Главная > Абдуллоҳи МУҲАҚҚИҚ > Инқилоб барои деҳотиён

Инқилоб барои деҳотиён

Баъди мутолиа ва маърифати мӯҳтавои мақолаи «Садриддин, валӣ ва «дискорақсҳо»-и ҳиҷобпӯшон», ки ба қалами нилуфари Собир мутааллиқ аст ва дар ҳафтаномаи «пайкон», таҳти рақами №11(94), аз 30-юми марти соли 2011 ба табъ расидааст, маро бетараф гузошта натавонист. Зеро нигоранда афкор ва аҳдофи муғризонаи худро нисбати либоси исломӣ дар тасвири «Ду духтари ҳиҷобпӯш» баён намуда, ба мусалмонони диёрамон ҳамчун идона як «дастагули баҳорӣ» тақдим намудааст.

Дискорақсҳо, ки аз фарҳанги фаранги­ён аст ва ҳеҷ рабте ба санъату фарҳанги миллӣ надорад ва ман ҳам ҳеҷ иртиботе ба «муллосанъаткорон ва оимчараққосаҳо»-и дискорақсҳо нахоҳам дошт. Булбул ба гулзору зоғ ба шӯразор ҳавасе дорад.

Нилуфари Собир аз ҷаноби Шафиқуллоҳи Қиём — раиси ширкати «Қиёминтертеймент» ва хонум Мавлуда, ки мавсуфро бе ранҷу заҳмат вориди толор намудаанд, изҳори ташаккур ме­кунад. Чиптадорон дар кашокашу бечиптаҳо бе дарди сар, яъне дузди зӯр соҳиби говро мебандад. Ва иллате, ки имрӯз ҷомеаро фаро гирифтааст, ҳамин сӯиистифодаи ваколатҳо ва «через»-бозиҳои бемаврид аст, ки дар қишрҳои гуногун реша давонидааст. Агар Нилуфари Собир мисли ҳар як шаҳрванд дар даромади кох навбат меистод, косаи сабраш лабрез нагашта, интизорӣ мекашид, инти­зомро дар ҷои ҷамъиятӣ риоя мекард ва бо чашми ибрат менигарист, шояд бисёр манза­ра ва омилҳои манфиеро медиду мушоҳида мекард ва барои бартараф намудани онҳо талош меварзид, ки дигар муштариён дар даромадгоҳи «Дискорақсҳо» «талпа» намекар­данд, беҳуда доду фарёд намекашиданд ва ги­ребони якдигар намегирифтанд. Шояд муш­тариёни дискорақсҳо аз таҷрибаҳои қаблӣ хуб фаҳмидаанд, ки черездорон аз дари мах­сус ворид мегарданд ва курсиҳои нишасти онҳоро мегиранд.

Н. Собир баъди тасвири манзараҳои оғоз ва рафти консерт, ки аз ҷои нишаст маҳрум мемонад, аз ғазаб менависад: «Нохост ду дух­тари ҳиҷобпӯше аз қафои мо омада истоданд. Ҳар ду ба ҳам гап зада, ҳир-ҳир механди­данд. Яке аз онҳо аз қафо ба мо хеле наздик шуда,… рӯяшро аз миёни китфони ману он хо­нуми миёнасоле, ки дар паҳлӯи ман меистод, даровард. Бошиддат нафас кашидан гирифт… он ду духтари ҳиҷобпӯш гап мезаданду ме­хандиданд ва намегузоштанд, ки барномаи ҳунармандонро роҳат тамошо кунам».

Аз баёни андешаи муаллиф бармеояд, ки ду духтари ҳиҷобпӯши аз думболи ӯ рост ис­тода буда дорои ахлоқи ҳасана набудаанд, балки беҳуда гап зада, бемаврид ва бемаънӣ механдиданд ва барои роҳату оромиши мурғи ҳаваси Нилуфари Собир халал ворид сохтаанд, ки нигоранда аз асабоният мегӯяд: «Ҳиҷобпӯшон ҳир-ҳир механдиданд».

Чӣ хеле ки мегӯянд, «уштур каҷии худро намебинад». Нилуфари Собир аз чӣ гуна хан­дидани худ лаб намекушояд. Мавсуф қаҳ-қаҳа ё пичир-пичир хандида бошад, барои хонан­да равшан нест, зеро навъҳои ханда мухта­лиф аст.

Барои тақвияти афкори муғризонааш таъ­кид мекунад: «Духтарони ҳиҷобпӯш аз қафои мо истода ҳамчунон ба шавқ мерақсиданд, ки ҳангоми ҳаракат кардан гоҳе дастона­шон ба китфу пушти мо бармехӯрд… Вақти шом кайҳо фаро расида буд, аммо дугонаҳои хиҷобпӯши мо хондани намози шомро ҳатто ба хотир намеоварданд. Ман ҳам шӯхиомез ба Насруллоҳ гуфтам: «Ин хонумҳо кай на­мози шомро мехонда бошанд?». Насруллоҳ хандида, ҷавоб дод: «Имрӯз намозро қазо мекунанд».

Аз мӯҳтавои матлаби фавқ бармеояд, ки духтарони ҳиҷобпӯши раққоса аз таълимоти Ислом бехабар буда, дар чунин дискорақсҳо ширкат варзида, рақсидаву хандидаанд. Парҳезгорону ҳиҷобпӯшони воқеӣ дар чунин «талпаҳ»-и зану мард якҷоя мерақсидагӣ гом намениҳанд. Ҳиҷобпӯшони раққоса чӣ муно­сибате ба намози шом доранд, ки нигорандаи мӯҳтарам аз он нигаронӣ кардааст?

Аммо кӯргиреҳ нокушода ва муаммои сарбаста барои ман боқӣ мемонад, ки Нилу­фари Собир ва Насруллоҳ худ намози шомро хонда бошанд, агар намоз мехонда бошанд? Агар намоз хонда бошанд, дар куҷо хонда бошанд? Насруллоҳ муллоимом ва Нилуфари Собир муқтадӣ ва ё баръакс Нилуфар пешда­рову Насруллоҳ муқтадӣ буд? Агар дар намоз Нилуфари Собир муллоимом гашта бошад, ба бародар Насруллоҳ дар асоси талаботи ҳуқуқи исломӣ тавсия медиҳем, ки намози аз қафои Нилуфари Собир хондаашро аз нав иродат намояд ва қазо бидорад! Зеро аз гуфтори Н. Собир бармеояд, ки ӯ дар тан либоси шаръӣ надошта, тарки фарзи Худованд кардааст. Ба ибораи халқӣ: «Беизор ба почаканда механ­дад».

Нахондани намози он ду хонуми ҳиҷобпӯш ва аксарияти дар толор буда, ки ба фикри мо онҳо низ худро мусалмон медонанду аз дини Ислом пайравӣ мекунанд, мавриди ришханд ва масхараи нигорандагон намегашт, балки мавсуфро сари андеша меовард, ки садҳо аз хоҳарону бародарони мусалмон дидаву дони­ста ва ё аз нодонӣ фароизи Илоҳиро барои чӣ нодида мегиранд? Намоз намехонанд? Балки дар вақти фаро расидани намоз мерақсанд, каф мезананд ва механданд? Чаро тарки на­мози шом кардаанд?

Зеро аз нигоштаи Н. Собир бармеояд, ки кулли дар толор ҳозир будагон хондани намози шомро тарк намуда, савту суруди Садриддину Валӣ ва рақсидан, каф задан ва хандидани худро аз хондани намози мағриб муқаддаму арзишманд донистаанд.

Аз ҷониби худ ба Нилуфари Собир мегӯям, ки на ҳама духтарони замони муо­сир ба хотири Худо ва риояи принсипҳои ҳуқуқи Исломӣ либосҳои сатрӣ мепӯшанд ва иффату покии худро аз чашми гургсифа­тони лаззатҷӯ ва ишратпарастони шаҳватӣ ҳифозат мекунанд. Балки баъзе «зониятун зония»-ҳо ва аҷузакони танфурӯш, ки бозори колофурӯшӣ ва танфурӯшиашон дучори га­занди хабоис ва гирифтори фасоду амрози мӯҳлик гардидааст, барои ҷалби муштариёни шаҳватӣ доми тазвир мегузоранд ва ҳиҷоби шаръӣ дарпӯшидаанд, ки риҷоли гумроҳу дурӯғзанро мафтуни худ сохта, бифиребанд ва ба сайри «Гулзори пажмурда»-и махав­хони худ бибаранд. Ва дигар ҳиҷобпӯшони таҳмилӣ ва дурӯғине ҳастанд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва бозору кӯча сайру гашт намуда, тибқи нақшаҳои тарҳрезишудаи пешакӣ ба корҳои зишту нанговар даст мезананд, ки мардум нисбати занони сатрпӯш нафрат пай­до намоянд. Чунин ҳиҷобпӯшон заминаҳои исломбадбинӣ ва исломситезиро дар шуу­ри ҷамъиятӣ пурқувват мекунанд. Занҳои ҳиҷобпӯши мусалмон ҳеҷ гоҳ даст ба фаҳшу ҳаромӣ намезананд ва онҳо дар ҳама ҷо зе­ботирин гулҳои зиндагӣ мансуб меёбанд. На­бояд ба онҳо рашк бурд. Пӯстро аз мағз ши­нохтан айни воқеият аст.

Соле чанд қабл барои ширкат намудан дар тӯи дӯстам ба хонаи ӯ ба деҳаи Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ рафтам. Намози шом фаро расида буд ва дар саҳни ҳавлӣ аксарияти мардуми деҳаи Роҳатӣ, Нилкон ва Моинкаҷ барои тамошо омада, занону хоҳарон дар сафи аввал, дар атрофи майдони рақсӣ ан­дар курсиҳо менишастанд. Майдони рақсӣ аз ҷониби нигаҳбонон мавриди назорат қарор дошт.

Дастархони тӯёна анқариб аз тамоми неъматҳо пур буд. Тамоми навъи хамр ва пиво ёфт мешуд. Зиёда аз 25-30 нафар хону­ми пешхизмат аз тарабхонаҳои шаҳри Душан­бе ба ин ҷо даъват гашта, хизмат мекарданд, ҳама дар тан минюпкачаҳои тангу аврупоӣ доштанд, ки барои духтаракони деҳотӣ аҷоиб менамуд.

Санъаткорон ба монанди Сироҷиддини Фозил, Саъдии Бӯризод, Маликаи Сайид ва чанд тан дигаре дар навбати сурудхонӣ буда, ҳар яке бо худ раққосаҳои худро дошт ва маълум буд, ки байни раққосаҳо рақобат пайдо шуда, ҳар яке мехост, ки дар майдо­ни рақсӣ беҳтар аз якдигар бирақсанд. Баъ­зе раққосаҳо ба назди меҳмонон омада, ба рақс намудан даъват мекарданд ва ҳол он ки, аз даҳони онон бӯи бади хамр хеле хуб ҳис карда мешуд. То панҷоҳ сомон намегириф­танд, ин раққосаҳо тарк намекарданд касро. Ҳар як раққоса балои сари меҳмонон гашта, пул талаб мекарданд. Барои чунин раққосаҳо шарму ҳаё бегона буд. Шояд дар ин маърака шумораи раққосаҳо аз пешхидматҳо камтар набуд. Сурудхонии Сироҷиддину Малика ва рақсидани раққосаҳои онҳо фарқкунанда буд аз дигар санъаткорон. Дар майдони рақсӣ ҳар раққоса бо услуби худ дар ҳолати мастию номастӣ мерақсиданд.

Дар ин маврид баранда ба таърифу га­зоф пардохта, эълон дошт, ки навбатро ба гурӯҳи рақсии «Ваҳдат» медиҳем. Майдончаи рақсӣ аз раққосаҳои Сироҷиддину Мали­ка орӣ гардид. Дар назди баландгӯяк садои суруди арабӣ баланд гашт ва ҳамзамон аз кунҷи майдони рақсӣ се «Духтари ҳиҷобпӯш» вориди майдон гашта, ба рақс намудан оғоз карда, диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намуданд, аз ҷумла хоҳарону модарон ва мӯйсафедонро. Ҳиҷобпӯшони раққоса дар тан либосҳои сафед, сабз ва сурх пӯшида бу­данд. Ҳиҷобпӯшони раққоса бо тамоми санъ­ат мерақсиданду мардум бар онҳо таҳсин мегуфт.

Баранда боз ба таърифу тумтароқӣ пардох­та, дар ин навбат дар майдони рақсӣ колин­чаи се ба чор оварда густурданд. Боз садои мусиқии туркӣ ё арабӣ тавассути баландгӯяк баланд гардид. Ҳамзамон, ғайри чашмдошт ва ногаҳонӣ духтарони ҳиҷобпӯши раққоса бо тани ӯрён вориди майдони рақсӣ гаштанд. Дар тан ба ҷуз синабандак ва нимзерпӯш (турсӣ) дигар чизе надоштанд. Садои ҷавонон ва доду фарёди онҳо баланд гардид. Модарон ва хоҳарон бошанд, чашму рӯи худро ба сари остин ва рӯймол мепӯшонданд.

Синаҳои барҷаста, пеши бари аз барф сафедтар, камари борик ва ронҳои дилкаши марвориди раққосаҳои ҳиҷобпуш, ки ҳоло дар маърази тамошо қарор доштанд, барои деҳотиён як инқилобро мемонд.

Бо тани луч раққосаҳо мерақсиданд ва усулҳои махсуси акрабатикиро иҷро менаму­данд. Гоҳо пойро болои сар боло мекарданд ва гоҳо сарҳои худро аз байни пойҳо мегуза­рониданд. Дар равшании чароғ тани ӯрёни ин раққосаҳо ҷилваи дигар дошт. Маълум буд, ки онон ба тани худ аз кремҳои махсус исти­фода намудаанд.

Дар болои қолинча се дона себ гузоштанд ва раққосаҳои собиқ ҳиҷобпӯш, ки дар ҳоли ӯрён мерақсиданд ва дар тан ба ҷуз синбан­даку турсӣ чизи дигаре надоштанд, моҳирона мисли дол қоматҳои алифмонанди худро хам намуда, аз ҷониби пушти сари худ аз замин себҳоро ба даҳон гирифта, бидуни ёрии да­стон боло мебардоштанд, ки дар натиҷа та­моми қисматҳои бадани ин раққосаҳо дар маърази тамошобинон қарор мегирифт. Ва ин ҳиҷобпӯшони раққосаро нафарони махсус ҳозирбошӣ мекарданд.

Баъзе ҷавонони серпул дар майдони рақсӣ ворид гардида, дар синабандак ва кафи дасти онон панҷоҳ ва саддолларӣ мегу­зоштанд.

Раққосаҳои минюпкачапӯш дигар мақоми худро дар майдони рақсӣ аз даст доданд, зеро дигар ҷавонон мутаваҷҷеҳи онон намегарди­данд, балки ба рақси «ҳиҷобпӯшон»-и лучба­дан дил дода буданд.

Агар ахлоқи шарқиёна ва хотири мусал­монони кишвар намебуд, шояд ин манзара­ро дар шакли ҷолибтар ва бепарда баён ме­намудам.

Аз ҳамин лиҳоз, метавон гуфт, ки чунин ҳиҷобпӯшони раққоса ва тарккунандаи на­моз дастпарвари мактаби исломӣ набуда, балки онон барои ба даст овардани ман­фиат ва ғаризаҳои нафсонии худ аз роҳу воситаҳои мухталиф истифода мекунанд. Бо ҳиҷобу тани ӯрён рақсидани онҳо ба ҷуз доми тазвир дигар чизе нест. Боиси таассуф аст, ки чунин нафарон муштариёни зиёд дар кишвари мо доранд. Дар хориҷи кишвар майли ҷавонон ба омӯзиши илму дониш зиёд аст. Кам ба рақсу ларзондан майл до­ранд. Медонанд, ки бо рақсидану сурудан корхонаҳои саноатӣ бунёд намегардад. Сатҳи зиндагии мардум аз лиҳози иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ беҳтар намегардад. Аз ҳамин лиҳоз, таваҷҷӯҳе ба рақсу раққосаҳо надоранд ва онҳоро намешиносанду шинох­тан намехоҳанд. Ва расму эълонҳои замин­кафони онҳоро дар маърази тамошо қарор намедиҳанд.

Феълан рақсу раққосагӣ ва сарояндагӣ дар ҷомеаи мо роҳи осонтар ба даст оварда­ни сармояи бештар ва шӯҳратманд гардидан касб гаштааст. Ва чунин касб дар ҳеҷ ҳолат ба манфиати нумӯю тараққӣ ва пешрафти ҷомеа хизмат карда наметавонад.

Санъат худ илм аст, покӣ ва ахлоқи балан­ди инсониро аз санъаткор мехоҳад, аммо дар мо доду фиғон бештар дида мешавад, суруду рақси онҳо дар тарбияи тифл ва наврасон ба ҷои манфиат таъсири манфӣ мерасонад. Рақсу суруде, ки маънӣ ва мӯҳтавои он хароб ва хисоратбор аст, бояд аз ҷониби масъулин ба танзим дароварда шавад. Баъзе сароян­дагон ҳангоми сурудхонӣ худро ҳазор ҷониб мезананду меларзонанд, одитарин меъёрҳои ахлоқиро намедонад ва ё ба эътибор намеги­ранд. Ҳол он ки, санъати ҳунарии тоҷик таъри­хи пурғановатро доро буда, дар мактаби худ садҳо танро парвариш намудааст…

Абдуллоҳи МУҲАҚҚИҚ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: