Главная > Uncategorized > Ҳақиқати гӯштини тоҷик

Ҳақиқати гӯштини тоҷик

ва ё «имтиёз»-у «фаъол»…, яъне чӣ?!

Хуштарин ҳақиқат тайи солҳои охир дар бобати варзиш агар бештар гаштани варзишгарон бошад, аз дунболи он бешубҳа варзишгоҳҳоро пур кардани мардуми мост, ки исботаш саҳнаҳои варзишии имсолаи Наврӯзи байналмилалист. Тайи чанд рӯзе, ки тантанаҳои наврӯзиро тавассути ТВ аз манотиқи гуногуни кишвар тамошо кардем, исботи гуфтаҳои боло шуда метавонанд. Беҳуда варзишгоҳҳоро дар ноҳияву шаҳрҳо насохта будаанд. Яъне пештар аз ин ҳам агар варзишгоҳҳоро месохем, мусоидати хубе мешуд барои боло рафтани варзиши тоҷик ва ба хотири ҷалби бештари мардум ба ҳифзи саломатии бадан.

Бубинед, ҳатто дар аксар ноҳияҳои ҷумҳурӣ то ба истиқлол расидани кишвар варзишгоҳҳо (стадионҳо) мавҷуд набуд. Ҳатто толибилмон ғайри майдончаҳои волей­болбозию баскетболбозӣ чи шакл доштани варзишгоҳҳои калонҳаҷмро намедонистанд. Ин бештар ишора аст ба ноҳияҳои ВМКБ, ки варзишгоҳро танҳо пас аз 3-4 соли охир диданду донистанд, ки дар ин ноҳияҳо сохта шудааст ва дар баъзе ноҳияҳои он сохтанҳо идома дорад.

Тантанаҳои гӯштингириеро, ки рӯзҳои Наврӯзӣ дар Варзишгоҳи Марказӣ тамошо кардем, далолат аз он аст, ки бояд ба вар­зиш аз ҳарвақта дида бештар аҳамият диҳем. Зеро варзишгоҳи калонтарини мамлакат имкон надошт, ки ҳама дӯстдорони гӯштини миллиро ғунҷонад. Бештар аз 25 ҳазор тамо­шобини гӯштин барои он ҷамъ омада буданд, ки зӯрозмоии паҳлавононро бубинанд ва ба ҳақиқати шиори гӯштини тоҷикӣ, ки «касе ба тахтапушт зад, ғолиб ӯст» бовар кунанд. Агар дар гӯштини тоҷикӣ «ҳалол ғалаба кардан»-ро дар мадди аввал нагузоранд ва доварон ба хатову «тарафкашӣ» роҳ бидиҳанд, варзиш­гарони ҳақиқатдӯстро аз ин намуди варзиш дилхунук карда, мухлисон аз майдонҳо бо «сарҷунбонӣ» бадар рафта, роҳ мекушоем, ки варзишгоҳҳо камтар тамошобин дошта бо­шанд. Чаро аз қадимулайём гӯштини тоҷикӣ «тоза» буду касе ба тахтапушт меғалтонд, ғолиб дониста мешуду заданаш «ҳалол», вале имрӯз «ҳалол» заданҳоро фаромӯш кар­да, «тағйиротҳое» ворид намудаем, ки хоси гӯштини миллӣ нестанд. Ба назари мухлисон, ҳамон замон бартарӣ, яъне ғолибро муайян кардан зарур, агар ҳарифе ҳарифашро ба тахтапушт ҳам зада натавонист, вале ақаллан якпаҳлу ғалтонд. Ҳозир чӣ?! Бо баҳонаи тӯҳфаро ба касе додан «имтиёз»-у «фаъол» ва ким-чии дигарро пешандоз карда, ғолибро му­айян мекунем, ки ин хилофи гӯштини тоҷикӣ аст ва гуфтем: ҳам мухлисон норизо мешаванд ва ҳамин гуна паҳлавони ҳақиқиро муаррифӣ накарда, ҳақиқати гӯштини тоҷикиро ба норӯшанӣ мебарем.

Чаро мо вожаи дар тамоми дунё дар исти­фодаи «дуранг», «мусовӣ» (ничя)-ро фаромӯш кардаему истифода намебарем?! Дар ҳоле, ки аз ду паҳлавон яке дигаеро ба тахтапушт назад ва ё ба паҳлӯ нахобонд, набардашон баробар аст. Ин ҳамон дурангест, ки роиҷ дар гӯштини тоҷикист. Яъне, ҳақиқат ҳамеша ва хосатан дар чунин зӯрозмоиҳо бошад, то барои хориҷ аз ҷумҳурӣ бурдан беҳтарин ва зӯртаринҳоро сафарбар бикунем. Он касе­ро, ки «имтиёз»-у «фаъол»… дода «ғолибаш» ҳисобидаем, дар хориҷ ҳам барояш «чунин» карда метавонем?!… Албатта не. Аз ин рӯ, аз боисе, ки ҳамаашон фарзандони кишвари мо ҳастанд ва болотар аз ҳама ТОҶИКанд, барояшон бояд ҳаққонӣ ва аз рӯи адолат баҳогузорӣ бикунем.

Каме дар хусуси шореҳони варзиш. Шореҳи варзиш бояд ҳамон чизеро ба шуна­ванда ва бинанда ёдрас бикунад, ки ҳақиқат асту дар майдон рӯи кор меояд. Шореҳони мо бошанд, аксар ному насаби гӯштингиронро надониста, дар хусуси «дастовардҳои дигари варзиш» қисса мекунанд. Ин нақлкунандаҳо бояд ҳар паҳлавоне, ки ба майдон мебарояд, ӯро бидонанд ва барои тамошобин муаррифӣ карда тавонанд, ки ӯ кист, дар куҷо ба камол расидаву шогирди кадом устодест, чанд сол ба варзиши гӯштин машғул аст, ба куҷоҳо сафари паҳлавонӣ кардаву чӣ дастоварде ба диёр оварда, унвону дараҷаҳои варзиши­аш то куҷост… Ана он замон «репортажаш», намоишу барномаи идонаи наврӯзиаш пурра, аҷоибу шавқовар ва барои ҳар кас рӯшантар мегардад. Баъзеро ба «осмони ҳафтум мебароранд»-у гирдаш бештар ҳарф мезананд, иддаеро бошад, ҳатто исмашро боре ҳам ба забон намеоранд. Ҳамин аст магар шореҳиву барандагии воқеъбинона?! Шореҳон низ бояд аз воқеияти ҳақиқӣ нақл бикунанд ва ин гузоришҳоро чун довар радду бадал карда тавонанд. Онҳо гумон мекунанд дар чунин мусобиқот «хап ки накардӣ», ҳамин гузориш аст?!… Бибояд аз шореҳони вар­зишии бародарони ҳамкасби русиягиашон биомӯзанд, зеро онҳо бо нақли воқеъбинонаи хеш мусобиқотро рангинтар карда, барои та­мошобин ҳақиқати майдонро пешниҳод меку­нанд…

Агар «чунин шарҳдиҳиву шореҳӣ аст», бигзор овози он гузоришгари варзишгоҳ, ки бештар варзишгаронро мешиносаду амиқтар муаррифӣ мекунад, ба гӯши тамо­шобинон бирасад. Дар ҳолати шарҳу тафсири норӯшан аз ҷониби шореҳони мӯҳтарами ТВ-ҳои мо, бинанда завқи тамошояшро гум кар­да, гӯштингирони беҳтаринро муайян карда наметавонад.

Довари асосии мусобиқот, хоҳ он футбол аст, давидану паридан ва ё гӯштин, худ тамо­шобин аст. Зеро тамошобин тарафи ҳеҷ касе нест, ғайри ҳақиқатро дидан ва «имтиёз»-у «бартарӣ» ва «тӯҳфа» низ намесупорад. Дар ҳолате ба чашм дид, ки ноҳақист, норози­гиашро бо овоз ё фарёде ё ишораи дастҳо иброз медорад.

Дар ин гӯштини хеле серодам ва серпаҳлавон низ борҳо «бо овозу ҳуштаки хеш» мухлисон норозигии хешро аз иддае до­варон баён ва такрор карданд. Ин садо не, огаҳиест, ки: «Ноҳақӣ дар гӯштин нашавад»…

Садҳо ташаккур ба мухлисони чунин зӯрозмоиҳо, ки хатоҳои чанде аз доваронро таҳаммул карда, вокуниши шаддиде нишон намедиҳанд, ғайри дар ҷойи нишасташон бо ҳампаҳлуяшон арзи норизоӣ кардан! Ин ба он маънӣ нест, ки мухлисон аз ҳеҷ амалу раф­тори доварон хабардор нестанду довар шио­раш «Ҳукм-ҳукми ман аст!» бошад. Довари ҳақгӯю ҳақталошро ҳама эътироф мекунанд, ҳатто он мағлубшудае, ки ҳаққонӣ ба шикаст мувоҷеҳ гардидааст. Вале ба акси чунин до­вар на мухлисон салом мекунанд ва на он «ғолиб»-е чунин довари ноҳақшиносро дӯст медорад, ки бо баҳогузории «бартарӣ» тӯҳфаи асоситаринро ба даст овардааст. Паҳлавони ҳақиқӣ хоҳони ҳақиқати маҳз аст!

Ҳамин паҳлавонҳои номдори имрӯзаи тоҷик: Набимуҳаммад Хоркашов, Муҳаммад Абдураҳмонов, Фаррух Собиров, Сулаймон Су­лаймонов, Шералӣ Бозоров, Фарҳод Раҳимов, Неъматулло Арслонқулов ва даҳҳои дигар низ ҳақиқати гӯштини тоҷикиро мехоҳанд ва до­вари ҳақгӯю ҳақталошро. Зеро ноҳақӣ ба ҳеҷ ҷавонмарде хушоянд нест.

Мо гуфтанӣ нестем, ки ҳама доварон дар як сатҳу зина малакаи варзишӣ доранд ва та­лошманди ҳақиқат ҳастанд. Шояд он доваро­ни хасакиеро, ки мақсадашон на болобурди варзиши тоҷик асту шиорашон «Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» ва ба каф овардани судест, кайҳо мухлисон ва возеҳтар аз ҳама, он доварону варзишгарони ҳақгӯву ҳақталоши мо шинох­таанд…

Мисоли ҳақиқати гӯштини тоҷикиро дар зӯрозмоии Наврӯзии Варзишгоҳи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа, ки бештар аз даҳ ҳазор тамошобинро гирд оварда буд, дарёфтем. Хусусан дар ҷамъбасти ин ҳамоиши бузур­ги варзишӣ ду паҳлавони номдори тоҷик Набимуҳаммад Хоркашов ва Муҳаммад Абдураҳмонов нишон доданд, ки «гӯштини тоҷикӣ чӣ хел аст ва то куҷоҳо бояд тоқат кард»… Тайи беш аз соате, ки зӯрозмоӣ идо­ма ёфт, агар довар ҳам мебудем, ба ҳеҷ ҷонибе бе асос: «фаъол», «огоҳӣ», «имтиёз» ва чизи дигаре эълом намедоштем. Зеро агар ба гӯштини онҳо назар андозӣ, ҳарду ҳам устоди варзишанду пурзӯру хоҳони ғалаба, вале ҳеҷ кадомеро муяссар нашуда, ки рақибро ба тахтапушт он сӯ истад, ба паҳлу ва ё нимпаҳлу занад…

Чун бо чашми ҳақбин дида медӯзӣ, қувваҳо баробаранду наметавон якеро аз дигаре зӯртар ҳисобид. Пас, довари касбӣ ҳам на­бошем, ба ин ҳарду чӣ бояд баҳо дод ва чӣ бояд кард?! Мегӯянд, ки «ончӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест», яъне «баробар», «мусовӣ», ду­ранг» баҳогузорӣ намуд, на чизи бофташудаву дурӯғи дигаре! Дар ин набард ростиву ҳақиқат риоя шуд ва ҳақиқати гӯштини тоҷикӣ «дастбо­ло» гардид!! Ҳам мухлисон қаноатманд буданд ва низ ҳамаи он доварони ҳақиқатпарасте, ки умре аз ин пеша нони ҳалол хӯрда омада­анд. Шояд як қисмати хеле ночизи доварони хасакӣ ва манфиатпараст «хун мехӯрданд», ки «чунин» шуду «чунон»-и онҳо нашуд! Онҳо бояд фаромӯш накунанд, ки ҳақиқат ҳамеша даст­болост ва ҳар ноҳақиеро умр кӯтоҳ аст…

Хуштарин ҳолат барои ҳама тамошоби­нон он буд, ки майдонҳои мо пур аз мухли­сон асту паҳлавононамон сол аз сол зиёдтар мегарданд. Чи «тағйиру иловаҳо» ба гӯштини ҳақиқатхоҳи тоҷикӣ боз илова мегардад, до­варон медонанду он мутасаддиёни соҳаи варзиши мо, хусусан аз гӯштини тоҷикӣ. Ҳар илова ва тағйироте, ки ворид нагардад, агар барои пешравии гӯтини миллӣ ва дигар соҳаи варзишӣ бошад, бурди варзиши тоҷик ва сарбаландии ҳамаи мост. Вақт довар аст ва мо бо умеди боз ҳам бештар гардидани нуфузи Тоҷикистони азиз дар арсаи варзиши байналмилалӣ ба майдонҳо барои дидани ҳақиқати варзиши тоҷик меравем!

Барои мо — иштирокдорон ва тамошоби­нони ин зӯрозмоии «Наврӯзи байналмилалӣ-2011» волотар аз ҳама — ин дидани шумо­раи зиёди ҷавонони варзишдӯсти тоҷик дар майдонҳост, ки бовар дорем, дур нест он рӯзе, ки аз миёни ин садҳо ҷаҳонпаҳлавонҳои нав ба нав Тоҷикистонро дар ақсои олам муаррифӣ хоҳанд кард. Ин аст мақсаду орзӯи асосии ҳамаи мо!

Неъматуллои НУРУлло,

рӯзноманигор

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: