Главная > Комил Бекзода > Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта

Моем, ки,- мегӯяд доктор М.Ғолиб,- бо заҳмати зиёде матнҳо ва васиқаҳои махфии исмоилия­ро аз назари тафтиш гузаронида, ба хулосае омадем, ки «Расоил»-и «Ихвон-ус-сафо» зери роҳбарии имо­ми исмоилӣ Аҳмад ибни Абдуллоҳ бо ёрии чаҳор доъии дигар:

1. Абдуллоҳ ибни Маймун ал-Қаддоҳ;

2. Абдуллоҳ ибни Саъид ал-Ҳусайн;

3. Абдуллоҳ ал-Муборак;

4. Абдуллоҳ ибни Ҳамдон навишта шудаанд. Аксари вақт на­виштани онҳо дар Саламия (40 мил. шимолии шаҳри Ҳумси Сурия) анҷом гирифта ва ин ҳодиса дар ҳудуди соли 209 ҳиҷрӣ (824 Мои наилучшие пожелания, мелодӣ) ба анҷом расидааст.

Ин гурӯҳи муҳакқиқон, ки майл доранд исмоилӣ будани «Ихвон-ус-сафо»-ро хотирнишон кунанд, барои исботи даъвои худ ҳадафи «Ихвон-ус-сафо»-ро аз ду ҳисса иборат ме­донанд: Яке ҳадафи зоҳирӣ ва дуюм ҳадафи ботинӣ. Дар боби ҳадафи зоҳирии онҳо чунин меандешанд, ки (яъне муҳаққиқон) дар «Расоил»-и онҳо ибораҳое ба чашм мехӯрад, ки зоҳиран аз ҳадафи файласуфони ишроқӣ фарқ мекунад. Ба ақидаи онҳо, номи ҳикмати ишроқ (фал­сафаи нур) ва номи истилоҳии он қадимтар аз давраи асосгузори рас­мии он- Суҳравардии мақтул (соли 1191 мелодӣ) аст. Ҳикмати ишроқ иборат аз созиш додани фалсафаи Юнон дар шакли навафлотуниаш бо ақидаҳои фалсафии мардуми Форс мебошад. Фалсафаи исломӣ низ аз вақти оғози худ сахт зери таъсири ҳикмати ишроқ буда, то имрӯз таъ­сири он боқӣ аст. Муҳаққиқони маз­кур қавли Абу Ҳаёни Тавҳидиро ба шоҳидӣ оварда, ки гуфтааст: «Шари­ат бо ҷаҳолатҳо олуда гашта ва ба гумроҳиҳо омехта шудааст.

Барои пок намудани шариат аз ин олудагиҳо бояд онро (ша­риатро) бо фалсафа бишӯем. Зеро ки фалсафа ҳам ҳикмати эътиқодӣ ва ҳам салоҳдиди иҷтиҳодӣ аст. Ба ақидаи онҳо (яъне «Ихвон-ус-сафо») ҳаргоҳ, ки фалсафаи Юнон бо ша­риати араб бо ҳам яке шаванд, он гоҳ камоли матлуб ҳосил гардад. Муҳаққиқон доир ба ҳақиқати ин ибораи Тавҳидӣ ҷидду ҷаҳд наму­да, пеш аз ҳама «Расоил»-и онҳоро мавриди баррасии ҳаматарафа қарор доданд. Натиҷаи кори онҳо ин гардид, ки дар аксар саҳифаҳои «Расоил» метавон мазмуни ибораи Тавҳидиро пайдо намуд. Пайравӣ аз ин ҳадаф онҳоро ба ин водошт, ки мисли файласуфони эклектик (тавфиқгаро) ва мазҳабҳои фикрии шарқӣ ба ду асос такя намоянд: ба дин ва фалсафа. Дар ин замина до­ираи фикрии онҳо ба ҷое расид, ки «ба ҳеҷ як илме аз илмҳо душманӣ намеварзиданд ва ҳеҷ китоберо аз мадди назари баҳсу андеша дур на­меандохтанд ва бо ҳеҷ як мазҳабе аз мазҳабҳо таассуб намеварзи­данд. Чунки ақидаи онҳо ҳамаи ақидаҳоро ва илми онҳо ҳамаи илмҳои дигарро дар худ муттаҳид намуда буд»…

Аз ин ҳам гузашта, дар рисо­лаи хулосавии худ бо номи «Ар-Рисола-ал-ҷомаъия» (ҷилди 2. саҳ. 403) васият намудаанд, ки ҳама гуна рисолаҳои ҳакимон ва пайғамбаронро мавриди омӯзиш қарор диҳанд… Ин аст, ки барои исботи ақидаи худ дар «Расоил» аз китобҳои пайғамбарон фаровон ис­тифода бурданд… Натиҷаи кори онҳо ба ин ҷо расид, ки ҳамаи равияҳои фалсафиро мазҳаби ягона ба шу­мор оварданд, ки ба ҷавҳари динҳо мувофиқат дорад. Пайғамбаронро аз ҷумлаи ҳакимон шумориданд… гуфтори онҳоро далолаткунанда ба ҳамон як ҳадаф дониста, ба таври умумӣ фалсафаи онҳо ақлу дил ва фикру эҳсоси инсониро бе каму кост дар худ таҷассум намудааст… Ба забони онҳо агар сухан кунем, Иброҳим, Юсуф, Масеҳ, Муҳаммад, Суқрот ва Пифагор ба мактаби яго­нае дохил мешаванд, ки ин мактаб дорои ҳадафи ягона буда, танҳо бо услубҳои гуногун изҳори ақида на­мудааст…

Мақсади зоҳирии онҳо аз на­виштани ин «Расоил» дар он замо­ни пуризтироб аз он иборат буд, ки мехостанд дар байни фирқаҳои гуногуни динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, му­сулмонон, насрониён, маҷусиён, яҳудиён, афлотуниён, машшоиён, пифагориҳо ва ғайра ягонагии маънавӣ ба вуҷуд оварда, ҳамаи онҳоро ба сӯи ғоя ва ҳадафи ягона яъне: Ҳақиқати мутлақ раҳнамоӣ намоянд.

Дар масъалаи ин ки «Ихвон-ус-сафо» ғоя ва ҳадафи пинҳонӣ, махфӣ ва ба таъбири худашон ғояи ботинӣ доштаанд, яке аз муаллифон чунин менависад: «Ихвон-ус-сафо» дорои майлҳои махсуси ботинӣ буданд. Вале ин майли худро дар «Расоил»-ашон ошкоро баён накар­да, балки ба таври мубҳам изҳор доштаанд. Услуби баёнкардаи онҳо услубе рамзӣ буда, метавон онро бо чандин роҳ мавриди тафсир ва таъвил қарор дод. Ин аст, ки баё­ноти онҳоро ҳар кас ба тариқи худ фаҳмидааст. Вале асли сухан рӯи ин аст, ки «Ихвон-ус-сафо» ба алавигарӣ (яъне аз дигар саҳоба афзалтар шуморидани Алӣ) майл доштанд. Ин аст, ки дар «Расоил» гоҳ-гоҳ даъватҳое ба мазҳаби алавӣ дучор мешавад, ки ғараз аз он барқарор намудани низоми нави сиёсӣ буд… Шакке нест, ки «Ихвон-ус-сафо» дар боби дастгирии алавия сухан рон­да, барои тамоман пӯшида нигоҳ доштани ҳадафи аслии худ сахт накӯшидаанд. Зеро дар он рӯзгор ин мазҳаб (алавия) барои мардум нохушоянд набудааст. Ва эҳтимоли дигаре низ ҳаст, ки шояд «Ихвон-ус-сафо» бо парокандани «Расоил»-и худ дар минтақаи алавимазҳаб хо­стаанд бо ин роҳ, яъне зери ниқоби исмоилигарӣ ҳадафи аслии худро пинҳон доранд. Бо вуҷуди он ҳадафи худро ба таври ошкоро баён наму­данд. Тарзи ишора ба ҳадафи асосӣ хеле моҳирона аст. Масалан дар рисолаи панҷум доир ба мусиқӣ су­хан ронда, қонунҳои он: чигунагии идрок намудани қувваи сомеъа сав­тро, омехташавии ин савтҳо ва ба ҳам расидани онҳо, аз онҳо тағйир пазируфтани мизоҷҳо, коидаҳои лаҳнҳо ва қонунҳои онҳо, фанни олот ва ислоҳи он ва дигар фаслҳои фаннӣ ва илмии онро баён дошта, зимни он мегӯянд, ки «ҳар як нафси мусулмон дар олами арвоҳ ду па­дар дорад, чуноне ки ҷисмҳояшон дар олами ҷасад дорои ду падар ҳастанд… Барои исботи ин ақидаи худ гуфтаи Муҳаммадро ба шоҳидӣ меоранд, ки ба Алӣ ибни Абӯтолиб гуфтааст: «Эй Алӣ, ману ту падари ин уммат ҳастем». Ин ҳадисҳо бо як навъ эътимод ва боварие гуфта мешаванд, ки гӯё ҳоҷат ба исботи онҳо набошад. Аз тарафи дигар, байни сунна ва шиа фарқ гузашта, ба бартарии Алӣ нисбат ба дигар саҳобагон эътироф доранд… Дар ин асос метавон натиҷа гирифт, ки Алӣ ба табақаи пайғамбарон наздик­тар будааст. Ин аст он хулосае, ки ҳамаи фирқаҳои шиа аз «Расоил»-и «Ихвон-ус-сафо» берун овардаанд.

Аз тарафи дигар, маълум аст, ки «Ихвон-ус-сафо» аз зикри номи шахсҳо барҳазар буданд, то ин ки кӣ будан ва пайрави кадом мазҳаб будани онҳо ошкор нагар­дад. Ин аст, ки онҳо ба зикри номи пайғамбарон, ҳакимони машҳур ва чанди дигар қаноат намудаанд. Ба ақидаи онҳое, ки мехоҳанд «Ихвон-ус-сафо»-ро аз пайравони шиа ба шумор оваранд, чунин хотирнишон мекунанд, ки «агар ҳамаи «Расоил»-ро бо пуррагӣ мавриди мутолиа қарор диҳем, он гоҳ ба мо маъ­лум мегардад, ки онҳо мардумро ба пайравӣ аз Алӣ ва хонаводаи Муҳаммад даъват менамуданд».

Ин ҷо агар масъалаи мазҳабталошӣ ва мазҳабтароширо яксӯ гузорем, бояд эътироф на­муд, ки мақоми Алӣ ҳамчун шах­сияти таърихӣ қобили инкор нест. Сарчашмаҳои таърихии ғайримазҳабӣ ҳам хизматҳои Али­ро дар бомдоди ислом эътироф до­ранд. Ба ин муносибат агар «Ихвон-ус-сафо» мақоми Алиро таъкид карда бошанд, аз назари таърихӣ ба хато нарафтаанд. Лекин ҳангоми дида баромадани мақоми Алӣ бо чашми мазҳабӣ, албатта хизматҳои таърихии Алӣ ба худ ранги дигар ме­гиранд ва аз будашон кам ва ё зиёд тавсиф карда мешаванд. Ҳарчанд ки фирқаи шиа ва сунна ба тақозои давру замон дар таърихи ислом нақшҳои гуногун бозидаанд, вале ба таври принсипиалӣ, ба назари мо, ақидаи шиа ифодакунандаи фикри ашрофӣ — аристократии миллатҳои империяи исломӣ буда, фирқаи сун­на аз мавқеи идеологияи табақаҳои поёнӣ ва миёна баромад мекард. Ин буд, ки фирқаи сунна аз тара­фи аксарият пуштибонӣ карда шуд ва мавқеи худро чандин асрҳо побарҷой нигоҳ дошт. Ҳарчанд, ки дар баъзе марҳилаҳои таърихӣ роли онҳо иваз мегардид, вале чуноне ки таъкид шуд, мавқеи принсипиалии онҳо дар партави умумитаърихӣ ҳамон буд, ки ишора намудем.

Тафсили ҷузъиёти исмоилӣ бу­дани «Ихвон-ус-сафо» аз назари муҳаққиқони имрӯза (махсусан арабҳо) ба таври умумӣ аз ин ибо­рат аст, ки «Ихвон-ус-сафо» пайра­вони пайғамбари исломро аз ҳашт табақа иборат дониста, дар табақаи якум пайравони Алиро ҷой додаанд. Зеро ба ақидаи онҳо, «Алӣ аз хонан­дагони (аввалини,- Б. К.) китоби Худо (Қуръон), китобаткунандаи он, ҳифзкунандаи алфози қуръонӣ ва устоди онҳое, ки баъд аз вай омада буданд, ба шумор меояд. Пасомада­гон пайравони худро таълим наму­данд ва ҳамин тавр ин илм аз насл ба насл мегузашт». Аз ин пайдост, ки онҳо дар ин бора Алиро дар на­зар доштаанд. Мақсади аслии онҳо вақте зоҳир мегардад, ки омӯзиши ин илмро (илм Қуръон ва диниро) танҳо махсуси Алӣ ва фарзандони ӯ медонистанд. Дин ба назари онҳо пешаи меросӣ ба шумор меомад. Ва чун мехостанд, ки росткорони улуми илоҳиро зикр намоянд, доир ба онҳо таъбири маҳдиён ва хула­фои рошидинро истифода мекар­данд. Дар ин ҷо ҳам маҳдиёнро аз рошидин афзалтар шуморида, ба ҳеҷ яке аз халифаҳои уммавӣ ва ё аббосӣ ишорае ҳам наменаму­данд. Метавон майли шиӣ доштани «Ихвон-ус-сафо»-ро дар масъалае аз қабили масъалаи ҳасад низ пай бурд. Он ҷо ки пайғамбар марду­ми гуногунро муттаҳид намуда, ба воситаи лутф ва меҳрубонӣ онҳоро ба роҳи дин ҳидоят намуд. Баъди ин «Ихвон-ус-сафо» ба масъалаи уммат (пайравони ислом аз миллатҳои гу­ногун) гузашта, вазъеро, ки дар он пайғамбар ба даъвати худ шурӯъ намуд, мавриди таҳлил қарор до­даанд. Хулосаи фикри онҳо дар ин масъала ин аст, ки интихоби халифа аз рӯи қоидаи «шӯро», ба иродаи пайғамбари ислом мухолиф буд. Зеро Муҳаммад касеро, ки ба ҷои ӯ меомад, васият намудааст. Ба­рои ҳамин ҳам онҳо таъбирҳои «ва­сияти пайғамбар» ва «васияти ӯ ва раҳнамоиҳои пайғамбар» ва дигар иборотеро, ки дар китобҳои аҳли шиа дучор меоянд, фаровон исти­фода намудаанд…

Андеша

Давомаш. Аввалаш дар

шумораҳои гузашта

Андешаҳои равшанфикрони миллии тоҷик

Устод Садриддин Айнӣ (1878-1954, Душанбе)

Фалсафаи таърих

Охираш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта

Қозикалон дар рад ва рафъи «ами­нона» норизоияшро маълум карда, гуфт: «Аминона шаръист ва ҳаққулиҷозаи бозори подшоҳист». Дар ислоҳоти қозихонаҳо низ мумониат ва мухоли­фат карда, гуфт: «Қозиҳо ҳар гоҳ моҳона намегирифтагӣ шаванд, аз ҳашамату савлаташон коста мешавад ва дар назари раия (омма) эътиборашон на­мемонад, раия ҳукмашонро итоат на­мекунад». Дар ислоҳоти макотиб низ эътироз карда гуфт: «Агар мактаби нав барпо шавад, авлоди мардум фитнаҷӯ мешаванд ва сабаби вайронии вилоят мегарданд ва низ уламо дар муқобили мактаби нав шӯриш хоҳанд кард. Агар мактабҳои нав ба забони русӣ шавад, зарар надорад». (Дараҷаи таассуб ва иснодро бинигаред! Ба мактаби милли­ву динии мусулмонӣ розӣ намешавад ва мехоҳанд, ки дар бадани он макта­би аҷнабӣ (бегона) барпо шавад ва дар чанд сол ҳиссиёти миллия ва ди­ния тамом аз по дарояд). Дар ашхоси мафрузаи (пешниҳодшудаи) маҷлис низ эътироз намуда, гуфт: «Бояд ки дар он маҷлис аз тараққипарварон касе на­дарояд ва аз уламо низ касеро, ки ман нишон медиҳам, ҳамон шахс дарояд ва раиси маҷлис низ худи ман бошам». Дар охири мусоҳиба гуфт: «Мардум маро дар ислоҳот мухолиф мегӯянд. Ман қатъиян мухолиф нестам, ба тартибе, ки баён кардам, агар маҷлис барпо шавад, иншоаллоҳ, корҳои хуб мекунем». Гумон мекунам, ки дар ин мусоҳиба дигар шарҳ бастан лозим нест. Матни ҳамин мусоҳиба хулосаи мақсад ва маслаки Мир Бурҳониддин қозикалонро ба хубӣ нишон медиҳад.

Рубрики:Комил Бекзода
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: