Главная > Фарангиси МУЗАФФАР > «Полис» ном гирифтани милисаи тоҷик чиро тағйир медиҳад?

«Полис» ном гирифтани милисаи тоҷик чиро тағйир медиҳад?

Дар назар аст, ки ояндаи наздик милисаи Тоҷикистон ба «полис» тағйири ном кунад. Ин матлабро вазири корҳои дохилӣ генерал Абдураҳим Қаҳҳоров зимни маросими имзои ёддошти тафоҳум миёни ин вазорат ва САҳА роҷеъ ба ислоҳоти низоми милиса дар Тоҷикистон изҳор намуд. Ба гуфтаи ӯ, Қонуни нави полис таҳия шудааст, ки он ҷойгузини Қонуни милисаи феълӣ хоҳад буд. Аммо, дар ҳамин баробар, суоли зайл посух мехоҳад:

Ашрафиддин ҶАлИлИЁн, омӯзгор:

— Ростӣ, ман «пулис» ном гирифтани мили­саи тоҷикро боз пайравӣ кардан аз «баро­дари калонӣ», яъне Руссия медонам. Гап дар сари ном нест. Аммо «пулис» ном гирифтани милисаи тоҷик чизеро тағйир намедиҳад.

Абдумудассир АҳМАдзодА, муовини сардабири ҳафтаномаи “Тоҷикистон”:

— Ҳеҷ чизро тағйир намедиҳад «пулис» ном гирифтани милиса! Ин як пайравии навбатӣ ба Русия аст. Агар ду моҳ пеш аз русҳо мешуд, ман мегуфтам, ки “ҳалолатон бод!». Аммо киштӣ аллакай рафт. Аз иваз шудани ном ягон чиз тағйир намеёбад, то замоне, ки ин сохтор куллан бозсозӣ карда шавад ва номи милиса «миршаб» шавад. Он гоҳ ҳам миллӣ мешуду ҳам замонавӣ.

Маҳмадалӣ МАҚСАдулло, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Чархи гардун”:

— Ба эътимоди мақомот, тағйири ном кар­дани милитсияи тоҷик марбут ба он аст, ки дар шароити феълӣ ин ниҳод доираи салоҳиятҳояш васеъ шудааст ва акнун мехоҳанд онро ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ созанд. Вале аз нигоҳи ман, бо чунин шева наметавон нуфуз ё таъсири мақомоти милитсияро пурзӯр на­муд, зеро дар мо одат шуда, ки ҳар иқдоми тоза дар пайравӣ аз ҳамсоякишварҳо ва ак­саран тақлид ба Русия сурат мегирад.

Аз сӯи дигар, дар мо аввал қонун ҷорӣ мешавад, ана баъд механизм ва ё заминаи иҷроиши онро ҷустуҷӯ менамоянд. Бинобар ин, дар сохтори милитсияи тоҷик то тағйироти кадрии ҷиддӣ сурат нагирад ва ихтисосман­дони ҳирфаӣ бозпас сари кор наоянд, дар гумон аст, ки ин номтағйирдиҳӣ пешрафти ҷиддие дар кори ин сохтор ба бор оварад. Пас, суоли муаллақ ин боқӣ мемонад, ки «оё дар ҳамин даврае, ки иқтисодиётамон касод аст ва буҷети давлатӣ кофӣ нест, чу­нин ҳуҷҷатнигориҳои серхароҷот зарурият доранд? Агар чунин хароҷотро ба маоши милитсионерҳо зам намоем, нерӯи корӣ ва эътиборнокии онҳо миёни ҷомеа боло наме­равад?». Ба ҳар ҳол, тасмими ниҳоӣ гирифтан сари ин масъала дар салоҳияти ман нест ва худи Ҳукумат медонад.

ҳикматулло САйфуллозодА, сармуҳаррири ҳафтаномаи “наҷот”:

— Бо тағйири ном, ба ҳар тарзе ном гу­зошта нашавад, ниҳоди изтирории кишвари мо ҳеҷ чизеро тағйир намедиҳад. Ин ҳамон номгузорӣ, яъне гуфтем милиса, имрӯз мегӯем пулис. Манзури банда ин аст, ки вақте мо ном тағйир медиҳем ва ниҳодро ба ҳамин гуна ном мусаллаҳ месозем, албатта дар радифи ниҳодҳои интизомии кишварҳои пешрафта қарор додан аст. Вале баъид ба на­зар мерасад, ки бо тағйири ном низоми ин­тизомии кишвари мо тағйир бихӯрад. Чун ин аз фарҳанги умури давлатдорӣ рабт мегирад. Агар, ки фарҳанги умури давлатдории мо дар ҳар ниҳоде ҳаст, тағйир нахӯрад, барои мисол дар прокуратура, суд ё дар ҳар ниҳоди инти­зомию ҳуқуқии дигар, муносибат дар хизмати миллат ва давлат сирф қарор нагирад, мили­саву пулиси мо ҳам ҳеҷ гоҳ дар хизмати мил­лату давлат қарор намегирад. Хизмати онҳо танҳо барои шахсият аст. Инҳо мегӯянд, ки барои давлат хизмат мекунем, асли хизмати онҳо барои шахси алоҳида аст. Барои ҳамин, ҳеҷ гумон намекунам, ки бо тағйир хӯрдани номи милиса ба пулис фаъолият ё афкор, ё ин ки муносибат дар ниҳоди интизомии мо тағйир ёбад.

Саймуддин дӯСТов, раиси Созмони ҷамъиятии “ИндеМ”:

— Бо Абдураҳим Қаҳҳоров ва дигар «милисаҳои касбӣ» ҳеҷ чизро, вале агар таб­дили ном дар пайи худ тағйироти ҷиддии кадрӣ дошта бошаду парадигмаи муносибати ин мақомоти қудратӣ бо шаҳрванд ва ҷомеа кул­лан дигар шавад, хеле хуб мебуд. Шаҳрвандон набояд аз мақомоти қудратие, ки аз ҳисоби андозҳои онҳо маблағгузорӣ мешавад, тар­санд. 11-умин соли асри XXI гузаштан дора­ду шеваи кори милисаи мо аз миршабҳои Амир Олимхону калтакмилисаҳои Инқилоби Октябри рус тақрибан фарқ надорад, ки айб аст. Фикр мекунам тағйири ном баҳонаи хубест барои ба вуҷуд овардани мақомоти қудратии замонавӣ ва паст кардани шид­дати иҷтимоӣ, аз он ҷумла аз бедодгариҳои ҳуқуқиву тартиботӣ. Ин кор бояд кайҳо амалӣ карда мешуд, аммо мутаассифона Ҳукумати Тоҷикистон бо дефитсити шадиди ҷавҳари миллӣ рӯ ба рӯ асту ба тағйироту ислоҳоти решаи дар самтҳои муҳим бо пайдошавии импулсе даст мезанад. Ин тағйирот ҳам зери таъсири сиёсатҳои ислоҳотхоҳонаи Дмитрий Медведев ва маблағгузории САҲА пайдо шуд, вале хуб аст. Русҳо дар номгузории мақомоти қудратиашон аз номҳои истилогарони Олмо­ни фашистӣ истифода намебаранд-ку! Пас чаро тоҷикон бояд аз номҳои истилогарони болшевик истифода баранд?!

Султони ҳАМАд, таҳлилгар

— Аз милиса ба полис табдил додани номи мақомоти умури дохила иқдоми мантиқан ду­руст аст. Қариб дар тамоми дунё мақомотеро, ки тартибот ва суботи ҷомеаро таъмин наму­да, ба муқобили ҷинояткорӣ мубориза меба­ранд, маъмулан полис мегӯянд. Русия маҳз ба хотири он, ки бо ҷомеаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ҳамсону ҳамқадам бошад, номи милисаро ба полис тағйир дод. Аммо ҳадафи Русия аз таб­дили номи ин мақомот танҳо ба ҷомеаи пеш­рафта ҳамсон шудан набуда, балки ҳамзамон дар ин мақомот гузаронидани ислоҳоти куллӣ низ ҳаст. Пеш аз ҳама дар масъалаи муай­ян кардани ҳуқуқу вазифаҳои кормандони он, дар масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар Русия қадамҳои устуворе гузошта шуданд. Бо баҳонаи тағйири ном чандин ман­сабдоронеро, ки даҳсолаҳо дар сари вазифа буда, вале кореро анҷом намедоданд ва ба ботлоқи коррупсия ғӯтида буданд, аз вазифаҳо холӣ намуданд ва ба ҷояшон нафарҳои сазо­вортареро пешниҳод карданд. Қонунро дар бораи полис қабул карданд, ки дар он ба риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон диққати бешта­ре дода шудааст. Дар мо низ агар табдили ном дар пайвастагӣ бо ислоҳоти куллӣ дар ин мақомот сурат бигирад, шояд беҳбудиеро дар ин самт ба мушоҳида бигирем. Махсусан агар дар масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо тағйиротҳои ҷиддӣ сурат нагиранд ва мисли ҳозира маҳал ченаку меъёри асосии хоста гирифтани кадрҳо қариб дар ҳамаи звеноҳо бошад, пас табдили ном ба полис низ бефоида аст. Агар дар масъалаи моҳонаи кормандони ин мақомот низ таҷдиди назар нашавад, аз ин ба баъд ҳам коррупсия торафт бештар ва амиқтар реша хоҳад давонд. Дар оянда низ дар ошкор кардани ҷиноятҳо ва дастгир кардани ҷинояткорон дар ин мақомот мушкил хоҳанд дошт, ки албатта ин ба вазъи иҷтимоии бе ин ҳам нигаронкунандаи киш­вар бетаъсир нахоҳад буд.

Маҳмадулло АСАдуллоев, котиби матбуотии ВКД:

— Худи маънои калимаи «милиция» дар давраи Шӯравӣ ба вуҷуд омадааст, ки ба мис­ле дружинаҳои ихтиёрии коргару деҳқонро дар бар мегирад. Ин маънои онро дорад, ки мутахассисони касбӣ нестанд. Вале «пулис» мутахассиси касбӣ аст. Айни замон Куми­таи тадорукот, яъне гурӯҳи ташкилӣ таъсис дода шудааст барои дида баромадани ҳамин масъала. Зеро ба наздикӣ бояд милиса ба пу­лис тағйири ном кунад.

Фароҳамсоз

Фарангиси МУЗАФФАР,

БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: