Главная > Иқболи САИДЗОД > Сомониҳои қалбакӣ дар Тоҷикистон

Сомониҳои қалбакӣ дар Тоҷикистон

Пулсозиҳо дар мо чӣ паёмад дошта метавонад?

Пулҳои сомонии қалбакӣ дар муоми­лот истифода бурда мешудаанд. Дар ин бора масъулини Бонки миллии Тоҷикистон хабар додаанд. Ба гуфтаи онҳо, дар муо­мила қарор доштани панҷ, панҷоҳ ва садсомониҳои тақаллубӣ ошкор шудааст. Абдуғаффор Қурбонов, сардори маркази матбуоти Бонки миллӣ гуфтааст, ки чанд мавриди дар муомила қарор гирифта­ни пулҳои қалбакӣ фош гашта, бозрасҳо машғули таҳқиқи ин ҳодисаанд. ӯ дар мавриди ин, ки чӣ миқдор пули қалбакӣ дар муомилот ошкор шудааст, изҳори беэътилоӣ кардааст. Натиҷаи оғози таҳқиқи ин қазия баёнгари он будааст, ки пулҳои қалбакӣ дар принтерҳо нашр шудаанд ва агар бо диққат назар кунед, фарқи онҳо бо пулҳои ҳақиқиро дидан мумкин аст. Ба ин далел, масъулини БМТ аз сокинон даъват кардаанд, ки зимни истифода аз пули сомонӣ боаҳамият бо­шанд. Ҳамзамон, даъват шудааст, ки дар сурати ошкор кардани пули тақаллубӣ фавран ба ниҳодҳои интизомӣ муроҷиат карда шавад.

«Анализ»-и Шариф Раҳимзода

Масъулини Бонки миллӣ дар ҳоле аз эҳтиёт кор гирифтанро ҳангоми до­дугирифти сомонӣ ба мардум ҳушдор медиҳанд, ки тақаллубкории пули миллӣ соле пеш ҳам ба назар мерасидааст ва ҳатто фурӯшандаҳо ҳангоми аз мизоҷон гирифтани пул ба қалбакӣ будан ё на­будани он аҳамият намедодаанд. Раиси Бонки миллӣ Шариф Раҳимзода дар як сӯҳбаташ гуфта буд, ки барои санҷидани кори фурӯшандаҳо дар гирифтани пул ба мағозаи «Саодат» рафта, пули қалбакиро медиҳад, лекин фурӯшанда бе ягон таваҷҷӯҳи хоса пулро мегирад. Ин дар ҳолест, ки тобистони соли гузашта Ша­риф Раҳимзода дар як нишасти матбуотӣ эълом карда буд, ки БМТ аз роҳандозии чопи пулҳои қалбакӣ дар хориҷ аз киш­вар огоҳ шудааст. Вай гуфта буд, ки омори дақиқеро дар бораи мизони сомониҳои тақаллубӣ дар муомилот дар ихтиёр на­дорад, вале ба гуфтаи Раҳимзода, ахи­ран як маркази чопи чунин пули миллии Тоҷикистон дар қаламрави Афғонистон ошкор шудааст. Ба гуфтаи раиси Бон­ки миллӣ, бо истифода аз фановариҳои ҷадид пули қалбакӣ бо кайфияти баланд чоп мешавад ва на ҳама метавонад аз тақаллубӣ будани ин пул пай барад.

Кортҳои пластикӣ пулҳои «фалшивий»-ро аз байн мебаранд?

Ба бовари раиси Бонки миллии Тоҷикистон, роҳҳои ҷилавгирӣ аз вори­дот ва ба муомилот баровардани пулҳои қалбакӣ мухталифанд, вале коҳиши мизо­ни муомилот бо пули нақдро аз беҳтарин роҳи ҳалли ин мушкил медонад. Ин дар ҳолест, ки маҳдуд будани шароити ис­тифода аз кортҳои бонкии пластикӣ дар Тоҷикистон аз коҳиши мизони муомилоти пули нақд дар кишвар монеъ мешавад. Зеро ҳоло миқдори андаки фурӯшгоҳҳо ва дигар муассисаҳои додугирифт бо терминалҳои қабули пардохти кортҳои пластикӣ муҷаҳҳазанду халос. Дар беш­тари мағозаҳо, бозорҳо ва муассисаҳои хариду фурӯш додугирифт бо пули нақд сурат мегирад. Бо ин ҳол наметавон мутмаин шуд, ки гузаштан ба истифодаи кортҳои бонкӣ боиси коҳиши пули нақд ва аз байн рафтани сомониҳои қалбакӣ мегардад. Ин дар ҳолест, ки гузаштан ба шакли истифодаи кортҳои пластикӣ ҳам дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон муш­килотеро бо худ дорад, ки бидуни барта­раф кардани онҳо истифода аз кортҳои бонкӣ чандон ба суди мардум нест. Зеро бо кортҳои пластикӣ пулро аз банкомат гирифтан имкон дорад, лекин дар ша­роити кунунӣ танҳо дар шаҳрҳои кало­ни ҷумҳурӣ банкоматҳо мавҷуданд, дар ноҳияҳо ва деҳаҳо тамоман имконияти истифода аз кортҳои пластикӣ вуҷуд надо­рад. Дар сурате, ки аҳолии шаҳрнишини Тоҷикистон андак аст ва тақрибан 70 дар сади мардум дар хоҷагии қишлоқ кору фаъолият мебаранд ва деҳнишин маҳсуб мешаванд. Боз яке аз мушкилоти дига­ри гузаштан ба кортҳои пластикӣ дар он аст, ки агар кормандони соҳаи буҷет, ба монанди муаллим, духтур милиса ва ди­гарон ба таври нақдӣ аз даст ба даст ё тариқи худи бонк моҳонаашонро гиранд, аз ҳисоби он фоиз ситонида намешавад, лекин вақте бо корти пластикӣ мехоҳанд моҳонаашонро аз банкомат гиранд, як фоизи муайяне аз маоши онҳо гирифта мешавад. Боз агар бо кортҳои пластикии як бонк аз хизматрасонии бонки дигар истифода кардан хоҳанд, фоизи зиёдта­реро аз гӯшаи моҳона ба бонк супоридан лозим меомадааст.

Коршиноси умури бонкӣ Баҳром Шарифов мегӯяд, ки дар ин маврид аз хизматрасонии «Агроинвестбонк» мар­дум бештар истифода мекунанд. Зеро филиалҳои ин бонк дар аксари навоҳии ҷумҳурӣ фаъолият доранд ва аз кортҳои пластикиву баъзе хизматрасониҳои ин бонк истифода кардан ба суди мардум мебошад. Вале новобаста аз ин мушкили дастрасии мардуми деҳот ба банкоматҳо то ҳол вуҷуд дорад ва дар ин самт бояд чораҳо андешида шавад.

Дар сурати мавҷуд будани мушки­лии зиёд ҳангоми истифодаи кортҳои пластикӣ проблемаи коҳиш додани гар­диши пули нақд ҳалношуда боқӣ мемо­над ва аз байн рафтани сомониҳои «фал­шивий» ҳам дар гумон аст.

Сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон Абдуғаффор Қурбонов гуфтааст, ки дар гардиш қарор доштани пули қалбакӣ метавонад ба иқтисоди Тоҷикистон хисо­роти ҷиддие ворид созад, зеро эҳтимоли паст шудани қурби пул вуҷуд дорад. Кор­шиносони иқтисодӣ низ ба ин назаранд, ки пули зиёд боиси паст шудани қурби пули миллӣ мегардад. Яъне беқурбшавии пул ба вуҷуд омада, аз сабаби зиёд бу­дани пул ва гарон шудани нархи молу маҳсулот сатҳи таваррум афзоиш меё­бад. Дар ҳаёти мардум беқурбшавӣ ҳамчун равиши муайяни афзудани нар­хи амволу хизматрасонӣ зоҳир меша­вад. Дар мавриди сатҳи ночиз доштани беқурбшавӣ нархҳо меафзоянд, аммо афзоиши онҳо он қадар зиёд ба на­зар намерасад. Зеро афзудани нархҳо дар ҳаёти ҷомеа рӯй дода меистанд ва сабабҳои гуногунро дошта метавонанд. Аз ин сабаб ҳам тағйироти нисбатан камтари онҳо аввал ҳамчун нишонаи беқурбшавӣ эҳсос намегардад. Аммо ба ақидаи иқтисодшиносон, беқурбшавӣ бемориест, ки одатан бо бемориҳои дига­ри ҳаёти ҷомеаро фарогиранда пайваст буда, бештари маврид бо онҳо якҷоя амал мекунад ва бемориро авҷ дода, ба оқибати нохушоянде оварда расо­ниданаш мумкин аст. Аз нуқтаи назари иқтисодӣ, беқурбшавӣ нишон медиҳад, ки таносуби байни маҷмӯи нархи молҳои ба фурӯш пешниҳодшавандаву миқдори пулҳои барои хизматрасонии муомилот ҳаволашаванда вайрон мегардад. На­зар ба нархи молҳои фурӯхташаванда миқдори зиёди пулҳо пешниҳод шуда­анд. Зери мафҳуми беқурбшавӣ чунин маъноро фаҳмидан мумкин аст, ки ба ҳаҷми муайяни молҳо миқдори пулҳои зиёд муқобил меистанд ва бо ин сабаб ҳам нархҳо ба боло ҳаракат мекунанд. Афзоиши нархҳо нишонаи аз ҳама аёни беқурбшавии пул мебошад. Беқурбшавӣ дар мавридҳои алоҳида ҳамчун оғози бӯҳрони иқтисодӣ баромад карда мета­вонад. Ё ҳамчун падидаи нохушоянд ба ҳаёти мардум таъсироти манфиву ногу­вор мерасонад. Аммо ҳукумат метаво­над бо чораҷӯии саривақтӣ пеши роҳи беқурбшавиро гирад. Вале ин дар ҳоле имконпазир аст, ки омили беқурбшавӣ пули зиёди чопкардаи худи Бонки миллӣ ё маҳсулоти ками бозор бошад. Вале дар сурати беқурб шудани пул бо роҳи қалбакӣ сохтани онҳо назорат ва чораҷӯӣ душвор­тар аст. Зеро ин пулҳоро бояд кашф кар­да, ба мақомот хабар диҳӣ ва онҳо аз му­омилот гиранд, вале на ҳамаи мардум ба пулҳои қалбакӣ аҳамият медиҳанд. Ва ин боис ба он мегардад, ки пулҳои қалбакӣ дар гардишанд ва бо вайрон шудани та­возуни молу маҳсулот ва пул беқурбшавӣ авҷ мегирад.

Аз ин рӯ, аз як ҷониб бояд мақомоти дахлдор бар зидди тақаллубкорони пул мубориза баранд ва аз сӯи дигар мардум низ ҳангоми додугирифт таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда, мавриди ошкор кардани пулҳои қалбакӣ ба мақомоти зирабт ха­бар диҳанд. Ҳамкорӣ бояд байни мар­дум ва мақомот беҳтар гардад. На ин ки ҳукумат ё ягон ниҳоди дахлдор мардумро дар бетаваҷҷӯҳӣ айбдор кунанд ва баръ­акс мардум ҳукуматро «сиёҳ» намоянд.

Иқболи САидзод

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: