Главная > Uncategorized > УЗВИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИКИСТОН 12 СОЛ ЗИНДОНӣ ШУД

УЗВИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИКИСТОН 12 СОЛ ЗИНДОНӣ ШУД

Собиқ сардори дидбонгоҳи гумрукии «Айнӣ)- раёсати гум­руки шаҳри душанбе Ҷамшед Фақиров бо ҳукми судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри дар содир намуда­ни ҷинояти дар моддаи 247 қисми 4 банди «Б» гунаҳгор дониста шуда 12 сол аз озодӣ маҳрум гардид.

Ҷамшед Фақиров, ки дар як вақт узви Иттифоқи журна­листони Тоҷикистон мебошад аз соли 1996 то мавриди ба ҳабс гирифта шуданаш дар мақомотҳои гуногуни Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи гум­руки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа наму­дааст. Дар давраи фаъолияти корияш дар мақомоти гум­рук бинобар хилофи талаботи қонун ӯро аз вазифа озод на­муданашон чор маротиба ба суд муроҷиат намуда дар ҳар чор маврид ғолиб омадааст. Яъне, ба ҷойи кори аввалааш барқарор карда мешавад.

Ҷамшед Фақиров яке аз он нафароне мебошад, ки масъа­лаи истифодаи мошинҳои сиёҳшишаро ба миён гузош­та вобаста ба он мақомотҳои дахлдорро ба суд дод ва дар як вақт 300 000 сомонӣ аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ зарари маънавӣ талаб карда буд. Суди ноҳияи Исмоили Со­монии шаҳри Душанбе талаби аввали Ҷамшед Фақировро дар мавриди истифодаи моши­ни сиёҳшиша қонеъ гардонд.

Пас аз чанде мақомоти роҳбарикунандаи Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душан­бе иваз шуду дар дидбонгоҳи гумрукии «Айнӣ» аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо кор­рупсияи ҶТ санҷиш (ревизия) гузаронида шуд.

Дар бораи чи тавр оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ рафти маҷлиси судӣ, ҳукми суд ва сабабҳои паси панҷара кашида шудани Ҷамшед Фақиров пас аз баррасии масъала дар зинаи кассат­сионии Суди шаҳри Душанбе мақолаи тадқиқотие ба табъ мерасонем.

Фариддуни УМАРБЕК, БМСТЖ

 

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: