Главная > Uncategorized > «Уртадуғу» ва литсейҳои туркӣ чӣ мехоҳанд?!

«Уртадуғу» ва литсейҳои туркӣ чӣ мехоҳанд?!

Пас аз «хомӯшии кӯтоҳмуддат»-и расонаҳо вобаста ба литсейҳои туркии («тоҷикӣ»-и,- шояд барои он, ки дар Тоҷикистонанд) кишвар, чанде қабл боз гӯшамон аз бонги изтироби иддае аз равшанфикрону равшанзамирони тоҷик, онҳое, ки аз таҳти дил пешрафти илму дониш, обрӯву тараққии Ватанро мехоҳанд ва болотар аз ҳама, намехоҳанд миллаташон фармонбардори миллату кишвари ғайре гардад, «бод» ёфт. Аҳсан ба ин қабил дӯстдорони миллату ватани хеш, ки новобаста аз «хоҳиш»-и як идда аз бепарвоён, нисбат ба тақдири майҳан бонги изтироб дармедиҳанд, то «илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» гардад ва насли ҷавони мо бидонад, ки бепарвоӣ ба куҷо мебарад…

Ин дафъа бонги изтиробро яке аз фарзандони ҷонсӯзи мил­лат, омӯзгори равшанзамир Зиёратуллоҳи Назрулло дардод. Ҳамин хел ҳушдорро 11 сол қабл фарзандони сарсупурдаи тоҷиқ, он фарзонамардоне, ки хизмати со­фдилонаашон барои имрӯзу фардои мо кам нест: Муҳаммадҷон Шакурӣ, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Раҳим Масов, Валӣ Самад, ӯрун Кӯҳзод, Муҳаммад Ансор, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Низом Қосим ва даҳҳо рӯзноманигору равшанзами­ри тоҷик дода буданд. Вале сабаб чист, ки дар ин росто кор на ба фои­даи аксарият, баръакс шуд: тарғибу ташвиқи литсейҳо бештар гардид!

Пурсида мешавад, ки «чаро су­хани ин ашхоси барӯманди тоҷики ҳеҷ литсею таълимдиҳии турконро намехоста, ки тамоми миллати фор­су тоҷик дӯсташон медорад ва боз ин талаби на танҳо онҳо, балки аз 99,9 фисади миллат аст, нагузашт?!». Магар бе литсейҳои туркӣ милла­ти сарбаланди мо (ки соҳибилмию соҳибфарҳангиаш ҳазорсолаҳост) дар ин асри хеле бедорӣ ва пеш­рафти илму техника, интернету ком­пютер бесавод мемонаду роҳгум мезанад?

Ҷопониҳову чиниҳо, фаронса­вию инглису русу немисро литсейҳои туркӣ ба пешравиҳо расониданд?! Агар дар кишвари мо даҳҳо ва садҳо литсею интернатҳои чиниву русиву ҷопонӣ ва эрониву немисӣ мебу­данд, ҳеҷ Зиёратуллоҳи Назруллову академикҳои мӯҳтарам овоз баланд намекарданд. Зеро бе шарҳу эзоҳ ҳам ҳамагон медонанд, ки ин мил­лату кишварҳо хеле пешрафта шуда­анд ва то ҳол аз ҷониби ин давлатҳо ҳам нашунидаем, ки бигӯянду дар рӯзномаҳояшон ба табъ расонида бошанд, ки «Тоҷикон дар Тоҷикистон 35%-ро ташкил медиҳанд. Ва бино­бар ин номгузории Тоҷикистон ба ин кишвар як хатои бисёр ҷиддӣ мебошад. Ба сухани дигар, номи Тоҷикистон муносиби ин кишвар нест. Номи онро дигар кардан лозим аст» («Уртадуғу», Истанбул, 7.2.1996).

Шунидед, бародарони ҷонибдори литсейҳои туркӣ ва он «илмдӯстоне», ки фарзандонатон дар литсейҳои туркӣ ва ватани ин «номивазкунан­даи Тоҷикистон» «сабақ» мегиранд?! Акнун фаҳмидед, ки «Уртадуғу» ва хешу ақрабояш чӣ мехоҳанд?! Ния­ти имрӯзиёнашон низ чун пантурки­стони «дирӯзаашон» ҳеҷ тағйир на­ёфта, танҳо шаклу методи дигар ба худ гирифта! То дараҷае аз худ раф­таанд («Уртадуғу» ва ҳамтабақонаш), ки миллати тоҷикро дар Ватанаш ақаллият меҳисобанду номи кишва­ри моро шунидан намехоҳанд.

Оё мо суханҳои ватанпарварона ва миллатдӯстонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро фаромӯш кар­даем, ки ҳамеша моро ба ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ даъват мекунанд?! Магар «зиракию ҳушёрии сиёсиа­мон» ҳамин аст, ки мову ватана­монро «чунин эҳтиром мекунанд»-у хомӯшем?!

Зиракию ҳушёрии сиёсӣ маҳз ба ҳамин маъност, ки дар ҳар куҷое ҳастем, миллату ватанамонро дӯст дорем, дар ҳифзу нигаҳбонияш бо­шем, нагузорем, ки хоҳ дар дохил ва ё хориҷ аз он миллату ватани моро нодида бигиранд ва нисбаташ беэҳтиромӣ намоянд.

Боре дар як навиштаам гуфта будам, ки «литсейҳои туркӣ вазифаа­шонро ба анҷом расониданд. Зеро он айёме, ки дар ватан носозгориҳо буд, инҳо омада ба мо компютер нишон доданд, забон омӯхтанӣ шу­данд. Акнун, ки компютеру нуқтаҳои забономӯзӣ сари ҳар қадам ҳаст, ҳоҷати «сарагардониҳои» ин литсейҳо нест. Зеро барои дар ин литсейҳо хондан маблағи бештар зарур асту бас ва танҳо медалҳисобкунӣ».

Аз як чизи дигар дар ҳайратем, ки чаро литсейҳои туркиро литсей-интернат номгузорӣ кардаанд. Ҳар касе даврони шӯравӣ кору зиндагӣ кардаасту иддае дар интернатҳо ба камол расидаанд, медонанд, ки «интернат» ҷоест, ки бояд ҳам таҳсили ройгони илму дониш ва ҳам сарулибосу зиндагии бофароғати муҳассилинро фароҳам оварад. На ин ки номаш «интернату» маблағаш аз ҳисоби хонандагон. Литсейҳои (интернатҳои) туркӣ (тоҷикӣ) чӣ?! Шунидаем, ки дар инҷо конкурси «сахти» қабул мешудаасту хонан­дагон ба маъмурияти «интернат» маблағи барои тоҷик «баланд» месу­поридаанд. Шояд интернатҳои «за­мони бозоргонӣ»-аш чунин бошанд ва ё дар Туркия дар он мактабҳое, ки хонанда пул месупорад, барои шабро онҷо рӯз кардан «интернат»-ашон меноманд?! Ва боз: ҳамин вожаи «интернат»-ро дар Туркия чӣ мегуфта бошанд ва ё тоҷики «доное» ба онҳо фаҳмонидааст, ки: агар «ин­тернат» номгузорӣ бикунед, талабго­ронатон бисёр мешаванд?! Ҷавоби ин норӯшаниҳоро аз масъулини Вазорати маориф ва соҳибони ин литсейҳои туркӣ шунидан мумкин аст.

Аз он боз дар ҳайратем, ки ин литсейҳои «хеле таърифӣ» шахсӣ будаанд. Модоме, ки ин литсейҳо шахсӣ бошанд, вазоратҳои маори­фи Туркия ва Тоҷикистон атрофи ин литсеҳо чӣ гуфтузор мекунанду қарордодҳои нав ба нав мебан­данд?!

Вақте ҳамин навиштаи «Уртадуғу»-ро дар мавриди «35%-и тоҷикон дар Тоҷикистон ва иваз на­мудани номи бузурги Тоҷикистон» хондам, дар ҷавоб надонистам, ки ба «Уртадуғу» чӣ гӯям. Агар мухбир ва ё сармуҳаррири ин рӯзномаи ҳангоматалаб наздам мебуд, медо­нистам, ки чӣ посухи обдоре гӯям!! Аз ҷумла мегуфтам, ки: «Вақте милла­ти форсу тоҷик буду Мавлонои Балхӣ бо авлоду аҷдодаш, «Уртадуғу» дар олам набуд ва авлоду аҷдодашро касе намедонист! Агар «Уртадуғу» ва кормандонаш савод медоштан­ду ҷаҳонбинии каме фарохтар ва аз пеши фукашон дуртарро дида­анд, менавиштанд, ки: «Тоҷикон на ин ки дар Тоҷикистон аксариятанд (70-80 фисад, шояд аз ин бештар), балки дар Узбекистону Афғонистон миллионҳоянд, дар Русия наздики миллион, дар Қирғизистону Тур­кманистону Қазоқистон ва Эрон даҳҳо ҳазор ва бештар, дар аксар кишварҳои олам зиндагиву кор ме­кунанд. Пас бо ин шумор ва исми хеле қадимии ТОҶИК кам будаан­ду исми Тоҷикистон «ҷиддӣ» нест?! Вале чӣ гӯем, ки «ҳамон пантур­кистони дирӯзаанд имрӯз ҳам, ки мақсадашон дигар нашуда!».

Пас аз ин рафтори «Уртадуғу» ва литсейҳои «шахсии» туркӣ, ки соҳибонашон авлодони ҳамин «Уртадуғу» ҳастанд, донишмандони тоҷик, аз ҷумла Зиёратуллоҳи На­зрулло ва академикҳои мӯҳтарами мо бояд чик ор кунанд?

Мехоҳем бори дигар таъкиди ҳамон фарзонамардони миллатро нисбат ба литсейҳои туркӣ, ки як даҳсола пештар ҳушдор дода буданд, ёдрас шавем: «Азбаски фаъолияти литсейҳои Туркия дар Тоҷикистон ошкоро хилофи манфиатҳои мил­лати тоҷик ва давлати Тоҷикистон ҳастанд, ин литсейҳо баста ша­ванд. Кори ин литсейҳо ва мақсади таъсисдиҳандагони онҳо ислоҳпазир нест. Ягона чора манъи фаъолияти онҳост».

Магар аз ин ашхоси дунёдидаву хеле бофарҳангу пурдониши тоҷик, ки академику олими забардаст, шоирони шаҳиру рӯзноманигори ҳақиқатнигор буданду ҳастанд, возеҳу равшантар гуфта метаво­нем?

Мақсад: Зарурати ин литсейҳо, ки шояд ду даҳсола пештар «зарур буданд», имрӯз аз байн рафтааст. Яъне, насли нави тоҷикро бигузо­рем, ки арзонтару «бе проблема­тар» дар дигар таҳсилгоҳҳои дохил ва хориҷ аз донишу биниши имрӯза бархӯрдор гарданд.

Бо давлати Туркия дар дигар ҷабҳаҳо — иқтисоду саноат, тибу энержӣ, фарҳангу илм ва дигар соҳот ҳамкориҳои густурдаро дар асоси баробарӣ ва манфиат ба ҷонибҳо ба роҳ мондан ҳеҷ касеро ба ташвиш намеорад, баръакс, иқтидори киш­вари мову ҷониби дигар болотар меравад. Асоси ба ташвиш афтода­ни зиёии рӯшанзамири тоҷик воба­ста ба вазъи илму донишомӯзонии литсейҳо сабақи талхи таърих аст, ки мо бояд аз он канора биги­рем ва бепарво набошем. Аз рӯи мушоҳидаҳо аён мегардад, ки «та­кудави» меҳмонони туркӣ аз дигар самтҳо дида, дар литсейҳояшон (интернатҳо) зиёдтар аст. Чаро?! Ба касе пӯшида нест!

Барои мисол, ман дар мақолае вобаста ба бародарони дар Душан­бе ошхонадоштаи турк, дақиқтараш ба қаҳвахонае, ки унвонаш «Мерем» аст (дар хиёбони Рӯдакӣ) сарлавҳа гузошта будам: «Ба «Мерем» турку англису рус меравад?!». Шояд хонан­даи хушзеҳн пай бурд, ки ҳадаф чист. Дар ин қаҳвахона, ки сарваронаш танҳо туркҳо буданд (шояд имрӯз ҳам онҳоянд), аз мизтозакун то ошпазаш тоҷиконанду мизоҷонаш ҳам беш­тар зиёиву донишҷӯи тоҷик аст, вале «меню» (дархостнома)-аш соф ба туркиву русиву англисӣ буду халос. Ҳатто вожаякеро дар он варақчаҳо бо забони бузурги тоҷикӣ-форсӣ пайдо намекардем. (Пас аз чопи мақола забони тоҷикиро то андозае ҷой доданд, аммо намедонам алҳол аҳволи забони мо дар «Мерем» чи гуна аст). Ин амали бародарони тур­киро, ки боз барои бой шудан ба Ду­шанбе омадаанд, чӣ баҳо диҳем?! Оё онҳо ин корашонро дар дигар давлат, масалан дар Эстония ва ё Молдоваи хурдакак анҷом дода ме­тавонанд? Бовар дорам, ки агар дар ин давлатҳо «бегонапарастӣ» мекар­данд, рӯзи аввали корашон «каф­шашонро пеш мегузоштанд». Дар мо чӣ? Забон «таги по», ҳама хапу хомӯш. Ин миллатдӯстиву ҳуввияти мост? Дар ватани худамон, ки за­бонамонро чунин эҳтиром доранд, дар хориҷ моро касе писанд ме­кунад?! Пас, магар ин беэҳтиромӣ ба ин марзу бум, ба ин кишвару ин миллат аз сӯи бародарони турки «Мерем» набуда, чист? Чаро ин ав­лодони Отатурку «Уртадуғу» аз обу хоки мо нафас мекашанду дар сар­замини мо маблағи бештар пайдо кардан мехоҳанд, аммо нисбати за­бонамон инқадар хунуканазаранду мижаашон таҳ намехӯрад? Ҷавоби шумо куҷост, онҳое, ки аз литсейҳои ин ҷанобон пуштибонӣ мекунед ва фарзандонатон аз чунинҳо «сабақ» мегиранд?! Пас, таъкидҳои Сарва­ри давлат — «аз даст надодани зира­киву ҳушёрии сиёсӣ» ва вокуниши равшанзамирони тоҷик вобаста ба литсейҳои туркӣ, ки Зиёратуллоҳи Назрулло аз ҷумлаи онҳост, бесабаб аст?

Бовар дорам, ки пас аз мо даҳҳо ва садҳо миллатдӯстони ашаддии тоҷик низ дар мавриди литсейҳои туркӣ, ошхонаву чойхонае, ки «ше­фашон» турки меҳмон асту нисбати забони мо беэҳтироманд, хоҳанд гуфт, навишт ва «бонги изтироб» зад.

Дар ҳамин ҳол ҷониби Вазорати маориф Тоҷикистон ҷойе қайд ме­кунад, ки «мактаби байналмилалӣ (шояд ҳамин литсейҳо) барои фар­зандони корпусҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои хориҷии дар Тоҷикистон амалкунанда таъсис дода шудааст». Пас, модоме, ки чунин аст, чаро пайваста ин литсейҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо «эълони қабул», яъне даъ­вати тоҷикписаронро (духтаронро) ба нашр мерасонанд, ки биёед, чунин дониш мегиред, забонҳоро меомӯзед, техникаи ҳозиразамонро аз худ мекунед?… Магар ин «даъватҳо» ба ташкилотҳои хориҷӣ ва корпусҳои дипломатӣ дахл доранд ва ё ба хонандаи илмдӯсти тоҷик?

Аз шунидани кушодашавии мак­таби байналмилалӣ дар Душанбе, ки имкон дорад дар он фарзандони мардуми Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон таҳсил намоянд, ҳамагон шод шуданд. Бовар дорам, ки дар ин мактаб ҳам фарзандони ин се миллати ҳамзабону ҳамкеш аз тех­нологияи ҳозиразамон бархӯрдор мегарданд ва забонҳои асосии за­мони муосирро меомӯзанд.

Мактабҳоеро ба мисли филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ кардан лозим, на литсейҳои (интернатҳои) шахсӣ ва он ҳам туркиро, ки «меда­лашон» бисёру номашон «байнал­милалист», вале ҳосилашон = ?

Дар ҳолате, ки «литсейҳои туркӣ шарафи мактаби тоҷикро баланд ме­бардоранд!», ҳазорҳо мактаби тоҷик куҷост, то ба умеди дигаре нашуда, худ шарафи худро боло бардоранд? Соҳибназарон ва он ашхосе, ки ба мактабу маорифи тоҷик дилсӯзанд, чӣ мегуфта бошанд, пешниҳоди онҳо чист, чӣ бояд кард? Мегӯянд, ки «ҳақиқат дар баҳс ошкор гардад». Шояд пас аз баҳси бародаронаву дилсӯзона» ба як қароре биёем, ки ба манфиати миллати сарбаланду давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳал гардад. Некбинем ва боқӣ, ба ҳамагон ҳушёриву зиракии сиёсиро таманно дорем!

Неъматуллои НУУЛЛО, рӯзноманигор

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: