Главная > Пӯлод Абӯев > Роҳи бероҳа

Роҳи бероҳа

Охираш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта

Оё аз воқеаҳои инқилобии кишварҳои араб дигар сардорони давлатҳои худкомаю оилавию коррупсионӣ барои худ хулосае мебароварда бошанд. Масалан, шоҳи мамлакати хурди ба тарзи иҷтимоӣ беҳтарин — Баҳрайн ба тамоми саршумори шаҳрвандони кишвараш бе бозгашт 10-ҳазордолларӣ ҷудо кард. Сардорони якчанд давлатҳои дигар аз ин ошӯбҳо тарсида, ба мардум ваъда доданд, ки сохти давлатдориро дигар мекунанду бо мурури замон аз вазифа даст мекашанд.

Хитой ки яке аз давлатҳои дар соҳаи иқтисодиёт бойтарин мебошад. Ин давлат баъд аз ҳодисаҳои кишварҳои араб ба қароре омад, ки ҳам ба иқтисодиёт ва ҳам ба сохти иҷтимоии мардум диққати аввалиндараҷа дода шавад. Акнун барои зиндагии серу пури мардуми худ кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Дар ӯзбекистон, ки кишвари худкома, коррупсионии ашаддӣ аст, эълон шуд, ки сарвазирро акнун на президент, балки парлумон таъин мекунад.

Дар Тоҷикистон низ боз як дигаргунӣ гӯё рӯй дод. Ин иваз шудани раиси Комиссияи интихоботӣ аст. Аз ин дигаргуниҳо ягон беҳбудӣ дида намешавад ва касе ки интизори беҳтар шудани сохти иҷтимоӣ мегардад, бо қатъият мегӯям, ки хато мекунад. Ин ивазкуниҳо чӣ дар ӯзбекистону чӣ дар Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ мардуми қашшоқро рӯ ба беҳбудӣ намебарад. Ба ҳамагон ин мисоли одии арифметикӣ 2+3=5  ё ин ки 3+2=5 маълум аст…

Як масълаи пеши назар одӣ, ки мо имрӯз аз ҳал нашудани он сарҳои худро ба дард гирифтор мекунем, ин муносибатҳои Тоҷикистону ӯзбекистон аст. Асрҳои аср бо ҳам дар ҳамсоягӣ ин ду миллат дӯстона зисту имрӯз аз якдигарнофаҳмӣ 35 миллион мардум дар азобанд. Наход аз ҳарду тараф ба ягон хулосае наоянд, ки вазъияти ду кишвар беҳтар гардаду ду миллат ба мисли солҳои пешин дӯстона зиндагӣ кунанд. Ҳоло бошад, тоҷик барои ӯзбеку ӯзбек барои тоҷик гӯё душмананд.

Дар кишварҳои худукомаю коррупсионӣ тамоми ҳокимият, ҳам қонунбарор, ҳам иҷроия, ҳам судӣ пурра дар дасти як нафар — президент дода шудааст. Ин гуна президентҳо тамоман намехоҳанд, ки ягон орган аз ҳукми онҳо берун бошад.

Вақте президенти Австрия дар Қазоқистон дар сафар буд, Нурсултон Назарбоев аз ӯ хоҳиш намуд, ки домоди пешинааш, ҳоло оппозитсияи ашаддии Нурсултон Назарбоев — Роҳат Алиев, ки дар Австрия зиндагӣ мекунад, ба Қазоқистон интиқол дода шавад. Ба гуфтаи Назарбоев, Алиев ҷинояткор асту бо чанд моддаи ҷиноятӣ ба ӯ ҳукми судӣ бароварда шудааст. Президенти Австрия бошад, рӯйрост мегӯяд, ки ин дар компетентсияи ӯ нест, ин компетентсияи органҳои судӣ.

Ана инро демократия мегӯянд. На ин ки демократияи кишварҳои худкома, ки мехоҳанд то ҳатто барги дарахт бе амри онҳо наафтад.

Адл, боз адлу боз адл метавонад ин дунёро ободу зебо кунад, аммо афсӯс, ки адлу раҳму шафқатро кайҳо пора, сарват, салтанат аз байн бебозгашт бурдааст.

Назар кардан ба дарвешон мунофии бузургӣ нест,

Сулаймон бо чунин ҳашмат назарҳо дошт бо мӯрча.

Ё ин ки:

Хоҳӣ, ки сахту сусти ҷаҳон бар ту бигзарад,

Бигзар зи аҳди сусту суханҳои сахти хеш,

гуфтааст бузургвор Ҳофиз.

Афсӯс, ки панду ҳикмати бузургворони ҷаҳон имрӯз ба монанди адлу раҳму шафқат дар қаъри дарёи бетаги нафс нопадид мондааст. Аммо ин панду ҳикматҳо, раҳму шафқат, адолату ҳақиқат гавҳаре ҳастанду дар қаъри хоку дарё ҳам бошанд, билохир рӯ мезананд.

Аз хабарҳои имрӯза аён шуда истодааст, ки ҷониби Тоҷикистон аз воқеаҳои кишварҳои бо ошӯб даромехтаи араб ба ягон хулосаи хубе наомада, баръакс, амалҳоеро пеш гирифта истодааст, ки норозигии мардумро зиёд менамояд. Яке аз ин амалҳо дигаргун намудани қонуни андоз аз соҳибкорон аст, ки аллакай ташаббуси ношоистаю ғайрисолим, ки парлумон онро бо як овоз тасдиқ намуд, садҳо одамонро ба бекорӣ ҳавола кард. Ба ғайри ин, имкони соҳибкор шуданро аз байн бурд. Хабарҳои нохуши вайрон кардани зиёда аз 50 хона дар маҳаллаи Қӯштеппа, напурсидани арзи Рақибови Файзободӣ, садҳо ҳукмҳои ғайриодилонаи судӣ ва дигару дигарҳо ба ин мисол мешаванд.

Аз рӯйи гуфтаҳо, Искандари Мақдунӣ, ки нисфи ҷаҳонро забт карда буд, пеш аз мурданаш васият карда буд: «Аз тобут ду дасти маро берун кунед, то мардум бинанд, ки ман аз ин ҷаҳон бо дасти холӣ меравам».

Дар охир гуфтаниям, ягон шахси солимақл ҷанг, ошӯбро намехоҳад. Ҷангу ошӯби якрӯза ба мардум зарари даҳсола медиҳад. Ягон падару модар намехоҳад, ки фарзандаш дар ошӯб кушта шаваду набераҳояш сағир монанд. Бояд ин фикри оқилона дар сари ҳокимон, раисон, аҳли оилаашон низ бошад.

Рубрики:Пӯлод Абӯев
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: