Главная > Пӯлод Абӯев > Барқия ба «Барқи Тоҷик»

Барқия ба «Барқи Тоҷик»

Пур аз афсонаҳоӣ, «Барқи Тоҷик»,

Ба ваъда бевафоӣ, «Барқи Тоҷик».

Сияҳ ҳарҷо ба чашмонат сап-сафеде,

Ва ё баръаксиҳоӣ, «Барқи Тоҷик».

Ҳақиқат дар вуҷудат мурғи анқо,

Дурӯғеро ҳавоӣ, «Барқи Тоҷик».

Зимистон бе яху, ях шуд зимистон,

Аҷоиб барҳавоӣ, «Барқи Тоҷик».

Ҳама хурду калон аз як маҳаланд,

Раисонро расоӣ, «Барқи Тоҷик».

Расид гӯё ба моён ориёндавр,

Ва ё сомон шаҳоӣ, «Барқи Тоҷик».

Бизистан оқилон бе барқу ҳарфе,

Чу Синою Саноӣ, «Барқи Тоҷик».

Надонад мардумон аз кору борат,

Ту дониву худоӣ, «Барқи Тоҷик».

Куҷо шуд обу дарёҳои Помир,

Ба буғу шуд фазоӣ, «Барқи Тоҷик».

Маҳалбозӣ ба авҷи муддао шуд,

Зи адл аз ин ҷудоӣ, «Барқи Тоҷик».

Фақат бар сарвату доллар ҳаме сӯм,

Чу кайҳоништиҳоӣ, «Барқи Тоҷик».

Бимонад миллионҳо дар шаби тор,

Худ аммо дар сафоӣ, «Барқи Тоҷик».

Бидонам хизматат пур аз саволе,

Фақат чуну чароӣ, «Барқи Тоҷик».

Пӯлод АБӯЕВ

Рубрики:Пӯлод Абӯев
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: