Главная > Шаҳлои НАҶМИДДИН > Ноумедӣ аз соати 7-и субҳи 7-ум

Ноумедӣ аз соати 7-и субҳи 7-ум

Дар қаламрави федератсияи Русия зиёда аз 300000 нафар одамон ҳар сол беному нишон гум мешаванд. Аз онҳо як қисмашон тоҷирони сарватманд, қисми дигар пирамардону бевазанони солхӯрдаи танҳову бекас, қисме тарбиятгирандагони хонаи ятимон, қисми чорум майзадаву нашъаманду рӯҳбеморонанд. Боқимонда одамони бе ному нишон гумшуда муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Муҳоҷирон дар тамоми дунё ҳастанд ва солҳои наздик бартараф кардани ин падидаи номатлуб дар гумон аст. дар шаҳри питер солҳои охир шумораи гумшудагон меафзояд.

Шаҳрванди Чоҷикистон Фарҳод Раҳимов тахминан соати 7-и субҳи 7-уми августи соли гузашта аз хона мебарояду дигар гашта намеояд. То имрӯз аз ӯ ягон хабаре нест. Ҳамсараш Надежда то имрӯз умедашро наканда, дар ҷустуҷӯи шавҳар аст. Он рӯз Фарҳод дар ҷайбаш 2 миллион рубли русӣ дошт. Зану шавҳар панҷсола ҳақи меҳнати чандинсолаашонро ҷамъ карда, мехостанд як ҳавлича харидорӣ намоянд. Он рӯз Фарҳод бояд пулро ба нотариус ме­бурду онҷо бо соҳиби ин ҳавлӣ вомехӯранд. Аммо то имрӯз касе ӯро надидааст. Надежда ба ин ҳам бовар накарда, барои ҷустуҷӯи шавҳар ба Тоҷикистон рафт. Аммо вазъи номусоиди хонаводаи шавҳарро дида, дарк намуд, ки Фарҳод дар ҳақиқат гум шудааст.

Набиҷон Сайфуллоев, соли таваллудаш 5-уми январи соли 1991, зодаи шаҳри Ваҳдати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сохтмон бегоҳӣ мебарояду бо ҳамин ғайб мезанад. Хешону назди­кон то имрӯз дар ҷустуҷӯи фарзандонашон ранҷуру дилшикастаанд. Модар акси писарро ба сандуқи дилаш пахш карда, зор-зор мегиряд: «Наход одам худ ба худ гум шавад!? Пи­сараки ман коркунӣ омада буд, на айшу ишрат. Ақаллан мурдаашро ҳам меёфтам, розӣ будам».

Шаҳлои НАҶМИДДИН, Санкт-Петербург

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: