Главная > Неъматуллои НУРУЛЛО > «Дили сиёҳ»-и мошини сиёҳ

«Дили сиёҳ»-и мошини сиёҳ

ВА Ё ЧАРО «ИҶОЗАТ» ҲАСТУ «НАЗОРАТ» НЕСТ?

Чӣ боис гардид, ки иҷозаи бо мошини сиёҳшиша гаштан дар пойтахт (шояд дар тамоми ҷумҳурӣ) дода шуд ва маълум гардид, ки ҳавасмандони «дар паси парда гаштан» кам набудаанд. Агар маблағи «сиёҳ кардан»-ро камтар менамуданд, ҳар мошиндоре шояд «ба сар фаранҷӣ мекашид»?…

Мо гуфтанӣ нестем, ки шавқмандон тирезаҳои мошинҳои худро тираву хираву сиёҳ накунанд. Шояд агар ҳамин ранг «иҷоза» на­мешуд, ронандагони «мӯдхоҳ» дар дил мегуфтанд, ки «озодии мо — ро­нандагонро маҳдуд кардаанд!»… Вале агар ҳамин гуна «андеша» до­шта бошанд, бояд бидонанд, ки ин «амал» ва «даъво» ба озодӣ ҳеҷ ир­тиботе надорад, зеро «пинҳон кар­дани худ аз дигарон, гурез аз озодӣ аст, на баръакс». Озод фақат танҳо ва танҳо фарде буда метавонад, ки ҳама кору амалаш равшан асту дар чашми ҳамагон аён ва дилу нияташ софу покиза…

Хуб, гуфтем, ки иҷозаи сиёҳ кар­дани шишаҳо ҳам дода шуд. Боз хеле хубтар шуд, ки маблағи аз ин ҷода ба даст меомада ба сохтмони «Роғун»-и забардаст интиқол меёф­тааст. Модоме, ки чунин аст, бигу­зор «сиёҳ кардан гиранд» ва боз даҳчанд аз ин.

Дар баробари ин, баъзеҳо ан­деша доранд, ки «ҳоҷати ба ҳар каси талабгор ва пешомада иҷозаи сиёҳ кардани шишаҳоро додан за­рур нест, зеро на ҳама мошиндо­рон дилу нияташон «ҳамранг аст»-у «Роғун»-ро якранг дӯст медоранд. Чӣ гуфтанианд ин гуна андешадорон?! Агар ба таҳти ин гуфтаҳо жарфтар ворид гардем, маънӣ фарохдоман асту бесабаб ҳам набошад. Дар ҳақиқат, кӣ гуфта метавонад, ки миё­ни «ин селаи мошинҳои сиёҳшиша» ҷинояткору авбош, роҳзану дузду ғоратгар панаҳ нест?! Ва ё магар аз пайи ин «сиёҳкардаҳо» ҳар даме назорат ҳаст? Ба гумон!

Мо низ чун дигар шаҳрвандони бемошин на аз пушти «сиёҳшишаҳо» ҳастем ва на аз «сафедшишаҳо». Ва гуфта ҳам наметавонем, ки танҳо миёни «сафедшишаҳо» «дилсиёҳон» нестанду дар дигарон ҳаст. Гунаҳкору авбошу роҳзан… мошин ҳам надошта бошад, аз амали шумаш дил канданӣ не­сту аз пайи амалӣ кардани он аст! Яъне, ашхоси некройу покизакор, ба ватану миллати хеш дилсӯз ҳам миёни пиёдаҳо ҳастанду ҳам миёни савораҳо ва ҳам «сафедшишаҳову» «сиёҳшишаҳо».

Мепурсед, ки чӣ моро водор кард аз «сиёҳшишаҳо», возеҳтараш аз «сиёҳшишае» ёдовар шавему ҳолати ногувореро қисса кунем? Ҳақ ҷониби шумост, ки донистан мехоҳед! Мегӯянд, ки «то шамол на­вазад, шохи дарахт намеҷунбад». Ана, «ҳамин шамолро эҳсос карде­му дидем, ки шохчаи дарахти на­врустаеро меларзонд» ва «қалами тезеро сӯяш ба сипар гузоштем». Ин «назораи мо» танҳо ба як адад мо­шини «бо тан» сафеду сиёҳшишае дахл дорад, ки бо ин амалаш номи аксар чунин мошинҳоро «доғдор кард» ва бибояд, ки дигар мошиндо­рон аз рафтори «чунинҳо» бетарафу бефарқ набошанд…

Шояд ин манзарае, ки моҳе қабл мо дар хиёбони Неъмат Қарабоев дидему нафратамон ба чунин ашхос зиёд гашт, борҳо дар кӯчаҳои дигари пойтахт рух додааст ва ё аввалин аст, Худо медонад. Ва мақсади мо низ ҳамин аст ва ёдра­си он, ки он ниҳодҳое, ки иҷозаи сиёҳ кардан додаанду медиҳанд, дар оянда назоратро аз болои «сиёҳкардаҳо» (бештар ҷавононро) суст накунанд ва баъзан кормандо­ни сари роҳи БДА ба «саросемаҳо» ҳушдор бидиҳанд, ки: «Шишаатро сиёҳ кардан ба ин маънӣ нест, ки ҳар коре кардан мехоҳӣ, бикун, туро касе намебинад!». Яъне, бовар куну тафтиш кун!!

Моҳе қабл. Кӯчаи Неъмат Қарабоев. Соатҳои 11-12-и рӯз. Хо­нандае (духтарчае) ба тахмин син­фи 7 ё 8 бо роҳи худ равон буду ба чор тараф дида намедӯхт. Духтарчаи ноболиғ бо роҳи хеш равон ва дар андешаи ӯ чӣ мегузарад, кас наме­донад. Шояд дар майнаааш фикри кай пардохтани маблағи «фонди мактаб», «тӯҳфаи 8-уми март барои муаллима», маблағи ҷорубу бӯру ла­таи мактаб бошад?! Инаш ҳам ба­рои мо — «назорачиён» пӯшида буд. Мумкин дар дил шоду фараҳманд аз он буд, ки кишвараш имрӯз тинҷу ором асту зиндагӣ рӯз аз рӯз беҳтар мешаваду Душанбеи сарсабзаш шукуфонтар мегардад… Шояд бо чунин андешаҳои барои дигарон ноаён духтарак ба мактаб ё хонааш раҳсипор буд.

Духтараки «аз дунё бехабар» бо роҳи пиёдагарду мошини дакаданги хориҷии «сафедандоми» сиёҳшишае «ҳамқадами» ӯ ва яке бо мошинраҳу дигаре бо пиёдараҳ баробар «қадам мезаданд». «Қадаммонии» мошин баробар бо духтараки мактабхон масофаи 150-200 метрро тай наму­данд. Ронандаи «паси парда» пайт меҷуст, ки яке агар духтарак тара­фи мошинаш нигоҳ кунад, манъ мекунад ва… Хушбахтона, духтарак «мошинро намедид» ва бо роҳи рости худ равон буду равон. Дар чорраҳа духтарак тарафи чап, аз назди ҳамин мошин, аз миёни роҳ гузаштанӣ шуд ва ин мошини сиёҳи дохилаш ронандаи дилсиёҳ дар на­здаш бозистод ва дид, ки «садое нест», бо ҳамон «қадаммонии ав­валааш» боз баробар «ҳамсафари духтарак» шуд. Мо онҳоро «гум» кардем, аз назари мо дур гаштанд. То куҷоҳо ин «ҳамқадамхирагӣ» тӯл кашид, то ҳол барои мо торик аст! Танҳо ҳамин чиз яқин аст, ки то ма­софае дар назораи мо буданд, дух­тарак сӯи мошини «роҳгумзада» сар набардошту эътиборе надод, ки он «мошини сиёҳҷурда» аз пайи ӯ чӣ мехоҳад ва ронандааш кисту чист…

Ба бахти сафеди духтарак (то он лаҳзаҳои оғоз), рӯз равшан буду одами бисёре дар кӯчаҳо, вагар­на, кӣ медонист он «сиёҳшиша» чӣ мехоҳаду нақшааш чист?

Ана, барои чӣ иддае аз одамони ростқавлу покизаният аз сиёҳ кар­дани шишаи мошинҳо дар ҳарос будаанду хоҳиши онро доранд, ки на ба ҳама иҷозаи «сиёҳ кардан» дода шавад. Шояд ҳамин навъ «манзараҳо» ва ё аз ин бадтараш­ро дидаанд, ки сафедиву аёниятро бештар меписанданд.

То ҳадде ронандаи даруни он мо­шин берӯву риё, бевиҷдону сиёҳкор будааст, ки дар чашми мардуму боз рӯзи равшан шарму ҳаё накарда, аз пайи он духтараки ноболиғ ра­вон асту равон. Агар чунин авбо­шон мошинҳояшонро сиёҳ кунанд, пас, наметавонад хонандае бе по­сбон ба мактаб ва ё ҷойи дигаре равад. Ва агар ҳамин авбошро ҳам шишаҳои мошинаш сафеду беранг мебуд, шояд пайи ин номаъқуливу номардӣ намешуд. Зеро медонист, ки қиёфаи зишташро ҳамагон, хоса он ҷавонмардони покизакор таҳти назар мегиранд. Кӣ медонад, шояд сари чанбари он мошин навраси бетарбия, ҷавони сармасти авбош ва ё пири беимони кӯрдил нишаста буд! Миллаташ ҳам маълум набуд, кал буд ё бузрише, зеро дар пойтахт имрӯз ба ҳар миллати мошиндори зиёде рӯ ба рӯ омадан мумкин аст. Охир, ӯ «дар торикӣ буду дигаронро медид, вале дигарон танҳо оинаи сиёҳро медиданду дилу нияти сиёҳи ӯро не».

Ногуфта намонад, модоме худиҳоро бояд бисанҷему бидоне­му иҷозаи сиёҳ кардан бидиҳем, гуфтанием, ба шаҳрванди хориҷие, ки мақсади сиёҳ кардани шиша дорад, иҷоза дода нашавад. Зеро, чун табааи хориҷӣ ба мамлакати мо барои хизмат, сайёҳӣ, меҳмонӣ ва ё коре меояд, бояд кору бораш рӯшан, бепарда ва дилу нияташ софу оинаи мошинаш ҳам сафед бошад…

Шояд даруни он мошине, ки аз пайи духтарак кашола буд, хориҷии табоҳкоре, авбоши аз маҳбас гу­рехтае, террористи ҷонбезоре ва ё аз нӯкарони Маҳмуд Худойбердиев ҷонзоде нишаста буду дар кӯчаҳои Душанбе гаштугузор дошт? Кӣ медонад? Ва ё нафаре бошад, ки миллати сарбаланди тоҷику Ватани бузурги моро чашми дидан надора­ду бо чунин амали сиёҳаш хостори он аст, ки «нооромиро» дар пойтахт «гӯшрас кунад?!». Мумкин аст аз одамрабоёни дохилӣ ё хориҷӣ бо­шад, ки дилаш сиёҳ буду мошинаш­ро дегранг кард? Зиракиву ҳушёрӣ куҷост, ай ҳамдиёрони гиромӣ? Суолҳо бешуморанд ва посухашон, ба андешаи мо, ин аст: Ҳар касе аз чунин амалҳо ғофил набошад ва агар тарсе дошта бошад, лоақал рақами мошини «сиёҳкорро» ба ҷойҳои дахлдор маълум кунад. Он вақт дар ҳақиқат ӯ ватандӯст асту миллатпарвари ҳақиқӣ, на тарсуи бепарвофалаке! (Агар ман рақами он мошинро дар ёд мегирифтам, ал­батта рӯи саҳифа меовардам,- Н. Н). Бигзор иддае аз ин гуна сиёҳдилони сиёҳшиша донанд, ки дунё бесоҳиб несту атрофиён ҳар амали шумеро назора мекунанд ва онро беҷавоб намегузоранд. Ва ба қавле, «илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ»…

Он масъулоне, ки ба шахсе иҷозаи сиёҳ кардани шиша медиҳанд, нахуст бояд бидонанд, ки ӯ кисту чикора, ба кадом мақсад «сиёҳ» кардан мехоҳад, шаҳрванди куҷост ва санҷишҳои дақиқи дигаре…

Агар хоҳем, ки Душанбеямон (кулли ҷумҳурӣ низ) аз ҳар гуна табоҳкориву ноамниҳо дар амон бошад, бояд чунин дилсиёҳоне, ки бо «пардапӯшӣ» нияти бад доранд, роҳ сӯи дигар ҷониб бигиранд ва Ду­шанбеи нозанину ҳар шахсеро осе­бе нарасад! Вагарна, он маблағи ночизи «шишаи сиёҳ» шишаи дили даҳҳо бегуноҳонро бишканаду хисо­роти ҳангуфтро ба миён оварад!

Неъматуллои НУРУЛЛО, рӯзноманигор

P.S. Сиёҳшишамошинҳое, ки «дил»-и сафед доранд, аз ин хафа нашаванд, зеро чунин «зарпечакҳо»-и шишасиёҳ дар пойтахт ками дар каманд. Мақсади ҳамаи мошиндорон, бемошинҳо ва хурду калони кишвари мо — ин ободии Тоҷикистони азиз асту тинҷиву амонии Ватани азиз! Ва боз: болотар кардани маблағи «сиёҳ кардан» ба мақсад мувофиқ аст!

  1. Апрель 14, 2011 в 6:51 дп

    ичозад надихед шишасиехонро

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: