Главная > Иқболи САИДЗОД > Баҳсҳои обӣ то кай идома меёбад?

Баҳсҳои обӣ то кай идома меёбад?

Ахиран Ҳукумати ӯзбекистон барои таъсиси Кумитаи миллӣ оид ба бунёди сарбандҳои бузург қароре қабул кардааст. Тибқи гузориши расонаҳои хабарии ӯзбекистон, мақсади ҳукумат аз таъсиси чунин Кумита таъмини бехатарӣ дар бунёди сарбандҳои бузург ва баробарҳуқуқӣ дар истифодабарии оби бурунмарзӣ мебошад. Бинобар маълумоти маркази итилооти вазорати кишоварзии ӯзбекистон, сохтори нав имкони ҳамкориҳои ҳукумати ӯзбекистонро бо ташкилоти дохилӣ ва умумиҷаҳонӣ қавитар мекунад. Онҳо бештар аз фаъолияти шабакаҳои обрасонӣ воқиф гашта, ҳамзамон таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро бештар ба бунёди сарбандҳои бузург, асосан дар Осиёи Марказӣ равона месозанд. Бунёди нБо-и «Роғун» дар Тоҷикистон меҳвари кори онҳо қарор дода мешавад.

Дар робита ба ин гуна ҷараён пайдо кардани кор мудири шӯъбаи ташхисгоҳи ги­дроэнергетикаи Донишгоҳи масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон Георгий Петров изҳори нигаронӣ карда, бо таассуф ёдовар шудааст, ки то кунун дар Тоҷикистон чунин як куми­тае таъсис наёфтааст. Вай пешниҳод карда­аст, ки Тоҷикистон бояд Кумитаи миллӣ оид ба бунёди сарбандҳои бузург таъсис диҳад. Зеро, ба қавли ӯ, иштироки мутахассисон дар чунин ташкилотҳои байналмилалӣ им­кони гирифтани маслиҳатҳои муфидро аз ҷониби мутахассисони варзидаи ҷаҳонӣ фароҳам месозад. Георгий Петров мегӯяд, ки ӯзбекистон бо таъсиси чунин кумита вориди яке аз ташкилотҳои байналмилалӣ, яъне Ко­миссияи байналмилалӣ оид ба сарбандҳои бузург гардидааст. Вақте ӯзбекистон чунин шароитро дорад, метавонад ба муқобили Тоҷикистон фаъолият намояд ва мо дар қиболи ҳамсоякишвар ягон тасмиме гирифта наметавонем, зеро чунин кумитаро надорем. ӯ изҳори боварӣ кардааст, ки Тоҷикистон дар зудтарин фурсат барои шомил шудан ба аъзо­гии ин комиссияи байналмилалӣ дархост кар­да, ҳамзамон комиссияи миллии худро таъ­сис медиҳад, то ки аз ҳамсояи худ ӯзбекистон қафо намонад.

Комиссияи байналмилалӣ оид ба бу­нёди сарбандҳои бузург — ин ташкилоти ғайриҳукуматӣ буда, соли 1928-ум таъсис ёфта, маркази ҷойгиршавии он шаҳри Париж мебошад. Ташкилот Оиннома ва Сарқонуни худро дошта, корҳои асосӣ дар кумитаҳои махсуси технологӣ оид ба бунёди НОБ ва дигар иншооти обрасонӣ гузашта, тариқи бюллетенҳо тавсияи бунёди иншооти мухта­лифро медиҳанд. Комиссия дар як сол як ма­ротиба дар яке аз давлатҳои аъзо ҷамъомад доир намуда, масъалаҳои муҳимро оид ба бу­нёди сарбандҳо ва дигар иншооти обрасонӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Гуфта мешавад, ки соли 2000-ум ҳайати Тоҷикистон ба маркази ин ташкилот ҳозир гашта, худро дар он ҷо номнавис кардааст. Вале баъдан корҳо дар ин самт идома пай­до накардаанд. Ҳамакнун, ба гуфтаи Георгий Петров, барои номнавис кардани аъзогии худ Тоҷикистон шанси хуберо дорад. Зеро имкон пайдо мегардад, ки нофаҳмиҳои байни Тоҷикистону ӯзбекистон, бахусус дар масъалаи «Роғун»-ро дар сатҳи коршиносони варзидаи ин ташкилоти байналмилалӣ мав­риди муҳокима қарор диҳем. Вай бо таассуф ёдовар мешавад, ки ҳоло масъалаи «Роғун» ниҳоят сиёсӣ шудааст ва дар бораи он танҳо сиёсатмадорон сухан мекунанд. Вале агар мо тавонем ин масъаларо ба муҳокимаи Ко­миссияи байналмилалӣ оид ба сарбандҳои бузург гузорем, он вақт ба баррасии тарҳи «Роғун» танҳо коршиносон машғул мешаванд ва хулосаи асоснок баровардан имконпазир мегардад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Мурод Аминҷонов — коршиноси Пажӯҳишгоҳи обу обёрии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, Тоҷикистон ҳанӯз шаш сол қабл бо шурӯъи баҳс дар атрофи обанбори «Роғун» Кумитаи байналмилалӣ дар умури саддҳои бу­зург таъсис дода буд, ки феълан қароргоҳаш бинои ширкати «Барқи тоҷик» аст. Ин кумита, ки котибаш Ҳомидҷон Орифов будааст, чанд сол қабл дар Брюссел масъалаи нерӯмандии муқовимати сарбанди «Роғун»-ро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ шинос кардааст. Ба қавли Аминҷонов, сарбанди «Роғун» ҳанӯз дар замони Шӯравӣ дар собиқ Госплани СССР маҳз ба хотири таъ­мини ӯзбекистону Туркманистон бо об дар фасли баҳору тобистон тарҳрезӣ шуда буд. «Агар тарҳи «Роғун» хатаре медошт, ҳамон вақт изҳор медоштанд»,- мегӯяд ӯ.

Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, ки ӯзбекистон тақрибан дар муддати се моҳи гу­зашта дар масъалаи «Роғун» хомӯш буд, вале пас аз изҳори назарҳои мусбати коршино­сони байналмилалӣ дар мавриди обанбори «Роғун» дубора мавзӯи хатарзо будани сар­банди ин обанборро мехоҳад ба таваҷҷӯҳи ҳамагон кашад.

Ҳафтаи сипаришуда вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ эълон кард, ки нахустин агрегати НБО-и «Роғун» пас аз 2,5 сол ба истифода дода мешавад. ӯ ҳамчунин ишорае дошт аз мухолифати ӯзбекистон дар мавриди бунёди «Роғун» ва афзуд, ки ново­баста аз он, ки баъзе давлатҳои ҳамсоя дар сохтмони он монеа эҷод мекунанд, «Роғун» бу­нёд хоҳад шуд. Вай гуфт: «Агар мо ба тамоми иддаои ҳамсояҳо гӯш дода, сохтмони «Роғун»-ро ба анҷом нарасонем, дар оянда вазъи таъмини барқ дар кишварамон боз вазнин­тар мегардад. Таъмини мӯътадили ҷумҳурӣ бо барқ танҳо пас аз мавриди истифода қарор додани НБО-и «Сангтӯда-2» ва марҳилаи авва­ли НБО-и «Роғун» муяссар мегардад».

Илова бар ин, ҳафтаи гузашта Ҳамрохон Зарифӣ — вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти навбатии байниминтақавии вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо — Осиёи Марказӣ, ки дар пойтахти ӯзбекистон баргузор гардид, зимни баромади худ дар мавзӯи энергетика ва муҳити зист афзалияти ҷумҳуриро барои рушди бахши гидроэнерге­тика рӯшан кард.

ӯзбекистон мехоҳад дар Тоҷикистон ба ҷои нерӯгоҳҳои бузург нерӯгоҳҳои камиқтидор сохта шаванд. То ин ки, ба гуфтаи мақомоти Тошканд, риск ё эҳтимоли пеш омадани ка­дом фоҷеае бар асари заминларза ё хушк­шавии рӯдхонаҳои поёноб камтар шавад. Ин пешниҳод аз тарафи ҳайати ӯзбекистон дар нишасти ахири Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо садо додааст.

Бино ба иттилои Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, тайи 20 сол дар манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ беш аз 200 нерӯгоҳи хур­ду миёна сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Аммо сардори раёсати Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон дар умури нерӯгоҳҳои хурду миёна Вайсиддин Саидов мегӯяд, ки теъдоди зиёди нерӯгоҳҳо натавонист талаботи Тоҷикистонро бо барқ қонеъ созад ва феълан Тоҷикистон ба нора­соии 8 миллиард киловатт/соат нерӯи барқ рӯ ба рӯст. Вай афзуд: «Феълан аз рӯи имконоте, ки мо дорем, ҳудуди 17 миллиард киловатт/соат барқе, ки истеҳсол мешавад, нокофист ва боз 8 миллиард кВт соати дигар намера­сад. Танҳо «Роғун» метавонад ин талаботро бароварда кунад».

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносони тоҷик, пешниҳоди сохтани нерӯгоҳҳои хурду миёна аз ҷониби ӯзбекистон танҳо ба хоти­ри он аст, ки Тоҷикистон бо бунёди «Роғун» ба қудрати энергетикӣ дар минтақа табдил нашавад. Коршиноси масоили энергетикӣ Ғуломиддин Сайфиддинов мегӯяд: «Агар ӯзбекистон ҷонибдори сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёна дар Тоҷикистон бошад, чаро чаҳор сол қабл, вақте тарҳи сохтмони як нерӯгоҳи миёнаиқтидор бо маблағгузории Чин дар рӯдхонаи Зарафшон бояд сохта мешуд, мухолифат кард? Ин тарҳ дар 90-километрии Панҷакент буд, ки ҳудуди як миллион доллар арзиш дошт. Чин изҳори омодагӣ кард, ки ин маблағро пардохт намояд. Вале ӯзбекистон мухолифат кард. Ин чӣ маъно дорад? Ин ҷо масъала масъалаи сиёсӣ аст».

Ба қавли мутахассисони тоҷик, беш аз даҳ сарбанди бузург, аз ҷумла садди обанбо­ри Норак дар Тоҷикистон тайи чанд даҳсолаҳо вуҷуд дорад ва то кунун хатаре дар заминаи зистмуҳитӣ пеш наомадааст.

Соли 2010 дар пайи эъломи баёнияе аз ҷониби вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба ин маъно, ки бо истеҳсоли 60 дар сад захираи об дар қаламрави ҷумҳурӣ, Тоҷикистон аз он баҳраи зиёде намебардо­рад, мақомоти ӯзбекистонро асабонӣ карда буд. Ба қавли Ҳамрохон Зарифӣ Тоҷикистон 12,2 фоиз квота дорад, ки бояд барои обу обёрӣ дар қаламраваш истифода кунад. «Аз ин миқдор ҳамасола ҳатто 2 километри мука­аб обро истифода намекунад ва ин об ройгон ба кишварҳои поёноб ҷорӣ мешавад. Ҳаҷми обанбори «Роғун» тақрибан 13 километри мукааб обро ташкил мекунад ва дар давоми 15 то 17 сол пур карда мешавад. Дар сурати пур кардани ин обанбор Тоҷикистон ҳар сол 1 километри мукааб обро истифода мекунад, ки аз квотаи муқаррарӣ се баробар камтар аст, яъне Тоҷикистон ягон қатра оби зиёдатӣ дар инҷо намегирад»,- гуфтааст ӯ. Вале Вазо­рати корҳои хориҷии ӯзбекистон ба гуфтаҳои Ҳамрохон Зарифӣ дафъатан вокуниш карда буд.

Соли гузашта донишманди заминшинос Георгий Кошлаков иддаоҳои ӯзбекистон оид ба таҳдидҳои экологии нерӯгоҳи «Роғун»-ро бепоя хонда буд. Вай мегӯяд, ки Тошкандро дар асл на масъалаи хатарҳои сейсмикиву муҳитзистӣ ва ё эҳтимоли рахнаи обанбор дар ташвиш мегузорад. Масъала дар он аст, ки ӯзбекистон намехоҳад Тоҷикистон васи­лаи муҳими бастани роҳи обро бар фарози рӯдхонаи Вахш дар ихтиёри худ бигирад.

Георгий Петров — мудири шӯъбаи ташхисгоҳи гидроэнергетикаи Донишгоҳи масъалаҳои об, гидроэнергетика ва эколо­гияи Академияи илмҳои Тоҷикистон дар як сӯҳбаташ соли гузашта гуфт, ки Тоҷикистон дар сурати бунёди «Роғун» метавонад ба таъсиргузорӣ дар тақсими захираҳои об дар Осиёи Марказӣ қодир шавад, вале на ба андозае, ки мақомоти ӯзбекистон воҳима мекунанд ва мардуму кишварҳои дигари минтақаро метарсонанд. «Ба назари ман, сиёсатмадорон, на муҳандисон ба Ислом Каримов, ки мутахассиси ин соҳа нест, расо­нидаанд, ки «Роғун» ӯзбекистонро беоб мегу­зорад, ба ӯ рақамҳоро нагуфтаанд, балки ӯро мӯътақид сохтаанд, ки «Роғун» зарар дорад. Ин масъалаи ҷиддӣ аст, дар онҷо на муҳандисон, балки сиёсатмадорони касбӣ нишастаанд, аммо дар инҷо муҳандисону мутахасси­сони соҳа лозиманд, ки ба раиси ҷумҳури ӯзбекистон воқеъиятро бирасонанд»,- иброз доштааст ӯ.

Аз як сӯ ӯзбекистон бо баҳонаи камшавии об намехоҳад «Роғун» бунёд гардад, аз ҷониби дигар Тоҷикистон гирифтори бӯҳрони энерге­тикист ва бидуни сохтани «Роғун» ин мушкилӣ бартараф намешавад.

Аз рӯи ҳисоби коршиносон дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон захираи зиёди нефту газ надорад, ки боиси пешрафти иқтисод гардад. Захираи ангишт кам нест, вале барои коркарду мавриди ис­тифода қарор додани он маблағ ва хароҷоти зиёд лозим аст. Энергетикаи шамолӣ дар Тоҷикистон заминаи ҷиддии рушдро доро нест. Энергияи офтобӣ танҳо барои истифодаи асбобҳои маишӣ ба кор меравад. Масъалаи коркарди энергияи атомӣ, аз ҳисоби уран дар ҳоли ҳозир ба мушкилиҳо рӯ ба рӯст. Аммо ис­тифодаи захираи обӣ барои истеҳсоли энер­гия камхароҷот ва муфид маҳсуб мешавад, ки Тоҷикистон чунин захираро дорад. Вале проблема дар он аст, ки кишвари ҳамсоя намехоҳад мо аз он баҳра бардорем. Чӣ кор бояд кард? Боз аз истифодаи манбаъҳои ди­гар оё ӯзбекистон монеа пеш намеорад? Чун ин кишвар ҳамеша ва ҳама ҷо сари роҳи Тоҷикистон меистад ва гӯиё ӯзбекистон кор­манди «ГАИ» бошаду Тоҷикистон ронанда ва бо баҳонаҳои бофтаву сунъӣ, ки гӯё қоидаи роҳро вайрон кардааст, ҳар дафъа боздошт ва «штраф» кардан мехоҳад. Дар ин ҳол ронанда андеша мекунад, ки «доля» надода гузаштан хавфнок аст, мабодо «подставит» накунад. Дар байни кормандони «ГАИ» дилсӯзаш ҳам ҳасту бераҳмаш ҳам, вале ин «ГАИ» аз кадо­маш бошад?

Иқболи САИДЗОД ,

БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: