Главная > Uncategorized > Аз девлохон то Қрим

Аз девлохон то Қрим

Абдулвосеъ Хоҷаев соли 1953 дар деҳаи Девлохони ноҳияи Нуробод таваллуд шудааст. оиладор. Соҳиби панҷ фарзанд. пеш аз марг модари Абдулвосеъ ба занони ҳамсоя ва дугонаҳояш илтиҷо намуда гуфт, ки писари ӯро гурӯсна ва бенаво намонанд. ӯро нигоҳубин кунанд, шикамашро сер намоянд. Бо ҳамин суханон ӯ аз олам даргузашт.

Рӯзгори сахти бемодарӣ ба сари Абдул­восеъ афтод. Падар гарчанде ки ӯро дӯст медошт, аммо аз тарси ҳамсари наваш, мо­дарандари Абдулвосеъ ягон сухан гуфта наме­тавонист ва ҳамеша дар хона набуд. Чуноне мардуми шарқ мегӯянд: «Мард ҳамеша берун аз дар аст».

То андозае модарандараш ӯро бад медид, ки кӯдак ҳатто як бурда нонро, ки падараш ё ҳамсоягон ба ӯ медоданд, ё берун аз хона, дар кӯча ё таги девор истеъмол менамуд ё дар хона таги кӯрпаи рахти хоб. Вой аз он рӯзе, ки модарандар ин корро бинад!!! Рӯзи сиёҳи кӯдаки ятим!!! Абдулвосеъ хӯроки гарму серро танҳо дар хонаи ҳамсояҳо, холаҳояш ва дугонаҳои модари раҳматиаш медиду халос.

Боре падараш барои ба мактаб рафтан ба ӯ мӯзаи резинӣ харид. Модарандар мӯзаҳоро дида, зуд аз дасти кӯдак кашида гирифт ва ӯ пойлуч мисли пештара ба мактаб бо либосҳои даридаю кӯҳна мерафт.

Ҳангоми марги модар Абдулвосеъ якуним сол дошт. Ҳамин тавр бо як азобу машаққат Абдулвосеъ ба воя расида, мактаби миёнаи деҳаашро хатм менамояд. Пас ба Душанбе омада, ба Омӯзишгоҳи савдои пойтахт до­хил мешавад ва дар соҳаи савдо фаъолияти меҳнатии хешро оғоз мекунад. Солҳои 1971-1973 дар сафи урдуи Шӯравӣ, дар минтақаи Забайкалск, шаҳри Кяхтаи Бурятия дар бата­лиони сохтмончиён хизматро ба ҷо меорад. Пас аз бозгашт ба ватан ба Дилбар — бонуи Душанбегӣ хонадор мешавад. Се фарзанди нозанини дустрӯяк аз онҳо ба дунё меояд. Ду духтар ва як писар. Гӯё зиндагӣ, толеъ акнун ба рӯйи Абдулвосеъ хандида бошад. Аммо ин хурсандӣ дер давом накард. Дилбар зани пок­доман набуд. ӯ шабгардӣ ва тарабхонагарди­ро дӯст медошт. То ҷое ки на танҳо модар ва Абдулвосеъ аз ин кирдори ӯ бохабар буданд, балки ҳамсоягон ва мардуми гузари онҳо ҳама медонистанд. Суханони модар, хешо­вандон ва шавҳар ба ӯ таъсире намекарданд. Аз ин сабаб Абдулвосеъ маҷбур шуд, ки ба духтари холааш хосгор фиристонад. Аз ин кор Дилбар хабардор шуда, кори онҳоро вайрон менамояд. Пас Абдулвосеъ аз нангу номуси мардум шуда, роҳи Русияро пеш мегирад.

Аз сабаби он, ки ӯ аллакай солҳои баъд дар Роҳи оҳани Тоҷикистони Шӯравӣ кор кар­да буд, дар Маскав ӯро дар Роҳи оҳан ба си­фати роҳбалад ба кор қабул менамоянд.

Танҳо гӯё толеъ ба ятимон, махсусан на танҳо ба Абдулвосеъ, балки мисли ӯ барин ба бисёре аз мардикорони тоҷикистонӣ чунин навишта бошад, ки дар ғурбат бахти хешро меёбанд.

Шиносоӣ бо Татяна барои қаҳрамони мо муваққатӣ набуд. Пас аз як соли дароз, ки паси ӯ шабу рӯз мегашт, Татяна розигии ху­дро дод. Онҳо ба Қрим ба назди волидайни Татяна омаданд. Падару модари Татяна вакте Абдулвосеъро диданд, ба онҳо писанд афтод, чунки на шароб менӯшиду на сигор мекашид. ӯро ҳамчун фарзанд қабул намуданд ва ҳамаи хароҷоти тӯйро ба гардани хеш гирифта, ҳатто ҳуҷраи дуутоқӣ ба навхонадорон тӯҳфа наму­данд. Дар рӯзи тӯйи онҳо волидайни арӯс на танҳо аз тарафи духтари хеш буданд, инчунин ҳамчун падару модари Абдулвосеъ худро ни­шон медоданд ва ба онҳо аз сидқи дил дуо доданд.

Агар марду зан якдигарро дӯст доранд, аз онҳо фарзандоне ба дунё меояд, ки ҳам дар ҳусну ҷамол беҳамто ва ҳам дар дониш беандоза ва чунин ҳам ҳаст. Татяна дини му­бини исломро қабул менамояд ва пас аз тӯй аз онҳо ду фарзанди зебои ҳам дар ҳусн ва ҳам дар дониш беҳамто — Тоҳиру Зӯҳро ба дунё меоянд. Тоҳир ҳоло дар хизмати ҳарбӣ асту Зӯҳро ҳам мехонад ва ҳам кор мекунад. Тоҳир пас аз хизмати ҳарбӣ боз таҳсилашро давом доданӣ аст. Холаи Таҳмина (Татянаро чунин номи нав додаанд) бо акаи Абдулло (Аб­дулвосеъ) ният доранд, ки фарзандони онҳо аз миллати хеш ҳамсари ояндаи хуро интихоб намоянд. Яъне ба тоҷик хонадор шаванд. За­бон ва урфу одати миллии аҷдодони хешро фаромӯш накунанд.

Вақте кас аз назди ҳавлии акаи Абдулло ва холаи Таҳмина аз минтақаи Боғчасаройи Қрим мегузарад, ҳатман аз кулчаҳои гарму болаззат ва таомҳои гунонгунраги миллии тоҷикии холаи Таҳмина бенасиб намемонад.

Акнун қаҳрамони мо — Абдулло ҳама шароитҳои рӯзгорро дорад. Хонаи гарми ҳозиразамон, ҳамсари ғамхору сахӣ, фар­зандони зебою соҳиби илм. Аммо як чиз ба ӯ намерасад? Ватан! Ватан! Ватан! Ғарибӣ ба ҳар ҳол ба кас таъсири манфии хешро мера­сонад. Аз таҷрибаи рӯзгори хеш мушоҳида намудаам, ки дар кадом гӯшаю канори олам, ки берун аз ватан кас кору зиндагӣ намояд, ӯ ҳеҷ касе нест ва касе шуда наметавонад. Бе ватан, бе наздикон, бе дӯстону хешовандон ҳама чиз ҳеҷ аст.

Амири беватан хору зарир аст,

Гадо гар дар ватан мирад, амир аст.

Бо вуҷуди он, ки акаи Абдулло ҳамаи ша­роити зиндагиро дорад, аммо аз сӯҳбат бо ин шахс кас пай мебарад, ки заҳри ғарибӣ дар чеҳраи ӯ намоён аст. Вақте намоз мегузорад, ҳамеша аз даргоҳи Худованд талаб менамо­яд, ки дар ватани хеш дар назди хешован­дони хеш аз олам гузарад. Ва ният дорад, ки пас аз чанде зиндагӣ дар Қрим боз ҳамроҳи ҳамсараш ва фарзандонаш ба ватан баргар­данд.

— Зиндагии олами ғарб аз олами шарқ фарқи калон дорад,- мегӯяд акаи Абдулло. Ҳар касро ояндааш аз худаш вобаста аст, аз рафтораш. Рафтори хуб дошта бошӣ, касе ба ту кордор намешавад. Дар куҷое, ки набошӣ, ҳурмату эҳтиромат менамоянд.

Зани шарқ аз бонуи ғарб зеботар ва хубтар аст. Аз он ҷиҳат, ки занони ғарб майпарастӣ бисёр менамоянд, шарму ҳаё надоранд. Бо­нувони шарқ ҳамаи ин чизҳоро доранд. Сатр мепӯшанд. Сатр — ин асоси устувории оила ва давомнокии муҳаббати абадӣ аст. Ҳамсари акаи Абдулло — холаи Таҳмина ҳамаи сифатҳои зани шарқро дорост.

Вақте аз акаи Абдулло пурсон шудем, ки чаро мехоҳад ба Тоҷикистон равад, чунин посух дод: «Дар хонаи апаам меҳмон будам. Апаам ба ман гуфт, ки ҳамаи он давлату сав­лати Шумо ба кӣ даркор аст, ки на хешу табор бинад, на ёру дӯстон? Дари хонаи Шуморо кӣ мекушояд? Ин суханон ба ман бисёр сахт таъ­сир намуданд. Ва ман ба ҳамаи муҳоҷирони тоҷикистонӣ гуфтаниям, ки дар куҷое ки набо­шед, аз миллати хеш ҳамсар интихоб намоед ё ки ғайр бошад, ба дини аҷдодии хеш даро­ред ва ватанро аз хотир дур насозед. Ҳамеша бо ёди ватан зиндагӣ намоед. Дӯст доштани ватан ин яке аз ҷузъҳои эмон аст».

Аз рӯзе каналҳои телевизиони Тоҷикистонро дар хориҷ нишон медиҳанд, акаи Абдулло ҳамеша онҳоро тамошо меку­над, ки ин боз ҳам робитаи ӯро бо Тоҷикистон мустаҳкамтар менамояд. Аз осори Турсунзо­даю Гулрухсор, Бозор Собиру Лоиқ, аз класси­кон — Ҳофизу Саъдӣ, Ҳилолию Мавлавиро зам­зама намуда, бисёр дӯст медорад. Таронаҳои дилнишини Дӯстмурод, Зафар Нозим, апаи Нигина ва Кории Ёвониро писанди хеш медо­над. Махсусан дар мавзӯи ғарибӣ бештар.

— Одами ғариб аз мурда дида бадтар аст, мегӯяд акаи Абдулло.- Хуб мешуд ки ҷавонони мо дар ватани хеш кору фаъолият намоянд. Як бурда нони хушки ватан беҳ аз зиндагии шоҳонаи ғарибӣ аст. Ва ғазали Ҳофизро ёдо­вар мешавад:

Намози шоми ғарибон чу гиря оғозам,

Ба мӯйяҳои ғарибона қисса пардозам.

Ба ёди ёру диёр ончунон бигирям зор,

Ки аз ҷаҳон раҳу расми сафар барандозам.

Ба ҷуз сабою шамолам намешиносад кас,

Ғарибам ман, ки ба ҷуз бод нест дамсозам…

Дар охир, акаи Абдулло ба ҳамаи ҳамдиёрони тоҷикистонӣ, хонандагони арҷманд рӯзгори хуш таманно дорад!

Шояд саргузашти талху ширини акаи Аб­дулло барои дигар ҳамдиёрони мо заррае ҳам бошад, дарси адаб гардад.

Мирзо АСОЗОДА,

Украина

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: