Главная > Комил Бекзода > Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта

Муҳаққиқони муосир таъкид мекунанд, ки дар қисми чаҳоруми «Расоил» кӣ будани «Ихвон-ус-сафо» бо равшанӣ маълум мегардад. Пас, онҳо кистанд? Аз ҷумла Ҷаббур Абдуннур менависад, ки дар би­сёре аз порчаҳои қисми чаҳорум майли алавии (Алипарастии) онҳо ҳувайдост. Чунки онҳо номи баъ­зе аз имомонро баён намуда, гуфтаҳои Ҳусайнро ба сифати ҳуҷҷат ва далел ба шоҳидӣ меоваранд. Дар ҷои дигар ба Карбало ишора намуда, мегӯянд, ки пайғамбарон дар роҳи даъвати худ ҷисми худро ба ҳалокат расониданд ва аҳли хо­наводаи пайғамбар, ҷисмҳои худро рӯзи Карбало маҳкуми ҳалокат на­муда, ба ташнагӣ ва зарба сабр намуданд, то ки ин нафсҳои онҳо ҷасадашонро тарк намуданд ва ба малакути осмон баромада, бо па­дарони поки худ Муҳаммаду Алӣ ва муҳоҷирину ансор вохӯрданд».

Ҳамин тавр, ба ақидаи ин гурӯҳи муҳаққиқон, дар «Расоил»-и «Ихвон-ус-сафо» хонаводаи пайғамбар ва номи Ҳусайн ба таври хос зикр мешавад, ки далели алавимазҳаб будани онҳоро нишон медиҳад. Хусусиятҳои умумитарини монандӣ байни «Ихвон-ус-сафо» ва исмои­лия дар он зоҳир мегардад, ки ҳарду мактаби фикрӣ идеалҳо ва ҳадафҳои охирин ва асили худро сахт махфӣ нигоҳ медоштанд. Аз ҷиҳати ташкилот ва ташкилотчигӣ ҳам байни онҳо шабоҳати бузурге вуҷуд дошт. Ҷамъияти «Ихвон-ус-сафо» дорои маротиби гуногуни аъзоён буд, ки ҳар як мартабаи бо­лотарин аз хешро итоат менамуд. Аммо сирру асрори ҷамоаро танҳо шахсони башумор медонистанду бас. Исмоилиён ва «Ихвон-ус-сафо» ҳадафи ягона доштанд: барҳам за­дани фароизи динӣ. Чун наметаво­нистанд ошкоро фароизи диниро барҳам зананд, барои амалӣ наму­дани ҳадафи худ ба шарҳи маҷозии оёти Қуръон пардохтанд. Онҳо мегуфтанд, ки оёти Қуръонӣ до­рои маънии зоҳирӣ мебошанд, ки барои бесаводон қобили фаҳманд. Вале мазмуни ботинӣ ва аслии оётҳои Қуръонро танҳо олимон ва хирадмандоне, ки аз асрори кори нубувват ва диёнат бохабаранд, дониста метавонанду бас. Пеш­воёни мактаби исмоилӣ ва ҷамоаи «Ихвон-ус-сафо» яке аз вазифаҳои асосии худро дар он медиданд, ки аъзоёни ташкилоти худро аз асро­ри нубувват ва дин огоҳ намоянд. Ин аст, ки шахсони диндоре, ки ба ташкилоти исмоилиён ва «Ихвон-ус-сафо» дохил мешуданд, оқибат аксари онҳо ба роҳи озодандешӣ раҳсипар мегардиданд. Исмоилиён ва «Ихвон-ус-сафо» дар баробари панду ҳикматҳои Қуръон, Инҷил ва Таврот афоризмҳои юнонӣ, ҳиндӣ, эронӣ ва сӯфиёнаро низ фаровон истифода менамуданд. Таълимоти исмоилиён ва «Ихвон-ус-сафо» ба ақидаи муҳаққиқи советӣ А. К. За­куев бештар дар байни халқҳои ғайриараби олами исломии онрӯза паҳн гардида буд. Аз ҷумла ин ақида дар байни аристократияи эронӣ соҳиби нуфуз гардида буд, ки онҳо гурӯҳи оппозитсионӣ дар баробари ҳокимияти арабӣ ва дини ислом буда, орзу доштанд, ки давлати мустақили худ ва дини аҷдодии худ — зардуштиро барқарор намоянд.

Оё «Ихвон-ус-сафо» қарматӣ буданд?

Баъзе аз донишмандони машҳур, аз қабили Луи Масинён ва Макдоналд бар ин ақидаанд, ки «Ихвон-ус-сафо» қарматианд. Муҳаққиқи советӣ А. К. Закуев гуфта, ки ҷамъияти «Ихвон-ус-сафо» аз рӯйи шакли ташкилӣ ва тарзи нашри осо­ри худ ташкилоти сиёсӣ-идеологии исмоилиён ва қарматиҳоро ба хо­тир меоварад. — Ба таври умумӣ,- мегӯяд муаллифи дигар,- «Расоил»-и «Ихвон-ус-сафо» тамоили ботинӣ доранд… Таваҷҷӯҳи онҳо ба аксари илмҳо бо ғаразҳои сиёсатбозӣ набу­да, балки хусусиятҳои хоси зеҳни бо­тиниро нишон медиҳанд… Маҷус ва «Ихвон-ус-сафо» аз рӯи мазҳаб яке­анд, чунки Худо ва пайғамбаронро инкор мекунанд. «Расоил» пеш аз хилофати фотимиён таълиф шуда, намунаи фикри ботинӣ ҳастанд. Худи қарматиён бо «Ихвон-ус-сафо» алоқаманд буданд. Калимаи «Их­вон» дар навиштаҳои ботиниён ва дарзиён бисёр дучор меояд ва дар баъзе мавридҳо калимаи «Ихвон» ва «муваҳҳиддин» (яктопарастон) ба як маъно меоянд. Ботиниёнро умуман «Ихвон» меномиданд. Метавон гуфт, ки «Ихвон-ус-сафо» ҳамон ихвони исмоилии муваҳҳиддин буданд.

Ин «Расоил» пеш аз ҳаракати инқилобии қарматиён дар нимаи дуюми асри сеюми ҳиҷрӣ таълиф шуда, роли онҳо ба роли маориф­парварони европоие баробар аст, ки инқилоби соли 1789-ро омо­да намуданд. Ин аст, ки метавон «Расоил»-и «Ихвон-ус-сафо»-ро аз самими фикри ботинӣ ҳисоб намуд. Ҳарчанд, ки ҷамоаи «Ихвон-ус-сафо» ташкилоти тамоман мустақил набу­данд. Онҳо яке аз шохаҳои даъвати исмоилия ва яке аз навпардозиҳои соҳаи ташкилӣ ва фалсафаи ботини­ро дар худ таҷассум менамуданд».

Оё «Ихвон-ус-сафо» мӯътазалӣ буданд?

Аз муаллифони гузашта Ибни Қифтӣ бар ин ақида буд, ки «Ихвон-ус-сафо» мӯътазиланд. Ин ақида дар байни муҳаққиқони муосир тараф­дороне пайдо намуд. Аз ҷумла Г. Флугел «Ихвон»-ро аз аҳли эътизол ба шумор оварда, Э. Браун, Р. Ни­колсон ва А. Паласиус «Расоил»-и онҳоро омехтае аз орои мӯътазила ва шиа иборат донистанд.

Тааллуқи ин даста (яъне «Ихвон-ус-сафо») ба як фирқаи хос муҳаққиқ нест ва танҳо ин нукта мусаллам аст, ки аз порае ҷиҳат ба мутакаллими­ни мӯътазила ва исмоилия шабоҳат доштанд. Бо ин фарқ, ки мӯътазила ва исмоилия мехостанд динро бо фалсафа вафқ (созиш) диҳанд. Вале «Ихвон-ус-сафо» саъй доштанд усули ҳикмат ва фалсафаро бо мабонии дини ислом созиш диҳанд ва фо­силаеро, ки миёни ҳукамо ва аҳли дин падид омада буд, аз миён бар­доранд. Муҳаққиқи советӣ А. К. За­куев ин масъаларо мавриди шарҳу эзоҳи бештаре қарор дода, менави­сад: «Аз мазмуни «Расоил»-и «Ихвон-ус-сафо» чунин бармеояд, ки муал­лифони онҳо тарафдори баробарии ҳамаи халқҳо, динҳо ва мазҳабҳо буданд. Дар сурате, ки аксарияти нависандагони онҳо намояндагони миллатҳои ғайриараб будаанд. Ма­салан дар «Расоил» мубоҳисаи бай­ни одамон ва ҳайвонотро зикр на­муда, ҷиҳатҳои хубу бади халқи араб ва дигар халқҳои ғайриарабро зикр намуда, вале ҳеҷ яки онҳоро маври­ди ситоиши алоҳида қарор надода­анд. Шакке нест, ки «Ихвон-ус-сафо» тарафдори баробарҳуқуқии ҳамаи халқҳо буда, баҳсу мунозираҳои шуубия дар таълимоти онҳо таъ­сири муайяне гузоштааст. Бисёре аз ақидаҳои фалсафии «Ихвон-ус-сафо» бо таълимоти мӯътазилиҳо мувофиқат мекунад. Мӯътазилиён шохаи ақлоние (ратсионалистие) аз теологҳои мусулмонӣ буданд. Ҳам мӯътазилиҳо ва ҳам «Ихвон-ус-сафо» ақлро воситаи асосӣ дониста­ни ҳақиқат эътироф намуданд. Ва ҳамчунин ақл принсипи асосӣ ва меъёри накӯкорӣ ба шумор меомад. Ба ақидаи мӯътазила, хайру шарр ба шарофати ақл дониста мешавад. Дар сурате, ки ашъариён ва дигар теологҳои консервативии исломӣ донистани сифатҳои ахлоқиро танҳо ба василаи китобҳои муқаддас им­конпазир медонистанду бас. Ба ҳамин сабаб, баъзе аз муҳаққиқон гумон кардаанд, ки рисолаҳои «Ихвон-ус-сафо» маҳсули қалами мӯътазилиҳои аввалин мебошанд. «Ихвон-ус-сафо» худро «аҳли адл» мешумориданд. Мӯътазилиён низ пеш аз «Ихвон-ус-сафо» ин лақабро доштанд. Аз ин пайдост, ки байни онҳо ва мӯътазила алоқае вуҷуд до­штааст. Шаҳри Басра, ки зодгоҳи «Ихвон-ус-сафо» аст, пеш аз ин маркази мӯътазилиён буд. Ба ғайр аз ин, мӯътазилиҳо нисбат ба ди­гар теологҳои исломӣ ба рисолаҳои «Ихвон-ус-сафо» таваҷҷӯҳ зоҳир менамуданд. Дар ин асос иштибоҳ намешавад, агар даъво кунем, ки таълимоти мӯътазилиён яке аз сарчашмаҳои идеявии фалсафаи «Ихвон-ус-сафо»-ро ташкил медиҳад. Мӯътазилиҳо тарафдори ратсиона­лизм ва монотеизми холис буданд. Пешгузаштагони мӯътазиларо қадария меномиданд. Қадариён аз озодии иродаи инсон дифоъ ме­намуданд, то ин ки инсон масъули хайру шарри рафтори худ бошад. Қадария дар давраи ҳукмронии уммавиҳо дар Сурия ба вуҷуд омад ва ба муқобили ақидаи ҳукмрони хилофати умавӣ равона карда шуда буд. Қадариҳо таълимотро доир ба озодии ирода ва масъулияти шахсӣ тарғиб намуда, ба ин восита ҳокимони уммавиро гунаҳкор мена­муданд. Шахсиятҳои барҷастатарини қадария Маъбади Ҷуҳанӣ, Ғийлонии Димишқӣ, Ато ибни Ансор ва Юнус ал-Асворӣ буданд. Уммавиҳо пай­васта қадариҳоро таъқиб ва фи­шор медоданд. Ҳангоми ба дасти аббосиҳо гузаштани ҳокимият, қадариҳо аббосиёнро тарафдорӣ намуда, ба муқобили уммавиҳо мубориза бурданд. Дар ин ҳангом онҳоро на қадарӣ, балки мӯътазила меномиданд. Онҳо ақидаҳои худро озодона тарғиб ва ташвиқ мена­муданд. Дар давраи хилофати Маъ­мун. Мӯътасим ва Восиқ ақидаи мӯътазила ақидаи ҳукмрони хилофа­ти аббосӣ ба шумор меомад. Вале дар давраи Мутаваккил (861-871 мелодӣ) вазъият дигаргун шуд ва мӯътазила мавриди таъқиб қарор гирифтанд. Зеро дар ин вақт тараф­дорони теологияи пешинаи исломӣ, аз ҷумлва ҳанбалиҳо ба дарбори халифаҳои аббосӣ наздикӣ ҷуста, ақидаи худро ақидаи давлатӣ эълон намуданд. Сабаби ин тағйирот, аз ҷумла ин гардид, ки Мутаваккил ва ворисони ӯ ба армияи зархариди турк эътимод намуда буд, ки онҳо пайрави исломи суннӣ буданд. Баъ­ди ин фишорҳо ва таъқиботи шадид, мӯътазила пароканда гардид ва баъзе аз онҳо ба мазҳаби исмои­лия, шиа ва «Ихвон-ус-сафо» пайва­станд. Яке аз охирин намояндагони мӯътазила забоншиноси машҳур Замахшарӣ соли 1153 мелодӣ дар­гузашт. Ҳамин тавр, ҳарчанд байни мӯътазила ва фалсафаи «Ихвон-ус-сафо» алоқамандии матин бо­шад ҳам, муаллифони «Расоил», мӯътазилиёни аввалин нестанд. Зеро таълимоти исломро «Ихвон-ус-сафо» тавре мефаҳмиданд, ки аз тарзи фаҳмиши мӯътазила ва дигар теологҳои ортодоксалии ислом ба куллӣ фарқ мекунад.

Рубрики:Комил Бекзода
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: