Главная > Иқболи САИДЗОД > Тоҷикистон Япония ва «Роғун» «Фукушима» нест!

Тоҷикистон Япония ва «Роғун» «Фукушима» нест!

Сафсатаи Жигарев ва уқёнуси «Ором» дар Осиёи Марказӣ

Боз як анҷумани дигари ӯзбекистон алайҳи бунёди «Роғун» баромад кардааст. Масъулони Анҷумани саҳҳомии «Гидропроект»-и ӯзбекистон тарҳи феълии нерӯгоҳи «Роғун»-ро барои минтақа таҳдиди ҷиддӣ хондаанд.

Сергей Жигарев — раиси мар­кази «Гидропроект» дар шаҳри Тошканд дар яке аз нашрияҳои маҳаллӣ бо номи «Тарҳи «Роғун» барои Осиёи Марказӣ ҳамсони тӯфоне (сунамӣ) аст» матлабе чоп кардааст. Дар матлаби Жигарев омадааст: «Агар дар минтақае, ки нерӯгоҳи «Роғун» бунёд мешавад, зилзилаи шадиде рух диҳад, фи­шори оби 335 метрӣ боло рафта, мумкин аст садди обанбор рахна шавад. Амвоҷи бузурги об барои минтақа ҳамчун таҳдиди тӯфони бузург ё сунамӣ хоҳад буд».

Жигарев ҳамчунин гуфтааст, ки минтақаи нерӯгоҳи «Роғун» зилзилахез маҳсуб шуда, иддаои мақомоти Тоҷикистон дар бораи ғайричашмдошт будани зилзилаи беш аз 6 дараҷаи Риштер дар ин минтақаро бепоя хондааст. Ҳамзамон, ба қавли Сергей Жи­гарев, бо зилзилахез будан дар ин минтақа қабатҳои намак ҳам пайдо шудааст. ӯ гуфтааст, ки дар сурати рух додани зилзилаи 9 дараҷаи Рихтер мавҷи 10-метрии об ба манотиқи поёноб сарозер шуда, имкон дорад обанбори нерӯгоҳи Норак низ хароб ша­вад. Мумкин аст амвоҷи об то ба баҳри «Арал» расад.

Гуфта мешавад, тарҳи нерӯгоҳи «Роғун» 30 сол қабл аз ҷониби маркази «Гидропроект» таҳия шудаааст. Сергей Жигарев мегӯяд, ки бо гузашти муддати тӯлонӣ авомили ҷадид пеш омада ва онҳо бояд ба назар гирифта шаванд. Ба гуфтаи раҳбари мар­кази «Гидропроект», иттилоот дар бораи ин гуна авомил ба ширка­ту созмонҳои байналмилалӣ, ки тарҳи нерӯгоҳи «Роғун»-ро бозрасӣ мекунанд, ироа шудааст.

Ин дар ҳолест, ки бозрасии тарҳи нерӯгоҳи «Роғун»-ро на­хуст худи ӯзбекистон хоҳон буд ва Тоҷикистон ба ин шарт розӣ шуда, мутахассисони байналми­лалиро бо кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ ҷалб кард. Вале имрӯз худи ӯзбекистон боз ба кори мутахас­сисони байналмилалӣ дахолат карда истодааст. Ё шояд мехоҳад, ки Тоҷикистон мутахассисони ӯзбекро барои экспертиза даъват кунад?

Жигарев мегӯяд, ки дар тарҳи нерӯгоҳи «Роғун» таҷдиди назар шуда, ба таври қобили мулоҳиза поин бурдани баландии садди обанбори он мувофиқи мақсад хоҳад буд.

Вале ин худ аз он метавонад шаҳодат диҳад, ки ӯзбекистон бузург шудани нерӯгоҳи «Роғун»-ро намехоҳад. Зеро ӯ дида на­метавонад, ки Тоҷикистон дар минтақа яке аз кишварҳои интиқолдиҳандаи нерӯи барқ бо­шад ва ба рушди иқтисодӣ ноил гардад.

Дар ин мавриди заминларза ба гуфтаи зилзиласанҷони тоҷик обанбори нерӯгоҳи «Роғун» то ба зилзилаи 9 дараҷаи Рихтер тобовар аст. Зеро тарзи бунёди обанбори нерӯгоҳи «Роғун» мисли нерӯгоҳи Норак сохта мешавад ва таҷриба нишон додааст, ки НОБ-и Норак ба заминларзаҳо тобовар мебошад.

Страун Стевенсон — ваки­ли парлумони Аврупо дар як сӯҳбаташ гуфтааст, ки аз «Роғун» ва «Норак» дидан кардааст ва ин ду нерӯгоҳ шабеҳи ҳамдигаранд. Сарбанди «Норак» 300 метр буда, аз сангу гил иборат аст. Муҳандисони Шӯравӣ «Норак»-ро тавре тарҳрезӣ кардаанд, ки сар­банд ба таконҳои замин тобовар мебошад. Чил сол аст, ки сарбан­ди «Норак» бо кӯли 70-километрӣ ва миқдори зиёди об ба тамо­ми заминларзаҳо тоб оварда, ба таври муназзам нерӯи барқ тавлид мекунад. «Роғун» ҳам дар ҳамон дарёи Вахш асту ба шакли ҳамсон бо сарбанди «Норак» бу­нёд мешавад. Сарбанди «Роғун», ки комилан шабеҳи «Норак» аст, ҳеҷ мояи нигаронӣ надорад.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки мухолифатҳои ӯзбекистон алайҳи бунёди «Роғун»-ро интиқоди воқеӣ ва «гуманистӣ» наметавон номид. Зеро пас аз касби истиқлол дар Тоҷикистон мардуми тоҷик ёд надоранд, ки ӯзбекистон бо назари некбинона муносибат карда бошад ё ба онҳо расида бошад.

Агар ӯзбекистон воқеан гу­манист мебуду ба аҳволи мар­думи «минтақа»-и поёноб дилаш месӯхт, камтар обанбор бунёд мекард ва кишти заминҳои пахта­ро низ коҳиш медод, то оби баҳри «Арал» кам нашавад. Ҳамин ғамхори мардуми «минтақа» буд, ки дар зимистонҳои қаҳратун аз интиқоли барқ ба Тоҷикистон якбора даст кашида, мардуми тоҷикро бебарқ мекард ва боз бо нархи гаронтар барқашро ба мо мефурӯхт. Куҷост гуманизми минтақавии ӯзбекистон, ки мар­думи тоҷик зимистонҳо аз сардӣ дар беморхонаҳову хонаҳои худ сармо хӯрда, боз ба бемориҳои шадидтаре гирифтор мешуданд ва баъзеашон вафот ҳам карда­анд? Дар чунин вазъияти ногувор ҳар гуманисте метавонист ба мардуми дар сардиву зулмот ба сар баранда кӯмаку дастгирӣ ку­над. Аммо ӯзбекистон бо вуҷуди барқи зиёдеро дар ихтиёр доштан дилаш ба мардуми сармозадаи «минтақа» насӯхт. Акнун, баъд аз он, ки ин мардуми ҷабрдида мехоҳад мушкилиро бартараф кунад ва аз зулмот раҳоӣ ёбад, ӯзбекистонро вазъияти мардуми «минтақа» ба таҳлука овардааст? Дар асл бошад, зери коса нимко­сае ҳаст. Шояд ӯзбекистон барои манфиатҳои худ пофишорӣ дорад, на баҳри манфиатҳои мардуми «минтақа».

Галина Саидова — муовини ав­вали вазири иқтисоди ӯзбекистон, ки дар конфронси «Об барои ҳаёт» дар Душанбе ширкат кар­да буд, даъво пеш овард, ки агар нерӯгоҳи «Роғун» дар натиҷаи за­минларза хароб шавад, мумкин аст як қисми ӯзбекистон зери об монад. Дар ин сурат тамоми сокинони на танҳо ӯзбекистон, балки тамоми кишварҳои поё­ноби минтақа зиён хоҳанд дид. Мақомоти расмии ин кишвар дар ҳоле аз манфиати «минтақа» сухан мекунанд, ки пеш аз ҳама худа­шон ин манфиатҳоро зери по кар­даанд. Агар манфиати «минтақа» зери назари ӯзбекистон буда, чаро дар зимистони соли 2009 ин манфиатро сарфи назар кар­да, мардуми минтақаи Осиёи Марказӣ, тоҷиконро аз системаи воҳиди энергетикӣ ҷудо кард? Куҷост «гуманизм»-и минтақавӣ?

Таърих фаромӯш намекунад, ки аз афсари қаторӣ то милиса­ву сарҳадбонон ва гумрукчиёни ӯзбек мардуми бепушту паноҳи тоҷикро чӣ қадар таҳқир карда­ву мекунанд. Ин ҳама ба он хо­тир аст, ки тоҷикони муҳоҷир аз марзи ватанашон, ки берун раф­танд, ҳомӣ надоранд ва ҳамеша чӣ дар ӯзбекистону чӣ дар Ру­сия ҳуқуқи эшонро нақз карда, бо онҳо берун аз хулқу атвори инсонӣ муносибат мекарданд. Мардуми тоҷикро бе ягон асоси ҷиноӣ, танҳо барои ҷасорат ва ҷавонмардияш дар баробари таҳқирҳои бепоёни онҳо аз роҳи сафар бармегардониданд ё ба зиндонҳои ӯзбекистон интиқол медоданд. Сабаби ҳамаи чунин тарсониданҳо ин буд, ки аз як сӯ аз тоҷикон ҳам баҳраи молии хуб гиранд ва аз сӯи дигар барои ҳамеша вобастаи худ созанд.

Воқеан ӯзбекистон нигарони вазъи мардуми «минтақа» бошад, пас маслиҳат медиҳем, ки ба ҷои сармоягузорӣ кардан барои бунёди нерӯгоҳ ба покистониҳо дар мустаҳкамкунии кӯли Са­рез саҳм гирад ва дар инҷо сармоягузорӣ кунад. Зеро танҳо ба умеди Тоҷикистон кӯли Сарез­ро мустаҳкам кардан ғайриимкон аст. Аз сӯи дигар, ӯзбекистон, ки ғами мардуми «минтақа»-ро мехӯрдааст, бар ивази «Роғун» таваҷҷӯҳи бештарро барои бар­тараф кардани ин эҳтимоли хатар зоҳир намояд. Вале кӯли Сарез ҳоло ба манфиати ӯзбекистон халал ворид намекунад. Сарез ҳоло мисли «Роғун» барои марду­ми Тоҷикистон фоидаи назаррас оварда наметавонад.

Агар афсонаҳои адолатпар­варонае чун «Хайру Шар» асоси воқеӣ дошта бошанд, ҳама вақт дасти касе боло мешавад, ки ё мазлум асту ба ҷабри золим сабр менамояд, ё аз рӯи виҷдону инсонгароӣ амал мекунад. Ман лоф намезанам, ки мақомоти мо ҳама вақт аз рӯи виҷдон амал мекунанд, аммо бо ин ҳама са­бре, ки дар баробари мақомоти кишвари ҳамсоя доранд, боре ҳам шоҳиди ҷавонмардӣ ё рақобати солими ӯзбекистон на­будаем. Боздоштани вагонҳои молу маҳсулот ва дигар лавози­моти ҳаётии соҳибкорони тоҷик, ки аз ҷониби ӯзбекистон сурат гирифт, худ гувоҳи он аст, ки мақоли «ӯзбакию зӯракӣ» беҳуда гуфта нашудааст ва онҳо ин усул­ро дар тамоми тасмимҳои худ истифода бурданӣ ҳастанд. Ма­салан, чанде пеш ӯзбекистон ба Покистон пешниҳод кард, ки аз барқи «Роғун» истифода набарад ва ин кишвар барои покистониҳо бо сармояи худ нерӯгоҳ сох­та медиҳад. Якумаш, ин алла­кай гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ӯзбекистон ба манфиати марду­ми «минтақа» амал намекунад ва парво ҳам надорад, ки мардум дар Осиёи Марказӣ аз бебарқӣ азият мекашанд, балки танҳо дар ғами он аст, ки чӣ тавр пеши роҳи бунёди «Роғун»-ро гирад ва худаш «лидер»-и яккатози минтақа боқӣ монад ва мардуми минтақа ба ҳарфи ӯ гӯш диҳанду вобаста монанд. Дуюм, бо вуҷуде ки дар бунёди нерӯгоҳе барои Покистон тавоноии молӣ надорад, бо роҳи «ӯзбакиву зӯракӣ» мехоҳад барқи худро ба покистониҳо пешниҳод кунад. Дар ҳоле ки ин зӯрзаниҳои ӯзбекистон бенатиҷа аст ва барқи истеҳсолкардааш аз саба­би он, ки на аз ҳисоби нерӯгоҳи обӣ, балки бо сӯзишворӣ аст, бо барқи истеҳсолкардаи нерӯгоҳҳои обӣ, бахусус «Роғун» рақобат кар­да наметавонад. Зеро барқи истеҳсолкардаи нерӯгоҳи обӣ ба маротиб арзонтар аст.

Бо ин ҳама мегӯянд, ки ҳеҷ сиёсатмадоре дар дунё сутун на­мемонад ва сиёсати ҳеҷ сиёсат­мадоре то абад мавриди амал қарор намегирад. Марг бештари нақшаву стратегияи сиёсатмадо­ронро билахира «нақш бар об» мекунад. Ва дунё бисёр сиёсат­мадоронро бар оғӯш гирифтаву сипас бо онҳо хайрухуш карда­аст. Чандин дӯстҳоро бо ҳамдигар душман ва чандин душманҳоро бо ҳам дӯст талаққӣ кардааст. Бинобар ин, наметавон бар ин бовар буд, ки ӯзбекистон бо Тоҷикистон ҳамеша чун бадхоҳи якдигар боқӣ хоҳанд монд. Зеро омилҳое ҳаст, ки тариқи он мар­думи ин ду кишвар бо ҳам оме­зиш ёфтаву дар масъалаҳои зиёд назари ҳамсон доранд. Сиёсати каримовӣ ва ҳама гуна сиёсат абадан амалишаванда нест ва маълум нест, ки баъд аз сари сиё­сатмадорони феълӣ «ақрабаки соат ба тарафи кӣ 90 ё 180 гра­дус» давр мезанад.

Ин сафсатаи Жигарев афсона­еро мемонад, ки дар фантазияи хонанда чунин тасаввуре пайдо мешавад, ки гӯё уқёнуси «Ором» дар Осиёи Марказӣ бошад ва сунамӣ оби «Роғун»-ро мавҷ ме­занонад. Натарсед, Тоҷикистон Япония несту нерӯгоҳи атомӣ на­дорад ва обанбори «Роғун» оби уқёнуси Ором ё худи «Роғун» «Фуку­шима» нест! Дар Осиёи Марказӣ ҳам сунамӣ вуҷуд надорад!

Иқболи САИДЗОД

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: