ҷо нишаста ба ҳамдигар нақл мекунем. Маҳфили мо хело ҳам маҳфили гуворо аст.

Фароҳамсоз

Нигина Қамариддинова,

БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: