Главная > Пӯлод Абӯев > Нақра нанай, нанай нанай

Нақра нанай, нанай нанай

Бо Шаттоқ Қашшоқ дар даруни бозори кало­ни шаҳр, ки аз ҳар тараф садои «Ароба, эҳтиёт шавед!”, “Оши бурида дорам!”, “Картошкаи По­кистона арзон кардам!”, “Себи Хитой арзон шуд!” ва дигару дигарҳо шунида мешуд, вохӯрдам.

— Ҳа Шаттоқбой, ин қадар саргарми фикру хаёлед, аз куҷо омада истодаеду ба куҷо раво­нед!?

— Ман имрӯз мехостам ба ягон ҷо мардикорӣ равам. Инак, се соат бо мардикорон рост ис­тодаму намедонам барои чӣ бошад, касе маро барои кор таклиф накард. Ана бо шумо дӯсти азиз вохӯрдам, ки ин вохӯрӣ таърихӣ мешавад,- гӯён порае аз эҷодиёти худро бо як эҳсосот хон­да дод.

Нақра нанай, нанай нанай,

Савлату тахту боҷи вай.

Монда сабил тоҷи вай,

Пас зи Тунису Миср ҳаме.

Пас ба куҷо хурӯҷи вай,

Нақра нанай, нанай нанай.

— Ана ҳамин чанд сатр шеърро аз дарду алам навиштам. Чанде пеш бечора президент Бен Алиро мардуми Тунис бераҳмона ронданд. Бовар кунед, ба ин президент, ки нав 23 сола­как дар курсӣ буд, ту коррупсионер, ту давлати оилавӣ сохтӣ ва дигару дигарҳо гуфта, кафшҳои тиллоияшро ба пеши пояш монданд.

Хайр ин ҷаноби олӣ, президенти Тунис барои рӯзи мабодо 25 миллиард доллар камтар гуфта, аз рӯи хабарҳо, боз дар самолёташ ҳамагӣ яку­ним тонна тиллоро ҳам бо худ бурдааст. Ҳеҷ гап не-ку! Магар ҳамон бекорон, ба мисли мардуми мо аробакашону мардикорон, қашшоқони Ту­нис медонистанд, ки Бен Алӣ то рӯзи маргаш ва­зифаашро тарк карданӣ набуду боз баъд аз худ албатта фарзанди азизашро ба ҷойи худ монда, бо ҳамин давлати шоҳаншоҳӣ барқарор карданӣ буд. Магар ронда шудани ҳамон президенти бе­чора Бен Алӣ, ки дигар бо аҳли оилааш пояшро дар кишваре, ки 23 сол шоҳаншоҳӣ карду фақат ба нафъи худашу оилаашу хешу таборонаш заҳмат кашида, мардумро ба ҳоли озоди худ гузошт, аз рӯйи адолат аст? Не! Не дӯстон! Ман ин воқеаро фаҳмида, халқи Тунисро ғоибона ба оғӯш кашида бошам ҳам, ба ҳоли зори Бен Алӣ месӯзам.

Бародари азиз, 18 шабонарӯз ман воқеаҳои дар Мисри Араб рӯйдодаро тамошо кардам. Аҷоиб воқеаҳои ба дил гуворою фараҳбахш буданд. Миллион-миллион мисриён ба май­дон баромада, бо як овоз истеъфои Муҳаммад Ҳуснӣ Муборакро, ки синнаш ба 82 расида бо­шад ҳам, боз дар болои 30 соли президентиаш шоҳаншоҳиро давом доданӣ буду баъд аз худ ҷигарбандаш Ҷамол Муборакро ворис интихоб намуданӣ буд, мисриён маҷбур намуданд, ки ҷойнамозу ба мисли Бен Алӣ дигар сарватҳоро бо худ барад. Баъд чӣ хел дилат ба Мубораки 82-солаи бечора чун яхи қуллаҳои Помиру Олой насӯзаду дар ҳарорати 60 дараҷа хунукӣ об на­шавад?

Муборак — подшоҳи бечора, аз рӯи хабарҳо, дар 30 соли ҳукмронии мутлақ ҳамагӣ 70 мил­лиард евро ҷамъ карда будаасту халос, ки 17 миллиардаш ба номи худаш, 1 миллиард ба номи завҷааш ва мондагии еврои бо заҳмат ҷамъкардаашро бошад, ба номи ду ҷигарбандаш гузоштааст, ки дигар мумкин пояшонро ба мар­зи Миср намонанд.

Мисриёни якрав Мубораки ду по дар як мӯзаро маҷбурӣ аз вазифа ронда, дар май­дони Таҳрир, ки “Озодӣ” ном доштааст, ба мақсадашон расиданд ва аз ин зафар ба тан­тана гузаштанд. Ҳуснӣ Муборак бошад, бо мӯйи сиёҳи рангкардаю ашки резон, бо аъзоё­ни оилааш ба давлатҳои Аврупо ё ба Амрико, ки бонкҳои он ҷо пур аз пули Мубораканд, ба саёҳати туристии якумрӣ меравад.

Бовар кунед, якравии инқилобчиёни Миср боиси дастгирӣ бошад ҳам, аммо аҳволи ояндаи оилаи Муборак, ки ҳамин қадар барои худаш ва аъзоёни оилааш заҳмат кашида, тин ба тин ин 70 миллиардро ҷамъ кард, боиси чӣ аст, худатон як тоқиатонро пеши сар монда, фикр кунед.

Ҳуснӣ Муборак маҷбурӣ аз мансаб рафт. Рафту аз пасаш мардуми ноодили Миср лахчаҳои сип-сиёҳро партофтанд, ки дигар бо аъзоёни ои­лааш на Мисрро бинанду на Нилро.

Баъд, рости гап, ҳамин нақароти Карим-девона, яъне “нақра нанай, нанай, нанай”-ро ба хотир оварда, нисбати беадолатии мардуми Тунису Миср, ки сояҳои Худоро шармандавор ронданду нисбати ин намояндагони Худо ама­ли бениҳоят шадидро раво диданд, чӣ хел ашки шодӣ аз чашмон нарезад?

Ҳоло бошад, ҷунбишҳои мардумӣ дар Яман, Иордания ва чанде дигар кишварҳое, ки президентҳояшон дарозумру ивазнашавандаю «Сояҳои Худо»-янд, ба вуқӯъ омада истодааст.

Барои шарҳи ин воқеаҳо як чиз нофаҳмо. «Сояҳои Худо» дар кишварҳои худ рӯйрост давлатҳои оилавӣ сохта, 80 фоизи моликияти кишварҳои худро бе ягон андеша ба хӯрҷинҳои худ мерезанд. Онҳоро ҳам фаҳмидан мумкин аст. Охир ин президентҳо чӣ хел ақаллан 50 фои­зи боигариро, ки ба аҳли оилаю хешу наздикони сари курсӣ нишастаи худ тааллуқ дорад, бо ду дасти адаб бароварда ба халқе диҳанд, ки дар вақти ҳукмронияшон қашшоқу бенаво шуда­анд?

Не, ин фикри мардум аз рӯйи ақлу фаҳми «Сояҳои Худо» нисбати онҳо беадолатист. Ба­рои ин “Сояҳои Худо” мақсад сарватғункунӣ, то дами марг аз вазифа нарафтан, фарзандони ху­дро ворис намудан, мардумро қашшоқу бенаво сохтан ва дигару дигарҳост. Ба ин президентҳои дарозумру шоҳаншоҳии абадиро хоҳон мегӯям: «Роҳи сафед ба ояндаи дурахшони шумоён ал­батта ояндаи Тунису Мисри араб аст».

Шаттоқ Қашшоқ бошад, бо рӯҳи баланд мисраъҳои эҷодкардаашро такроран месуруд:

Нақра нанай, нанай нанай,

Савлату тахту боҷи вай.

Монда сабил тоҷи вай,

Пас зи Тунису Миср ҳаме.

Пас ба куҷо хурӯҷи вай,

Нақра нанай, нанай нанай.

ӯ ин сатрҳоро хурсандона хонда, бо ман хай­рухуш намуда, зуд дар байни издиҳоми мардуми панаҳ шуд.

Пӯлод АБӯЕВ

Рубрики:Пӯлод Абӯев
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: