Главная > Шаҳлои Абдулло > Надидам нагӯед, нашунидам нагӯед!!!

Надидам нагӯед, нашунидам нагӯед!!!

  • (Памфлет)

Гумон мекунем, ҳама мардуми кишвар аз муроҷиати узрхоҳонаи «Барқи Тоҷик» огоҳанд. Аммо барои мардуме, ки дар ҳақиқат огоҳӣ надоранд, мерасонем, ки ин таҷрибаи «Барқи Тоҷик» аввалин таҷрибаи муносибат бо қишри умумӣ ва миёнаҳоли ҷомеаи тоҷик аст. Аввалин бор аст, ки «Барқи Тоҷик» аз мову шумо узр мепурсад. Узр мепурсад!!! Аз таркидани лампаҳои каммасрафи мо, аз корношоям шудани печкаву телевизор ва дигар асбобҳои барқии мо, ки сабабаш шиддати баланди қувваи барқ аст. На! Ҳеҷ гоҳ фикр накунед, ки «Барқи Тоҷик» гунаҳкор аст! Гунаҳкор Барқ аст, Барқ!! Ва об! Зеро сатҳи оби «Вахш» баланд шудаву ҳаҷми истеҳсоли қувваи барқро ба маротиб тезонидааст.

Роҳбарияти ширкати «Барқи Тоҷик» аз барзиёдии нерӯи барқ ва аз кор мондани лампаҳову ди­гар лавозимоти барқии мардум ба ташвиш афтода, узрпурсӣ кард. Дар муроҷиатномаи телевизионӣ гуфта шуд, ки бо сабабҳои ғайричашмдошт баланд шудани ҳарорати ҳаво ва зиёд шудани ҳаҷми об дар дарёи Вахш, истеҳсоли нерӯи барқ беш аз пеш гаштааст.

— Тибқи нишондодҳои таҷҳизоти обсанҷӣ, дар ҳамин рӯзҳо ҳаҷми об дар маҷрои дарёи «Вахш» хело зиёд шудааст. Чунонки мушоҳидаҳои ҳарсолаи илмӣ собит месозанд, дар таърихи Тоҷикистон то имрӯз ба ин андоза зиёд шудани ҳаҷми об ба назар нарасидааст. Бо назардошти вазъи баамаломада, зарурати ҷорӣ намудани реҷаи махсуси тақсими нерӯи барқ миёни ҳамсоякишварҳо, монанди Афғонистону Покистон ва Узбакистон ба миён омад. Бинобар ин, роҳбарияти Ширкати «Барқи Тоҷик» аз тамоми мардуми шари­фи кишвар ва муштарёни нерӯи барқ барои сӯхтани лампаҳои кам­масрафашон аз барзиёдии барқ маъзарат мепурсад,- омадааст дар муроҷиатнома.

Ҳамзамон, ширкати «Барқи Тоҷик» гуфтааст, ки агар вазъ ҳамин мивол идома ёфтан гирад, нерӯи барқи зиёдатиро ба дигар кишварҳои ақсои олам, аз ҷумла Бангладешу Антарктида бо нархи гарон мефурӯшад ва маблағи аз ин ҳисоб ба даст омадаро ба хонаи ятимону бепарасторон ва қишри камбизоати кишвар тақсим хоҳад кард. Инчунин, ваъда додааст, ки метавонад аз ҳамин ҳисоб маблағи асбобҳои сӯхтаву корношоямшу­даи мардумро ҷуброн кунад. Ха­бар мерасад, ки ҳатто 110 нозири беҳтарини барқ сарчин шудаву чанд рӯз баъд барои муайян кар­дани хисороти дидаи аҳолӣ корро шурӯъ мекунанд. Худованд барора­шон диҳад!

Таври маълум, Тоҷикистон имрӯз яке аз кишварҳои асосии интиқолдиҳандаи қувваи барқ дар Осиёи Миёна дониста мешавад. Бо шарофати кӯмаку дастгирии сармоягузорони дохиливу хориҷӣ лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ дар амал татбиқ шуданд. Айни ҳол нерӯгоҳҳои барқии обии «Роғун», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» пурра ба истифода дода шудааст. Беш аз 160 нерӯгоҳи хурди барқӣ-обӣ сохта шуда, аҳолии ноҳияҳои дур­дасти Тоҷикистон бо барқ таъмин шудаанд. Барқарорсозии пурраи нерӯгоҳи «Норак», «Қайроққум» ва Маркази барқу гармидиҳии Ёвон имконият дод, ки дар мамлакат зиё­да аз 400 мегаватт иқтидори ило­вагии қувваи барқ ба даст оварда шавад, ки ин нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ду маротиб бештар аст.

Агар солҳои пешин талафоти қувваи барқ соле 2 миллиарду 900 миллион киловатт/соатро ташкил медод, пас имрӯз бо истифода аз лампаҳои каммасраф, ки харҷи нерӯи барқро то 5 маротиба кам мекунанд, тавонистем ба дигар мамлакатҳо намунаи ибрат шавем.

Дигар мардум аз норасоии барқ бо ханда ёд мекунанд. Дар қишлоқҳои дурдасттарин низ номи дегдону оташдонро қариб фаромӯш кардаанду танҳо дар хонаҳои шах­сони сарватманд танӯрҳои бобоӣ ҳамчун нишони ёдгорӣ боқӣ мон­дааст.

Сокинони деҳаи Анорак, ки бе симчӯбҳои барқӣ низ дар хонаҳояшон барқ фурӯзон аст, ба нишони миннатдорӣ ба кор­мандони «Барқи Тоҷик» мактаби деҳаро ба номи «Барқӣ» гузош­танд. Талабагон акнун фанни “ма­данияти энергетикӣ”-ро бо шавқи беандоза аз худ мекунанд. Хонан­дагони синфи 11-и «а» бошанд, бо навоварӣ ҳамаро дар ҳайрат гузоштанд. Онҳо аз лампаҳои кам­масраф ҳайкалчаҳои кормандони «Барқи Тоҷик»-ро сохтаанд, ки номи “Барқак”-ро доранд.

Мепурсед, ки мардуми ин деҳа чӣ хел бе симчӯб барқ исти­фода мебурдаанд!? Гап ҳам сари ҳамин аст ва миннатдории аҳли деҳа низ барои ҳамин. Зеро тӯли чанд сол «Барқи Тоҷик» онҳоро бо барқи сайёр таъмин кардааст. Калонсолҳову рӯзгордидаҳои деҳаи Анорак мегӯянд, ки то имрӯз ягон бор бе рӯшноӣ намондаанд. Дар маркази деҳа куллии калоне гузош­та будаанду ҳар сол ду маротиба «Барқи Тоҷик» онро бо барқ пур мекардааст. «Барқи Тоҷик» бо са­тилу кострюлҳои сарпӯшдори мах­сус барқро ба куллӣ интиқол медо­дааст ва мардуми Анорак онро бо чумчаву нодортарҳояш бо қошуқ бурда ба шитҳояшон мерехтаанду ҳисобкунакҳои барқияшон ба гар­диш медаромадааст.

Соли гузашта маҳз бо ташаб­буси раиси маҳаллаи деҳаи маз­кур дар пойтахт Осорхонаи миллии «Барқи Тоҷик» бунёд гардид, ки дар он асбобҳои ивазкунандаи барқ, ба мисли таппак, ҳезум, сандалӣ, чароғу фонус, “движок” ва амсоли он чун ёдоварӣ барои насли оян­да гузошта шудаанд. Дар Осорхона ҳамчунин шумо метавонед ҳайкали қаҳрамон — назоратчии барқ, оқои Самиевро бубинед. Зеро ӯ тавонист аз хонаҳои бе ҳисобкунакҳои барқӣ низ пули барқро чида, нақшаро ду баробар аз нақшаи «Барқи Тоҷик» иҷро кунад. Ин буд, ки барои хизма­ти шоёни таҳсинаш аз тарафи давлат қадрдонӣ гашта, унвони Қаҳрамони Барқи Тоҷикистонро гирифт.

Акнун, ки барои нозирони барқ ҳама имкон фароҳам аст, мета­вонанд чолок бошанд. Зеро мав­сим мавсими гирифтани унвонҳои қаҳрамонӣ, мавсими ҷой шудан дар рӯйхати боигариҳои нодири Осорхонаи миллии «Барқи Тоҷик» ва аз ҳама муҳим, ҷой шудан ба дилу дидаи мардуми тоҷик аст. Пас, ба­рор ба кори ҳама нозирони барқ! Аз ягон овозаю дарвоза натарсед! Аз «намёк»-ҳои баъзе нафарон низ, ки ба ишора аз камбуди барқ мегӯянд:

Шаб хилват аст, эй ҷони ман,

Меҳмони ман шав соате!

Зеро, шояд хилватхоҳон, ки ин шеър замоне ҳаловату ҳузури ҷисму ҷонашон буд, акнун, чун «Барқи Тоҷик» баробари ворид кардани ягон намуд «лампаи пуртоқат»-и ди­гар Тоҷикистонро беш аз пеш му­наввар мекунад, хилваткада наме­ёбанд. Хилваткадаи онҳо бояд дар қалбҳои рӯшани мардуми тоҷики рӯшноидида бошад…

Шаҳлои АБдУлло

*1-уми апрел — Рӯзи ханда

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: