Главная > Нилуфари СОБИР > Садриддин, Валӣ ва «дискорақсҳо»-и ҳиҷобпӯшон

Садриддин, Валӣ ва «дискорақсҳо»-и ҳиҷобпӯшон

21-уми март бахшида ба ҷашни Наврӯз бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва ширкати «Қиём-Интертеймент» барномаи муштараки консертӣ бо иштироки Садриддини Наҷмиддин — хонандаи маъруфи тоҷик ва Валӣ — хонандаи шинохтаи афғон баргузор шуд. Ҷиҳати омода кардани гузоришҳо аз ҷараёни консерт гурӯҳе аз хабарнигорон низ ба ин консерт даъват шуда буданд. Ман низ дар ин гурӯҳ шомил будам.

Вақти муқарраршудаи барно­маи консертӣ дар эълону рекламаҳо соати 16:00 муқаррар шуда буд. Мо бо ҷамъи ҳамкасбон расо соа­ти 15:30 дақиқа дар назди Кохи Борбад ҳозир шудем. Дар он ҷо мо иттифоқан бо Ширинмоҳ Ниҳолова — хонандаи дигари шинохтаи киш­вар вохӯрдем ва якҷоя каме сар­гарми сӯҳбат шудем. Дар назди даромадгоҳ мардуми зиёде ҷамъ омада буданд. Аз дари даромадгоҳ рост ба берун аз ду тараф қариб даҳ метр панҷараи оҳанин гузоштаву роҳрави танге сохта шуда буд. Аз ин роҳрави танг танҳо якнафарӣ им­кони гузаштан доштанд. Боз ҳамон аҳвол! Милисаҳо ва боз чанд танд нафари дигар, ки ба ҳайси нози­ри тартибот дар назди даромадгоҳ меистоданду чиптаҳои мардуми мунтазирро якояк тафтиш мекар­данд. Хулоса, барои ба толор ворид шудани як нафар қариб 5-7 дақиқа сарф мешуд. Талотӯпу сарусадои издиҳом зиёд шудан мегирифт. Ин ҳолро дида, Ширинмоҳ Ниҳолова гуфт: «Қаблан ҳангоми баргузории консертҳо ҳарду дари даромадгоҳи умумиро боз мекарданду милисаҳо чиптаҳоро тафтиш намуда, мардум роҳат ба дохили бино медарома­данд. Барои нигаҳдории тартибот дар коридори бино боз чанд мили­саи дигар ифои вазифа менамуданд. На ҷангу ҷанҷол буду на талотӯпу бетартибии зиёд! Намефаҳмам, ки чаро танҳо як дари даромадгоҳро боз карда, бар замми ин, роҳрави танги панҷарадор сохтаву мардум­ро ин қадар ранҷ медиҳанд?».

Воқеан ҳам ин роҳрави панҷарадор ба кӣ лозим шуда бо­шад, ки вақтҳои охир дар назди даромадгоҳи Кохи Борбад онро месозанду табъи мардумро хира мекунанд?! Гузашта аз ин, дар қатори милисаҳо боз гурӯҳи дигаре низ ба тафтиши чиптаҳо машғул ме­шаванд, ки вақти зиёди мардумро мегиранд. Ба ҳамин тартиб як чип­таро чанд милисаву дарбон тафтиш мекунанд. Баъдан иттилоъ ёфтем, ки он дарбонон намояндагони шир­кати агар хато накунам «Реглайн» будаанд, ки барои нигаҳдории тар­тибот ба ин чорабинӣ ҷалб шуда­анд. Аммо тибқи қоидаҳои маъмулӣ, мебоист назорати тартибот дар наздикӣ ва атрофи Кохи Борбад бар дӯши Шӯъбаи корҳои дохилии «Сино-2» бошад, ки маҷмааи маз­кур шомили ноҳияи Синои пойтахт аст. Ширкатҳои алоҳидае, ки дар ҷашнвораҳо даъват мешаванд, бояд тартиботро дар дохили бино, яъне дар толор назорат кунанд. Пас, низоми корӣ куҷост?

Хулоса, мо чанде мунтазир шу­дем ва вазъиятро дида, ба хулосае омадем, ки дар як-якуним соати дигар бо ин аҳвол наметавонем во­риди толор шавем. Сипас, Мавлуда Раҳматова — нафаре аз масъулини ин барномаи консертӣ ба назди дарбонон рафта, хоҳиш кард, ки хабарнигоронро зиёд нигарон наку­нанду онҳоро аз даромадгоҳи дигар вориди толор кунанд. Шафиқуллоҳи Қиём — раиси ширкати «Қиём-Интертаймент» ва хонум Мавлуда моро тариқи дари поёни бино, яъне даромадгоҳи махсусе, ки роҳ ба сӯи саҳна аст, вориди толор карданд. Дар толор ҳар куҷое, ки ҷойи холӣ буд, рафта нишастем. Азбаски чипта надоштем, ҳар вақте, ки соҳибони он ҷойҳо чипта дар даст пайдо ме­шуданд, моро ба қавли мардум «кет-кет» карда, аз ҷой мехезон­данд. Батадриҷ соат наздики панҷ шуд, вале барномаи консертӣ ҳанӯз ҳам оғоз нашуда буд. Сипас ману Насруллоҳи Тӯйчӣ — рӯзноманигори ҷавону варзида ба хулосае ома­дем, ки ба охири толор рафта, рост истода консертро тамошо кунем. Мардум ҳамоно вориди толор мешу­данд. Билохира барномаи консертӣ бо таронасароии се бонуи овозхон шурӯъ шуд. Баъдан ҳунармандону ҳаҷвнигорони «Ғарибшо-Компания» чанд саҳнае намоиш доданд. Дар охири толор мардуми зиёде рост меистоданд. Дар паҳлӯи рости ман хонуми миёнасоле низ меистод. Нохост ду духтари ҳиҷобпӯше ома­да, аз қафои мо истоданд. Ҳарду бо ҳам гап зада ҳир-ҳир механди­данд. Яке аз онҳо аз қафо ба мо хеле наздик шуда, рӯяшро аз миёни китфони ману он хонуми миёнасо­ле, ки дар паҳлӯи ман меистод, да­ровард. Бошиддат нафас кашидан гирифт. Ман аз ӯ хоҳиш кардам, ки як қадам қафотар истад, зеро шид­дати нафасгирияш рост ба гӯши мо мерасад. Чизе гуфту қафо истод. Сипас ҳар лаҳза ширинкориҳову саҳнаҳои хаҷвии ҳунармандонро дида «Э, бин-да, чихелияй, худша чихелӣ мекуна»,- гуфта, он ду дух­тари ҳиҷобпӯш гап мезаданду ме­хандиданд ва намегузоштанд, ки барномаи ҳунармандонро роҳат тамошо кунем. Вақти шом кайҳо фаро расида буд, аммо дугонаҳои ҳиҷобпӯши мо хондани намози шомро ҳатто ба хотир намеовар­данд. Насруллоҳ низ шояд ба ҳамин мазмун бошад, ба онҳо нигаристу табассуме кард. Ман ҳам шӯхиомез ба Насруллоҳ гуфтам: «Ин хонумҳо кай намози шомро мехонда бо­шанд?». Насруллоҳ хандида, ҷавоб дод: «Имрӯз намозро қазо меку­нанд!».

Дар замони сӯҳбати мо нохост ровиён Валиро ба саҳна хонданд. Оқои Валӣ бо шурӯъи таронае моторолсавор рӯйи саҳна баро­мад ва аҳли толорро ба по хезонд. Мухлисон аз шунидани таронаҳои Валӣ мерақсиданду қарсак меза­данду ҷавонон ба ҳаяҷон омада, ҳуштак мекашиданд. Аксбардориву наворгирӣ дар телефонҳои мобилӣ ҳисоб надошт. Духтарони ҳиҷобпӯши аз паси мо истода ҳам чунон башавқ мерақсиданд, ки ҳангоми ҳаракат кардан гоҳе дастонашон ба китфу пушди мо бармехӯрд. Зани миёнасоли дар паҳлӯи ман истода аз онҳо хоҳиш кард, то каме канор­тар рафта бирақсанд. Баъди мудда­те духтарони ҳиҷобпӯш ғайб заданд. Ҳамин тариқ, консерт идома меёфт. Баъдан бо истиқболи самимонаи мухлисони бешумор Садридди­ни Наҷмиддин рӯйи саҳна омад. ӯ бештар таронаҳои тозаэҷоди худро пешкаши мухлисон кард. Ҳаводоронаш ҳатто аз ҷой рост хе­ста мерақсиданду садо мезаданд. Дигар саҳнаро ҳам дидан мушкил шуд. Насруллоҳ таклиф кард, ки ба ошёнаи дуввум баромада, идомаи косертро бинем. Мо ба айвони ошё­наи дуввум баромадем ва аҷоибаш ин буд, ки дар он ҷо низ боз ҳамон духтаронро вохӯрдем. Акнун онҳо дар қатори аввали айвон ҷой гириф­та буданду дастонашонро берун аз марзи айвон бароварда, «ҳей-ҳей» гуфта садо меданду мерақсиданд. Тавре, ки ҳатто овозхон низ онҳоро бо хубӣ мушоҳида карда тавонад. Насруллоҳ ба ман нигариста гуфт: «Бубин, боз ҳамон ҳиҷопӯшон!». Ҳарду ҳайратзада шудем, ки агар хонумҳои ҳиҷобпӯш, ки худро аз дух­тарони либоси муосир мепӯшидаву ба дискотекаҳо мерафтагӣ бартар шуморанд, пас тафовути рафтори ин ду духтари ҳиҷобпӯш аз дигар духтарон дар чӣ бошад?

Консерт ҳам поён меёфт. Соат рӯйи 20:00 кор мекард. Мо аз то­лор берун шуда, сӯйи хонаҳоямон равон шудем.

Дар ин барномаи мусиқӣ Валии Ҳиҷозӣ, тавре худи ӯ гуфт, ба ҳайси меҳмон ширкат кард ва танҳо панҷ тарона сароид. Ин хонандаи ши­нохтаи афғон ба мухлисонаш ваъда дод, ки моҳи апрел бо барномаи вижаи худ, ки пурра аз таронаҳои тозаэҷод иборат аст, ба Душанбе сафари ҳунарӣ хоҳад кард.

Нилуфари СОБИР

  1. Изатулло
    Апрель 12, 2011 в 10:54 дп

    Салом ба хама….ин духтархои хичобпуш хакики хичоб намепушидан! ва тарбия дар бораи хиччоб пушидан надоштан, ва хиччобропушонро сиёх мекардан, фикри ман хаминай….Инхо шояд хамон духтарои бераха хастанд ки обуруи хиччобпушонро сиёх карданиянд, шояд барои ба боварии волидайн гуфта дароем хиччоб мепушанд!! Макри занхо бисёр бузугр аст, зан ё духтари дуругу зани «Шайтони лаъинай».. Нависандагони ин хат дар бораи ду духтари хиччобпуш то хамон дарачае нотарсии худро аз Худо нишон доданд, ки хатто нагуфтан ба онхо сокит накардан аз худшон чаро вакти намози Шом шуди нагуфтан ба онхо ва пас чаро худи онхо нахондан намози шомро онхо ку натарсидан аз Худо ва фаромушт кард аз намоз. Охир дар ёди шумо намозишом зад пас чаро ба духтаро нагуфтен вахуди шумо нахонден??? Худованд ба кулли умматон Мухаммад Имону Инсофро насиб гардона

  2. Muhammadaziz Rajabi
    Май 27, 2011 в 3:27 пп

    Нилуфари Собир рузе хохад расид, ки барои хар як харфи навиштаат, пурсида хохи шуд.

    Хичоб барои худи Ту хам фарз аст…(албатта агар мусалмон боши).

    Хамрохи Насруллоҳи Тӯйчӣ – рӯзноманигори ҷавону варзида, чак-чак карда гаштани Ту хам харом аст.

    Насихат кардани дигар мусалмонзанхо барои Ту хам вочиб аст…

    Ва ахиран, максад аз навиштани ин макола дар чисту рузномаи «Пайкон» чи гуна рузнома аст???
    Наход, ки ин кадар аз хичобу ришу шариъати Худованд метарсед???

  3. Abu Salman
    Июль 30, 2011 в 12:41 пп

    бародару хоҳари рузноманигор
    Инро бидонед ки на шар касе ки ҳиҷоб мепушад монанди ҳамин ду духтари гуфтагиятон аз ҷумлаи худотарсонанд. Онҳо шояд барои таҷриба ва ва дар омади шавқ ҳиҷоб пушиданд, варна кансерт рави куҷою духтари ҳиҷобпуши худотарс куҷо
    фисҷу фуҷур ва худотарсию парҳезгори мисли обу оташ ҳеҷ гоҳ бо ҳам ҷамъ намешаванд

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: