Главная > Uncategorized > ЦУМ ва калобаи саргум?

ЦУМ ва калобаи саргум?

Сари калоба дар дасти кист: Вазорати адлия ё Кумитаи андоз, Суди иқтисодӣ ё бозори калоба?

Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Қаблан тавассути ҳамин ҳафтанома зери унвони «Умеди охирин Шумоед, Ҷаноби Олӣ», “Бузкашию масхарабозӣ дар атрофи ЦУМ” муроҷиат намуда бу­дем. Боварӣ доштем, ки пас аз нашри муроҷиати мо масъулин як комиссияи босалоҳияте созмон дода, арзи моро мепурсанду дар ниҳоят ба доди мо ме­расанд. Мо — саҳҳомон аз касе чизе намехоҳем. Танҳо кӯшиш намуда ис­тодаем, ки ҳуқуқҳои кониститутсионии худро ҳимоя намоем. Чун Шумо кафили осоштагию рӯзгори хуши тамоми марду­ми Тоҷикистон мебошед, боз ба Шумо муроҷиат намуда истодаем. Чунки мо — саҳҳомон ба дигар мақомоте, ки дар тӯли ин солҳо бо онҳо сарукор доштем, боварӣ надорем. Охир, мо чӣ хел ба мақомот, аз он ҷумла ба системаи Суди иқтисодӣ бовар кунем, ки аз 12-уми декабри соли 2007 то имрӯз ҳалномаи Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иҷро нагардидааст? Ҳол он ки, он ҳалнома кайҳо ҳукми қонунро гириф­тааст. Судяҳо бошанд, аз номи «Ҷумҳурии Тоҷикистон» санади судиро қабул ме­кунанд. Модоме, пас аз қувваи қонунӣ гирифтан, он санад иҷро нашавад, пас чӣ ҳоҷат аз номи «Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳарф задан?Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Зиёда аз 20 маротиба мешавад, ки мо — саҳҳомон танҳо ба Шумо ва наздики 100 маротиба аст, ки ба дигар мақомоти дахлдор хаттиву шифоҳӣ арзамонро ме­расонем. Ба воситаи ВАО-и ҷумҳурӣ низ якчанд маротиба баромад намудем. Вале муроҷиати моро ягон кас ба таври шаффоф ҳаллу фасл карданӣ нест. Мо — саҳҳомони «Фурӯшгоҳи марказӣ», ки бо аҳли оилаамон мебошем, аз соли 2007 инҷониб бекорем ва аксари рӯзамонро дар назди идораи Суди иқтисодӣ мегуза­ронем. Бори дигар таъкид менамоем, ки ғайр аз тантанаи адолату соҳиб шудан ба ҳуқуқи кониститутсионии худ талаби ди­гаре надорем. Охир мо ҳам шаҳрванди ҳамин ҷумҳурӣ мебошем ва бояд тибқи қонун ҳуқуқҳоямон ҳимоя карда шавад. Танҳо аз Шумо умеди ягона дорем, ки барои ҳалли ин масъала баҳри созмон додани комиссия супорише медиҳеду кор ба таври қонунӣ ҳал мешавад. Мо дигар ба Суди иқтисодӣ бовар надорем. Дар зер ба таври хеле мушаххас аз бар­расии судии қазияи ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» ёдовар мешавем.

Оғози баҳси судӣ

То соли 2006 бе ягон мушкилот саҳҳомон ба тиҷорат мащғул буданд. Вале дар соли 2006-2007 аз тарафи ди­ректори ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» А. Холмуродов ду фармон қабул карда шуд, ки ҳуқуқи саҳҳомонро дағалона вайрон менамуд. Ҳамин санадҳои хилофи қонун сабаб гардид, ки ба суд муроҷиат намо­ем.

Ҳангоми баррасии баҳси судӣ ба ҳайати суд ду шаҳодатномаи азнавбақайдгирӣ пешниҳод карда шуд. Судя шаҳодатномаи азнавбақайдгирии №13-87 аз 26.05.2000 сол ва шаҳодатномаи азнавбақайдгирии №13-р-87 аз 26.05.2000 солро бе­эътибор донист. Дар ҳалнома ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро вазифадор карда буданд, ки Оинномаи Ҷамъиятро дар асоси талаботи қонун аз нав ба қайди давлатӣ гирад. Сабаби беэъти­бор донистани шаҳодатномаҳо чунин аст. Шаҳодатномаи азнавбақайдгирии №13-87 аз 26.05.2000 сол ба номи Ҷ. Мӯъминов , ки аз қайди Идораи но­тариалии давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта буд. Суд оинномаи мазкурро барои он беэътибор донист, ки Ҷ. Мӯъминов саҳҳом набуд ва саҳҳомон ӯро дар маҷлиси умумии саҳҳомон ба ҳайси директори «Фурӯшгоҳи марказӣ» интихоб накарда буданд.

Шаҳодатномаи азнавбақайдгирии №13-р-87 аз 26.05.2000 сол ба номи Б. Холмуродов мебошад, ки аз қайди Идораи нотариалии давлатӣ ва Вазора­ти адлия нагузашта буд. Яъне, онро судя қалбакӣ (подделка) ҳисобид.

Ғайр аз он, фармонҳои таҳти № 42 аз 18.12.2006 сол ва фармони №20 аз 23.05.2007 сол дар бораи ба тар­тиби иҷора гузаронидани саҳҳомон-коргарон, бинобар хилофи қонун буда­нашон беэътибор дониста шуд. 17-уми апрели соли 2008 судиҷроичиёни Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Ду­шанбе бо варақаи иҷроия №2-200 шаҳодатномаи азнавбақайдгирии №13-87-ро, ки ба номи Мӯъминов Ҷ. Мебо­шад, аз феҳрасти ягонаи бақайдгирии давлатии Вазорати адлияи ҶТ хориҷ карданд. Мутобиқи моддаи 64 қисми 8 КГ ҶТ ва моддаи 103 Қонун «Дар бо­раи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ» баъд аз хориҷ кардан аз феҳрасти ягонаи бақайдгирии давлатии Вазорати адлияи ҶТ ҶШСК «Фурӯшгоҳи марказӣ» ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳамхӯрда ба ҳисоб меравад.

Судиҷрочиён ва қисмати ҳалнома

Судиҷроичиёни Суди ноҳияи Ис­моили Сомонӣ 6-уми майи соли 2008 бе иштироки мо — саҳҳомон рафта, дар варақаи иҷроия №2-200 навиштанд, ки гӯё ҳалномаи Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба иҷро расонида шуд. Мебоист судиҷрочиён бо иштироки мо — саҳҳомон дар бораи пурра ба иҷро расонидани ҳалномаи судӣ санад тартиб медоданд. Мо — саҳҳҳомон дар ҳоли қаноатманд бу­дан аз иҷроиши ҳалномаи Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар санад имзо мегу­зоштем. Мутаассифона, ин амалиётҳо аз тарафи судиҷрочиён ба иҷро расони­да нашуд.

Судиҷрочиён бо пур кардани варақаи иҷро қаноатманд шуда, ҳалномаи суди ноҳияи Исмоили Сомони­ро иҷро накарданд. ҶШСК «Фурӯшгоҳи марказӣ» то ҳол ба тариқи иҷора фаъо­лият карда истодааст. Мо кормандони шӯъбаи №2 зиёда аз чор солу се моҳ мешавад, ки умуман фаъолият накарда истодаем.

Муовини вазири адлия Имомов А. Х. бо мактуби супоришӣ №22в аз 06.06.2007 сол ба иҷрочии калони суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Нуров С. Т. таъкид мекунад: «Талаб мекунам бо­варибахшии иҷроиши талаботҳои ҳар як банди ҳалномаи суди н. Исмоили Со­мониро вобаста ба масъалаҳои ҶШСК «Фурӯшгоҳи марказӣ» шахсан санҷед. Баҳри иҷроиши бенуқсони онҳо чораҳои мушаххас андешед ва аз натиҷаи онҳо то 20-уми июни соли равон ба Вазорати адлия ахбороти муфассал пешниҳод на­моед, ҳамзамон огоҳ менамоям, ки дар сурати таъмин накардани иҷроиши пур­раву бенуқсони талаботҳои ҳалномаи номбурда масъалаи ҷавобгарии интизо­мии шахсан худи Шумо ва зертобеона­тон дар назди вазири адлияи ҶТ гузошта хоҳад шуд».

Инчунин, дар бораи ба иҷро на­расонидани ҳалномаи судиро мактуби вазири адлияи ҶТ ба собиқ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 8-8-2457 аз 25.12.2008 сол тасдиқ менамояд. Дар мактуби мазкур чунин омадааст: «Бо ҳалномаи Суди н. ИС аз 12-уми декабри соли 2007 даъвои Одинаев А. Х. ба ҷавобгарии ҶШСК «Фурӯшгоҳи марказӣ» қонеъ карда шуда­аст. Ҳалномаи мазкур бо таъиноти кол­легияи судӣ оид ба парвандаҳои граж­дании Суди шаҳри Душанбе аз 21-уми феврали соли 2008 бетағйир мононда шудааст. Одинаев А. ба суди н. ИС оид ба иҷро нашудани ҳалномаи зикргардидаи ҳамин суд аз 12-уми декабри соли 2007 аз ҷониби директори ҶШСК «Фурӯшгоҳи марказӣ» Холмуродов Б. ва оғоз кардани кори ҷиноятӣ нисбати охирон муроҷиат намудааст. Бо таъиноти маҷлиси судии Суди н. ИС аз 24-уми июни соли 2008 аризаи Одинаев А. Х. дар бораи оғоз кардани кори ҷиноятӣ нисбати Хол­муродов Б. бинобар иҷро накардани ҳалномаи суд аз ҷониби ӯ барои гузаро­нидани санҷиш ба прокуратураи ҳамин ноҳия ирсол карда шудааст. минбаъд та­ъиноти зикр гардидаи маҷлиси судӣ бо таъиноти коллегияи судӣ оид ба корҳои ҷиноятии шаҳри Душанбе аз 13-уми ав­густи соли 2008 бетағйир мононда шу­дааст, вале натиҷаи санҷиши Прокура­тураи ноҳияи ИС бо таъиноти номбурда ва қарори қабулнамуда ба он номаълум мебошад. Ҳамзамон, дар истеҳсолоти Вазорати адлия муроҷиати Одинаев А. вобаста ба иҷрои қарорҳои зикргар­дидаи судӣ қарор дорад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади таъмини барасии объекти­вонаи муроҷиати Одинаев А. аз шумо Бобоҷон Каримович эҳтиромона хоҳиш мекунам ба сохторҳои дахлдори проку­ратура оиди дар мӯҳлати кӯтоҳ маълумот додан ба Вазорати адлия аз натиҷаи баррасии таъиноти Суди н. ИС аз 24-уми июни соли 2008 вобаста ба аризаи Оди­наев А. нисбати Холмуродов Б. оид ба оғоз кардани кори ҷиноятӣ барои иҷро накардани қарори судӣ аз 12-уми дека­бри соли 2007 супориши дахлдор диҳед. Барои ҳамкорӣ қаблан миннатдорам».

Шоҳкории Вазорати адлия

Холмуродов Б. мехост рӯзи 7-уми феврали соли 2008 маҷлиси умумии саҳҳомонро даъват карда, гузаро­над. Дар маҷлис Оинномаи ҶШСК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро тасдиқ на­муда, қабул намояд, мақоми идора ва иҷроияи ҶШСК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро интихоб кунанд.

Мо — саҳҳомон аз он огоҳ гардида, бо ариза ба Прокуратураи шаҳри Душанбе муроҷиат намудем. Прокуратураи ш. Душанбе аз 6-уми феврали соли 2008 таҳти № 7/2 бо амри прокурор маҷлиси саҳҳомонро боздошт. Ба ин ҳам нигоҳ накарда, бе иштироки мо санаи 14-уми майи соли 2008 маҷлиси умумии саҳҳомонро даъват карда, Оинномаи ҶШСК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро тасдиқ ва интихоб мекунанд. Мақоми идора ва иҷроияро қабул карда, ҳуҷҷатҳои лози­маро барои аз нав ба қайд гирифтани Оинномаи ҶШСК «Фурӯшгоҳи марказӣ» 29-уми майи соли 2008 ба Вазорати адлияи ҶТ пешниҳод мекунанд. Вазо­рати адлияи ҶТ 6-уми июни соли 2008 бо хулосаи санҷишии ҳуқуқии №1114 азнавбақайдгирии ҶШСК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро рад кард, аммо ба Оин­номаи соли 1997 ҶШСК «Фурӯшгоҳи марказӣ» қувваи бозгашт дод. Дар мавриди ҶШСК «Фурӯшгоҳи марказӣ» ҳуҷҷатҳои лозимаро ба Вазорати ад­лия барои азнавбақайдгирӣ пешниҳод менамоянду Вазорати адлия санҷиши ҳуқуқӣ мегузаронад. Хулосаи санҷиши ҳуқуқӣ медиҳанд, ки ҶШСК «Фурӯшгоҳи марказӣ» аз нав ба қайд гирифта шавад ё азнавбақайдгирӣ рад карда шавад.

Вазорати адлия умуман ваколат на­дорад ба Оинномаи соли 1997-и ҶШСК «Фурӯшгоҳи марказӣ» қувваи бозгашт диҳад. Дар моддаи 4 қисми 1 КГ ҶТ омадааст: «Асноди қонунҳои гражданӣ қувваи бозгашт надоранд ва нисбати муносибатҳое истифода мешаванд, ки пас аз ҷорӣ намудани онҳо ба миён омадаанд».

Амали қонун танҳо дар сурате нис­бати муносибатҳои то ҷорӣ намудани он татбиқ мегардад, ки он бевосита дар қонун пешбинӣ шуда бошад.

Дар моддаи 27 Қонун «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» чунин омада­аст: «Оиннома санади меъёрии ҳуқуқиест, ки вазъи ҳуқуқии ташкилоти тиҷоратӣ ва ғайрититиҷоратӣ, иттиҳодияҳо, корхонаҳо ва муассисаҳоро дақиқ муқаррар намуда, тартиби фаъолият ва муносибати мутақобилаи онҳоро бо ди­гар мақомот, ташкилот, муассисаҳо ва аъзоёни худ муайян менамояд».

Дар моддаи 65 Қонун дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ

«Қувваи бозгашти санади меъёри ҳуқуқӣ» чунин омадааст:

«Ба санади меъёрии ҳуқуқӣ мумкин аст қувваи бозгашт дода шавад. Қарор дар бораи додани қувваи бозгашт дар худи санад ё дар санади мавриди амал қарор додани он пешбинӣ мегардад.

Қувваи бозгаштро нисбати са­нади меъёрии ҳуқуқӣ фақат мақоми қонунгузор дода метавонад, ки ҳангоми қабул намудани қонунҳои нав ва ё ин ки қонунҳои пештара оиди ин ҳолат дар қонун зикр карда мешавад”. Дар Оин­номае, ки ҶШСК «Фурӯшгоҳи марказӣ» қабул кардааст (соли 1997), дар бораи қувваи бозгашти ин санад ягон сухан намеравад. Ҳамчунин, дар ҳалномаи Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ роҷеъ ба барқарор кардани Оинномаи соли 1997 ишора нашудааст.

ҶШСК «Фурӯшгоҳи марказӣ» аз нав ба қайд гирифта намешавад

Холмуродов боз 6-уми августи 2008 сол аз нав маҷлиси умумии саҳҳомонро даъват мекунад, аз нав Оинномаи ҶШСК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро тасдиқ ва қабул мекунад. Мақоми идора, иҷроияро инти­хоб мекунад. Ҳуҷҷатҳои лозимаро барои азнавбақайдгирӣ ба Вазорати адлия пешниҳод менамояд. Вазорати адлияи ҶТ 22.09.2008 бо хулосаи санҷишӣ-ҳуқуқии 1919 азнавбақайдгирии ҶШСК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро рад мекунад.

Холмуродов Б. маротибаи дигар са­наи 23.12.2008 сол бе гузаронидани маҷлиси умумии саҳҳомон ҳуҷҷатҳои ҶШСК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро барои азнавбақайдгирӣ ба Вазорати адлияи ҶТ пешгниҳод менамояд.

Вазорати адлияи ҶТ 7.01.2009 бо хулосаи санҷишии ҳуқуқии № 2453 азнавбақайдгирии ҶШСК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро рад мекунад.

Хулосаи Вазорати адлия бекор шуд

Холмуродов Б. моҳи феврали соли 2009 бо аризаи даъвогӣ нисбат ба Ва­зорати адлия ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат менамояд, ки Вазо­рати адлияи ҶТ барои азнавбақайдгирии Оинномаи ҶШСК «Фурӯшгоҳи марказӣ” вазифадор карда шавад. Дар аризаи даъвогияш Холмуродов Б. аз ҷумла ме­нависад: «Қарори суди н. Исмоили Со­мониро аз 12-уми декабри соли 2007 касе бекор накардааст, он дар эътибори қонунӣ буда ва дар ҳаҷми пурра бояд иҷро шавад».

Худи А. Холмуродов инкор намеку­над, ки ҳалномаи судиро иҷро накарда­аст. Мо саҳҳомон низ 23.02 2009 сол бо аризаи даъвогӣ ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат кардем. Дар аризаи даъвогиямон ду талаботи даъвогӣ буд.

1. Оид ба хулосаи санҷиши ҳуқуқии Вазорати адлияи ҶТ таҳти рақами 1114 аз 06. 06.2008 сол дар қисми қувваи бозгашт додан ба Оинномаи соли 1997 ҶШСК «Фурӯшгоҳи марказӣ».

2. Аз сабаби ҶШСК «Фурӯшгоҳи марказӣ» ба фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ машғул аст, барои таъмин намудани талаботҳои таъминотӣ фа­ъолияти ғайриқонунии соҳибкории ҶШСК «Фурӯшгоҳи марказӣ» то қабули ҳалномаи қонунии судӣ боздошта ша­вад.

16-уми марти соли 2009 аризаи даъвогии мо қисман қонеъ карда шуд. Хулосаи санҷишии ҳуқуқии 1114 аз 06.06.2008 сол дар қисми бозгашт до­дан ба Оинномаи соли 1997-и Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурӯшгоҳи марказӣ» беэътибор дониста шуд.

Фаъолияти ҶШСК «Фурушгоҳи марказӣ» хилофи қонун

Холмурод Б. 8-уми апрели соли 2009 боз маҷлиси умумии саҳҳомонро даъват карда, хост Оинномаи ҶШСК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро аз нав қабул кунад ва мақоми идора ва иҷроияро интихоб намояд. Мо бо ариза ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат кардем. Суди иқтисодии шаҳри Душанбе 3-юми апрели соли 2009 бо таъинот оид ба тадбирҳои таъминотӣ гузаронидани маҷлиси умумии саҳҳомони Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро, ки дар санаи 8-уми апре­ли соли 2009 таъин карда шудааст, боз дошта, таъкид намуд, ки баъди аз байн рафтани монеагиҳо маҷлиси саҳмдорон бо ташаббуси суд таъин карда меша­вад. Таъиноти мазкур то ҳол дар қувваи қонун мебошад.

Бо қарори марҳилаи апеллятсино­ии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 29.07.2009 сол бо парвандаи рақами 2-94 09/09 №А-50/09, №А-51/09 азнавбақайдгирии ҶШСК «Фурӯшгоҳи марказӣ» рад карда шуд. Дар қарори марҳилаи апеллятсионӣ чунин омадааст: «Аз маводҳои парванда ва баёнотҳои тарафҳо коллегия муайян намуд, ки ҷамъияти саҳҳомии фурӯшгоҳи марказии шаҳри Душанбе ҳамчун шахси юридикӣ дар мақомотҳои дахлдори давлатӣ ба қайд гирифта нашудааст ва шахсоне, ки худро роҳбари «Фурӯшгоҳи Марказӣ» эълон намуда, то ҳоло гӯё, ки фаъолият карда истодаанд, ғайриқонунӣ ва беа­сос мебошад, аз ин рӯ чунин ҳисоб кар­дан лозим аст, ки Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурӯшгоҳи Марказӣ»-и шаҳри Душанбе ҳамчун шахси юридикӣ фаъо­лият надорад ва тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ» танҳо баъди бақайдгирии давлатӣ ҷамъият метавонад ҳамчун шахси ҳуқуқӣ фаъолият кунад. Ҳангоме ки роҳбарияти ҳозираи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурӯшгоҳи Марказӣ»-и шаҳри Душанбе ягон қарори судро ба монан­ди ҳалномаи Суди ноҳияи И. Сомонии ш. Душанбе аз 12 декабри соли 2007 ва таъиноти зинаи кассатсионӣ оид ба корҳои граждании Суди ш. Душанбе аз 21 феврали соли 2008 ки дар асоси ин санадҳо ба шакли иҷора гузашта­ни кор аз ҷониби саҳҳомони ҷамъияти саҳҳомии кушодаи фурӯшгоҳи марказии ш. Душанбе ҳамчун тарзи ғайриқонунии гузариш ътироф карда шудааст, иҷро накардааст, бинобар ин иҷро накарда­ни ҳалномаи Суди ноҳияи И. Сомонии ш. Душанбе аз 12 декабри соли 2007 ва таъиноти зинаи кассатсионӣ оид ба корҳои граждании Суди ш. Душанбе аз 21 феврали соли 2008 қарор дар бо­раи даъват намудани маҷлиси умумии саҳҳмон ғайриимкон мебошад. Ва оиди ин ҳолатҳо пурра дар маҷмӯи зиёда аз 71 аризаи пештараи худ саҳҳомон низ изҳор кардаанд. Ба ғайр аз он тибқи таъноти суд аз рӯзи 31 майи соли 2007 шӯъбаҳои рақами 1, 2 ва 5 дар шакли пештара ба таври комиссионӣ кор ме­карданд, аммо бо сабаби иҷро накарда­ни ин санади судӣ бо вуҷуди ба қувваи қонунӣ даромадани он роҳбарияти ҷамъияти саҳҳомии кушодаи фрушгоҳи марказии ш. Душанбе иҷозат надода­аст, ки шӯъбаҳои 1, 2 ва 5 мисли пеш­тара фаъолият намоянд. Чунки то ҳол шӯъбаҳои №1 ва 5 ба шакли иҷора кор карда истода, шӯъбаи №2 тамоман кор намекунад, бар замми ин Холмуродов Б. аз номи ҶШСК «Фурӯшгоҳи Марказӣ»-и шаҳри Душанбе фармонҳо бароварда истодааст, ки бо ин амал фармонҳои пештараро беэътибор ҳисоб мекунад. Вале чӣ хеле қайд шуда буд, то аз сари нав ба қайдгирии ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурӯшгоҳи Марказӣ»-и шаҳри Душанбе Холмуродов директор ба ҳисоб намеравад ва тибқи моддаи 47 Қонуни ҶТ дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ҳангоми аз ҷониби шӯрои директорон (Шӯрои нозирон) ё мақоми иҷроияи ҷамъияти саҳҳомӣ (ҳангоми мавҷуд набудани шӯрои директорон, шӯрои нозирон) ҷамъияти саҳҳомӣ даъват на­кардани маҷлиси солона ғайринавбатӣ ё маҷлиси такрории умумии саҳмдорон ё саркашӣ аз гузаронидани он маҷлис дар давоми 30 рӯз дар асоси қарори суд даъват карда мешавад. Суд метавонад вақти муайян, маҳали гузаронидани маҷлис ва рӯзномаи онро муайян кунад. Мазмуни огоҳинома ба саҳмдорони ҷамъияти саҳҳомӣ ирсолшавандаро муқаррар ва шартҳои дигари барои ноил шудан ба мақсадҳои маҷлиси умумӣ за­руриро муайян созад.

Шӯрои назоратии ҷамъияти саҳҳомӣ ҳамчунин ин ваколатро надорад. Чунки айни ҳол ҷамъияти саҳҳомии кушодаи фурӯшгоҳи марказии ш. Душане Оинно­ма надорад. Ин ҳолати ҳуқуқии шӯрои назоратӣ аз Оиннома сарчашма меги­рад, чунки Оиннома тибқи муқаррароти қонуни ҶТ дар бораи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқи санади меъёрии ҳуқуқие мебошад, ки вазъи ҳуқуқии ташкилоти тиҷоратӣ ва ғайри тиҷоратӣ, иттиҳодияҳо, корхонаҳо ва муассисаҳоро дақиқ муқаррар на­муда, тартиби фаъолият ва муносибати мутақобилаи онҳоро бо дигар мақомот, ташкилот, муассисаҳо ва аъзоёни худ му­айян менамояд ва он бе меъёри ҳуқуқии мазкур вуҷуд дошта наметавонад. Кол­легия лозим донист қайд кунад, ки ҳоло Оиннома ба қайд гирифта шуда наме­тавонад, чунки бояд он дар асоси даъ­вати қонунии маҷлиси умуми саҳҳомон ҳал карда мешавад. Дар ҷамъият ягон сохтори интихобӣ вуҷуд надорад, Оин­номаи он аз тарафи суд ва Вазорати адлияи ҶТ беэътибор дониста шудааст. Пас ҷамъият дорои оиннома нест ва чӣ хеле ки аз маводҳои парванда маълум гардид, Оинномаи соли 2000-ум ба тав­ри механикӣ баробари аз қайди давлатӣ гузаштани Оинномаи мазкур Оинномаи соли 1997-и ҷамъияти саҳҳомии кушо­даи фурӯшгоҳи марказии ш. Душанберо беэътибор эълон намудааст».

Б. Холмуродов директори ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» нест

Қарори марҳилаи апеллятсионии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 29.07.2009 сол бо қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии ҶТ аз 16.09.2009 сол бетағйир монда шудааст. Ин қарор бо қарори марҳилаи кассатси­онии Суди Олии иқтисодии ҶТ бетағйир мононда шуда ва азнавбақайдгирии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» рад гар­дид. Дар қарори мазкур дарҷ шудааст, ки ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» ҳамчун шахси ҳуқуқӣ дар ягон мақоми давлатӣ ба қайди давлатӣ гирифта нашудааст ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ фаъолият надорад. То ҳалномаи Суди н. И. Сомоинии ш. Душанбе аз 12-уми декабри соли 2007 ва таъиноти зинаи кассатсионӣ оид ба корҳои грждании Суди шаҳри Душанбе аз 21-уми феврали соли 2008 пурра иҷро нашавад, қарор дар бораи даъват намудани маҷлиси умумии саҳҳомон ғайриимқон мебошад. То аз сари нав бақайдгирии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-и ш. Душанбе А. Холмуродов директор ба ҳисоб намеравад ва тибқи моддаи 47-и Қонуни ҶТ “Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ” ҳангоми мавҷуд набудани шӯрои директорон, шӯрои но­зирони ҷамъияти саҳҳомӣ суд метаво­над дар давоми 30 рӯз маҷлиси умумии саҳҳомонро даъват кунад. Шӯрои назо­ратии ҷамъияти саҳҳомӣ низ ин вакол­тро надорад. Чунки ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» Оиннома надорад. Ин ҳолати ҳуқуқии шӯрои назоратӣ аз Оиннома сарчашма мегирад. Чунин қарорро судяҳои Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда Т. М. Собиров, судяҳо Х. А. Муҳаммадиева, И. М. Мир­махсумов қабул карданд.

Судя ба чӣ итоат мекунад?

18-уми сентяби соли 2009 судя И. М. Мирмахсумов ҳалнома мебарорад. Дар ҳалномаи мазкур қайд мекунад, ки мувофиқи талаботи қисми 3 моддаи 49-и КГ ҶТ қобилияти ҳуқуқдории шах­си ҳуқуқӣ аз лаҳзаи таъсиси он (қисми 2-и моддаи 51) ба миён омада, дар лаҳзаи ба охир расидани он (қисми 8-и моддаи 64) қатъ мегардад. Таъкид ме­намоем, ки судиҷрочиёни Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ 17-уми апрели соли 2008 бо варақаи иҷроия таҳти №2-200 Шаҳодатномаи азнавбақайдгирии ҶСШК «Фурӯшгоҳи Марказӣ»-ро аз феҳрасти ягонаи бақайдгирии шахсо­ни ҳуқуқии Вазорати адлияи ҶТ хориҷ карда буданд ва тибқи моддаҳои 64 қисми 8 КГ ҶТ ва моддаи 103 Қонун “Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ” ҶСШК «Фурӯшгоҳи Марказӣ» ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳамхӯрда ба ҳисоб меравад. Тибқи моддаи 51қ. 2: Шахси ҳуқуқӣ аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифтанаш таъсисгардида дониста мешавад.

Судя И. М. Мирмахсумов дар ҳалномаи худ қайд мекунад, ки дар раф­ти мурофиаи судӣ ҳамчунин муқаррар карда шуд, ки Ҷамъияти саҳҳомии шак­ли кушодаи «Фурӯшгоҳи марказӣ» до­рои мақомоти қонунии идоракунӣ, ба монанди шӯрои нозирон, раёсат, раиси раёсат мебошад, ки дар маҷлиси уму­мии саҳҳомон моҳи марти соли 2005 ба мӯҳлати 5 сол интихоб карда шудаанд.

Ҳол он ки, баъд аз феҳрасти ягонаи бақайдгирии шахсони ҳуқуқии Вазорати адлияи ҶТ хориҷ кардани Шаҳодатномаи азнавбақайдгирии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ», ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳамхӯрда ме­бошад ва ягон мақоми идора, иҷроия ва шӯрои назоратӣ дар маҷлиси саҳҳомон интихоб шуда бошанд, арзи вуҷуд надо­рад.

Судя Мирмахсумов дар баррасии парванда дар марҳилаи апеллятсио­нии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 29.07.2009 сол иштирок карда, имзои ху­дро мегузорад, ки дар ҶСШК «Фурӯшгоҳи Марказӣ» ягон мақомоти интихобӣ вуҷуд надорад, Шӯрои назоратӣ низ вуҷуд надорад, аммо бо гузаштани 50 рӯз, яъне 18-уми сентябри соли 2009 дар ҳалномаи худ бо парвандаи №2-325/09 менависад, ки дар рафти мурофиаи судӣ ҳамчунин муқаррар карда шуда, ки Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Фурӯшгоҳи марказӣ» дорои мақомоти қонунии идоракунӣ, ба монанди Шӯрои нозирон, Раёсат, раиси Раёсат мебошад, ки дар маҷлиси умумии саҳҳомон моҳи марти соли 2005 ба мӯҳлати 5 сол ин­тихоб карда шудаанд ва даъват кардани маҷлиси умумии саҳҳомонро дар рӯзи 23-юми сентябри соли 2009 аз тарафи Шӯрои назоратӣ дуруст меҳисобад.

Чӣ хел мумкин аст, ки судя И. М. Мирмахсумов дар як масъала ду хел фикр карда ду хел қарор қабул мекунаду имзо мегузорад.

Шикоят ба Суди Олии иқтисодӣ

21-уми сентябри соли 2009 мо — саҳҳомон аз болои ҳалнома аз 18-уми сентябри соли 2009 ба Суди иқтисоди шаҳри Душанбе шикояти апеллятсионӣ пешниҳод кардем. Суди иқтисодии шаҳри Душанбе то баррасӣ кардани шикояти апеллятсионии мо — саҳҳомон маҷлисеро, ки дар рӯзи 23.09.2009 сол даъват шуда буд, бояд боз медошт. Зеро ҳалнома аз 18-уми сентябри соли 2009 қувваи қонунӣ нагирифта буд. Аммо ин амалиёт аз ҷониби Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ба инобат гирифта на­шуд.

Бо қарори марҳилаи апеллятсионии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 11-уми ноябри соли 2009 ҳалномаи Суди иқтисоди шаҳри Душанбе аз 18-уми сентябри соли 2009 бетағйир мононда шуд.

Тааҷҷубовар аст, судяҳое, ки бо қарори марҳилаи апеллятсионии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 29.07.2009 сол азнавбақайдгирии ҶСШК «Фурӯшгоҳи Марказӣ»-ро рад мекунанд ва дар қарор қайд мекунанд, ки дар ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» ягон сохтори интихобӣ вуҷуд надорад, ҶСШК «Фурӯшгоҳи Марказӣ» дар ягон мақомоти давлатӣ ба расмият даровар­да нашудааст, шахси ҳуқуқӣ нест, 11-уми ноябри соли 2009 муқобили қарори қабулкардаи худ қарор қабул мекунанд.

Мо — саҳҳомон аз болои ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 18.09.2009 сол ва қарори марҳилаи апеллятсионии ҳамин суд аз 11.11.2009 сол бо шикояти кассатсионӣ ба Суди Олии иқтисодии ҶТ муроҷиат кардем. Бо қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии ҶТ аз 29-уми декабри соли 2009 ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 18.09.2009 сол ва қарори марҳилаи апеллятсионӣ аз 11.11.2009 сол бетағйир ва шикояти кассатсионии мо — саҳҳомон беқаноат мононда шуд.

Дар қарори марҳилаи кассатсио­нии Суди Олии иқтисодии ҶТ аз 29-уми декабри соли 2009 омадааст, ки ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» аз тарафи ягон мақомот барҳам нахӯрда ё фаъолияташ қатъ карда нашудааст. ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-и шаҳри Душанбе ҳамчун шахси ҳуқуқӣ нигоҳ дошта шудааст ва қобилияти ҳуқуқдории ҷамъияти мазкур нигоҳ дошта шудааст. Дар марҳилаи кассатсионӣ дидаву дониста талаботи қонунро сарфи назар намуданд. Чунки ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» дар ягон мақомоти ба қайдгирии давлатӣ расман ба қайд гирифта нашуда буд.

Бо қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии ҶТ таҳти раисику­нандагии Фатҳудинов В., судяҳо Ашӯров А. А. ва Исматов Р. аз 16-уми сентябри соли 2009 қарори марҳилаи апеллятси­онии Суди иқтисодии шаҳри Душанберо аз 29.07.2009 сол бетағйир мононда, азнавбақайдгирии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро рад карда, дар қарори маз­кур қайд мекунанд, ки ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» ҳамчун шахси ҳуқуқӣ дар мақомоти дахлдори давлатӣ ба расмият дароварда нашудааст, Шӯрои назоратии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» низ ин ва­колатро надорад, Холмуродов директор ба ҳисоб намеравад. Мувофиқи моддаи 51-и КГ ҶТ ин қобилияти ҳуқуқдорӣ фақат баъди ба қайди давлатӣ гирифтани шах­си юридикӣ дар мақомоти адлияи ҶТ амалӣ мегардад. ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-и шаҳри Душанбе дар асл танҳо маҷмӯи саҳҳомон ва саҳмияҳоро доро буда, лекин то имрӯз ба тариқи қонунӣ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ дар ягон мақомот ба расмият дароварда нашу­дааст. То пурра иҷро шудани ҳалномаи Суди ноҳияи И. Сомонии ш. Душанбе аз 12.12.2007 сол ва таъиноти зинаи кассатсионии Суди шаҳри Душанбе оид ба корҳои гражданӣ аз 21-уми февра­ли соли 2008 қарор дар бораи даъват намудани маҷлиси умумии саҳҳомон ғайриимкон мебошад.

Тибқи моддаи 47 Қонун “Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ” ҳангоми мавҷуд набудани Шӯрои директорон ва Шӯрои нозирони ҷамъияти саҳҳомӣ суд бо қарори худ метавонад маҷлиси умумии саҳҳомонро даъват намояд. Аммо бо қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии ҶТ аз 29-уми дека­бри соли 2009 таҳти раисикунандагии Ширинҷонова М. М., судяҳо Ашӯров А. А. ва Хоҷабекова З. Х. ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 18-уми сентябри соли 2009 ва қарори марҳилаи апеллятсионии ҳамин суд аз 11.11.2009 сол бетағйир монда, дар қарори мазкур қайд мекунанд, ки ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-и шаҳри Душанбе аз тарафи ягон мақомот барҳам нахӯрда ё фаъо­лияташ қатъ карда нашудааст, ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-и шаҳри Душанбе ҳамчун шахси ҳуқуқӣ нигоҳ дошта шуда­аст ва қобилияти ҳуқуқдории ҷамъияти мазкур нигоҳ дошта шудааст.

Бояд қайд кард, ки қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии ҶТ аз 29-уми декабри соли 2009, ки дар он судя Ашӯров А. А. иштирок дошт, му­холифат мекунад ба қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии ҶТ аз 16-уми сентябри соли 2009, ки дар ин суди марҳилаи кассатсионӣ ҳам судя Ашӯров А. А. иштирок дошт.

Дар Суди иқтисодии шаҳри Душн­бе ва Суди Олии иқтисодии ҶТ судяҳо конститутсия ва қонунро сарфи назар карда, ба таври хоҳиши худашон қарор қабул мекунанд. Чӣ тавр мумкин аст, ки 16-уми сентябри соли 2009 бо қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии ҶТ азнавбақайдгирии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» рад карда меша­вад? Дар қарор қайд карда мешавад, ки ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» ҳамчун шахси ҳуқуқӣ дар ягон мақомоти давлатӣ ба расмият дароварда нашудааст, ягон сохтори интихобӣ, Шӯрои назоратӣ вуҷуд надорад. Аммо 29-уми декабри соли 2009 бо қарори марҳилаи кассат­сионии Суди Олии иқтисоди ҶТ мухолифи қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии ҶТ аз 16-уми сентябри соли 2009 қарор қабул мекунанд.

ҶСШК «Фурӯшгоҳи Марказӣ» ва Ку­митаи андоз

Баъд аз қабул шудани қонун дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ таҳти №508 аз 19-уми майи соли 2009 вакола­ти бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ аз 1-уми июли соли 2009 ба салоҳияти Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ вогузор карда шуд. Мо — саҳҳомон 6-уми июли соли 2009 бо ари­за ба Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ ва Шӯъбаи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳри Душанбе буда оид ба худдорӣ намудани азнавбақайдгирии ҶСШК «Фурӯшгоҳи Марказӣ» муроҷиат карда будем.

Аз Кумитаи андоз посух доданд, ки танҳо дар асоси риояи қонун ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» ба қайд гирифта мешавад.

Баъд аз он, ки бо қарори марҳилаи апеллятсионии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 29.07.2009 сол азнавбақайдгирии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» рад карда шуд, мо боз бо ари­заи навбатӣ ба Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ ва Шӯъбаи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳри Душанбе муроҷиат кардем.

Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ бо огоҳинома дар бораи рад намудан оиди бақайдгирии давлатӣ аз 07.09.2009 сол бо аризаи №0216000071 аз 02.09.2009 сол омӯзиши ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардидаро дар асоси мактуби Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ таҳти №2163/16.1 аз 24.07.2009 сол оиди бақайдгирии давлатӣ рад кард.

29.09.2009 сол бо аризаи навбатӣ оид ба худдорӣ намудан дар бораи азнавбақайдгирии ҶСШК «Фурӯшгоҳи Марказӣ» муроҷиат намудем.

Холмуродов Б. 23-юми сентябри соли 2009 маҷлиси умумии саҳҳомонро гуза­ронида, Оинномаи ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро қабул карда, мақоми идора ва иҷроияи ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро интихоб намуда, ҳуҷҷатҳои лозима­ро ба Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ барои азнавбақайдгирӣ пешниҳод намуд. Аммо Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ 07.10.2009 сол бо аризаи таҳти №0216000132 аз 06.10.2009 сол (Уведомление об отказе государствен­ной регистрации Холмуродов Боймурод) рад мекунад.

Маротибаи дуюм Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ таърихи 07.10.2009 сол азнавбақайдгирии ҶСШК «Фурӯшгоҳи Марказӣ»-ро рад мекунад.

Ҳангоме, ки Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ азнавбақайдгирии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро рад кард, маҷлиси умумии саҳҳомон, ки рӯзи 23.09.2009 сол баргузор шуда буд, қувваи ҳуқуқии худро гум кард.

ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба қайд мегиранд

Ҳангоми 5 маротиба муроҷиат кар­дан бо ариза ба Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ ва Шӯъбаи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳри Душанбе буда ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимаро ба аризаҳои дар боло зикршуда замима карда, шахсан бо шахсони мутасаддии Ку­митаи андози назди Ҳукумати ҶТ ва Шӯъбаи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳри Душанбе буда ҳамсӯҳбат шудем ва онҳо аз қазияи ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» пурра бохабар буданд. Аммо ғайриқонунӣ ва беасос, дидаву до­ниста 15.01.2010 сол Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»-ро мадди назар карда, ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба қайди давлатӣ гирифтанд.

Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурӯшгоҳи марказӣ» рақами ягонаи мушаххас 0210004355 аз 15-уми январи соли 2010 дорандаи Шаҳодатномаи мазкур дар асоси Шаҳодатномаи 13Р-87, ки аз 29-уми майи соли 2000 аз тарафи Вазорати адлия дода шудааст, ҳамчун субъети фаъолияти хоҷагидор шинохта шудааст. Иқтибос аз феҳрасти ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ санаи супори­дан 12.03.2010 сол, роҳбар Холмуродов Боймурод, санаи бақайдгирии давлатии таъсисёбӣ 29.05.2000 сол.

Иқтибос аз феҳрасти ягонаи дав­латии шахси ҳуқуқӣ, санаи супоридан 18.10.1010 сол, роҳбар Холмуродов Боймурод, санаи бақайдгирии давлатии таъсисёбӣ 26.05.2002 сол.

Бояд қайд кард, ки дар санаи 29.05.2000 сол ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» бақайдгирии давлатиро на­гузаштааст, таъсис ҳам наёфтааст. Дар санаи 26.05.2002 сол ҳам ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» бақайдгирии дав­латиро нагузаштааст, таъсис низ наёф­тааст.

Дорандаи шаҳодатномаи мазкур дар асоси шаҳодатномаи №13Р-87, ки аз 29-уми майи соли 2000-ум аз тарафи Вазорати адлия дода шудааст, ҳамчун субъекти фаъолияти хоҷагидор шинохта шудааст. Бояд қайд кард, ки дар ин таърихи рӯз ва сол бо ин рақам шаҳодатнома аз тарафи Вазорати адлия ба ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» дода на­шудааст, ба қайди давлатӣ низ гирифта нашудааст.

Парванда ба “сайр”-и Хатлон ме­равад

Вазорати адлияи ҶТ 28-уми майи соли 2009 яку якбора шикояти назоратӣ менависад. Ҳол он ки, мӯҳлати якмоҳаи шикояти кассатсиониро аз даст надода буд. Якбора шикояти назоратӣ навиш­тани Вазорати адлия як зина ҳуқуқҳои мурофиавии моро маҳдуд кард. Раёса­ти СОИҶТ ғайриқонунӣ ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 16-уми марти 2009 солро бекор карда, ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ба зинаи ав­вал дар ҳайати дигар фиристод.

Судя Т. Н. Собиров парвандаро ба истеҳсолоти худ гирифта, баррасии онро таъин намуд. Ҳангоми баррасӣ мо мушоҳида намудем, ки ҳуқуқҳои муро­фиавиямон дағалона вайрон шуда исто­дааст. Аз ин лиҳоз, нисбат ба Т. Н. Соби­ров аризаи радкунӣ пешниҳод намудем. Судя бояд ба хонаи машваратӣ мерафту раддияи моро қабул ё рад мекард, аммо посух дод, ки ҷавоби ариза пас аз се рӯз муайян мешавад.

15.09.2009 назди судя ҳозир шу­дему раиси Суди шаҳри Душанбе А. К. Ҳакимов эълон намуд, ки аризаи рад­кунии моро ба эътибор нагирифтаанд ва ба судя Собиров супориш шуд, ки маҷлиси судиро идома диҳад. Чун мо ба маҷлиси судӣ омода набудем, адвоката­мон набуд, бо таъиноти суд ба маҷлиси суд даъват нашуда будем, баромада рафтем. Судя аризаи моро бе баррасӣ мегузорад. Аризаи апеллятсионӣ навиш­тем. Парвандаро судя И. М. Мирмахсу­мов ба истеҳсоли худ гирифта, баррасии онро санаи 23-юми октябри соли 2009 таъин намуд. Аммо бо сабабҳои ба мо номаълум парванда дар марҳилаи апеллятсионӣ таҳти раисии А. К. Ка­римов, судяҳо Ш. П. Раҷабова, М. И. Қурбонов баррасӣ гардид ва бо дархо­сти тарафҳо мавқуф гузошта шуд.

Санаи 27-уми ноябри соли 2009 судя И. М. Мирмахсумов баррасиро ба 11.12.2009 мавқуф гузошт. Ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе омада, су­дяро пурсон шудем. Посух доданд, ки дар сафари хизматист. Тасодуф таъино­теро дидем, ки дар ҳамин рӯз баррасии парванда таъин шуда буд. Ба раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе нусхаи таъинотро пешниҳод кардем. Пас аз ним соат нусхаи таъиноти дигареро пешниҳод карданд, ки парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон ирсол кар­да мешавад. Вале баъдтар боз аз Суди иқтисодии вилояти Хатлон парвандаро ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ме­фиристанд. Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе боз такроран парвандаро ба­рои моҳиятан баррасӣ намудан ба судя Мирмахсумов И. Н. вобаста менамояд. Мирмахсумов И. Н. то санаи 23.02.2010 бо сабабҳои беасос боз дошта, сипас бе баррасӣ мемонад. Аз болои ин таъинот шикоят овардем. Шикояти моро судя И. М. Қурбонов ба истеҳсоли худ мегирад.

Аммо рӯзи 5-уми апрели соли 2010 судя Қурбонов И. М. дар бораи супори­дани парванда ба дигар суди иқтисодӣ таъинот мебарорад. ӯ дар таъиноти худ менависад, ки аз сабаби имконнопазир будани баррасии шикояти мазкур дар Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, он ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон супори­да шавад. Аммо маълум накардааст, ки баррасии шикоят дар ин суд аз кадом сабаб имконнопазир аст!?

Дигар ин ки, 8-уми апрели соли 2010 шикоятро бояд коллегияи суди апеллятсионӣ баррасӣ мекард, аммо Қурбонов И. М. худаш таъинот дар бораи ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон супо­ридани парванда мебарорад.

Ба Хатлон муносибате надорем!

Дар ҳолате, ки аз тарафи судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Қурбонов И. М. таъинот дар бораи супоридани парванда ба дигар суди иқтисодӣ аз 5-уми апрели соли 2010 бароварда мешавад, судя Мирмахсумов И. М. ба парвандаи мазкур умуман алоқамандӣ надорад, аммо ба суроғаи мо аз 7-уми апрели соли 2010 таҳти №2/156 бо мазмуни «Айни ҳол нисбати таъиноти Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 23-юми феврали соли 2010 дар бораи бе баррасӣ монондани даъвои мазкур ши­кояти апеллятсионӣ мавриди баррасӣ қарор дорад» ирсол намудааст.

5.02.2010 ба номи Президенти ҶТ шикоят дар ҳаҷми 21 варақ навиштем, ҳамчунин, 5.02.2010 аризаи шикоятӣ дар ҳаҷми 19 варақ равон кардем. Аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ба мо бо мактуби ҷавобӣ таҳти №29/О615-10 аз 12.02.2010 чунин иттилоъ доданд, ки: Аризаи шаҳрванд Одинаев А., ки ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ворид шудааст, барои баррасӣ фиристода ме­шавад. Аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ шикоят ва аризаи шикоятиро ба вази­ри адлияи ҶТ Худоёров Б. Т. ва ба раиси Суди олии иқтисодии ҶТ А. Ғоибназаров барои баррасӣ фиристоданд.

Аз Суди олии иқтисодии ҶТ нис­бати шикоят ва аризаи шикоятӣ рӯзи 26.02.2010 таҳти №7101 бо имзои муовини раиси суд В. Фатҳуддинов по­сух омад, ки: «Ба раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Назаров А., ба шаҳрванд Одинаев А. Суди Олии иқтисодии ҶТ шикояти Одинаев А., ки аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ворид гашта­аст, барои ҳамроҳ кардан ба парван­даи иқтисодӣ мефиристем. Дар вақти баррасии парванда ваҷҳҳои Одинаев А.-ро мавриди санҷишу баҳодиҳӣ қарор диҳед”.

Мо шикояту аризаи шикоятиро ба унвони Президенти ҶТ навиштем, аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ба Суди олии иқтисодӣ равон мекунанд, Суди олии иқтисодӣ ба ҷойи баррасӣ на­мудан ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон равон мекунад. Дар шикоят ва аризаи шикоятии мо объектҳои дар шикоят ҷойдошта дар ш. Душанбе мебошанд. Мо дар Суди иқтисодии вилояти Хатлон ягон парванда ва муносибате надорем.

Баъди ин мо аз болои таъиноти судя Қурбонов И. М. аз 29-уми марти соли 2010 ба Суди олии иқтисодӣ шикояти хусусӣ овардем. Зеро судя Қурбонов И. М. бо таъинот ба кор танҳо саҳҳоми ази­ми ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» Одина­ев А. Х. ва ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ», ҳамчунин Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷалб кардааст, аммо 48 нафар саҳҳомон-ҳамдаъвогаронро ба кор ҷалб накардааст.

Шикояти хусусии моро дар Суди олии иқтисодӣ судя Нозилов Ф. К. аз 9-уми апрели соли 2010, парвандаи №2-52/10 А-39/10 бо таъинот ба истеҳсолоти судӣ қабул мекунад. Барра­сии парвандаи мазкурро дар марҳилаи апеллятсионии Суди олии иқтисодии ҶТ ба рӯзи 19-уми апрели соли 2010 соати 10:00 таъин мекунад.

Мо-саҳҳомон дар рӯзи таъингардида ба Суди олии иқтисодӣ ҳозир шудем. Аз сабабе, ки судяи Суди олии иқтисодӣ Но­зилов Ф. К. дар баррасии ариза оид ба аз нав дида баромадани санадҳои судии ба тариқи назоратӣ пешниҳоднамудаи намояндаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафуров Ҷ. С. нисбати ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душан­бе аз 16-уми марти соли 2009 дар санаи 3-юми июни соли 2009 иштирок намуда буд, мо тибқи моддаи 40 КҶТ «Дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ» дархост оиди рад намудани судя пешниҳод кардем.

Зеро, тибқи талаботи моддаи 21 КҶТ «Дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ», судяе, ки дар баррасии парванда ба тариқи назоратӣ дар Раёсати Суди олии иқтисодии ҶТ иштирок кардааст, на­метавонад ҳангоми баррасии ҳамин парванда дар судҳои марҳилаи якум, апеллятсионӣ ва кассатсионӣ иштирок намояд.

Дархости моро қабул карда, гуф­танд, ки 20-уми апрели соли 2010 ба Суди олии иқтисодӣ ҳозир шавем. Дар вақти муқарраргардида ба Суди олии иқтисодӣ ҳозир шудем. Ба мо-саҳҳомон гуфтанд, ки парванда ба судяи Суди олии иқтисодӣ Исроилов Ҷ. И. вобаста карда шудааст. Судя Исроилов бо мо-саҳҳомон ҳамсӯҳбат шуда, гуфт, ки бо парванда ши­нос шуда, таъинот мебарорад. ӯ аллакай 21-уми апрели соли 2010 бо парвандаи №2-59/10 А-47/10, А-39/10 дар бораи ба истеҳсолот қабул намудани шикояти хусусӣ таъинот бароварда, баррасии парвандаро дар маҷлиси Суди иқтисодӣ ба санаи 4-уми майи соли 2010 соати 9:00 таъин мекунад. Аммо судя Исрои­лов Ҷ. И. низ қонуншиканиеро, ки аз ҷониби судя Қурбонов И. М. роҳ ёфта буд, такрор мекунад. Яъне ӯ низ ба кор танҳо саҳҳоми азими ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» Одинаев А. Х. ва ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ», ҳамчунин Вазора­ти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷалб кардааст, аммо 48 нафар саҳҳомон-ҳамдаъвогаронро ба кор ҷалб накарда­аст. Гарчанде мо дар шикоятҳои кассат­сионии худ дар ин бора пурра навишта будем.

Шикояти хусусии мо ва …

Мо — саҳҳомон аз болои таъиноти судяи Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исроилов Ҷ. И. аз 21-уми апрели соли 2010 рӯзи 26-уми апрели соли 2010 ба Суди олии иқтисодии ҶТ шикояти хусусӣ овардем. Бо сабаби он, ки 56 нафар ҳамдаъвогарон-саҳҳомони ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро бо та­ъинот ба кор ҷалб накарда, ба маҷлиси судӣ даъват накарданд.

Ба шикояти хусусии овардаи мо аз 26-уми апрели соли 2010 рӯзи 29-уми апрели соли 2010 таҳти рақами 6/219 бо имзои муовини раиси Суди олии иқтисодии ҶТ Фатҳудинов В. чунин ҷавоб омад: «Суди олии иқтисодии чумҳурии Тоҷикистон шикояти хусусии Шуморо аз болои таъиноти Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.04.2010 сол «Дар бораи ба истеҳсолот қабул наму­дани шикояти хусусӣ» мавриди омӯзиш қарор дода, чунин хабар медиҳад:

Аз мазмуни қисми 3 моддаи 257 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ бармеод, ки аз болои таъинот дар бораи қабули ши­кояти кассатсионӣ шикоят оварда на­мешавад. Аз ин лиҳоз барои баррасии шикояти Шумо дар Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос дида наме­шавад».

Аммо дар қисми 3-и моддаи 257-и Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ» та­моман чизи дигар оварда шудааст: «Оид ба қабули шикояти кассатсионӣ ба истеҳсолот судя таъинот баро­варда, истеҳсолотро оид ба шикояти кассатсионӣ оғоз мекунад. Дар таъинот вақт ва ҷои гузаронидани маҷлиси судӣ оид ба баррасии шикояти кассатсионӣ нишон дода мешавад. Нусхаи таъинот оид ба қабули шикояти кассатсионӣ ба шахсони иштироккунандаи парванда на дертар аз рӯзи дигаре, ки таъиноти қабули шикояти кассатсионӣ бароварда шудааст, фиристонида мешавад».

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки дар Суди олии иқтисодии ҶТ ва Суди иқтисодии шаҳри Душанбе судяҳо ҳарчӣ хоҳанд ва ҳарчӣ аз забонашон берун ояд, менависанд.

Санаи 26-уми апрели соли 2010 мо инчунин аз болои таъиноти суди зинаи апеллятсионии судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Қурбонов И. М. аз 5-уми апрели соли 2010 ва мактуби судя Мирмахсумов И. М. аз 7-уми апре­ли соли 2010 таҳти №2/156 шикояти хусусӣ навишта будем. Шикояти мазкур­ро низ ба судя Исроилов Ҷ. И. вобаста карданд.

Бояд қайд намуд, ки судяи Суди олии иқтисодии ҶТ Нозилов Ф. К. аз 9-уми апрели соли 2010 бо парвандаи №2-52/10 А-39/10 таъинот дар бораи ба истеҳсолоти судӣ дар марҳилаи апел­лятсионии Суди олии иқтисодии ҶТ қабул кардани шикояти хусусӣ бароварда, баррасии парвандаро дар марҳилаи апеллятсиони Суди олии иқтисодӣ ба рӯзи 19-уми апрели соли 2010 таъин карда буд.

Беэътиборӣ ба тавсияи суди болоӣ

Дар асоси дархости мо оиди раддия пешниҳод карданамон нисбати судя Но­зилов Ф. К. баррасии парванда ба судя Исроилов Ҷ. И. вобаста карда шуд. Судя Исроилов Ҷ. И. аз 21-уми апрели соли 2010 бо парвандаи №2-59/10 А-47/10, А-39/10 дар бораи ба истеҳсолот қабул кардани шикояти хусусӣ таъинот ба­роварда, баррасии парвандаро дар маҷлиси Суди олии иқтисодӣ ба санаи 4-уми майи соли 2010 соати 9:00 та­ъин мекунад. Аммо судя Исроилов Ҷ. И. 04.05.2010 сол бо парвандаи 2-59/10, А-39/10 қарори марҳилаи кассатсионӣ мебарорад. Чӣ хел фаҳмидан мумкин аст, ки судя Нозилов Ф. К. таъинот ме­барорад, ки шикояти хусусии моро ба марҳилаи апеллятсионии Суди олии иқтисодӣ қабул мекунад, аммо 04.05.2010 сол судя Исроилов Ҷ. И. қарори марҳилаи кассатсионӣ қабул мекунад?

Судя Исроилов Ҷ. И. таъиноти судя Қурбонов И. М. аз 29-уми марти соли 2010 дар бораи қабул карда шудани ши­кояти апеллятсионии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-и шаҳри Душанбе аз болои таъиноти Суди иқтисодии шаҳри Душан­бе аз 23-юми феврали соли 2010-ро бетағйир мемонад. Таъиноти дигари судя Қурбонов И. М. аз 5-уми апрели соли 2010 оиди супорида шудани ши­кояти апеллятсионии номбурда ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон бекор карда, парванда ба марҳилаи апеллятсионии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе фири­стонида мешавад. Марҳилаи апеллят­сионии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ӯҳдадор карда мешавад, ки баррасии парванда аз рӯйи шикояти апеллятсионӣ дар мӯҳлати муайянкардашуда таъмин карда шавад.

Судяи Суди иқтисодии шаҳри Ду­шанбе Қурбонов И. М. таъинот дар бораи қабули шикояти апеллятсионӣ ба истеҳсолот 19-уми майи соли 2010 бо парвандаи А-47/10 қабул карда, бар­расии парвандаро ба маҷлиси судии марҳилаи апеллятсионии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ба санаи 26-уми майи соли 2010 соати 9:00 таъин мекунад. Судя Қурбонов М. И. бо таъинот ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» ва саҳҳоми ази­ми ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» Холму­родов Б.-ро ҳамчун тараф ба кор ҷалб накардааст. Ҳол он ки, тибқи қарори раёсати Суди олии иқтисодии ҶТ аз 20.07.2009 сол, дар вақти баррасии нави судӣ суди марҳилаи аввал ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-и шаҳри Душанбе ва саҳҳоми азими ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-и шаҳри Душанбе Хулмуродов Б.-ро бояд ба кор ҳамчун тараф ҷалб ме­кард. Аммо судя Қурбонов И. М. тавсияи додаи суди болоиро сарфи назар карда, ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-и шаҳри Ду­шанбе ва Хулмуродов Б.-ро ба кор ҷалб накардааст.

Аз ҳамин лиҳоз, мо рӯзи 25.05.2010 сол аз болои таъиноти суди зинаи апел­лятсионии судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Қурбонов И. М. аз 19-уми майи соли 2010 ба Суди олии иқтисодии ҶТ шикояти хусусӣ навиштем.

Рӯзи 27.05.2010 сол таҳти №6/265 бо имзои муовини якуми раиси Суди олии иқтисодии ҶТ Ашӯров А. А. ба мо чу­нин ҷавоб омад: “Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти хусу­сии шуморо аз болои таъиноти суди марҳилаи апеллятсионии Суди иқтисодии ш. Душанбе аз 19 майи соли 2010 дар бораи қабули шикояти апеллятсионӣ ба истеҳсолот мавриди омӯзиш қарор дода, ба Шумо мефаҳмонад, ки мутобиқи мод­даи 240-и Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ нис­бати таъинот дар бораи қабули шикоя­ти апеллятсионӣ ба истеҳсолоти суди иқтисодӣ ва барои баррасӣ таъин на­мудани он шикоят оварда намешавад. Шумо метавонед ба суди марҳилаи апеллятсионӣ бо дархост дар бораи ба баррасии парванда ҷалб намудани ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» ва саҳҳоми азими ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» Хол­муродов Б. муроҷиат намоед”.

Мутаассифона дар моддаи 240-и Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба мурофиаи судии иқтисодӣ” тамоман дар ин бора гуфта нашудааст.

Бояд қайд кард, ки дар ягон қисми моддаи 240-и Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ нисбати таъинот дар бораи қабули шикояти апеллятсионӣ ва ба истеҳсолоти суди иқтисодӣ ва барои баррасӣ намудани он шикоят оварда намешавад, дарҷ карда нашудааст.

Чиро “муайян карданд”?

26-уми майи соли 2010 бо пар­вандаи А-47/10 таҳти раисикунанда­гии Шарипов Р. З., судяҳо Қурбонов И. М. ва Муҳаммадиева Х. А. таъинот дар бораи мавқуф гузоштани шикояти апеллятсионӣ мебароранд.

Коллегияи марҳилаи апеллятсио­нии Суди иқтисодии шаҳри Душан­бе дар ҳайати раисикунанда Шари­пов Р. З., судияҳо Қурбонов И. М. ва Муҳаммадиева Х. А. бо котибии Афзалов С. А. шикояти апеллятсионии Одинаев А. Х. ва дигар саҳҳомони дигари ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-и шаҳри Душан­бе аз болои таъиноти Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 23.02.2010 сол аз рӯйи парвандаи №2-59/10 аз рӯйи даъ­вои саҳҳоми азими ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-и шаҳри Душанбе Одинаев А. Х. ва дигар саҳҳомон ба ҷавобгарии Ва­зорати адлият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи беэътибор шуморидани қисми хулосаи санҷиши ҳуқуқиро бе иштирок­чиёни маҷлиси судӣ дида мебарояд. Дар қисми “муаяйн кард” менависанд, ки шикояткунандаҳо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давла­тии ҶТ ва намояндаи ҳамҷабовгар Ша­рипов Х. З., Муродов И. А. бо шикоятҳои апеллятсионии дар боло зикргарди­да ба марҳилаи апеллятсионии Суди иқтисодии ш. Душанбе муроҷиат наму­данд. Баррасии шикоятҳои апеллятсио­нии мазкур дар маҷлиси судӣ ба санаи 26.05.2010 сол соати 10:00 дақиқа таъин гардида буд ва ба маҷлиси судӣ тарафҳо ҳозир нагардиданд. Гарчанде таъиноти суд тариқи алоқа ба онҳо раво­на карда шуда буд ва сабаби ба суд нао­маданашонро ба суд маълум накарданд ва изҳори ақидаи тарафҳо низ ба суд во­рид нашуд. Муовофиқи талаботи қисми 5-и моддаи 157-и Кодекси ҶТ “Дар бо­раи мурофиаи судии иқтисодӣ” суди иқтисодӣ метавонад муҳокимаи судиро мавқуф гузорад. Агар эътироф кунад, ки баррасии парванда дар маҷлиси судии мазкур имконнопазир мебошад. Аз он ҷумла, дар натиҷаи ҳозир нашудани яке аз шахсони иштироккунандаи парван­да аз миёни дигар иштирокунандагони мурофиаи судии суди иқтисодӣ. Дар чунин ҳолат марҳилаи апеллятсионӣ ло­зим донист, ки барои таъмини тарафҳо дар маҷлиси судӣ барасии парванда­ро ба вақти дигар мавқуф гузорад. Бо дастарасии моддаҳои 157, 182, 183-и Кодекси ҶТ “Дар бораи мурофиаи суди иқтисодӣ” суди марҳилаи апеллятсионии суди иқтисодӣ.

Дар таъинот дар бораи мавқуф гу­зоштани шикояти апеллятсионӣ дар қисми “муайян кард” тамоман дар бораи дигар парванда менависанд. Дар қисми “таъин кард” боз дар бораи шикояти апеллятсионии мо менависанд: “Шикоя­ти апеллятсионии Одинаев А. Х. саҳҳоми азими ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-и шаҳри Душанбе ва саҳҳомони ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-и шаҳри Душанбе мавқуф гузошта шавад. Баррасии шико­яти мазкур дар маҷлиси судӣ ба санаи 03.06.2010 сол соати 14:00 таъин кар­да шавад”.

Раисикунанда Шарипов Р. З., судяҳо Қурбонов И. М., Муҳаммадиева Х. А. та­ъиноти мазкурро нахонда, чи хел имзои худро мегузоранд?

“Асосноккунӣ”

29-уми июни соли 2010 мо аз бо­лои таъиноти суди зинаи апеллятсионии судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Қурбонов И. М. аз 03.06.2010 сол оиди бе баррасӣ мондани шикояти апел­лятсионии мо аз болои таъиноти Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 23.02.2010 сол бо парвандаи №2-59/10 ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ овардем.

Судя Қурбонов И. М. бебаррасӣ мон­дани шикояти апеллятсионии моро бо он асосонок кардаааст, ки гӯё баррасии шикояти апеллятсионии мазкурро дар маҷлиси судӣ ба санаи 03.06.2010 сол соати 14:00 дақиқа таъин карда бошаду намояндаи Вазорати адлия ҳозир шуда, аммо мо ба маҷлиси судӣ ҳозир нашу­да бошем. Гарчанде таъиноти суд гӯё ба тариқи дахлдор ба мо расонида шуда бошад ва мо аз рӯз ва вақти баррасии шикояти апеллятсионии мазкур гӯё огоҳ гардида, вале бо сабабҳои номаълум ба суд ҳозир нашуда бошем.

Дар бораи таъин кардани маҷлиси судӣ дар рӯзи 03.06.2010 сол моро бо таъиноти суд умуман хабар накарда бу­данд ва мо умуман хабардор набудем.

21.07.2010 сол бо парвандаи №2-59/10, А-39/10, К-123/10 таҳти расикунандагии Ашӯров А. А., судяҳо Назарова Х. Н., Исматов Р. К. бо қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон та­ъиноти суди марҳилаи апеллятсионии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 03.06.2010 сол бекор карда шуда, ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе равон карда мешавад.

2-юми августи соли 2010 аз тарафи судя Муҳаммадиева Х. А. таъинот дар бораи қабули шикояти апеллятсионӣ ба истеҳсолот қабул карда, баррасии парвандаро ба маҷлиси судии суди иқтисодии марҳилаи апеллятсионӣ ба санаи 20-уми августи соли 2010 соати 15:00 таъин мекунанд.

31-уми августи соли 2010 бо парвандаи №2-59/10, А-1/301 бо қарори марҳилаи апеллятсионии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе таҳти раиси­кунандагии Муҳаммадиева Х. А., судяҳо Хоҷаев Ф. Х., Ахмедова Ф. М. таъиноти Суди иқтсиодии ш. Душанбе аз 23-юми феврали соли 2010 бекор карда шуда, барои баррасии нав ба суди иқтисодии марҳилаи аввал фиристода мешавад.

22-юми сентябри соли 2010 бо парвандаи №2-363/10 судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабова П. Ш. таъинот дар бораи омодасозии пар­ванда ба муҳокимаи судӣ ва таъин наму­дани маҷлиси пешакии судӣ қабул кар­да, маҷлиси пешакии судиро ба санаи 5-уми октябри соли 2010 соати 10:00 дақиқа таъин кардааст.

Даъвои муқобили даъво

Дар рафти баррасии парванда намояндаи ваколатдори Вазорати адлияи ҶТ, сармутахассиси раёсати бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқии Вазорати адлияи ҶТ Ғафуров Ҷ. С. ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо даъвои муқобили даъво оид ба рад кардани ши­кояти саҳҳоми азими ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-и шаҳри Душанбе Одинаев А. ва дигар саҳҳомон ба ҷавобгарии Вазо­рати адлияи ҶТ дар бобати бекор карда­ни хулосаи санҷишии ҳуқуқии Вазорати адлияи ҶТ таҳти №1114 аз 6-уми июни соли 2008 дар қисми қувваи бозгашт додан ба Оинномаи соли 1997 ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» ва қатъ кардани парванда муроҷиат мекунад. Намоян­даи ваколатдори Вазорати адлияи ҶТ сармутахассиси раёсати бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқии Вазорати адлияи ҶТ Ғафуров Ҷ. С. дар даъвои муқобили даъвояш аз суд хоҳиш кар­дааст, ки даъвои саҳҳоми азими ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» Одинаев А. оид ба бекор кардани хулосаи санҷиши ҳуқуқии Вазорати адлияи ҶТ аз 6-уми июни соли 2008 таҳти №1114 дар қисми қувваи бозгашт додан ба Оинномаи соли 1997-и ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» рад карда шавад.

Судя Раҷабова П. Ш. 15-уми октябри соли 2010 бо таъинот дар бораи бар­гардонидани аризаи даъвогӣ муқобили Вазорати адлияи ҶТ-ро ба даъвогар бар­мегардонад.

Намояндаи ваколатдори Вазора­ти адлияи ҶТ, сармутахассиси раёсати бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқии Вазорати адлияи ҶТ Ғафуров Ҷ. С. 19-уми октябри соли 2010 ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз болои таъиноти Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 15-уми октябри соли 2010 оид ба рад карда­ни аризаи муқобили даъвои Вазорати адлияи ҶТ бо шикояти апеллятсионӣ муроҷиат мекунад.

Судя Раҷабова П. Ш. 3-юми ноябри соли 2010 бо парвандаи №2-363/10 ҳалнома бароварда, даъвои моро дар бораи беэътибор донистани хулосаи санҷишии ҳуқуқии Вазорати адлияи ҶТ таҳти №1114 аз 6-уми июни соли 2008 дар қисми қувваи бозгашт додан ба Оинномаи Ҷамъияти саҳҳомии шак­ли кушодаи «Фурӯшгоҳи марказӣ» аз соли 1997 ва боз доштани фаъолияти ғайриқонунии соҳибкории Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Фурӯшгоҳи марказӣ» қисман қонеъ мекунад.

4-уми ноябри соли 2010 бо парван­даи №2-363/10, А-110/10 бо қарори марҳилаи апеллятсионии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, таҳти раисикунандагии Шарипов Р. З., судяҳо Ахмедова Ф. М. ва Саидова З. С. таъиноти Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 15-уми октябри соли 2010 оиди баргардондани аризаи муқобили даъвои Вазорати адлияи ҶТ бетағйир монда, шикояти апеллятсио­нии Вазорати адлияи ҶТ беқаноат монда мешавад.

Намояндаи ваколатдори Вазо­рати адлияи ҶТ, сармутахассиси раё­сати бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқии Вазорати адлияи ҶТ Ғафуров Ҷ. С. ба Суди Олии иқтисодии ҶТ аз болои таъиноти Суди иқтисодии ш. Душан­бе аз 15-уми октябри соли 2010 ва қарори марҳилаи апеллятсионии Суди иқтисодии ш. Душанбе аз 4-уми ноябри соли 2010 бо парванда аз рӯйи баҳси иқтисодии №2-363/10, А-110/10 бо шикояти кассатсионӣ муроҷиат меку­над. Бо қарори суди марҳилаи кассат­сионии Суди Олии иқтисодии ҶТ 20-уми декабри соли 2010 бо парвандаи 2-103/09, №2-59/10, №2-363/10, А-96/09, А-39/10, А-47/10, А-110/10, К-79/10, К-123/10, К-214/10 таъиноти Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 15-уми октябри соли 2000-ум ва қарори марҳилаи апеллятсиоии ҳамин суд аз 4-уми ноябри соли 2010 бекор карда шуда, даъвои муқобили даъвои намо­яндаи ваколатдори Вазорати адлияи ҶТ барои ҳал намудани масъалаи қабули он ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе фиристода мешавад.

Сарсониву саргардонӣ

Рӯзи 20-уми декабри соли 2010 ра­исикунанда Ашӯров А. А. дар вақти хон­дани қарор ба мо-саҳҳомон гуфт, ки та­ъиноти Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 15-уми октбяри соли 2010 ва қарори марҳилаи апеллятсионии ҳамин суд аз 4-уми нобри соли 2010 бекор карда, ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе фи­ристода шавад. Рӯзи 4-уми январи соли 2011 қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии ҶТ тариқи почта ба мо дастрас шуд. Вақте бо қарор шинос шудем, дар он омадааст, ки парванда­ро ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ба марҳилаи якум фиристонданд. Мо-саҳҳомон рӯзи 8-уми январи соли 2011 ба қабули раиси Суди Олии иқтисоди ҶТ рафтем. Мо-саҳҳомонро раиси Суди Олии иқтисодии ҶТ Ғоибназаров ва муо­вини якуми раиси Суди Олии иқтисоди ҶТ Ашӯров А. А. қабул карданд. Мо-саҳҳомон ба Ғоибназаров гуфтем, ки Ашӯров А. А. рӯзи 20-уми декабри соли 2010 ҳангоми хондани қарори марҳилаи кассатсионӣ ба мо-саҳҳомон гуфтанд, ки таъиноти Суди иқтисодии шаҳри Ду­шанбе аз 15-уми октябри соли 2010 ва қарори марҳилаи апеллятсионии ҳамин суд аз 4-уми ноябри соли 2010 бекор карда, ба Суди иқтисодии шаҳри Душан­бе равон карда шавад. Аммо ҳангоме, ки бо қарор шинос шудем, дар қарор омадааст, ки ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ба марҳилаи якум равон кар­да шавад. Мо-саҳҳомон ба Ғоибназаров гуфтем, ки парванда дар Суди иқтисодии ш. Душанбе моҳиятан баррасӣ шуда, 3-юми ноябри соли 2010 ҳалнома қабул крда шудааст. Чи хел шумо таъи­ноти Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 15-уми ноябри соли 2010 ва қарори марҳилаи апеллятсионии ҳамин суд аз 4-уми ноябри соли 2010-ро бекор кар­да, ба марҳилаи якуми Суди иқтисодии шаҳри Душанбе равон мекунед?

Нисбати аризаи даъвогии мо-саҳҳомон оиди бекор кардани хуло­саи санҷиши ҳуқуқии Вазорати адлия аз 6-уми июни соли 2008 дар қисми қувваи бозгашт додан ба Оинномаи ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» аз соли 1997, 16-уми марти соли 2009 дар Суди иқтисодии шаҳри Душанбе даъвои мо қисман қонеъ карда, хулосаи номбур­да беэътибор дониста шуда буд. Аммо бо қарори марҳилаи назоратии Суди Олии иқтисодии ҶТ 20-уми июли соли 2009 ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 16-уми марти соли 2009 ғайриқонунӣ бекор карда шуда, ба Суди иқтисоиди шаҳри Душанбе ба марҳилаи якум дар ҳайати дигар суд фиристонида шуд.

Аз 20-уми июли соли 2009 то 20 августи соли 2010 бо сабабҳои дар боло зикргардида, бо айби Суди иқтисодии ш. Душанбе ва Суди Олии иқтисодии ҶТ пар­ванда ҳалли худро наёфта, мо-саҳҳомон сарсону саргардон мондем.

3-юми ноябри соли 2010 бо ҳалномаи Суди иқтисодии ш. Душан­бе даъвои мо қисман қонеъ шуд. Айни ҳол шикояти апеллятсионии мо оиди боз доштани фаъолияти ғайриқонунии соҳибкории ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» дар Суди иқтисодии ш. Душанбе маври­ди баррасӣ қарор дорад. Мо-саҳҳомон ба Ғоибназаров гуфтем, ки бо қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии ҶТ таъиноти Суди иқтисодии ш. Душанбе аз 15-уми октябри соли 2010 ва қарори марҳилаи апеллятсио­нии ҳамин суд аз 4-уми ноябри соли 2010-ро бекор карда, ба Суди иқтисодии ш. Душанбе ба марҳилаи якум фири­стондед. Шумо мехоҳед ҳалномае, ки рӯзи 3-юми ноябри соли 2010 дар Суди иқтисодии ш. Душанбе қабул шуда, даъ­вои мо қисман қонеъ карда шудааст, бе­кор карда шавад? Ғоибназаров ба мо-саҳҳомон гуфтанд, ки ба Суди иқтисодии ш. Душанбе рафта, шикояти апеллятсио­ниятонро бинед.

Бо қарори марҳилаи апеллятсионии суди иқтисодии шаҳри Душанебе аз

“Ғайбзанӣ”-и қарор

25-уми январи соли 2011 бо парван­даи №2-363/10, А-125/10, А-122/10 ҳалномаи Суди иқтисодии ш. Душанбе аз 3-юми ноябри соли 2010 вобаста ба парвандаи №2-363/10 қисман тағйир дода шуда, даъвои мо оиди боз до­штани фаъолияти ғайриқонунии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» қонеъ карда шуд. Шикояти апеллятсионии Вазорати ад­лияи ҶТ беқаноат мононда шуд. Аммо қарори суди марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии ҶТ аз 20-уми дека­бри соли 2010 бо парвандаи 2-103/09, №2-59/10, №2-363/10, А-96/09, А-39/10, А-47/10, А-110/10, К-79/10, К-123/10, К-214/10 куҷо шуд то ба ҳол касе намедонад.

Аз ҳамин гуфтаҳои дар боло зикршу­да ба хулоса омадан мумкин аст, ки дар Суди Олии иқтисодии ҶТ чӣ тавре, ки мехоҳанд, қарорҳои ғийриқонунӣ қабул мекунанд ва чӣ тавре, ки мехоҳанд, қарорҳои қабулкардаашонро нобуд (гум) мекунанд. Дар ҶТ нафаре бошад, ки аз раиси Суди Олии иқтисодии ҶТ Ғоибназаров А. ва раиси Суди иқтисодии ш. Душанбе Шарипов Р. нобуд (гум) шудани қарори мазкурро пурсад? Судиҷрочиёни Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар асоси варақаи иҷро аз 4-уми феврали 2011 сол 8-уми февра­ли соли 2011 фаъолияти ғайриқонунии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-и шаҳри Душанберо боз доштанд. Судиҷрочиён фаъолияти бинои ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро боз доштанд, аммо идора, амборҳо ва ошхона ба номи “Белый айст” ва мағозае, ки аз тарафи чапи дарвозаи мошиндаро мебошад, фаъо­лияти онҳоро боз надоштанд.

Мо-саҳҳомон 30-юми ноябри соли 2010 бо аризаи даъвогӣ оид ба беэъти­бор донистани:

1) иқтибоси феҳрасти ягонаи дав­латии шахси ҳуқуқӣ, санаи супоридан 18.10.2010 сол, рақами мушаххас 0210004355, санаи бақайдгирии дав­латии таъсисёбӣ 26.05.2002, роҳбар Холмуродов Б. иқтибоси феҳрасти яго­наи давлатии шахси ҳуқуқӣ, санаи супо­ридан 12.03.2010 сол, рақами мушах­хас 0210004355, санаи бақайдгирии давлатии таъсисёбӣ 29.05.2009 сол ва шаҳодатномаи бақайдгирии дав­латии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» бо рақами мушаххас 0210004355 аз 15-уми январи соли 2010, ки доран­даи шаҳодатномаи мазкур дар асоси шаҳодатномаи №13-Р87, ки аз 29-уми майи соли 2000 аз тарафи Вазорати ад­лия дода шудааст, ҳамчун субъекти фа­ъолияти хоҷагидор шинохта шудааст, бе­эътибор дониста шавад ва аз феҳристи ягонаи давлатӣ хориҷ карда шавад;

2) Баъди пурра иҷро шудани ҳалномаи Суди ноҳияи Исмоили Со­монии шаҳри Душанбе аз 12.12.2007 сол ва таъиноти марҳилаи кассат­сионии Суди шаҳри Душанбе оид ба парвандаҳои гражданӣ аз 21.02.2008 сол маҷлиси умумии саҳҳомон тибқи моддаҳои 46, 47 ва 52 Қонуни ҶТ дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ бо қарори суд даъват карда шуда, пурра зери на­зорати суд қарор дода шавад, муроҷиат карда будем.

Бо ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 20.12.2010 сол бо парван­даи 2-453/2010 аризаи даъвогии мо қонеъ карда шуд. Бояд қайд кард, ки бо ҳалномаи Суди ноҳияи Исмоили Сомо­нии шаҳри Душанбе аз 12.12.2007 сол шаҳодатномаҳои аз нав бақайдгирии аз 26.05.2000 сол дар Идораи нота­риалии давлатии ноҳияи Исмоили Со­монии шаҳри Душанбе таҳти феҳристи №13-87 ва 13Р-87 ба қайд гирифта шудааст, беэътибор дониста шудааст ва ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» вазифа­дор карда шудааст, ки Оинномаи ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро дар асоси тала­боти қонун аз нав ба қайд гирад.

Судиҷрочиёни Суди ноҳияи Исмои­ли Сомонии шаҳри Душанбе бо варақаи иҷроия таҳти №2-200 аз 17.04.2008 сол шаҳодатномаи азнавбақайдгирии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» таҳти №13-87-ро, ки ба номи Мӯминов Ҷ. Мебошад, аз феҳрасти ягонаи бақайдгирии шахсони ҳуқуқии Вазорати адлия хориҷ карданд. Мутобиқи қисми 8-и моддаи 64 КГ ҶТ ва моддаи 103 Қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ баъди аз феҳрасти ягонаи бақайдгирии шахсони ҳуқуқии Вазора­ти адлия хориҷ кардани шаҳодатномаи азнавбақайдгирии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳамхӯрда мебо­шад. Бояд гуфт, ки Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 12.12.2007 сол шаҳодатномаи азнавбақайдгирии таҳти №13-87 аз 26.05.2000 солро, ки ба номи Мӯъминов Ҷ. Буд, барои он бе­эътибор донист, ки Мӯминов Ҷ. шахси бесалоҳият мебошад.

Шаҳодатномаи азнавбақайдгирии таҳти №13Р-87 аз 26.05.2000 солро, ки ба номи Хулмуродов Б. мебошад, Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои он беэътибор донист, ки шаҳодатномаи азнавбақайдгирии маз­кур аз қайди Идораи нотариалии давла­тии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Ду­шанбе ва Вазорати адлияи ҶТ нагузашта буд, яъне қалбакӣ (подделка) мебошад. ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» то 15-уми январи соли 2010 дар ягон мақомоти бақайдгирии давлатӣ аз қайди давлатӣ нагузашта, ба фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ машғул буд.

Муроҷиати 5-карата, вале…

Баъд аз қабул шудани Қонуни ҶТ “Дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” таҳти №508 аз 19-уми майи соли 2009 ва­колати бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба салоҳияти Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ во­гузор карда шуда, аз 1-уми июли соли 2009 мавриди амал қарор гирифт. Мо 5 маротиба бо ариза оид ба худдорӣ намудан барои азнавбақайдгирии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-и шаҳри Душанбе ба Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ ва шӯъбаи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфи­родии дар шаҳри Душанбе буда, таър­хи 06.07.2009 сол, 31.08.2009 сол, 29.09.2009 сол, 16.09.2009 сол ва 4.01.2010 сол муроҷиат карда будем. Бояд қайд кард, ки азнавбақайдгирии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-и шаҳри Душанбе бо қарори марҳилаи апеллят­сионии Суди иқтисодии ш. Душанбе аз 29.07.2009 сол, ки бо қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисоди ҶТ аз 16.09.2009 сол бетағйир монда шуда­аст, рад карда шудааст.

Ба аризаҳои мо 24.07.2009 сол таҳти №2163/16.1 Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ чунин ҷавоб мегӯяд: “Илова бар ин, мутобиқи қисми 2 мод­даи 11 қонуни мазкур муроҷиаткунанда бояд протоколи маҷлиси муассисон дар бораи таъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби ҳар як муассиси шахси ҳуқуқӣ таъсисёбанда имзо карда мешавад, мутобиқи қисми 4-и ҳамин модда нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти ҳар як муассисро ба мақоми бақайдгиранда пешниҳод намояд. Аз ин лиҳоз, Кумитаи андоз танҳо дар мавриди риояи талабо­ти қонуни мазкур пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои лозима аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро азнавбақайдигирӣ мегуза­ронад. Бо назардошти талаботи зербанди 1 банди 1 моддаи 34 қисми 1 моддаи 35 Қонуни ҶТ “Дар бораи бақайдгирии шах­сони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” ва баҳси судии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-и шаҳри Душанбе, ки дар зи­наи назоратии Суди Олии иқтисодии ҶТ қарор дорад, азнавбақайдгирии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» то моҳиятан ҳал гаштани баҳсҳои судӣ мавқуф гузошта мешавад”.

Бо мактуби ҷавобӣ аз 02.09.2009 сол таҳти №2531/16.1 дар сархати 5-6-7 чунин омадааст: “Бинобар ин, дар сурати қаноатманд будан аз ҳалномаи Суди ноҳияи И. Сомонии ш. Душанбе аз 12.12.2007 сол ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» метавонад ҳуҷҷатҳои лозимаро барои бақайдгирии давлатӣ ҳамчун шах­си ҳуқуқии навтаъсис тибқи моддаи 11 Қонуни ҶТ “Дар бораи бақайдгирии дав­латии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” пешниҳод намояд. Дар мав­риди азнавбақайдгирӣ тибқи моддаи 35 қонуни мазкур ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро лозим аст, ки бо назардош­ти ҳалномаи зинаи охири судӣ ҳуҷҷатҳои лозимаро тайёр намуда, ба бахши дахл­дори бақайдгирии давлатии Кумитаи андоз пешниҳод намояд. То қабул гарди­дани ҳалномаи судии навбатӣ дар бораи қонунӣ будани шаҳодатномаи ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» ва дар феҳрасти ягонаи давлатӣ шахсони ҳуқуқии барқарор намудани ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ», ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» наметавонад азнавбақайдгирии давла­тиро гузарад”.

Холмуродов Б. ҳуҷҷатҳои лозимаро барои азнавбақайдгирӣ ба Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ пешниҳод мекунад. Санаи 07.09.2009 сол ба ари­заи №0216000071 аз 02.09.2009 сол бо огоҳинома дар бораи рад намудан оиди бақайдгирии давлатӣ, бақайдгирии давлатӣ рад карда мешавад.

Дар асоси мактуби Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ таҳти №2163/16.1 аз 24.07.2009 сол бақайдгирии давлатӣ рад карда мешавад.

23.09.2009 сол Холмуродов Б. маҷлиси умумии саҳҳомонро гузаро­нида, Оинномаи ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро тасдиқ карда, қабул меку­над, мақоми идора ва иҷроияи ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро интихоб кар­да, ҳуҷҷатҳои лозимаро 06.10.2009 сол барои азнавбақайдгирӣ ба Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ пешниҳод мекунад.

07.10.2009 сол Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ маротибаи дуюм азнавбақайдгирии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро рад мекунад.

Ҳангоми рад намудани азнавбақайдгирии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» 07.10.2009 сол маҷлиси уму­мии саҳҳомон, ки рӯзи 23.09.2009 сол баргузор гардида буд, қувваи ҳуқуқии худро гум карда буд.

Иқтибос аз феҳрасти ягонаи дав­латии шахси ҳуқуқӣ, санаи супоридан 18.10.2010 сол, рақами мушаххас 0210004355, санаи бақайдгирии давлатии таъсисёбӣ 26.05.2009 сол, роҳбар Холмуродов Боймурод. ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» дар санаи 26.05.2002 сол аз қайди давлатӣ на­гузаштааст, таъсис наёфтааст ва ин хел шаҳодатномаи азнавбақайдигирӣ вуҷуд надорад ва қалбакӣ мебошад.

Иқтибос боз аз феҳрасти ягонаи давлатии шахси ҳуқуқӣ, санаи супори­дан 12.03.2010 сол, рақами мушах­хас 0210004355, санаи бақайдгирии давлатии таъсисёбӣ 29.05.2000 сол, роҳбар Холмуродов Боймурод. ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» дар санаи 29.05.2000 сол аз қайди давлатӣ на­гузаштааст, таъсис наёфтааст ва ин хел шаҳодатномаи азнавбақайдигирӣ вуҷуд надорад ва қалбакӣ мебошад.

Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурӯшгоҳи марказӣ», рақами ягонаи мушаххас 0210004355 аз 15.01.2010 сол. До­рандаи шаҳодатномаи мазкур дар асо­си шаҳодатномаи 13Р-87, ки аз 29-уми майи соли 2000 аз тарафи Вазорати ад­лия дода шудааст, ҳамчун субъекти фаъо­лияти хоҷагидор шинохта шудааст. Аз та­рафи Вазорати адлияи ҶТ шаҳодатномаи №13Р-87 аз 29-уми майи соли 2000 ба ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» дода нашу­дааст.

Санади судии нав

Тавре дар боло қайд кар­да будем, шаҳодатномаи азнавбақайдгирии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро таҳти №13-87 аз 26.05.2000 сол, ки ба номи Мӯминов Ҷ. Ме­бошад, Суди ноҳияи И. Сомо­нии ш. Душанбе 12.12.2007 сол беэътибор донистааст. Судиҷрочиён бо варақаи иҷроия таҳти №2-200 шаҳодатномаи азнавбақайдгирии мазкурро аз феҳристи ягонаи бақайдгирии шахсони ҳуқуқии Вазорати ад­лияи ҶТ хориҷ карданд.

Шаҳодатномаи азнавбақайдгирии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» таҳти №13Р-87 аз 26.05.2000 сол­ро, ки ба номи Холмуродов Б. мебошад, Суди ноҳияи И. Сомонии ш. Душанбе 12.12.2007 сол барои он беэъ­тибор донист, ки шаҳодатномаи азнавбақайдгирии мазкур аз қайди Идораи нотариалии дав­латии ноҳияи И. Сомонии ш. Душнбе ва Вазорати адлияи ҶТ нагузашта буд.

4-уми январи соли 2010 мо-саҳҳомон аризаи навбати­ро оиди худдорӣ намудан ба­рои азнавбақайдгирии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» ба Куми­таи андози назди Ҳукумати ҶТ ва шӯъбаи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар ш. Душанбе буда навишта будем. 11-уми январи соли 2010 сардорони раёсати Кумитаи ан­дози назди Ҳукумати ҶТ Акбаров ва Адуллоев моро даъват карда, аризаамонро баррасӣ карданд ва гуфтанд, ки то моҳиятан ҳалли худро ёфтани баҳсҳои судӣ ба­рои азнавбақайдгирии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» худдорӣ менамоянд. Аммо 15-уми янва­ри соли 2010 Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ дидаву дони­ста бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро ба қайди давлатӣ гирифт.

20-уми январи соли 2011 Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ аз болои ҳалномаи Суди иқтисодии ш. Душанбе оид ба парвандаи №2-453/2010 аз 20.12.2010 сол бо аризаи даъвогӣ Одинаев А. Х. ва дигар саҳҳомон оиди беэъитбор до­нистани иқтибоси феҳристи яго­наи давлатии шахси ҳуқуқӣ бо шикояти апеллятсионӣ ба Суди иқтисодии ш. Душанбе муроҷиат мекунад.

Бо қарори марҳилаи апел­лятсионии Суди иқтисодии ш. Душанбе аз 16-уми феврали соли 2011 бо парванда таҳти № 2-453/10, А-25/11, А-26/11 таҳти раисикунандагии Хоҷаев Ф. Ҳ., судяҳо Қурбонов И. М., Муҳаммадиева Х. А. ҳалномаи Суди иқтисодии ш. Ду­шанбе аз 20.12.2010 сол бо парвандаи №2-453/2010 ғайриқонунӣ ва беасос бекор карда шуда, доир ба парванда са­нади судии нав қабул карданд.

Бо ҳалномаи нав даъвои саҳҳоми азими ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-и ш. Душанбе Одинаев А. Х. ва саҳҳомони дигар ба ҷавобгарии Кумитаи андо­зи назди Ҳукумати ҶТ, ҳамҷавобгарии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-и ш. Ду­шанбе ва саҳҳоми азими ҷамъияти мазкур Холмуродов Б. оиди беэътибор донистани иқтибосҳо аз феҳристи яго­наи давлатии шахси ҳуқуқӣ таҳти рақами мушаххас 0210004355 аз 12.03.2010, таҳти рақами мушаххас аз 0210004355 аз 18.10.2010 ва шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-и ш. Душанбе таҳти №0210004355 аз 15.01.2010, ки дар асоси шаҳодатномаи таҳти №13р-87 аз 29.05.2000 аз тарафи Вазорати адлияи ҶТ дода шудааст ва аз феҳристи ягонаи давлатӣ хориҷ кардани он рад карда шуда, дар қисми баъди пурра иҷро шудани ҳалномаи Суди н. Исмои­ли Сомонии ш. Душанбе аз 12.12.2007 тибқи талаботи моддаҳои 46, 47 ва 52 Қонуни ҶТ “Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ” бо қарори суд даъват наму­дан ва пурра зери назорати суд қарор додани маҷлиси умумии саҳҳомон дар истеҳсолоти судӣ қатъ карда шавад.

Шикояти апеллятсонии Кумитаи ан­дози назди Ҳукумати ҶТ аз 20.01.2011 ва директори генералии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» Холмуродов Б. аз 25.01.2011 қисман қонеъ карда шавад.

Мо исбот кардем!

Мурофиаи судӣ дар марҳилаи апел­лятсионии Суди иқтисодии ш. Душанбе аз 3-юми феврал то 16-уми феврали соли 2011 давом дошт. Дар маҷлиси судӣ мо исбот кардем, ки Кумитаи ан­дози назди Ҳукумати ҶТ бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро ба қайди давлатӣ гирифтааст. Ҳама ҳуҷҷатҳои қалбакие, ки Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-ро ба қайди давлатӣ гирифта­аст, дар парванда ҳастанд.

Судя Муҳаммадиева бо қарори марҳилаи апеллятсонии Суди иқтисодии ш. Душанбе аз 16.02.2011 розӣ нашу­да, фикри махсуси худро менависад.

Фикри махсуси судяи Суди иқтисодии ш. Душанбе оид ба парвандаи таҳти №2-453/10 ва шикоятҳои апеллятсо­нии таҳти №А-25/11 ва А26/11 нис­бати баррасӣ намудани парванда дар марҳилаи апеллятсонӣ. Рӯзи 16-уми феврали соли соли 2011 шикоятҳои апеллятсионии Қумитаи андоз ва ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ»-и ш. Душанбе аз болои ҳалномаи Суди иқтисодии ш. Душанбе аз 20-уми декабри соли 2010 аз ҷониби коллегияи марҳилаи апеллятсионӣ таҳти ҳайати раисикунан­да Хоҷаев Ф. Ҳ., маърузачӣ Қурбонов И. М. ва судя Муҳаммадиева баррасӣ карда шуд. Дар хонаи машваратӣ Муҳаммадиева Х. ба фикри судяҳои дигар розӣ нашуда, бо чунин асосҳо фикри худро менависад, ки дар асоси ҳалномаи Суди н. ИС аз 12.12.2007 даъ­вои Одинаев А.Х. ба ҷавобгарии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ», ҳамҷавобгарии Холмуродов Б. ва Идораи нотариалии давлатии н. ИС дар бораи беэътибор до­нистани бақайдгирии Оинномаи ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» қонеъ карда шуда, шаҳодатномаҳои азнавбақайдгирии давлатӣ аз 26.05.2000, ки дар Идо­раи нотариалии н. ИС таҳти феҳристи №13-87 ва 13р-87 ба қайд гирифта шудаанд, беэътибор дониста шуда, ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» вазифа­дор карда шудааст, ки Оинномаи ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» дар асоси талабо­ти қонун аз нав ба қайд гирифта шавад. Дар маҷлисҳои судӣ муайян карда шуд, ки дар ҳақиқат ҳоло ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» ҳамчун шахси юридикӣ дар ягон мақомоти давлатӣ то ҳол ба таври расмӣ тибқи талаботи қонунҳои амал­кунанда ба қайд гирифта нашудааст ва ҳама он санадҳое, ки дар парванда за­мима шудаанд, аз рӯи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ғайриқонунӣ ба ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» дода шудаанд.

Дар шикояти апеллятсионии Куми­таи андоз омадааст, ки азбаски Оин­номаи ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» ва шаҳодатномаи бақайдгирӣ беэътибор дониста шудаанд, бинобар ин, то гузаро­нидани маҷлиси умумии саҳҳомон зери назорати суд ва қабули қарори дахл­дор боз дошта шавад ва тағйиротҳои мутобиқи қарорҳои дахлдори маҷлиси умумии саҳҳомон қабулгардида барои ворид намудан ба феҳристи ягонаи давлатӣ ба мақомоти андоз пешниҳод карда шавад. Бинобар ин, барои ин амалиётҳоро гузаронидан ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» ӯҳдадор карда шавад, ки маҷлиси умумии саҳҳомонро даъват карда, раис, шӯрои деректорон ва шӯрои назоратии онро интихоб наму­да, Оинномаи он аз сари нав ба қайд ги­рифта шавад. Бояд қайд кард, ки бо та­ъиноти Суди иқтисодии ш. Душанбе оид ба тадбирҳои таъинотӣ аз 3.04.2009 гу­заронидани маҷлиси умумии саҳҳомони маҷлиси Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Фурӯшгоҳи марказӣ», ки дар санаи 8-уми апрели соли 2009 та­ъин карда шудааст, боз дошта шавад. Баъди аз байн рафтани монеагиҳо маҷлиси саҳмдорон бо ташаббуси суд таъин карда шавад. Таъиноти мазкур дар қувваи қонун мебошад. Инчунин, азнавбақайдгирии ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» бо қарори марҳилаи апеллят­сионии Суди иқтисодии шаҳри Душан­бе аз 29.07.2009 сол, ки бо қарори марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии ҶТ аз 16.09.2009 бетағйир монда шудааст, рад карда шудааст.

Дар ҳоле, ки дар қисми 2 моддаи 68 КҶТ “Дар бораи мурофиаи суди иқтисодӣ” чунин омадааст: “Ҳолатҳое, ки бо санади эътибори қонунӣ пайдо­кардаи суди иқтисодӣ қаблан баррасӣ гардида муқаррар шудаанд, ҳангоми аз ҷониби суди иқтисодӣ баррасӣ кардани парвандаи дигар, ки дар он ҳамин шах­сон иштирок менамоянд, исбот карда намешавад”.

Дар қисми 3-и моддаи мазкур ома­дааст: “Қарори эътибори қонунӣ пайдо­кардаи суди юрисдиксияи умумии аз рӯи парванди гражданӣ қаблан баррасӣ гардида барои суди иқтисодӣ, ки пар­вандаро баррасӣ менамояд оид ба масъалаи ҳолатҳое, ки бо қарори суди юрисдиксияи умумӣ муқаррар карда шудаанд ва бо шахсони иштироккунан­даи парванда муносибат доранд, ҳатмӣ мебошад”.

Машварати “якборагӣ”-и коллегия

Холмуродов Б. бо шикояти кассатсионӣ ба Суди олии иқтисодии ҶТ аз болои ҳалномаи Суди иқтисоди ш. Ду­шанбе аз 3-юми ноябри соли 2010 ва қарори марҳилаи апеллятсионии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 25-уми январи соли 2011 аз рӯи парвандаи № 2-363/10, А-125/10, А-122/10 муроҷиат кардааст. Рӯзи 15-уми феврали соли 2011 аз Суди Олии иқтисодии ҶТ ба мо занг зада гуфтанд, ки омада таъинот дар бораи қабули шикояти кассатсионӣ ба истеҳсолотро гирем. Ҳамон рӯз таъиноти мазкурро аз суд гирифтем. Дар таъинот баррасии парванда ба маҷлиси судии суди иқтисодии марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии ҶТ ба санаи 17-уми феврали соли 2011 соати 10:00 таъин карда шуда буд. Рӯзҳои 14, 15-16-уми феврали соли 2011 мо дар мурофиаи судии марҳилаи апеллятсионии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе иштирок до­штем. Рӯзи 17-уми феврали соли 2011 ба Суди Олии иқтисодии ҶТ ҳозир шудем. Маҷлиси судии суди иқтисодии марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии ҶТ таҳти раисикунандагии Исроилов Ҷ. И., судяҳо Файзова М. Р. ва Назарова Х. Н. оғоз гардид. Мо бо дархости хаттӣ ба раисикунанда Исроилов Ҷ. И. муроҷиат карда, дархост намудем, ки маҷлиси су­дии марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии ҶТ ба мӯҳлати 10 рӯз мавқуф гузошта шавад. Зеро, рӯзҳои 14, 15, 16-уми феврал мо дар Суди иқтисодии ш. Душанбе дар маҷлиси судӣ иштирок доштем. Рӯзи 15-уми феврал бегоҳӣ тариқи почта ба мо шикояти кассатсио­нии Холмуродов дастрас шуда буд ва ба ҳамин хотир, фурсати шинос шудан бо шикояти кассатсионии Холмуродов Б. ва навиштани изҳори назари хаттӣ на­доштем. Ҳамин тавр, дархост намудем, ки маҷлиси судии марҳилаи кассатсио­нии Суди олии иқтисодии ҶТ мавқуф гу­зошта шавад, то барои худ адвокат ги­рем ва ба шикояти кассатсионӣ изҳори назар намоем. Судя Файзова М. Р. аз ман пурсиданд, ки “Шумо ягон далел доред, ки шикояти кассатсионии Хол­муродов Б. рӯзи 15-уми феврал тариқи почта дастрас шуд? Ҳамчунин, таъиноти Суди Олии иқтисодии ҶТ-ро 15.02.2011 аз Суди Олии иқтисодии ҶТ гирифтед?”. Ман ба судя Файзова М. гуфтам, ки рӯзи 15.02.2011 тахминан соати 11:30 дақиқа ба Суди Олии иқтисодии ҶТ ома­да, таъинотро гирифтаму дар нусхаи таъиноти Суди Олии иқтисодӣ навиш­там, ки ман таъинотро 15-уми феврал гирифтам ва имзо гузоштам. Шикояти кассатсиониро бошад, лифофае, ки рӯзи 15-уми феврал ба дасти ман расид ва дар он лифофа мӯҳри почта гузошта шу­дааст, ки 10.02.2011 сол шикояти кас­сатсиониро аз Холмуродов почта қабул намудааст.

Ман дархости хатиро ба раисику­нанда Исроилов Ҷ. И. пешниҳод карда, хоҳиш намудам, ки ба нусхаи дархости мо оиди қабул кардан имзо гузоранд. Раисикунанда ҷавоб дод, ки мо имзо намегузорем. Мо хоҳиш кардем, ки ба протокол қайд намоед. Гуфтанд, ки ба протокол ҳам қайд намекунем.

Коллегия дар ҷояш машварат кар­да, дархости моро рад карданд. Яъне, аз муносибати ҳайати коллегия масъалаи қабул кардани қарори ғайриқонунӣ ба мо маълум гардид.

Мо — саҳҳомон лозим донистем, ки иштирок карданамон дар маҷлиси судӣ зарурат надорад. Бе иштироки мо ҳам ғайриқонунӣ ва беасос ҳалномаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 03.11.2010 ва қарори марҳилаи апел­лятсионии Суди иқтисодии шаҳри Ду­шанбе аз 25.01.2011-ро бекор кар­данд.

Дар вақти баррасии шикояти кас­сатсионии Холмуродов Б. дар маҷлиси судии суди марҳилаи касатсионии Суди Олии иқтисодии ҶТ дар бораи қарори суди марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии ҶТ аз 20.12.2010 бо парван­даи 2-103/09 №2-59/10, №2-363/10 А-96/09, А-39/10, А-47/10, А-110/10, К-79/10, К-123/10, К-214/10, ки дар Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар марҳилаи якум дар ҳайати дигар суд баррасӣ мегардид, ҳайати коллегия на­пурсид, ки қарори мазкур дар куҷост? Мутаассифона, ин амалиёт дар Суди иқтисодии шаҳри Душанбе на танҳо ба иҷро расонида нашуд, балки қарори мазкурро нобуд (гум) карданд.

Куҷо шудани қарори мазкурро аз раиси Суди Олии иқтисодии ҶТ ва раи­си Суди иқтисодии шаҳри Душанбе касе мепурсида бошад?

Мо — саҳҳомон бо қарори марҳилаи апеллятсионии Суди иқтисодии шаҳри Ду­шанбе бо парвандаи таҳти № 2-453/10, А-25/11, А-26/11, аз 16.02.2011 таҳти раисикунандагии Хоҷаев Ф. Ҳ., судяҳо Қурбонов И. М., Муҳаммадиева Х. А. аз сабаби ғайриқонунӣ ва беа­сос қабулшуданаш розӣ набуда, ба марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии ҶТ шикояти кассатсионӣ оварда, рӯзи 16.03.2011 сол тариқи по­чта ба Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, ба Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, ба Шӯъбаи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии дар шаҳри Душанбе буда ва ба ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» равон кардем, ки огоҳинома дар бораи расидани шикоят ба тарафҳо тариқи почта ба мо расид.

Инчунин бо қарори суди марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии ҶТ аз 17.02.2011 бо парвандаи №2-363/10, А-125/10, А-122/10, К-11/10 аз саба­би ғайриқонунӣ ва беадолатона қабул шуданаш, мо-саҳҳомон розӣ набуда, дар рӯзҳои наздик шикояти назоратӣ меорем.

Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Мо саҳҳомони ҶСШК «Фурӯшгоҳи марказӣ» ҳуқуқ ва манфиатҳои кониститутсионӣ, молумулкӣ ва ғайримолумулкии худро дар чаҳорчӯбаи қонун ҳимоя намуда истодаем ва хоҳони онем, ки қонун ва адолат барпо гашта, ба қонуншиканиҳо ва беадолатиҳои Холмуродов б. ва атрофиёнаш хотима дода шавад.

Танҳо Шумо метавонед, ки ба ин қонуншикании рӯйирост, ҳуқуқпоймолкунӣ, поймолкунии ҳуқуқҳои амволии шаҳрвандон, ҳуқуқ ва манфиатҳои кониститутсионии мо, но­дида гирифтани асос ва санадҳои лози­маи судӣ, ноадолатии Ҳокимияти судӣ дар чеҳраи Суди Олии иқтисодии ҶТ ва Суди иқтисодии ш. Душанбе, Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ ва Вазотари адлияи ҶТ нуқта гузошта, хотима диҳед.

Мо-саҳҳомон аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки як комиссияи босалоҳият таъсис дода шуда ҳама далелҳои дар арзу шикоятҳои мо ҷойдошта воқеъбинона омӯхташудаву дар доираи қонунгузории кишвар баррасӣ гардад. бори дигар хоҳиш до­рем, ки кори комиссияи мазкурро шах­сан зери назорати худ гиред.

Одинаев А.Х.

ва дигар саҳҳомон:

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: