Главная > Uncategorized > Даҳшат-2

Даҳшат-2

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ба Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон

Ба Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ

Ба тамоми созмонҳои ҳимоятгари ҳуқуқи инсон

Пеш аз ҳама ба шумо арзу сипоси худро иброз намуда, дар фаъолияти меҳнатиатон, ки барои барқарор кардани қонуният ва пешгирӣ намудани амалҳои ҷиноятӣ равона карда шудаанд, комёбиҳои беназир таманно дорам. Боварии комил дорам, ки ин муроҷиати ман аз ҷониби шумо дуруст дарк карда шуда, дар рӯҳияи қонунпарастӣ мавриди санҷиш қарор гирифта, ҳалли қонунии худро хоҳад ёфт.

Субҳи 01.03.2011 сол шавҳарам Сангов Сафаралӣ автомашинаи сабукрави худро ба­рои иваз намудан ба дигар автомашина ба бозор бурд. Тахминан соатҳои 11:30 дақиқа вай автомашинаашро ба автомашинаи сабу­крави тамғаи Опел иваз намуда, бо ҳамроҳии Қувваталӣ ном ҷавон ба хонаамон баргашт. Вай аввал ба мағозаи дар ҳавлиамон буда да­ромада, онро аз назар гузаронида, сипас ба­ромадан мехоҳад. Дар ин ҳангом Қувваталӣ бо телефон ба касе занг зада, оид ба омадани шавҳарам хабар медиҳад. Ҳангоми аз мағоза баромадани шавҳарам ба хонаи шахсии мо дар ду автомашина 6-7 нафар шахсони ба мо ношинос зада даромада, бе ягон пурсиш шавҳарамро латукӯб менамоянд ва тамоми сарулибосашро мекобанд, вале чизе на­меёбанд. Бо вуҷуди ин, онҳо шавҳарамро латукӯб карда, дастонашро баста, ба тарафи дар равона мешаванд. Аз сабабе, ки онҳо худро муаррифӣ накарда буданд, зани баро­дари шавҳарам Мукаррама омада, мехоҳад шавҳарамро халос намояд, вале онҳо ӯро низ латукӯб менамоянд. Ин ҳолро дида, духтари Мукаррама — Фарзона, ки дар моҳи чоруми ҳомиладорӣ қарор дошт, ба назди онҳо ома­да, “Шумо чӣ кор карда истодаед, амакамро накушед”,- гӯён мехоҳад шавҳарамро аз да­сти онҳо хаос намояд, вале онҳо ба духтар бу­дани ӯ нигоҳ накарда, бо мушт ба рӯяш меза­нанд, ки аз ин зарба ба замин афтида беҳуш мешавад.

Онҳо баъди латукӯби аҳли хонавода шавҳарамро маҷбуран ба мошин шинонда мебаранд. Ман дар дохили хона будам, вақте омадам, танҳо як нафарашро дидам, ки писа­рамро зада аз хона давида ба автомашинаи сабукрави тамғаи Жигулӣ, рақами давлатиаш 21-07 нишаста, бо суръати тез ронда рафт. Ман аз корманди БДА, ки дар роҳ меистод, рафта пурсидам, ки ин шахс кист, чунки вай қоидаи ҳаракати роҳро дағалона вайрон кар­да бошад ҳам, кормандони БДА ӯро нигоҳ надоштанд. Корманди БДА, ки ман ӯро наме­шиносам, ҷавоб дод, ки ин «бача»-ҳои шӯъбаи корҳои дохилии Сино-1 мебошанд.

Ман барои фаҳмидани ҳолати воқеии кор ба ШКД-и Сино-1 омадам ва дидам, ки авто­машинаи тамғаи Жигулӣ, рақами давлатиаш 21-07 дар саҳни ШКД-и Сино-1 истодааст. Ман аз посбон пурсидам, ки автомашина аз они кист ва марде, ки дар дохили он овар­данд, дар куҷост? Посбон ҷавоб дод, ки ав­томашинаи муовини сардори ШКД-и Сино-1 мебошад ва он мард дар дохили шӯъба аст. Ман ба шиносам, корманди РКД-и шаҳри Ду­шанбе занг зада, ҳолати корро гуфтам. Дар навбати худ шиносам ба корманди ШКД теле­фон карда, аз ҳолати кор пурсон шуд. Онҳо додани ҳама гуна маълумотро рад намуданд. Баъди занги телефонии шиносам корманди ШКД баромада ба ман гуфт, ки чӣ доду фарёд мекунӣ, шавҳаратро бо як килограмм маводи нашъадори героин дастгир кардаанд, ҳозир ҳеҷ куҷо занг назан, ҳама корҳо ҳаминҷо ҳал мешавад. Ҳолати ноумедии маро писарам Сунатулло дида, гуфт, ки як бор дадаамро дида ҳолати ҳақиқии корро фаҳмидан даркор аст. Ман аз посбон пурсидам, ки иҷозати да­ромада дидани шавҳарам ҳаст ё не. Посбон ҷавоб дод, ки мумкин аст, метавонӣ хӯроки нисфирӯзӣ гирифта биёрӣ ва ӯро даромада бинӣ.

Ман рафта хӯрок харида омадам ва по­сбон маро бо як шахс ба бинои ШКД, ошёнаи 2-юм равон крд. Мо ба ошёнаи 2-юм ба наз­ди утоқи кории Ёқубов Раҳмон омадем. Ҳамон шахс дарро тақ-тақ кард, аз дохили ҳуҷра садои дағалонаи мардона пурсид, ки кист? Он шахс ҷавоб дод, ки ман Илҳом ҳастам, бо ҳамсари Сангов, барои шавҳараш хӯрок овардааст ва мехоҳад ӯро бубинад. Садои мардонаи дохили ҳуҷра гуфт, ки ман бо касе гап задан намехоҳам гуфтам-ку, дафъ шавед аз ин ҷо, кӣ шуморо ба ин ҷо роҳ дод? Ҳамин тавр, ӯ дарро накушод. Ин ҳолат маро ҳайрон намуд ва аз Илҳом пурсидам, ки чӣ, дидан мумкин нест? Илҳом ҷавоб дод, ки равед, соати 17:00 биёед, даромада мебинед. Ман ба берун баромадам, вале ба хона нарафтам, бисёр мехостам, ки ақаллан хӯроки овардаамро гиранд, чунки шавҳарам гирифтори бемории меъда буда, гӯшна монданаш мумкин нест, чунки вай ҷарроҳии резексияро дар рӯдаи 12-ангушта гузаронида буд. Ҳангоми дар берун буданам дидам, ки Қувваталӣ орому озод аз бинои ШКД баромад. Ман аз Қувваталӣ пур­сон шудам, ки вай чӣ тавр тавонистааст ин хел озодона аз бинои ШКД барояд, охир маро барои даромадан чӣ қадар таҳқир намуданд. Вай ҷавоб дод, ки ман ба як шиносам бо номи Зокир ё Закир (андак дар хотирам нест Зокир гуфта буд ё ин ки Закир) телефон кар­дам, вай ҳозир дар дохили бино нишастааст, ман бошам барои пул ба хонаамон меравам ва илова намуд, ки рафта ягон сӯм биёрам, ки ба дасти “началник часпонам”, ки боз маро “соучастник” накунанд. Шумо зиқ нашуда хона равед, то бегоҳа ҳамааш нағз мешавад. Баъд аз ин сӯҳбат хӯроки овардаамро наги­рифтанд ва мо ба хона равон шудем, ки соа­ти 17:00 баргардем, ки дар роҳ бо бародари шавҳарам ва як коргари мағозаамон Қодир вохӯрдем. Онҳо аз мо ҳолати корро пурсиданд ва ман ҳамаи онро нақл кардам. Қодир ба мо гуфт, ки ман дар ШКД як шинос дорам, рафта як ҳолати корро фаҳмидан даркор, писарам хӯрокро гирифта, боз бо ҳамроҳии Қодир боз ба ШКД меоянд. Дар он ҷо шиноси Қодир ба онҳо мегӯяд, ки он касоне ки Сафарро дастгир карда овардаанд, бо маводи мухаддир сару­кор надоранд. Сафарро барои авбошӣ даст­гир кардаанд, ҳозир ҳолатҳои корро санҷида ҷавобаш медиҳанд. Ин хабарро шунида, кам­тар ором шудам ва ба хона баргаштам. Писа­рам ба ман гуфт, ки дадаам ҳеҷ кор накарда­аст ва ӯро ҳамчун гумонбар ба авбошӣ бо як бача овардаанд ва то бегоҳ ҷавоб медиҳанд.

Дар хона будем, ки ногоҳ шиносам аз РКД занг зада гуфт, ки шавҳарат эпилепсия дорад? Ман гуфтам, ки не надорад. Вай гуфт, ки чӣ хел милисаҳо мегӯянд, ки ҳангоми пурсиш Сафар­ро касалии эпилепсия қапидааст, аз даҳонаш кафк баромадааст ва ӯро ба қабулгоҳи бе­морхонаи Қарияи Боло бурдаанд. Ман бо ҳамроҳии аҳли оилаамон ба Қарияи Боло омадем ва аз кормандони он фаҳмидам, ки шавҳарам дар ҳолати критикӣ қарор дорад ва ҳозир дар шӯъбаи эҳёи беморхона, ки дар ошёнаи 2-юм ҷойгир шудааст, хобонда шуда­аст. Ман ба назди ӯ рафтам, вай дар ҳолати бениҳоят вазнин, дар зери таҷҳизоти нафаси сунъидиҳанда хобидааст. Духтуре, ки дар на­здаш буд, ба ман гуфт, ки рафта хулосаҳои аксҳои рентгении шавҳаратро пулашро дода, гирифта биёрам. Ман ба поён фаромадам, духтурон байни худ сӯҳбат мекарданд, яке аз духтурон мегуфт, ки косаи миёнаш ва биниаш низ шикастааст, рентген намоем. Духтури ди­гар ҷавоб дод, ки 3 намуд рентген намудам, ин шахс нашъаманд аст, ӯро баъди “передо­зировка” овардаанд, ман ҳам коғазҳои рент­гениро мехарам, пулашро кӣ медиҳад? Ман ин суханашро шунидам ва аз онҳо пурсидам, ки шумо дар бораи Сангов Сафаралӣ мегӯед? Вай нашъаманд нест, ӯро кормандони милиса латукӯб намуда, ба ин ҳолат расонидаанд. Дух­тур аз суханони ман ҳайрон шуда гуфт, ки на­ход чунин бераҳмиро милитсия карда бошад, ҳатто сагро ин тавр бераҳмона латукӯб наме­кунанд. Рав, ҳарчӣ тезтар ба Прокуратура оид ба ин ҳодиса бо ариза муроҷиат кун, мо ҳозир дигар узвҳои бадани шавҳаратро рентген ме­кунем. Духтур дигар аз ман маблағи рентген­ро нагирифт. Ман бо ҳамроҳии Мукаррама ва Фарзона ба ошёнаи 2-юм баромадем, то як бори дигар аз аҳволи шавҳарам бохабар ша­вем. Шавҳарам ҳанӯз беҳуш буд. Мо ба наз­ди тиреза омадем, дар назди тиреза истода будем, ки дар поён ҳамон кормандоне, ки шавҳарамро латукӯб карда бурда буданд, дар поён истода буданд. Фарзона онҳоро ба зудӣ шинохт ва гуфт, ки ана ҳаминҳо амакамро латукӯб карда буданд. Онҳо байни якдигар чӣ тавр шавҳарамро заданашонро нақл карда, яктояш чӣ тавр бо пояш заданашро нишон дода гуфт, ки як шатта задам, ки ба девор бархӯрд ва “отключит” шуд. Ман дигар тоқат карда натавониста, ба назди онҳо рафтам ва ба онҳо гуфтам, ки шумо одамро кушта боз таъриф мекунед. Як бор рафта ҳоли ӯро би­нед, чӣ кор кардед. Онҳо аз ин суханони ман ба ғазаб омада гуфтанд, ки: “Вағ-вағ наку, ки ҳозӣ мезанем ба девор якта мешӣ, мора кормон ҳамияй, мо ҳастем, ки шумо тинҷ ме­гарден”. Байни мо ҷанҷол шуд, онҳо ба мо бо суханони дағал ҳуҷум намуданд. Баъд аз он ман ба Прокуратураи ноҳияи Сино барои хабар додан оид ба ин ҳолат омада, ариза на­виштам, ки аризаамро Ҳамидов қабул кард. Баъд аз қабули аризаам шавҳарамро ташхи­си судӣ гузарониданд, дар назди шавҳарам навбатдор гузоштанд.

Ҳангоми аз Прокуратура баргаштанам аз қаҳрамонони ҳодиса дараке наёфтам. Пас агар шавҳари ман гуноҳ медошт, чӣ тавр кормандони милиса ӯро партофта мераванд ва онҳо як бор ҳам омада аз ҳоли шавҳарам пурсон нашуданд?

Бигзор шавҳарам гуноҳ ҳам медошт, ӯро қонунӣ ҷазо медоданд, вале чунин маҷрӯҳу маслуқаш намекарданд.

Онҳо шавҳарамро гоҳ барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъаовар гунаҳкор мекарданду гоҳ барои авбошӣ. Ҳангоми ба хонаи мо омадан, шавҳари маро кофтуков кардаанд, ки барои он асос, яъне санксия на­доштанд ва оид ба ин ҳолат на протоколи коф­тукови шавҳарам, на либосҳояш тартиб дода нашуда ва аз либосҳояш маводи мухаддир наёфтаанд. Агар шавҳари ман авбошӣ карда бошад, пас киро задааст ё ин ки киро таҳқир кардааст? Ҳамаи ҳамсояҳо ва аҳли маҳалла шоҳиди омадан ва зери латукӯб қарор додани шавҳари ман ҳастанд.

Аз латукӯби зиёд шавҳари ман дар ҳолати беҳушӣ қарор гирифта буд ва онҳо барои пӯшонидани гуноҳи худ ба хабарнигорон ха­бари бардурӯғ доданд, ки гӯё шавҳари ман худкушӣ кардааст. Шавҳари ман имконияти ин корро кардан надошт, чунки ҳамеша дар атрофи кормандони милитсия қарор дошт.

Кормандони милитсия болои он, ки шах­серо бегуноҳ зада, маиб карда, дар байни 4-5 соат шахси солимеро маҷрӯҳ карданд, боз ин рафтори ноҷавонмардонаи худро байни худ таъриф намуда, аз ин кор фахр мекарданд ва бо ин рафтори номардонаи худ, моро бе корд мекуштанд. Мо ба он ҳайронем, ки онҳо гуноҳи худро умуман дарк намекарданд, боз моро дӯғу пӯписа намуда, заданӣ мешуданд. Мо бошем, аз ноилоҷӣ чӣ кор кардани ху­дро намедонистем. Нисбати аризаҳои мо санҷише гузаронида намешуд, ки моро каме ҳам бошад, ором бахшад. Чунки дар ин ҳолат ин шахсони аз мансаб мағрур худро ҳақ на­мешумориданд ва шояд гуноҳи нобахшиданӣ кардани худро мефаҳмиданд. Наход вази­фаи милитсия — ҳомӣ, посбони шабҳои оро­ми мо, дар задану маиб кардан ва куштани шаҳрвандони мо бошад!? Пас аз ин чӣ тавр мо метавонем ба милитсия бовар кунем, ҳифзи ҳаёти худ ва наздиконамонро ба онҳо супорем.

04.03.2011 сол ман Ҳикматова Дав­латхоним — ҳамсари Сангов С. ба наздаш омадам, хӯрок хӯрд ва ин ҳолат ҳамаи моро умедвор кард, ки вазнинӣ гузашту саломатии шавҳарам рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Духтурҳо мо — занҳоро ҷавоб доданд, ки равед, саҳарӣ биёед. Хешони мард дар назди шавҳарам ис­тоданд. Саҳари 05.03.2011 сол ман ба хабар­гирии шавҳарам ба беморхона омадам, дух­турон тағйир наёфтани вазъи шавҳарамро ба мо расонида, хоҳиш карданд, ки барои бемор қаймоқ, об ва хӯроки сабук биёрем. Мо гуфтаҳои духтуронро иҷро кардем. Язнаи шавҳарам Абдуғаффор ба назди шавҳарам даромада, ӯро дуохонӣ намуда, баромада гуфт, ки Сафаралӣ дар ҳамон ҳолати беҳушӣ қарор дорад. Ман аз духтури табобаткунанда Сафаров Осаф иҷозати ба назди шавҳарам даромаданро кардам. Духтур ба ман иҷозат надода гуфт, ки профессор Ахмедов барои азназаргузаронии беморон ва тафтиши корҳои онҳо омадааст, даромадан мумкин нест. Ҳарчанд он рӯз шанбе буд. Баъд аз ин суханҳои духтур тахминан 30 дақиқа гузашта буд, ки худи духтур Сафаров О. ба назди дар омада гуфт, ки ягон нафар аз хешони Сангов С. ба назди ман биёед. Ман хостам, ки ба назди шавҳарам равам, вале ба ман иҷозат надод. Ҷияни шавҳарам Муҳаммадро ҳамроҳ гирифта бурд. Духтур Муҳаммадро ба дохили бино дароварда, хабари марги шавҳарамро мерасонад ва мегӯяд, ки рафта ба хешу табо­ронат ин хабарро фаҳмонда, либос гирифта биёред. Вақте ки ба поёни бинои беморхона омадем, дар саҳни ҳавлии он кормандони милитсия, ки тахминан 25-30 нафар буданд, ҳозир шудаанд. Ин ҳол моро ҳайрон кард, ки чӣ зарурате пайдо шудааст, ки сардори ШКД-1 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳамаи кормандони худро ба беморхона фиристода­аст. Шавҳари ман вафот карда буд, вай ди­гар на гурехта метавонист, на ҷинояте содир карда метавонист, ки саҳни ҳавлӣ аз онҳо пур карда шуд.

Вақте хешу табор ҷамъ шуда, ба назди даре, ки бояд ҷасади шавҳарамро меовар­данд, омадем, дар маҳкам буд. Мо 30 дақиқа мунтазир шудем. Ин дақиқаҳо барои ман бениҳоят тоқатфарсо ва вазнин буд. Вақто ки дарро касе накушод, ҷияни шавҳарам Сӯҳроб тирезаро шикаста, дарро кушод. Мо ба да­рун даромадем, ки ҷасади шавҳарам дар ҳуҷраи хобидааш нест. Мо сабаби ин ҳолатро аз духтурҳо пурсидем. Сардухтур ҷавоб дод, ки кормандони милитсия моро дар утоқи корӣ маҳкам карда, бо сабабҳои номаълум ҷасади шавҳаратонро гирифта рафтанд ва нагуфтанд, ки ба куҷо мебаранд. Ин амали ғайриинсонии кормандони милитсияро мо нафаҳмидем. Онҳо аз ҷасад чӣ мехоҳанд, ху­доё ин чӣ бераҳмию чӣ беинсофӣ!?

Ҷасаддуздии кормандони милитсияро ҷияни ман Кароматулло дида будааст. Вай инро ба мо хабар дод, ки онҳо ҷасадро ба Шаҳрчаи тиббӣ (Медгородок) бурдаанд. Мо ба кушодан ва гузаронидани ташхис розигӣ дода будем, пас сабаби пинҳонӣ аз мо гириф­та гурехтани ҷасади шавҳари ман ба онҳо чӣ зарур буд? Ин рафтори ғайриқонунии онҳо боз як бори дигар исботи мақсадҳои ғаразнок до­штани ин кормандони ҳифзи ҳуқуқро нишон медиҳад.

Мо ҳама хешу таборон ба Шаҳрчаи тиббӣ ҳозир шудем. Кормандони милитсия ягон на­фари моро даъват накарданд. Розигии моро оиди дар ин беморхона гузаронидани таш­хис напурсиданд. Он ҳолат боз шубҳаовар буд, ки кормандони милитсия дар назди бе­морхона ду қатор истода, касеро ба дарун даромадан намемонданд, гӯё шавҳари ман ё ягон шахси мансабдори калон ё хизматчии бузург ё ҷинояткоре бошад, ки ҳатто баъд аз маргаш зинда шуда, ба онҳо зарар мерасо­над. Ин кори онҳо кинофилмҳои америкои­ро ба хотир меовард. Шояд онҳо мехостанд, ки худашон ташхис гузаронида, сабаби маргро мувофиқи мақсади худ нақшгузорӣ намоянд ё шояд дар дохили баданаш ягон маводеро гузошта, бо ин ӯро ҳатто баъд аз маргаш гунаҳкор созанд. Онҳо барои хало­сии ҷони худ ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ на­кашидани худ мехостанд шавҳари маро ба худкушӣ гунаҳкор созанд. Лекин ба як нуқтаи дигар аҳамият надоданд, ки ҳатто дар сурати худкушӣ намудан низ сабаб танҳо онҳо ва ҳаракатҳои ғайриинсонӣ ва ғайриқонунии онҳост. Зеро ман бо боварӣ гуфта метавонам, ки шавҳари ман аз латукӯби бераҳмонаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ кушта шуд.

Инак, шабҳоро бо бедорӣ рӯз карда, аз он зиёдтар азоб мекашем, ки пайванди мо бо марги илоҳӣ не, бо марги маҷбурию вазнин вафот кард, ӯро дар замони оромию серӣ куштанд. Худоё чӣ қадар ӯро азоб до­данду заданд! Магар ӯ касеро кушта буд, ҷоеро тарконда буд, ки ин қадар ғазабу қаҳр доштанд ин кормандони милитсия!? ӯ чашм накушода, сухани вопасин нагуфта, ин ду­нёи беадолатро тарк намуд. Падару модар, зану фарзанд, хешу таборонро дар марги худ ҷигарсӯз намуд.

Аз ҳамин лиҳоз, ба шумо муроҷиат кар­да, хоҳиш дорем, ки арзи моро ба инобат гирифта, барои ғалабаи адолат кӯмаки худро расонед. Мо ҷазо гирифтани он кормандо­ни милитсияро интизорем, ки боиси марги Сафаралӣ Сангов гаштаанд. Ҳаёти худ ва аҳли оилаи худро ба шумо месупорем.

Д. Ҳикматова, Ш. Сангов, Б. Сангова

Аз БМСТЖ:

Бояд зикр намоем, ки қазияи мазкур мавриди таваҷҷӯҳи Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ қарор дошта, он пайгирӣ мешавад.

  1. Salim
    Апрель 12, 2011 в 4:26 дп

    O xohari in milisahora bgom, o modartona bgom shmo xeshu tabor nadoren??!!!!!!!!!!
    Dar dahani avloton bgommmmmmmmmmmmmmmmmmm

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: